Илм: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
Farorud (баҳс | ҳисса)
х иловаи Гурӯҳ:Илм бо ёрии HotCat
Сатри 58: Сатри 58:
سهم ارزشمند ایران در فرهنگ جهان. جاد ٢. تهران، ١٣٧٧ ش.؛ عبدالرفع حقیقت. تأریخ نهضتهای فکری ایرانیان. تهران، ١٣٨٠ ش.؛ ویل دورانت. تأریخ تمدن. تهران، ١٣٧٦ ش.؛ ویل دورانت. تأریخ فلسفه. تهران، ١٣٧٤ ش.؛
سهم ارزشمند ایران در فرهنگ جهان. جاد ٢. تهران، ١٣٧٧ ش.؛ عبدالرفع حقیقت. تأریخ نهضتهای فکری ایرانیان. تهران، ١٣٨٠ ش.؛ ویل دورانت. تأریخ تمدن. تهران، ١٣٧٦ ش.؛ ویل دورانت. تأریخ فلسفه. تهران، ١٣٧٤ ش.؛
С. Наврӯзов, А. Турсон, Н. Амиршоев
С. Наврӯзов, А. Турсон, Н. Амиршоев

[[Гурӯҳ:Илм]]

Нусха 09:18, 11 августи 2020

Илм (форсӣ: علم‎) — нишондор кардан, аломат гузоштан, дарк кардан, ба ҳақиқати чизе расидан; маърифат, фан, донистан), дониш, соҳаи фаъолияти шинохти инсонӣ, ки ба коркарду низомноксозии донишҳои объективии мудаллал дар бораи воқеият машғул аст; маҷмӯи донишҳову ҳосили озмоишҳо, мушоҳидаву натиҷагириҳои ҳадафнок ва тавсифи падидаҳои дунёи моддӣ ва иҷтимоӣ. ИЛМ ва таърихи он як ҷузъи ҷудонашавандаи маданияти умумиинсонӣ ва яке аз қадимтарин соҳаҳои фаъолияти маънавии одамизод буда, тавассути он инсон роҳи саодату хушбахтӣ, такомул ва сохтанро омӯхта, аз ҳайвон ҷудо гардидааст. ИЛМ инсонро тавоноие мебахшад, ки ба василаи он ояндаашро ҳамонгунае метавонад бисозад, ки таманнояшро дорад. Маърифати илмӣ зодаи табъу завқи як миллат набуда, дар заминаи пажӯҳишҳои мардумони гуногун сурат гирифтааст ва аз ибтидо тамоюли умумиҷаҳонӣ доштааст. Башарият барои пешрафти илмӣ, такомул ва инкишоф бахшидани савияи маърифати худ ҳамеша кӯшиши фаровоне ба харҷ додааст ва ҳисси ҷӯёиву пӯёӣ, ковишу пажӯҳиш ҳаргиз ӯро тарк накардааст. Инсоният ҳамвора дар фикри ҳалли муаммоҳои ҷаҳон, даст ёфтан ба асрори табиату Коинот, пайдо кардани робитаи мантиқиву илмии байни падидаву рӯйдодҳои табиат будааст ва маҳз тавассути ИЛМ қонуниятҳои объективии инкишофи равандҳо ва падидаҳоро кашф намуда, онҳоро дар мафҳумҳо, қонунҳо ва мақулаҳо ифода кардааст. Аз ин рӯ, илм шакли асосии дарки олам мебошад. Вазифаи ИЛМ вобаста ба мақсад ва талаботи ҷамъият, моҳияти ашёву ҳодисаҳои объективии олам, робитаҳои қонунии равандҳои гуногунро ошкор намудан, инчунин роҳҳои истифодаи онҳоро тадқиқ кардан аст. ИЛМ дар зинаи нави инкишоф ба натиҷа ва хулосаҳои пешинаи худ аз мавқеи танқид баҳо медиҳад, мақоми аслии онҳоро дар низоми донишҳои илмӣ муайян намуда, доираи татбиқу истифодаи онҳоро таъйин мекунад ва ҳамеша дар тараққиёт ва камолоти беинтиҳо қарор дорад; воқеият низ ҳамеша тағйир ёфта меистад ва омӯзиши он поён нахоҳад дошт.Аз даврони бостон инҷониб илм раванди дуру дарози таҳаввулро аз сар гузаронида, дар инкишофи доимӣ қарор дорад, сифатан беҳтар шуда гардида, афкор ва сатҳу шароити зиндагии инсониятро беҳбуд бахшида истодааст. Ҳанӯз дар Эрону Ҳинди Бостон (ҳазраи 6–7 то м.), Чин, Миср, Байнаннаҳрайн ва Юнони Бостон нахустин нишонаҳои ташаккули донишҳои илмӣ зуҳур карданд; тибб, нуҷум, риёзии бостон ба вуҷуд омаданд. Аммо донишҳои даврони бостон ҳанӯз ба илми мукаммал пухта нарасида буд, зеро таҷриба ва методологияи илмии кофӣ вуҷуд надошт ва дар шакли афкори пароканда арзи ҳастӣ мекард. Ҳарчанд дар риёзӣ – илме, ки ба тафтиши таҷрибавӣ ва дастгоҳи методологӣ эҳтиёҷ надошт ва бештар ба қонунҳои умумӣ ва мантиқи шаклӣ такя мекард, ваҳдати афкор ва ирсияти донишҳо ба назар мерасид. Дар оғози асрҳои миёна маҳз дин ба инкишофи босуръати ИЛМ таъсири бисёр бузург расонид: дар назди калисоҳову масҷидҳо, китобхонаҳо ва донишмандоне вуҷуд доштанд, ки ба тарбияи олимону такомули донишҳо ва ба низоми илмӣ расидани онҳо ёрӣ расониданд. Ҳарчанд маҳз рӯҳониёни динӣ дар асрҳои миёна (дар Ғарб) тавассути дастгоҳи ҷиноятии худ – инквизитсия ҳазорон донишмандонро ба қатл расониданду китобхонаҳои азимро ба коми оташ супурданд; дар Шарқ низ олимони бешуморе аз дасти баъзе рӯҳониёни ифротгарои мутаассиб кушта мешуданд ва мавриди таъқиби доимӣ қарор мегирифтанд (Шаҳобуддини Суҳравардӣ, Ибни Сино ва дигарон). Аммо сарфи назар аз ин таъқибу кушторҳо ИЛМ ва раванди такомули онро ҳеч неруе ба куллӣ пешгирӣ карда натавонист ва дар даврони Эҳё дар амалияву таҷриба илм рушду равнақ ва суръати тоза гирифт. Инсоният аз он замоне, ки чашм ба олами ҳастӣ боз кардааст, Эрон ва Ҳинди Бостонро мутаммаддин дидааст. Онҳо — ориёиён дар бунёд, рушду такомули ИЛМ-ҳои ибтидоии башарият, бахусус дар тавлиду такомули илмҳои табиӣ, тиб, ҳандаса, риёзӣ, кимиё, алҷабр, мусиқӣ, фалсафа ва амсоли он саҳми шоистаи таҳсин гузоштаанд. Таърихи бунёд ва ташаккули илмро дар Эрон ва ақвоми эронӣ метавон ба ду даврон тақсим кард: тоисломӣ ва пас аз зуҳури ислом. Дар ҳар ду даврон забони илми эрониён забони паҳлавӣ (дарӣ-форсӣ-тоҷикӣ) будааст. Оғози ташаккули илму фан дар Эрони Бостонро донишмандон ба ҳазораи 7-6 то м. мансуб медонанд. Нахустин дастовардҳои ИЛМ-и кимиё (гудохтани мису оҳан, ашёҳои сафолӣ, хишт, истифодаи оҳаксанг ва амсоли онҳ) ба эрониёни бостон тааллуқ гирифтааст. Ориёиёни ҳазораи 4 то м. нақши ситораҳои қутбӣ ва Каҳкашону ситораҳои дугонаи Алфа Бетаи аждаҳоро дар косаҳои сафолӣ нақш карда буданд. Донишмандони Эрони Бостон қонуни мадду ҷазр, яъне таъсири кашиши Моҳу Офтобро ба Замин ва каму зиёдшавии оби дарёву баҳрҳоро ошкор карда, бо ёрии ҳисобҳои риёзиву ҳандасӣ ба чунин хулоса расида буданд, ки ситораву сайёраҳо ва Моҳу Офтоб ба падидаҳои табиат (фаровониву хушксолӣ) ва тақдири одамон таъсир дорад. Онҳо нахустин бор табақабандии ҷамодоту наботот ва ҳайвонотро ба роҳ монда, донистани асрори олам, кашфи қонуну қоидаҳои табиат ва баҳрабардорӣ аз онҳоро ёд гирифтанд. Ориёиёни бостон яке аз аввалинҳо шуда пояҳои ИЛМ-и ахлоқро бунёд ниҳода, дар бораи олами рӯҳониву ҷисмонӣ (биҳишту дӯзах, олами фариштаҳову ҷинҳо, барзах, чинвот, Аҳуромаздо ва Аҳриман) назарияҳои гуногун ироа карданд, масъалаҳои хайру