Федерико Гарсиа Лорка: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Адиб}} '''Федери́ко Гарси́а Ло́рка''' ({{lang-es|Federico García Lorca}} {{IPA|[feðeˈɾiko ɣarˈθi.a ˈlorka]}}; 5 июни 1898...
(бе тафовут)

Нусха 05:42, 25 июни 2020

Федерико Гарсиа Лорка
исп. Federico García Lorca
Ном ба ҳангоми таваллуд: исп. Federico del Sagrado Corazón de Jesús García Lorca
Таърихи таваллуд: 5 июн 1898(1898-06-05)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 19 август 1936(1936-08-19)[3][4][5][…] (38 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: коргардони театр, шоири таронасаро, намоишноманавис, шоир
Жанр: Театр, шеър ва санъат
Забони осор: испониёӣ[9] ва Забони словенӣ[9]
Имзо: имзо
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Федери́ко Гарси́а Ло́рка (исп. Federico García Lorca [feðeˈɾiko ɣarˈθi.a ˈlorka]; 5 июни 189819 августи 1936) — шоир ва драманависи испаниягӣ.

Зиндагинома

Дар факултаҳои ҳуқуқ ва адабиёти донишгоҳи Гранада таҳсил кард. Нахустин китобаш (ба наср) бо номи «Боварҳо ва чашмандозҳо» (1918) ба чоп расид. Даҳ соли умрашро (1920–30) дар Донишгоҳи Мадрид гузаронд. «Китоби ашъор» ва «Достони канта хондо» (ҳар ду соли 1921) аз маҷмӯаҳои нахустини ӯянд. Соли 1922 ҳамроҳ бо оҳангсоз М. де Фалйе дар ш. Гранада нахустин ҷашнвораи Канта хондо (як навъ сурудхонии ҳалқӣ дар Андалус)-ро созмон дод. «Таронаҳои лӯлӣ» (1927) беҳтарин маҷмӯаи ашъори Г. Л. аст. Ғаму андуҳ, танҳоӣ, шиква аз нобарориҳои рӯзгор аз дарунмояи аслии ин ашъор аст. Дар маҷмӯаи суханрониҳояш – «Симои шоиронаи дон Луис де Гонгор» (1927, ба муносибати 300-солагии марги ӯ) Г. Л. пояҳои назми де Гонгорро мардумӣ мешуморад. Соли 1929 Г. Л. аз пайи омӯзиши забони англисӣ ба донишгоҳи Колумбиёи Ню-Йорк омад ва ҳосили ин сафар маҷмӯаи ашъорест бо номи «Шоир дар Ню-Йорк», ки соли 1940 (пас аз маргаш) мунташир гардид. Ошноӣ бо мусиқии Ҳарлем, мароқ ба ашъори Р. Дарио, дӯстӣ бо П. Неруда биниши шоиронаи Г. Л.-ро фарохтар сохт. Шеърҳои «Девони Томорита» ва «Марсия барои Игнасио Санчес Мехенас» (говбоз, дӯсти шоир; ин ҳар ду 1934) дар навъи шеърии қадимии арабию испаниягӣ навишта шудаанд. Дар эҷодиёти Г. Л. драматургия ҷойи намоён дорад (ӯ намоишномаҳо менавишт, ҳунарпешаву коргардон буд, намунаҳои ороишии саҳна месохт). Нахустин намоишномааш «Даврони наҳси парвонаҳо» (1920) номуваффақона буд, аммо дувумӣ – «Мариана Пинеда» (1927) ба Г. Л. комёбӣ овард. Дар драмаҳои ӯ таносуби гуфтору ҳунар беназир аст. Соли 1931 Г. Л. театри сайёри «Ла Баракка»-ро таъсис намуд. Г. Л. ҳамчун мухолифи тиҷоратӣ кардани театр, орзу дошт, ки «асри тилоӣ»-и драмаи испаниягиро эҳё кунад ва худ ба рушди «драмаи нав» мусоидат намуд. Дар намоишномаҳои «Муҳаббати Дон Перлимплин» (1929), «Пас аз панҷ сол» (1931), «Донна Росито ё худ Гуфтори гулҳо» (1935) қаҳрамонони Г. Л. дар қабзаи бозиҳои айём саргардонанд ва сарнавишти онҳо дар бархӯрд бо зиндагию орзуҳо ва мавҳумҳову мавҷудҳо чарх мезанад. Дар чаҳор соли поёни умраш беҳтарин ва монотарин намоишномаҳои худ «Арӯсии хунин» (1933), «Йирмо» (1935), «Хонадони Бернардо Алба» (1936)-ро навишт, ки онҳо ба сари худ асари сегонаи драмавии андалусӣ мебошанд. Сужети ин намоишномаҳо гирову ҷолиб ва фоҷиавист. Қаҳрамононашон занҳои нокому дар зиндагӣ дучори ранҷу азоб мебошанд. Мас., «Хонаи Бернардо Алба», ки шоҳкори адабии Г. Л. шумурда мешавад, достони панҷ духтарест, ки асири модари золиманд ва ин модар қонунҳои ахлоқии шадиде барои онҳо ҷорӣ кардааст. Ҳар кадом аз ин духтарон мекӯшанд, ба ҳар роҳе аз ин хона фирор кунанд. Ҷавонтарини духтарҳо аз кушта шудани ошиқаш тавассути модари бераҳмаш огаҳӣ ёфта, даст ба худкушӣ мезанад. Ин намоишнома ба тоҷикӣ тарҷума ва дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ (1977) ба намоиш гузошта шуд. Ду танз (памфлет)-и оммаписанд – «Зани зиштхӯйи пинадӯз» (1930) ва «Ишқи Парлимплин ва Балисо дар боғ» (1933) аз навиштаҳои Г. Л. мебошанд. Г. Л. сиёсатмадор набуд, аммо мудом ва махсусан дар навиштаҳои охири умраш («Намоишномаи беном») аз мардуми бебизоат пуштибонӣ мекард ва равшанфикронро низ мехонд, ки барои некуаҳволии онҳо фидокорӣ кунанд. Дар оғози ҷанги дохилии кишвараш (1936–1939) ӯ дар наздикии ш. Гранада, аз тарафи ҷонибдорони генерал Франко кушта шуд. Бисёре аз осори нотамоми Г. Л. пас аз чандин соли маргаш ба чоп расиданд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 2. Д., 1980;
  • Силюнас В. Ю. Ф. Гарсиа Лорка: драма поэта. М., 1989;
  • Гарсиа Лорка в воспоминаниях современников. М., 1997; Зингерман Б. Театр и эстетика Гарсиа Лорки // Зингерман Б. Очерки истории драмы 20 века. М., 2003.
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2008.

Сарчашма