Афсар: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х ислоҳ, дақиқсозӣ, сарчашмаҳо
Сатри 4: Сатри 4:
== ِВожашиносӣ ==
== ِВожашиносӣ ==

«''Афсар''» вожае форсӣ ({{lang-fa|'''افسر'''}} > {{lang-pal|''afsar''}} > {{lang-peo|''*api-sara-''}} > ''*api-'' + ''*sara-'' «''сар''», яъне «''ончи бар сар гузоранд''») ва маънии аслияш «''тоҷ'', ''кулоҳи подшоҳон''» аст<ref>''Ҳасандӯст, Муҳаммад''. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN: 978-600-6143-55-2. ҷ. 1, с. 244.</ref>. Вале «''афсар''» аз қадим ба маънои «''[[сардор]]''; ''раҳбар''» низ ба кор мерафтааст, чуноне ки дар «''[[Таърихи Табарӣ]]''» омадааст: «''Бидон ки падари ту афсари қавм буд''»<ref>''Фарҳанги забони тоҷикӣ''. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 1, с. 101</ref>.

Бузургвор [[Фирдавсӣ]] ''афсар''ро дар «''[[Шоҳнома]]''» ба маънои «''фармондеҳ'', ''солор'', ''сарвар''» борҳо ба кор бурдааст:
Бузургвор [[Фирдавсӣ]] ''афсар''ро дар «''[[Шоҳнома]]''» ба маънои «''фармондеҳ'', ''солор'', ''сарвар''» борҳо ба кор бурдааст:
<poem>Ба Гуштосп гуфт: «Эй набарда савор,
<poem>Ба Гуштосп гуфт: «Эй набарда савор,
Сатри 12: Сатри 12:

Ҳамин маънои маҷозии «''афсар''» ва ҳамовоии он бо {{lang-fr|«officier»}} ва {{lang-en|«officer»}} далел шуда, ки он дар нерӯҳои мусаллаҳ ба маънии «''сардор''» ба кор гирифта шавад.
Ҳамин маънои маҷозии «''афсар''» ва ҳамовоии он бо {{lang-fr|«officier»}} ва {{lang-en|«officer»}} далел шуда, ки он дар нерӯҳои мусаллаҳ ба маънии «''сардор''» ба кор гирифта шавад.

== Пешина ==
== Пешина ==

Нусха 07:07, 17 июни 2020

Хизматчиёни ҳарбии отделенияи 56-ум бригадаи ДШБ, артиши 40-ум дап Афғонистон. Шаҳри Гардез, соли 1987.
Хизматчиёни ҳарбии отделенияи 56-ум бригадаи ДШБ, артиши 40-ум дар Афғонистон. Шаҳри Гардез, соли 1987.

Афсáр (форсӣ: افسر‎ > англ. officer > лот. officiarius — «кордор, масъул» аз лот. officiumкор, масъулият) — касе, ки дар нерӯҳои мусаллаҳ, милиса, пулис ва дигар сохторҳои низомӣ дараҷаи сардорӣ ва симати фармондеҳӣ дошта бошад.

ِВожашиносӣ

«Афсар» вожае форсӣ (форсӣ: افسر‎ > порсии миёна: afsar > порсии бостон: *api-sara- > *api- + *sara- «сар», яъне «ончи бар сар гузоранд») ва маънии аслияш «тоҷ, кулоҳи подшоҳон» аст[1]. Вале «афсар» аз қадим ба маънои «сардор; раҳбар» низ ба кор мерафтааст, чуноне ки дар «Таърихи Табарӣ» омадааст: «Бидон ки падари ту афсари қавм буд»[2]. Бузургвор Фирдавсӣ афсарро дар «Шоҳнома» ба маънои «фармондеҳ, солор, сарвар» борҳо ба кор бурдааст:

Ба Гуштосп гуфт: «Эй набарда савор,
Сари саркашон, афсари корзор,
Чӣ номат, ба ман гӯй шаҳру нажод?»
В-аро з-ин сухан ҳеч посух надод[3].

Ҳамин маънои маҷозии «афсар» ва ҳамовоии он бо фр. «officier» ва англ. «officer» далел шуда, ки он дар нерӯҳои мусаллаҳ ба маънии «сардор» ба кор гирифта шавад.

Пешина

Афсар дорои дараҷаи низомӣ ё интизомӣ аст. Аввалҳо ашхосеро, ки соҳиби баъзе мансабҳои давлатӣ буданд, афсар меномиданд. Бо пайдо шудани артиши кирояи доимӣ ва нерӯи дарёӣ (асри 16) дар Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо фармондеҳони лашкар афсар ном гирифтанд. Дар артиши Русия мансабҳои афсарӣ нахустин бор дар асри 16 ҷорӣ шуданд. Дар Русия аз оғози асри 18 афсарҳо ба солорон ё генералҳо, афсарони ситод (русӣ: штаб-офицеры аз олмонӣ: Stabsoffizier) (аз майор то полковник) ва абар–афсар (русӣ: обер-офицеры аз олмонӣ: Oberoffizier) аз капитан поён) тақсим мешуданд. Баъди Инқилоби Октябр тамоми дараҷаҳои афсарӣ барҳам дода шуд. Соли 1943 дар паи раво шудани сардӯшиҳо дар Артиши Сурх ва Нерӯҳои дарёӣ саркардагон, сардорон ва солорон «афсар» ном гирифтанд.

Афсарони Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон

Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила рутбаҳои афсарӣ мавҷуданд[4]:

Нигаред

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Манбаъ

  1. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN: 978-600-6143-55-2. ҷ. 1, с. 244.
  2. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 1, с. 101
  3. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 6. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 88
  4. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.125
  5. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, с. 259
  6. Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  7. Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — С. 252. — 904 с. — ISBN 964-00-1086-3.
  8. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, с. 205
  9. Фарҳанги забони тоҷикӣ, ҷ. 2, с. 207