шар(р), покии ҷисму рӯҳ, ҷабру ихтиёрро ба миён гузоштанд. Лавҳҳои гилие, ки аз донишмандону риёзидонҳои Шӯш (ҳазораи 2 то м., Эрон) ба мо расидаанд, гувоҳи онанд, ки онҳо масъалаҳои бисёр мушкил ҳандасиву ҷабриро бо устодии комил ҳал намуда, ҷадвали зарбро ихтироъ карда буданд. Ин нуқтаро дар мисоли таърихи ташаккули афкори илмии Эрони Бостон шарҳу тафсир додан мумкин аст. Корез (низоми обёрии зеризаминиву рӯизаминӣ) нахустин бор маҳз дар Эрони Бостон, пеш аз даврони Ҳахоманишиён, ихтироъ гардид. Қадимтарин ва бузургтарин корезҳо дар ш. Гунободи Эрон ҷой дорад, ки пас аз 2700 сол баъд аз бунёди он то ҳол хидмат карда, беш аз 40000 аҳолии шаҳр аз он оби нӯшокӣ истеэъмол мекунанд ва ЮНЕСКО онро ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонӣ ворид кардааст. Файласуфон ва ихтироъгарони Эрони Бостон нахустин маротиба нерудиҳандаи барқи (батарея)-ро дар даврони Портҳову Сосониён ихтироъ карда буданд, ки дар тиб онро истифода мебурданд. Эрониёни Бостон 1700 то м. аз неруи бод истифода карданро ёд гирифта, тавассути чархҳои бодӣ обро аз як ҷой ба ҷои дигар интиқол медоданд ва осиёбҳоро гардон мекарданд. Тамаддуни бостонии ақвоми ориёӣ дар чорсӯи Шарқу Ғарб, дар маркази равобити иқтисодию фарҳангии мардуми гуногунзабону гуногунмаслаки Шарқу Ғарб қомат афрохтааст, яъне таърихи афкори илмии эрониён таърихи таркиби анъанаҳои рангоранги маданӣ, таърихи таъсири мутақобил ва баҳрабаршавии дутарафаи тамаддунҳо, халқҳо ва замонҳои мухталиф аст. Бино ба ахборе, ки дар «Осору-л-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ зикр шудааст, ниёгони мо — бохтариҳо, портҳо, суғдиён, хоразмиён — дар баробари қибтиён, бобулиён, ҳиндувон, юнониён ва дигар қавмҳои бостонӣ ганҷинаи гаронмояи ИЛМ-ӣ андӯхтаанд. Инро бозёфтҳои бостоншиносони асри ҳозир низ тасдиқ мекунанд. Чунончи, назар ба ҳуҷҷатҳои кӯҳи Муғ, суғдиён тақвими хосеро ихтироъ карда буданд, ки аз он мардумони Ҳинду Чин низ баҳра бардоштаанд. Чуноне ки Забеҳуллои Сафо мегӯяд: «Миллати Эрон то давраи сосониён аз тараққиёти бузурге дар улум бархурдор шуда буд ва дар мусиқӣ ва тиббу риёзиёт бар асари иртиботе, ки аз Машриқу Мағриб бо милали бузурге, монанди ҳиндувону бобулиён ва милали Осиёи Сағир ёфта ва иттилооте, ки худ аз қадимулайём гирд оварда буданд, пешрафтҳое доштанд». Дар даврони Сосониён, зимни идомати анъанаҳои мадании пешина афкору дастовардҳои нави илмӣ низ хеле ривоҷу равнақ дошт. Дар ин бора вусъати тадқиқоти илмӣ (махсусан дар соҳаи тиб) дар Гунди Шопур шаҳодат аз он медиҳад, ки дар он замон илми тибби эрониён шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда буд. Донишмандони ин маркази байналхалқии тадқиқотӣ донишномаи бузурги сиҷилдаеро таълиф карданд, ки дар он маҷмӯи заҳрҳои маълуму хосиятҳои онҳо тавсифу тафсири илмӣ ёфта буданд. Искандар чун имперотурии азими эрониёнро (давлати Ҳахоманишиён) барҳам заду вориди Эронзамин шуд, моту маҳбути тамаддуни воло ва осори илмӣ-фарҳангии мардуми он гашт, аз шиддати рашк шаҳри зебои Тахти Ҷамшед (Персеполис)-ро оташ зад, китобҳо ва илми эрониёнро (Авастои дар дувоздаҳ ҳазор пӯсти гов сабтшударо дар оташ сӯзонду нусхаи дуввуми онро якҷоя бо китобҳое, ки ба ИЛМ-и ҳисоб, риёзиёт, ҳандаса, нуҷум, тиб ва ғ. мансуб буданд) ба Юнон бурд, ки зодаи хиради донишмандони эронитабор буд ва минбаъд ба номи уламои юнонӣ муаррифӣ гашт. Ва ин ИЛМ ба шарофати озодиҳои фароҳамовардаи ислом, ки аз ҷумла омӯзиши ҳамагуна ИЛМ-ро барои муслимин шарт медонист, дар авоили ислом дуввумбора зинда гашт. Чун дар миёни муслимин эрониён ғолибан мардумони фарҳангӣ буданд, дар рушду нумуи илму фарҳанги замони нав саҳми фаъол гузоштанд. Ба андешаи Пайғомбар (с): «Агар дониш дар гардани осмон даровезад, қавме аз мардуми форс онро ба даст меоваранд». Гарисон ин суханони Пайғомбар (с)-ро тасдиқ карда мегӯяд: «Эрон фақат машъалдори илм набуда, балки акнун машъали худро ба Аврупо супурда аст ва он машъал ҳанӯз бо нуре дурахшонтар аз ҳамеша месӯза[1] Маҳз анъанаҳои дерини фарҳангии қавмҳои эронӣ буданд, ки дар аҳди ислом ба инкишофи минбаъдаи ИЛМ-у фан дар хилофати араб замина шудаанд. Мусаллам аст, ки дар ибтидои зуҳури ислом (ва якчанд садсолаи баъдӣ низ) бештаре аз таълифоти олимон ба забони арабӣ сурат мегирифт. Дар натиҷа дар Шарқу Ғарб аксари аз донишмандони миллии моро араб донистаанд. Бештаре аз уламои Ғарб то тавонистаанд нақши донишмандони исломиро ҳамеша пинҳон доштаанд. Ин бад-он сабаб будааст, ки душмании масеҳиён алайҳи исломиён пайваста будааст ва намехостаанд, ки қобилияти волои фикрии мусулмонон, аз ҷумла эрониёнро бар худ тарҷеҳ бидиҳанд ва ё ақаллан баробари худ бидонанд. Аз ин аст, ки таърихи ИЛМ-ро аз Юнону Рум яку якбора ба таърихи қарни понздаҳу шонздаҳи Аврупо (ренесанси Аврупо) интиқол додаанд ва мусулмононро на бештар аз нигоҳдорандагон ва интиқолдиҳандагони он илми қадимии худ донистаанд. Саҳми аҷдоди мо дар рушду нумуи илми башарият бисёр бузург аст. Аз донишмандони маъруфи эронзамин ва шарқи исломӣ шахсиятҳои зерин муваффақ шудаанд, ки мавҷудияти навъҳои илмро хабар додаанд: Яъқуб ибни Исҳоқ ал-Киндӣ, Абунасри Форобӣ, Абубакри Розӣ, Абуабдуллоҳи Хоразмӣ, Ибни Надим, Ибни Фариҳун, Ибни Сино, Абуҳайёни Тавҳидӣ, Фахруддини Розӣ, Ҷалолуддини Суютӣ, Абуҳомиди Ғаззолӣ, Абулҳасани Хуҷвирӣ, Шиҳобуддини Суҳравардӣ, Ибни Халдун ва дигарон. Фалсафа ва илм 3Файласуфони машоӣ. Абунасри Форобӣ (874—950) нахустин файласуфи олами ислом мебошад, ки миллати тоҷик ва фалсафаи онро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардааст. Баъд аз Арасту ӯро дуввумин «Муъаллими олам» (маъруф ба «Муъаллими Сонӣ») ва бузургтарин энсиклопедисти асрҳои миёна донистаанд. Донандаи тамоми улуми маъруфи замон аз эронии қадим, зардуштию монавӣ то ба юнонию румӣ буд, ки ҳамаи илмҳои гузаштаро бо улуми исломӣ муқояса кард ва таълимоти бузургеро аз худ ба вуҷуд овард. Вай дар фалсафа натанҳо асарҳои Арасту, балки анқариб ба ҳамаи осори олимони Юнон тафсирҳо навишт. Дар фалсафаи навини худ сабаби ҳамаи мавҷудотро аз Худо донист ва дар таълимоти фалсафӣ масоили иҷтимоию сиёсиро дар мавқеи муҳим гузошт. Ба қавли муҳаққиқи ҳолландӣ Де Бауэр, Форобӣ дар андешаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии худ мақоми динро барои тарбияи аҳли ҷомеъа бисёр муҳим арзёбӣ кард ва дар дараҷаи аввал гузошт. Форобӣ дар таълимоти фалсафии хеш хостгори як ҷомеаи иҷтимоии одилона ва аз амалҳои ситезу қудрат дур ва бар ақлу исору муҳаббат устувор ҷилвагар шуда, таъсиси давлати неруманди диниро як амри зарурӣ медонист. Тибқи шарқшиноси маъруфи олмонӣ А. Мюллер, Форобӣ бузургтарин мутафаккири тамоми олами ислом буд ва метавон ӯро асосгузори феълии таҳқиқоти илмии фалсафа дар Машриқ донист. Форобӣ дар муқаддимаи рисолаи худ роҷеъ ба таснифи улум менависад: «Мо кӯшидем, ки дар ин китоб аз улуми маълума ҳар кадомро дар алоҳидагӣ ном бибарем ва моҳияти куллӣ ва қисматҳое аз ин улумро баррасӣ намоем. Ва инро мо дар панҷ боб (муайян) мекунем: 1) забоншиносӣ ва қисматҳои он; 2) мантиқ ва қисматҳои он; 3) улуми риёзӣ (яъне арифметика, геометрия, оптика, нуҷуми ҳисобӣ, мусиқӣ, илм дар вазнинӣ ва илм дар санъатгарӣ); 4) физика ва қисматҳои он; 5) улуми иҷтимоъӣ ва қисматҳои он (ҳуқуқу калом)». Аммо таснифи илмҳо дар нақшаи тартибдодаи Ибни Сино хеле равшантар аст. Саҳми бисёр муҳимро дар рушду равнақи илм донишманди бузурги тоҷик Ибни Сино гузоштааст. Вай ҳатто рисолае таҳти унвони «Рисола фӣ ақсоми-л-ъулум» навишт, ки қаблан устоди ӯ Форобӣ низ айнан чунин рисолае таълиф намуда буд. Ибни Сино аввалин шуда, дар фалсафаи олами ислом юнонигароии кӯр-кӯронаро бо далоили солим дарҳам шикаст, хубу бади онҳоро шарҳ дод ва барои файласуфони баъдӣ роҳи наверо кушуд, ки акнун мебоист илми фалсафаро на аз роҳи тақлид, балки ба воситаи мантиқу муҳокимарониҳои ақлгароёна мустақилона инкишоф медоданд. Ӯ ба оламиён исбот кард, ки фалсафаи мо сирф тақлидкории юнониён нест, балки натиҷаи афкори худи шарқиён аст, фақат ин ки дар он миён аз офаридаҳои юнониён низ истифода кардаанд (албатта, назарияҳои мақбулашонро). Барои исботи ин фикрҳояш ва фаҳмонидани моҳияти фалсафаи шарқӣ ӯ китобе таҳти унвони «Ҳикмати машриқия» таълиф намуд ва мақсади таълифро мухтасаран дар муқаддимаи он навишт. Аз он ҷумла дар бораи нақси юнониён мегӯяд: «Ҳар касе баъди Арасту меомад, бояд хатоҳои ӯро дар илм ислоҳ намуда, усулҳои овардаи ӯро ба шохаҳо тақсим менамуд. Лекин касоне, ки баъди Арасту омадаанд, аз уҳдаи дарки мероси ӯ набаромадаанд ва умри худро сарфи фаҳми ҷиҳатҳои беҳтаринаш намуда, тарафҳои ноқиси онро кӯр-кӯрона ва бо ифрот омӯхтаанд… Лекин мо дар оғози машғулият чизеро, ки пешиниён гуфта буданд, ба осонӣ фаҳмидем ва дур нест, ки илмҳо аз ғайри ҷиҳати юнониён низ ба мо расидаанд. Зеро замоне, ки машғули илмомӯзӣ будем, овони ҷавонӣ буду дар як муддати кӯтоҳ, ба мадади Худованд, ба фаҳми мероси гузашта, ки аз дарки он кӯтоҳӣ доштем, муваффақ шудем. Сипас ҳама маълумоти худро бо навъи илме, ки юнониён „мантиқ“ меноманд, ҳарф ба ҳарф муқобала кардем. Дур нест, мантиқ дар назди машриқиён номи дигаре дошта бошад. Он чи бо мантиқ мутобиқ ва муқобил буд, дарёфтем. Барои ҳар чиз сабабе ҷустуҷӯ карда, ҳар чӣ рост буд, рост ва ҳар чӣ дурӯғ буд, дурӯғ шуд… Вақте кори мо ин тарз ба анҷом расид, азм ба таълифи китобе кардем, ки шомили асосҳои илми ҳақиқӣ бошад. Ва онро шахсе дармеёбад, ки аз назари васеъ, фикри амиқ ва фаросати тез бархурдор аст[2]. Ин буд, ки тоҷикон дар соҳаҳои гуногуни ИЛМ-и фалсафа навигариҳои илмиро ворид намуда, пояҳои ин ИЛМ-ро баланд бардоштанд. Ибни Сино дар ИЛМ-и фалсафа мақоми волотаринро ба худ касб намуда, пас аз шикастани қолибҳои юнонигароии фалсафии шарқиён, таълимоти худро инкишоф дод, дарки мақоми ақл ва андешаи мантиқиро дар ҷомеъаи инсонӣ пеш гузошт. Мавзӯъи ҳақиқат ва адами ҳақиқати кулл ва роҳҳои дарёфти маъонии он пайваста дар маркази диққати ғарбиён, билхусус сарони масеҳият буд, ки онро Ибни Сино ҳал кард. Пас аз он эътибори фалсафаи Сино дар миёни донишмандони Мағрибзамин то ҳадде рафт, ки ӯро «шоҳзода ва пешвои фалсафа» (аз ҷумла Бекон) номиданд. Ӯ дар баробари тиб, фалсафа, мантиқ, мусиқӣ ва дигар фанҳо, ба ИЛМ-и ҳайъат низ машғул шуда, асарҳои зиёде таълиф кардааст: дар феҳрасти осори ИЛМ-ии Шайхурраис, ки бо саъю эҳтимоми шогирди ӯ Абуубайди Ҷузҷонӣ мураттаб гардидааст, ҳафт рисолаи вай зикр мешавад, ки дар онҳо масъалаҳои гуногуни назарӣ ва амалии илми ҳайъат мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд. Масъалаҳои мухталифи илми нуҷум дар асарҳои «Донишнома» ва «Шифо», инчунин дар тафсирномаву тавзеҳоти навиштаҳои муҳаққиқони дигар (аз ҷумла «ал-Маҷастӣ»-и Батлимус ва «Усул»-и Уқлидус) зикр ёфтаанд. Баъзе донишмандони аврупоӣ ба ин назаранд, ки гӯё Ибни Сино ақидаи маълуму маъмули риёзидонони юнонӣ, бобулӣ ё ҳиндиро ба қалам оварда, танҳо шореҳи осори Батлимусу Уқлидус ва Арасту будааст. Вале чун ба аксари рисолаҳои Шайхурраис, аз ҷумла, тафсирномаҳои ӯ диққат кунем, яқин ҳосил менамоем, ки Ибни Сино ба осори гузаштагони худ аз ду ҷиҳат тағйироту иловаҳо даровардааст: 1. Вай ақида ё нуктаҳои комилан навро дохил карда, зимни онҳо чанд ҷузъиёти муҳимми таълифоти пешиниёнро аз назари интиқодӣ боздид намудааст. Дар ин бора Ҷузҷонӣ мегӯяд: «Дар „Маҷастӣ“ даҳ шакл аз ихтилофи манзар овард, дар охири „Маҷастӣ“ дар илми ҳайъат чизҳое овард, ки пеш аз ӯ набуд». 2. Ибни Сино нуктаҳои норасо, бебурҳон ё нотамоми пешиниёнро мукаммал намудааст ва ё хатоҳои илмии онҳоро ислоҳ кардааст. Ибни Сино на фақат оид ба масъалаҳои умумии илми ҳайъат (хусусиятҳои ҳаракати ҷирмҳои фалак, ашколи Замину Осмон, чигунагии расад ва мутобиқати он бо табиатшиносӣ ва монанди инҳо) якчанд рисола иншо карда, бевосита худ ба мушоҳада ва расадбандӣ пардохтааст.

Умар Хайёми Нишопурӣ

Ҳаким Ғиёсуддин Умар Хайёми Нишопурӣ (1048 −1131) аз зумраи файласуфонест, ки худро шогирди Ибни Сино донистааст. Ӯ дар бисёре аз мавзӯъоти ин фан варзидаву беназир будааст. Дар хусуси Хайём донишманди тоҷик Ҷ. Ш. Шамсиддинов менигорад, ки бо таклифи донишманди "номии амрикоӣ Ҷорҷ Сартон барҳақ қарни XI-ро асри Абурайҳони Берунӣ ва Умари Хайём номидаанд. Ин ҳакими бузург бо фарзияву қиёсҳои қатъии дедуктивӣ-мантиқӣ ва бо исботу бунёди назарияҳои илмӣ-табиъатшиносӣ чандин аср пеш рафтааст. Дар манобеъи муътамади асримиёнагӣ ин «ситораи риёзиёти машриқзамин»-ро (гуфтаи Т. Белл) бо унвонҳои фахрии «имом», «Ҳуҷҷату-л-ақл», «файласуфи олам», «ҳакими Машриқу Мағриб» ва ғ. ёд мекунанд. Олимони риёзидони муосир Натанов Н. ва Смилга В. қайд мекунанд, ки бо андак таҳрироти ҷузъӣ тарзи Хайём бешубҳа, услуби ИЛМ-и қарни ХХ аст ва бешубҳа дар радифи бузургони аврупоӣ қарор дорад. Ӯ дар тафаккури мантиқӣ ба пояҳои баландӣ маърифат расидааст, ки беҳуда Леонардо да Ванчии Шарқаш наномидаанд. Хайём тавонист, ки методи дониши илмиро нигоҳ дошта, инкишоф диҳад ва бад-ин восита ақлу мантиқро ҳимоят кунад. «Умари Хайём бо роҳи таърифи мантиқӣ ба вуҷуд овардани мафҳумҳои навро дар роҳи бунёди донишҳои назарӣ бо як қатъияти риёзӣ исбот карда, ҷасурона ба методи ИЛМ асос гузошт. Ба қавли ӯ асоси мантиқии назарияҳои генетикӣ-дедуктивӣ таърифи индуктивӣ аст». (Ҷ. Ш. Шамсиддинов. Мантиқи Хайём ва илми ҳозира) Аҳаммияти усули Хайём дар он аст, ки ӯ дар фаҳму дарки масоили назариявии маърифат бештар ба донишҳои табиъӣ рӯ овардааст ва дар фаҳму дарки мушкилоти олам мантиқро воситаи асосӣ донистааст. Дар ҳаллу кӯшоиши бисёр масоили илмӣ таърифи мафҳумҳоро низ хеле муҳим арзёбӣ кардааст. Файласуфони мутакаллим. Мутакаллимин дар се марҳалаи фаъолият карда буданд: 1. Муътазилиён. 2. Марҳалаи ашъарӣ ва мотуридӣ. 3. Фалсафаи калом. Агар дар марҳалаи аввал ин файласуфон (муътазилиён) бо таълимоти исломӣ дар баъзе аз масоил хилоф оварданд, дар марҳалаи дуввум кӯшиш карда шуд, ки фалсафа бо ислом созиш дода шавад ва чун ҳамешагӣ ин корро боз ҳам тоҷикон анҷом доданд. Яке аз донишмандони маъруф — асосгузори марҳалаи дуввум Абулҳасан Алӣ ибни Исмоъил ал-Ашъарӣ (870—930) байни мутакаллимин ва аҳли суннати ислом ваҳдати афкор ба миён овард. Ӯро дар тамоми олами ислом аз ҷумлаи саромадони ИЛМ-и калом донистаанд ва яке аз аввалин олимонест, ки таърихи фирқаҳои исломиро воқеъбинона таҳқиқ кард. Таълимоти ӯ ба олимони машҳуре чун Ғаззолӣ, Фахруддини Розӣ, Шаҳристонӣ ва ғ. таъсири амиқ гузошт. Ҷараёни динӣ-фалсафии ӯ бо номи ашъария маъруф шуд. Вай дар миёни кулли фирқаҳои динӣ як мактаби миёнаи калом созмон дод ва ҳар мазҳабу фирқае, ки дар масъалае ба ифрот мерафт, қабул надошт. Мисли муътазилиён мавқеъи ақлро ба ифрот намебурд. Мувофиқи таълимоти ӯ ақл ба дарки кулли донишҳо қодир нест, аммо як ҳадде дорад. Мисли асҳоби ҳадис, ки нақши ақлро хеле паст мезаданд, ба ифрот намерафт. Ӯ таълимоти озодии иродаи инсонро ба вуҷуд овард. Тарафдорону ҳавохоҳони зиёде дар тули асрҳои зиёд аз ӯ пайравӣ карданд. Асосгузори дигари ин марҳала Мотуридии Самарқандӣ [фавт 945 (995 ҳам гуфтаанд)] буд. Таълимоти ӯ бо номи мотуридия маъруф аст, ки он низ мисли ашъария дар ҳимояи фалсафаи ислом аз машшоия ва дигар равияҳои бидъатомези замон мекӯшид. Мотуридӣ низоми каломашро новобаста аз Ашъарӣ ба вуҷуд оварда буд. Аммо каломи ӯ аз каломи ашъария фарқ дошт. Муҳаққиқин дар каломи ӯ 13 ихтилофро бо Ашъарӣ хабар додаанд. Мотуридӣ мегӯяд: «Инсон дар афъол дорои қудрату ихтиёр аст», яъне инсон ба ҳар кор ихтиёр дорад ва қодир аст, ки онро худ мустақилона содир кунад. Вале дар маҷмӯи назариёт ҳар дуи ин калом бо ҳам наздиканд. Ба ҳамон андозае, ки силсилаи ашъария дар миёни шофеъимазҳабон нуфуз дошт, мотуридия дар миёни пайравони ҳанафия (дар Мовароуннаҳру Хуросон) бонуфуз буд. Яъне боз ҳам донишмандони тоҷик буданд, ки тавонистанд ба воситаи фалсафа ҳаёти диниву дунявиро бо ҳам ба ифоқа биёранд ва тазодди чандинасраи фикрии онро то ҳадде аз миён бардоранд. Чунин кӯшишҳои сулҳдӯстонаи тоҷиконаро дар фаъолиятҳои илмӣ-амалии мутафаккири дигари форс-тоҷик — Имом Ғаззолӣ (1058—1111) ба хубӣ мушоҳада кардан мумкин аст, ки то чӣ ҳад ирфону динро бо ҳам оштӣ дод. Ӯ баъд аз 32-солагӣ, пас аз оне, ки қариб аз тамоми улуми замонааш бохабар шуд, бори аввал дар муътақидоти динӣ ва ҳамаи маъорифи ҳиссиву ақлии худ ба шак(к) гирифтор омад. Пас, маҷбур шуд, ки тамоми мазоҳиби исломиро бо ҷумлаи мухолифатҳояшон биёмӯзад ва таҳқиқ кунад, то бад-ин восита аз доираи шаккокӣ берун шуд. Баъдан ба омӯзишу таҳқиқи фалсафа, бидуни устоде пардохт ва дар панҷ-шаш соли омӯзиши пайваста дар калому фалсафа аз ҷумлаи устодон шуд ва китобе чанд дар ин ҳар ду ИЛМ таълиф кард, ки аҳли замонро дар ҳайрат гузошт. Ӯ каломро вориди фалсафа карда, фалсафаи каломро ба вуҷуд овард. Дар ирфон равияи Мансури Ҳаллоҷро напазируфт. Дар илми ахлоқ ба пояҳои баландтарин расид, ки минбаъд ахлоқи ӯ меъёри омӯзиши макотиби дигари фалсафию ирфонӣ қарор гирифт. Вай ба воситаи мактубҳояш ба ҳукмронони Салҷуқӣ ахлоқ ва маданияти давлатдориро талқин кард ва ғ. Ғаззолӣ дар миёни уламои исломӣ аввалин шуда, дар рафти фарогирии дониш шак(к) карданро ҳатмӣ эълом дошт ва ин бузургтарин ҷасорати илмӣ ва яке аз рукнҳои асосии таълимоти ӯ буд. Вай таъкид медошт, ки дар ибтидои касби дониш ба тамоми тафаккуроти илмӣ бо назари шубҳа бояд нигарист, то бад-он вақте, ки бо далелҳо дурустии он исбот карда нашавад. Дар ин бора матолиби ӯро Найири Нурӣ чунин хулоса кардааст: «Вай муътақид шуда буд, ки ҳеч амреро набояд ҳақиқӣ шумурд, магар вақте, ки он ҳақиқат ба далелу бурҳони илмиву ақлӣ собит шуда бошад ва он мусалламшударо низ бояд мумкинулхато шумурд ва агар хатои он собит шуд, бояд онро низ аз арсаи бадеҳиёт ихроҷ кард. Бинобар ин, ҳеч дастгоҳи динию давлатӣ ва девонӣ ва ҳеч муассисаи илмӣ ҳаргиз набояд монеъи изҳори ақидае бар хилофи умури мусаллама бишавад ва аз интиқоди матолибе, ки ба унвони ҳақиқат пазируфта шудааст, ҷилавгирӣ кунад…[3]. Дар ин боб андешаҳои ӯ мухтасар аз инҳо иборатанд: 1. Ҳамаи анвоъи улум бояд таҳқиқу баррасӣ шавад. 2. Бояд сабабу далели ҳар умуреро ҷустуҷӯ кард. 3. Кӯр-кӯрона набояд ба қавли гузаштагон иттико кард. Ин далелҳо собит мекунанд, ки мавқеъи ӯ дар таҳқиқу баррасии ҳақоиқи илмӣ хеле ҷиддист. Роҷеъ ба ин масъала Ғаззолӣ дар китоби «Ал-мунқиз мина-з-залол» мегӯяд: «…Ба худ гуфтам: Матлуби ман илм ба ҳақоиқи умур аст, бояд нахуст бидонам, ки ҳақиқати илм чист… Ин нукта бар ман ошкор шуд, ки илм он гоҳ ҳақиқӣ, яқинӣ ва итминонбахш аст, ки шакку шубҳа ва ғалати пиндорро бар он роҳе набошад ва тардиду тазалзуле дар дил хутур накунад…». Яке аз масоили дигар нақши идроки ҳиссӣ ва ақлиро дар дарёфти ҳақоиқи илмӣ кофӣ надонистани Ғаззолист. Ба гуфти ӯ, идроки ҳиссӣ мавриди эътимод нест ва инсонро ғолибан фиреб медиҳад, ҳатто дар сиҳҳати усули зарурийяи тафаккур ҳам шак(к) аст, пас бар ақл низ эътимод нест. Ғаззолӣ дар донишҳои ҳиссӣ ва ақлӣ (албатта, на дар ҳамаи онҳо) шубҳа намуда, дар баъзе маворид беэътибории онҳоро исбот ҳам кардааст. Инро бояд донист, ки Ғаззолӣ ИЛМ-ҳои маҳсусотӣ ва ақлиро дар муқоиса бо ИЛМ-ҳои табиъатшиносӣ «камарзиштар» баҳо додааст, ки дар ин хусус наметавон Ғаззолиро «иртиҷоъӣ» ҳукм кард, баръакс, ин таъкидоти ӯ олимонро маҷбур месохт, ки дар муҳокимарониҳои ҳиссиву ақлии худ такя бар бурҳонҳои қотеъонаи ИЛМ-ҳои табиъатшиносӣ кунанд. Ин ки ба хотири «бедин нашудани мардум» он илмҳоро «лаҷом заданӣ» буд, гапи дигар аст ва ин маълум аст, ки мақсади ниҳоии Ғазолӣ дар он замони тангу тори асримиёнагӣ ба ифоқа овардани илмҳои табиъатшиносӣ, фалсафа, тасаввуф ва дин буд, ки оқилона он матолиби худро то андозае амалӣ карда тавонист. Ӯ менависад: «Бо ҷидду ҷаҳди тамом шурӯъ ба фикру андеша дар маҳсусоту заруриёт кардам… Дар тули ташкик (шак(к) кардан) ба ин ҷо расидам, ки дар маҳсусот ҳам ҷои шакку тардид аст… Чӣ гуна метавон ба маҳсусот эътимод намуд, дар сурате, ки нерӯмандтарини ҳавосси мо, ки ҳоссаи биноӣ аст, хато мекунад… Ситорагони осмонро ба андозаи зарраи хурд мебинӣ, аммо бароҳин ва далоили ҳандасӣ собит мекунад, ки он аҷром (ҷирмҳои осмонӣ) аз Замин ҳам бузургтар мебошанд (Худи ҳамин эътирофи Ғазолӣ, ки ҷирмҳои осмонӣ аз Замин ҳам бузургтаранд, хашми азими руҳониёни муттаъассибро алайҳи ӯ бархезонда буд, ки бад-ин сабаб аз аҳли бидъаташ эълом дошта буданд). Дар ҷавоби маҳсусот дармондам, чи гуфтору ашколи онҳо ба хобу чизҳое, ки дар хоб дида мешаванд, таъйид шуд…[4]. Пас ба донишҳои ҳиссӣ камтар эътимод кард ва дар бештари маворид ба онҳо бо шубҳа менигарист. Ғаззолӣ бо машшоиён ва умуман бо фалосифаи табиатшинос асосан дар се назария зид буд: 1. Назарияи қадим будани олам, дар ҳоле, ки ба ақидаи Ғаззолӣ «дунё офаридашуда ва фаношаванда аст». 2. Ин ақида, ки Худованд фақат ИЛМ ба куллиёт дорад на ҷузъиёт, дар ҳоле, ки «Ҳақ ин аст, ки дар осмонҳову Замин заррае нест, ки аз Ӯ пинҳон бошад». 3. Инкори зиндашавии ҷисмонӣ, дар ҳоле, ки зиндашавии арвоҳро эътироф мекунанд. Найири Нурӣ менависад: «Шеваи тафаккур ва таъаққули Ғазолӣ дар ислом ба куллӣ тозагӣ дошт ва мунҳасир ба худи ӯ буд ва назири он шеваро қарнҳо баъд аз ӯ Декарт дар Урупо пеш гирифт».(Найири Нурӣ. Саҳми арзишманди Эрон…) Аммо аввалин шиносоии аврупоиён аз Ғаззолӣ аз он ҷо буд, ки ӯ фалсафаи машшоияро зери танқид гирифт ва дар баробари ин тамоми назариёти умдаи онҳоро чунон таҳлилу баррасӣ кард, ки то он вақт ақоиди эшонро касе ба он содагиву равонӣ ба хонандагон нафаҳмонида буд. Дар натиҷа, ҳам фалсафаи машшоъ ва ҳам фалсафаи калом дар Аврупову Осиё қотеъона паҳн шуд. Яъне, Ғаззолӣ чунон роҳеро кушод, ки акнун ҳар кас метавонист ба осонӣ роҳу равиши ин ду тариқи фалсафаро дарк кунад ва аз паи яке равад. Натиҷаи ниҳоӣ чунон шуд, ки фалсафаи калом дар Шарқ ғолиби мутлақ гашт (албатта, тадриҷан) ва дар Ғарб ҳам калом ва ҳам машшоия баробар нуфуз пайдо карданд. Ва ин яке аз бузургтарин хидматҳои ӯ ба афкори умумиҷаҳонӣ буд. Дар қуруни вусто қисмати аъзами китоби «Таҳофату-л-фалосифа»-и ӯро ба лотинӣ тарҷума карда буданд. Раймунд Мартин дар китоби худ «Pugio Fidei» арзиши бузурги ин китоби Ғаззолиро ба ҷомеъаи Аврупо таъкид намуд. Қабл аз ҳама ба ақидаи ӯ мутафаккирини масеҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд. Ва файласуфон бар ду ҷаноҳ шуда, иддае аз ӯ тарафдорӣ карданд ва иддае алайҳи ӯ бархостанд (ба мисли Ибни Рушд). Томаи Аквинӣ баъд аз ду қарн китобе таълиф кард, таҳти унвони «Summa Theologiae», ки бисёр андешаҳои ӯ айни гуфтаҳои Ғаззолист, вале чунонки расми аксари уламои қадим ва қурунивустоии аврупоиён аст, аз Ғаззолӣ ном набурдааст, дар ҳоле ки аз осори ӯ ба хубӣ огоҳ буд. Айни ҳаминро дар осори Рене Декарт (1596—1650)-и фаронсавӣ мушоҳада кардан мумкин аст. Чунонки Левес дар «Таърихи фалсафа[5] навиштааст, ки агар дар баробари китоби Декарт — «Баҳс дар бораи метод» порае аз тарҷумаи лотинӣ ё фаронсавии осори Ғаззолӣ мавҷуд мебуд, «бидуни шак(к) мебоистӣ бигӯем, ки Декарт (аз Ғаззолӣ) дуздии адабӣ кардааст». Дар яке аз маҷаллаҳои амрикоӣ мавсум ба "Journal of American Oriental Society (vol. 20, p. 103) Имом Ғаззолиро аз аввалин саромадони диалектика шинохтаанд ва навиштаанд, ки ӯ 700 сол қабл аз он, ки диалектикаро дар Аврупо ба миён оварданд, ӯ ин корро ибтидо гузошта буд. М. Ҳортон дар китоби худ бо номи «Фалсафаи ислом» (чопи Мюнхен, 1941. С. 12) пас аз он ки менависад: «Фалсафаи ислом аз Эрон бархостааст», дар бораи Имом Ғаззолӣ мегӯяд: «Ин шахсияти барҷаста, ки барои дунёи ислом дорои аҳаммияти дараҷаи аввалӣ буда, ба ҳамон дараҷа ҳам барои шӯъбаи протестанти масеҳият тақрибан ба ҳамон ҷиҳоту далоил эътибору аҳаммият доштааст». Найири Нурӣ аз навиштаҳои нависандаи номии Лубнон Ҷуброн Халил чунин овардааст: «Рӯҳониюни Ғарб Имом Муҳаммад Ғаззолиро бузургтарин ва арҷмандтарин мутафаккири олами ислом мешуморанд ва аҷоиб ин, ки дар калисои бузурги Флоренси Итолиё, ки аз биноҳои қарни понздаҳуми милодист, тасвири Ғаззолӣ дар миёни тасовири фалосифа ва асоқифа ва рӯҳбонони бузург, ки дар қуруни вусто пешвоён ва раҳбарони бузурги ҷаҳони масеҳият маҳсуб мешаванд, мушоҳада мегардад. Аҷибтар он, ки ғарбиҳо ба шахсият ва мақоми Ғаззолӣ бештар аз шарқиён аҳаммият медиҳанд ва осори ӯро тарҷума кардаанд». Ғазолӣ дар тӯли 20 соли фаъолияти илмиаш (ки барои олим хеле мӯҳлати кам аст) на танҳо олами дину тасаввуфу фалсафаро ба шӯр овард, балки ӯ тавонист дар ИЛМ-и ахлоқу сиёсати давлатдорӣ низ комёбиҳои азим ба даст биёварад; ӯ тавонист, ки таъассуби рӯҳониюни иртиҷоъиро доир ба муносибати душманона доштанашон ба ИЛМ-ҳои дақиқ шиканад ва мартабаи ин улумро боло барад ва далоили илмиро дар ривоҷи дин коргар шумарад. Ба ибораи дигар, агарчи ИЛМ-ҳои дақиқро «лаҷом зад», аммо аз маҳвшавӣ наҷоташон дод; рӯҳониёнро аз ҷаҳолати таъассуб бедор сохт; мутасаввифаро аз ифротгароӣ берун кашид ва ғ. Ва муҳимтарин натиҷаи кори ӯ он шуд, ки тамоми ифротгароёнро чи дар тасаввуфу дин, чи дар ИЛМ-у фалсафа ба як маҷрои мутавассит даровард ва ҳамаро бо ҳам оштӣ дод ва барои эшон шароити маънавии тараққии бошуъурона пешниҳод кард. Пас аз Имом Ғаззолӣ ду файласуфи барҷаста падид омад, ки яке зидди ӯ (Ибни Рушд 1126—1198) ва дигаре бар тарафдориаш (Фахруддини Розӣ 1148—1210) бархостанд ва ҳар кадом аз паси худ пайравони мутаъаддиди дигареро дар Шарқу Ғарби олам ба вуҷуд оварданд.

Шаҳобуддини Суҳравардӣ

Шаҳобуддини Суҳравардӣ (1150/56-1185/91) дар давоми умри кӯтоҳ ва пурбаракати худ тавонист осори зиёде аз худ ба забони форсӣ ва арабӣ боқӣ гузорад, ки тақрибан 50 асари ӯ то ҳол маълум аст ва аксар ба мо расидаанд. Шамсуддини Шаҳрзӯрӣ ном шогирди ӯ дар китобаш мавсум ба «Нузҳату-л-арвоҳ ва равзату-л-афроҳ» дар хусуси устодаш менависад: «Бештари мардум, ки аз фаҳми ҳақоиқи мақосиди ӯ оҷиз монданд, забон ба таъни ӯ кушуданд ва вайро ба куфр нисбат карданд, вале ӯ аз ин нисбатҳо барӣ аст…». Суҳравардӣ раванди таърихии ИЛМ-у ҳикматро дар ҷаҳон мушоҳада карда, таъкид намудааст, ки ҷаҳон як лаҳза аз вуҷуди ҳакимон холӣ набудааст. Ӯ дараҷаҳои илмии ҳакимону донишмандони маъруфро табақабандӣ карда, дар муқаддимаи «Ҳикмату-л-ишроқ» навиштааст: «Ҳеч гоҳ Замин холиву маҳрум аз ҳакиме ё ҷамоъате аз ҳукамое, ки ба онҳо ҳуҷаҷу байиноти илоҳӣ иқома ва низоми олами башарӣ идома пайдо мекунад, нест. Силсилаи ҳукамо бар панҷ аст: 1. Ҳукамои орифи комил, вале фоқидмаълумоти фалсафӣ, монанди аксари анбиё ва авлиё ва машоихи тасаввуф, аз қабили Боязиди Бистомӣ ва Саҳл ибни Абдуллоҳи Тустарӣ ва Ҳусайн ибни Мансури Ҳаллоҷ ва назоири онҳо. 2. Файласуфони комил, вале ғайриориф, монанди ғолиби мутақаддимин аз табоъи Арасту ва мутааххирини онҳо чун Форобӣ ва Ибни Сино. 3. Ҳукамои орифи комил ва дорои маълумоти фалсафии комил, ки ба гуфтаи шореҳин адади онҳо бисёр андак ва вуҷуди онҳо азизтар аз кибрити аҳмар мебошад ва аз ин рӯ, гурӯҳи онҳо ҷуз ба иҷтиҳоди Арасту дар миёни мутақаддимин ва Суҳравардӣ дар миёни мутааххирин камол наёфтааст. 4. Ҳукамои орифи комил ва дорои маълумоти фалсафии мутавассит[6]. Тарҳрезии фалсафаи ишроқ аз тарафи Ибни Сино буд, ки Суҳравардӣ онро ба таври воқеъӣ падид оварда, инкишофу интишор дод ва асосгузори он шинохта шуд. Фалсафаи ишроқ иборат аст аз ба ҳам пайвастани ақоиди фалсафии Зардушту Афлотун ва дигар мутафаккирони Эрону Юнони қадим. Дар таълимоти онҳо таъсири фалсафаи Ҳинд ва маздакия низ ба мушоҳада мерасад. Таъсири ислом низ ба эшон бузург аст. Маънии калимаи ишроқ дурахшидан, равшан шудан аст. Суҳравардӣ мегӯяд: «Дар Эрони Бостон уммате буд, ки аз тарафи Худованд идора мегардид. Ба василаи Худованд буд, ки ҳакимони баландмартабае, ки бо маҷусон ба куллӣ тафовут доштанд, роҳнамоӣ мешуданд. Ман усули олии ақоиди ононро, ки асли нур буд ва таҷрибаи Афлотуну аслофаш низ онро ба марҳалаи шуҳуд расонида буд, дар китоби худ мавсум ба „Ҳикмату-л-ишроқ“ эҳё кардаам. Ва дар ин кор ҳеч кас бар ман пешӣ нагирифтааст». Суҳравардӣ, агарчи Афлотунро асосгузори фалсафаи ишроқ дар Юнон медонад, вале боз ҳам таъкид кардааст, ки муассиси ҳақиқии фалсафаи ишроқ Зардушт аст. Ӯ таъкид мекунад, ки фалсафаи ишроқ аз Эронзамин ба воситаи Фисоғурас, ки шогирди Зардушт будааст, ба Юнон ва он ҷониб рафтааст. Ба ақидаи Абулқосими Козарунӣ (фавт 1605): «Ҳамон тавр, ки Форобӣ фалсафаи машшоиёнро тоза гардонид ва ба ин иллат шоистаи он аст, ки „Муъаллими Сонӣ“ хонда шавад, ҳамчунон Суҳравардӣ фалсафаи ишроқиюнро тайи чанд китобу рисола эҳёву таҷдид кард». Дар фаҳмидани фалсафаи ӯ бисёриҳо ба каҷфаҳмиҳо рафта, дар васфаш қазоватҳои ноҷо карда буданд, то ҷое, ки сабаби қатли ваҳшиёнаи ӯ шуд. Барои ба умқи ақоиди ӯ рафтан қариб аз тамоми ақоиди фалсафии қадиму ҷадиди замонаш бохабар будан лозим меомад, ки инро борҳо худаш таъкид мекард. Дар ин хусус Иқбол мегӯяд: «Вай муътақид буд, ки касе ки мехоҳад бар фалсафаи мутаъолии ӯ иҳота ёбад, бояд бо фалсафаи арастуӣ ва мантиқу риёзиёт ва тасаввуф ба хубӣ ошно бошад ва зеҳни худро аз олудагии таъассубу гуноҳ биполояд… Ақл бе ёвар дархури эътимод нест, пас бояд аз завқ, яъне аз идроке мармуз, ки ба кинаи умур пай мебарад ва рӯҳи беоромро шинохт ва оромиш мебахшад ва шаккро аз неру меандозад, ёрӣ гирад». Ба ақидаи Суҳравардӣ ҷаҳон аз нур офарида шудааст (асоси ин таълимот аз Авасто ва Маздак аст) ва он нури аввалро «нуру-л-анвор» номидааст, ки тамоми олами моддии мавҷуда пораҳое аз он нуранд. Аз ин нуру-л-анвор қудрати қоҳира, ки Суҳравардӣ онро «анвори қоҳира» (яъне нурҳои пирӯз) меномад, бар маҷмӯи он нурҳои офаридашуда ишроқ мекунад (медурахшад) ва пирӯз мешавад. Ба ибораи сода: нур бо ишроқ (дурахш)-и худ олами зулмониро равшан мекунад, ки ҳамон пирӯзии некӣ бар бадии авастоист. Ва тамоми ашёи оламро пораҳои нури қоҳира, яъне нури муҷаррад ва пайдошуда аз он медонад. Ба ақидаи ӯ: «чун дар ашё ва умури олам ба дурустӣ таҳқиқ кунем, ҳеч муассири қарибу баъиде варои нур нахоҳем ёфт ва хоҳем дид, ки дар вуҷуд ҷуз нури маҳз, нуре, ки сарчашмаи аслии ҳар навъи нур ва манбаъи аввалии ҳар вуҷуди дигарест, муассире натавонад буд. Чун муҳаббату қаҳр содир аз нур ва ҳарорату ҳаракат низ ҳар ду маълули нур аст, аз ин ҷост, ки ҳарорати билзот дар қувои шавқӣ аъам аз шаҳвӣ ва ғазабӣ мадхалият пайдо мекунад ва вуҷуди ҳамаи онҳо дар ҳарорат ба тамому камол мерасад. Ва шавқиёти мо низ худ муҷиби ҳаракоти рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ мегардад. Ва аммо сукун амрест адамӣ…, балки марг аст». Дар «Ҳикмату-л-ишроқ» Суҳравардӣ таъкид кардааст, ки ин фалсафаи порсиён аст, яъне фалсафае, ки ҳанӯз дар қадим аз Шарқ (яъне дар Эрони Бостон) бархоста буд ва ба сӯи Юнон мунташир шуд. Суҳравардӣ домани омӯзишу дарки фалсафаро ба тамоми табақаҳои бонуфузи ҷамъияти исломӣ талқин мекард. Ӯ ҳатто ба табақаҳои ҳукмрон (махсусан ба подшоҳ) дастур медод, ки ҳатман аз ин огоҳ бошанд, зеро идора кардани давлат кори илоҳист ва барои адо кардани он вазифа дониши комили ҳикмати ҳам завқӣ ва ҳам баҳсӣ зарур аст. Ҳамин тавр, Ғаззолӣ дину ирфон ва Суҳравардӣ фалсафаю ирфонро ба ҳам наздик намуданд. Дар миёни муҳаққиқини фалсафа ду файласуфи барҷастатарине, ки бештар аз ҳа-ма эътироф шудаанд, яке Арастуи юнонист ва дигар Суҳравардии тоҷик. Суҳравардӣ дар чаҳорчӯбаи фалсафаи худ қариб, ки тамоми масоили муҳимми фикриву амалии волои ҷамъияти инсониро ҷой дод ва ба ҳар кадоме дастуру таълимоте махсус баён дошт. Таъсири Суҳравардӣ андаке баъд аз марги ӯ ба тамоми олами ислом ва Аврупо паҳн шуд ва фалсафаи Шарқ пас аз Ибни Сино, чунонки аврупоиён онро мунҳадимшуда меҳисобиданд, бо зуҳур ва интишори ақоиди Суҳравардӣ ҷони дубора ёфт ва роҳҳои нави инкишофи онро пеш гузошт.

Саъдуддини Тафтозонӣ

Саъдуддини Тафтозонӣ (1320-12.09.1392, Сарахс) файласуфест, ки дар ҳимояти калом ва танқиди машшоия бархост. Қариб ба тамоми масоили фалсафӣ дахл кард ва таҳқиқот бурд. Дар фалсафаи ӯ ҳастӣ иборат аз Воҷибулвуҷуд ва имконулвуҷуд буд, яъне ҳастӣ азалию абадист. Барои ӯ озодии инсон хеле муҳим аст. Тафтозонӣ бо асарҳои мантиқиаш мактаби фалсафиеро бунёд гузошт, ки ба бисёре аз бузургони баъдӣ, махсусан дар адабиёти илмӣ-фалсафӣ таъсири амиқ гузошт. Аз ҷумла, Абдурраҳмони Ҷомӣ дар бисёр мавридҳо зери таъсири таълимоту қарор гирифта буд. Аз 40 асари ӯ ёдовар шудаанд, ки муҳимтаринашон инҳоянд: «Ас-саъдия», «Ал-мақосид», "Шарҳи «Тафсири Аздӣ», «Ал-иршоду-л-ҳодӣ», «Таҳзибу-л-мантиқ ва-л-калом», «Ал-мутаввал», «Ал-мухтаса-ру-л-маъонӣ». Инчунин шарҳҳои зиёде бар асарҳои дигарон навиштааст, ки иддае аз онҳо то ба имрӯз расидаанд. Хулоса, файласуфони ислом аз пештозони фалсафа натанҳо дар олами ислом балки дар кулли ҷаҳон будаанд, ки аксарияти онҳо (бо истиснои чанд тан) аз фарзандони миллати тоҷик будаанд. Риёзиётдонон ва ҳайъатшиносони мактабҳои илмие, ки дар охири асри 8 ва аввали асри 9 дар Бағдод ташаккул ёфта, бо номи «Байтулҳикмат» маъруф шудааст, донишмандони мактабҳои илмие, ки дар Мароға (асри 13) ва Самарқанд (асри 15) зуҳур кардаанд, ҳамагӣ зодагони эронитабори Хуросон, Мовароуннаҳр, Бохтария ва Фарғона будаанд. Ба дараҷаи забони байналхалқии ИЛМ расидани забони форс-тоҷик (асри 13-17) далели раднопазири он аст, ки аксари кулли аъзоёни мактабҳои мазкур ҳомилони ин забон буданд. Илми эрониён дар асрҳои миёнаи Шарқи Наздик ва Миёна бо се роҳ нуфуз ва аҳаммияти ҷаҳонии касб кард: 1. Тарҷума (ба арабӣ ва форсӣ-тоҷикӣ) ва ба тавассути он ҳифз шудани осори ИЛМ-ии юнониёни аҳди бостон; 2. Тафсир ва таҳрири осори мазкур. 3. Кашф ва истидлоли ҳақиқатҳои нав, ки дар заминаи таркиби эҷодии анъанаҳои ИЛМ-ии маҳаллӣ ва хориҷӣ сурат гирифт. Дар тамаддуни асримиёнагии форс-тоҷик дар қатори ИЛМ-ҳое, ки барои инкишофи онҳо шароити мусоиди таърихӣ фаро расида буд, риёзиёт ва нуҷум ба авҷи тараққиёт расида буданд. Сардафтари алгебра олими барҷаста Муҳаммади Хоразмӣ (асри 9) буд: номи ин ИЛМ-и риёзӣ аз унвони яке аз асарҳои ӯ «Китоб ул-ҷабр ва-л-муқобала» гирифта шудааст; истилоҳи ҳозираи илмии «алгоритм» аз транскрипсияи лотинии номи ин донишманди форс-тоҷик («алгоритмус») ба вуҷуд омадааст, ки аз мафҳумҳои асосии риёзиёти ҳисоббарори асри мо ба шумор меравад. Риёзиҳои эронитабор асосгузори тригонометрия буданд, ки он ИЛМ-и «мусалласот» ном дошт. Онҳо бештар аз 100 ҷадвали дақиқи тригонометрӣ мураттаб сохта буданд. Ҷадвалҳои аз ҳама дақиқ дар расадхонаи Самарқанд тартиб дода шудааст. Риёзиётдонони форс-тоҷик дар таърихи риёзиёт нақши равшан гузоштаанд: кашфи ба истилоҳ «биноми Нютон» (ин ном иштибоҳан расм шудааст) барои ҳар гуна нишондиҳандаи натуралӣ мебошад, ки аз тарафи Умари Хайём, Насируддини Тӯсӣ ва Ғиёсуддини Кошонӣ кашф шуда буд; кашфи касрҳои даҳӣ ба Ғиёсуддини Кошонӣ тааллуқ дорад. Исботи постулати V-и Евклид (Уқлидус), ки ба назарияи хатҳои мувозӣ (параллелӣ) марбут аст, дар асари писари Насируддини Тӯсӣ Садриддин «Таҳрири Уқлидус» баён шуда буд ва тавассути тарҷумаи лотинӣ дастраси аҳли илми Европаи асри 16 гардид ва дар натиҷа ба кашфиётҳои инқилоби ИЛМ-ии оянда (ихтирои ҳандасаҳои ғайриевклидӣ) замина бахшид. Муаррихони аврупоӣ чунин мешуморанд, ки робитаи илмии Шарқу Ғарб (Аврупои Ғарбӣ) аз асрҳои 10 то асрҳои 13-14 идома дошт. Аммо далелҳои нав нишон медиҳанд, ки мутафаккирони аврупоӣ то асри 16 бо ИЛМ-у олимони форс-тоҷик робита доштанд ва аз осори машриқиён пайваста илҳом мегирифтанд. Дар тули асрҳои 9-15 бештар аз 100 нафар мунаҷҷимони заковатманди эронитабор по ба арсаи ИЛМ-ӣ ҷаҳонӣ ниҳода, ба комёбиҳои беназире ноил гашта буданд: бино ба маълумоти муҳаққиқи эронӣ Саид Ҳусейни Наср, дар сарзамини Аҷаму араб 20 расадгоҳ ташкил шуда буд, ки ҳар яке асбобу афзори пуриқтидор ва дақиқкоре дошт ва барои анҷом додани тадқиқоти мухталиф мусоидат мекард. Чунончи, Абурайҳони Берунӣ дар Хоразм, Муҳаммади Хоразмӣ дар Бағдод, Умари Хайём дар Исфаҳон, Насируддини Тӯсӣ дар Мароға ва ниҳоят як зумра ахтаршиносони маъруфи Самарқандӣ дар расадхонаи Улуғбек мушоҳидаҳои пурарзиши нуҷумиро ба амал бароварда, дар инкишофи илми ҳайъат ҳиссаи калон гузоштаанд. Ҷиҳати хоси ИЛМ-и нуҷуми машриқзамин, бахусус нуҷуми эрониён, аз он иборат буд, ки мушоҳида ва расадбандиро вазифаи асосии худ қарор дода, маҳз дар соҳаи нуҷуми мушоҳидавӣ ба комёбиҳои намоён ноил гаштаанд. Онҳо дар омӯзиши ҳаракати Моҳу сайёраҳо, муайян намудани шаклу андозаҳои Замин, ҳисобу китоби претсессияи нуқтаи эътидоли баҳорию тирамоҳӣ, чен кардани кунҷи моилии эклиптика ба экватор (ба истилоҳи асл: зовияи тамоюли минтақатулбуруҷ ба муаддилуннаҳор), дар мураттаб сохтани тақвимҳои аниқ ва дар ихтироъ ва такмил додани асбобу афзорҳои мушоҳада ва андозагири нуҷумӣ ба комёбиҳое муваффақ шуданд, ки мислашро таърихи илми ҳайъат надида буд. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки дастовардҳои ҳайъатшиносони ховарзамин меъроҷи тараққиёти нуҷуми ғайрителескопӣ буданд. Мураттабсозии зичҳо (ҷадвалҳои ситораҳои собита) дар эронзамин анъанаи дерина дошт, ки аз асри 8 оғоз ёфта, донишмандони форс-тоҷик дар ин ҷода ба як силсила комёбиҳо ноил гаштанд. Тибқи сарчашмаҳои мӯътамади таърихӣ, ба қалами олимони ҳайъатшиноси форс-тоҷик бештар аз 100 зиҷ тааллуқ дорад. Чунончи, «Зиҷи Маликшоҳӣ»-и Умари Хайём, «Зиҷи Элхонӣ»-и Насируддини Тӯсӣ, «Зиҷи Хоқонӣ»-и Ғиёсуддини Кошонӣ ва ниҳоят «Зиҷи ҷадиди Кӯрагонӣ»-и мунаҷҷимони Самарқандӣ, ки маъруф ба номи «Зиҷи Улуғбек» аст, аз ҷумлаи ҷадвалҳои машҳури нуҷумианд, ки дар расадхонаҳои эронзамин таҳия шуда, бо мурури замон нуфузи байналмилалӣ пайдо кардаанд. Зиҷҳо як навъ донишномаҳои нуҷуми амалӣ буданд; онҳо на фақат ҷадвалҳои тригонометрӣ ва ҷуғрофӣ, балки инчунин маълумотҳоеро низ дар бар мегирифтанд, ки ба тақвимҳо ва қонуниятҳои ҳаракати Моҳу Офтоб ва сайёраҳо марбут буданд. Расадхонаҳои мазкур бо чунин асбобу ускунаи мушоҳида ва расадбандӣ таҷҳизонида шуда буданд, ки аз ҷиҳати дақиқкорӣ дар ҷаҳон ҳамто надоштанд. Ҳатто аз асри 16 ба баъди низ, бар хилофи хулосаҳои пешинаи муаррихони ИЛМ, дар ховарзамин тадқиқоти астрономӣ ҳаргиз қатъ нашудааст. Дар ин бора фаъолияти расадхонаҳои Ҳиндустони Шимолӣ далолат мекунанд, ки он ҷо бо фармони Муҳаммадшоҳ ҳайъатшиносони «вилоятҷо» (дар истилоҳи ҳиндувони асрҳои 15-17 одамони аз Эрону Мовароуннаҳр омадаро ҳамин тавр меномиданд) гирд омада, бо ҳамкории мутахассисони таҳҷоӣ мушоҳидаҳои муҳимми нуҷумӣ анҷом доданд. «Зиҷи нави Муҳаммадшоҳӣ», ки ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст, аз маҳсули кори ин расадхонаҳост. Бахусус, дар соҳаи нуҷуми амалӣ тадқиқоти олимони расадхонаи Мароға қобили таваҷҷуҳ аст. Онҳо ба мисли дигар олимони ҳайъатшиноси даврони мазкур низоми заминмеҳварии оламро бунёди ҷаҳонбинӣ қарор дода бошанд ҳам, дар асоси тадқиқоти худ ба он беш аз пеш тағйироте даровардаанд, ки барои дар оянда боздиди назар кардани усулҳои кайҳоншиносии Арастую Батлимус (Птолемей) таҳкурсӣ ва шароити мусоид фароҳам овардаанд. Ин нуқта алалхусус ба назарияҳои сайёраҳо тааллуқ дорад, ки аз ҳама бештар мавриди ислоҳу такмил қарор гирифтаанд. Сараввал Насируддини Тӯсӣ ва шогирди ӯ Қутбуддини Шерозӣ ба тасҳеҳи модели Батлимус пардохтаанд, ки он ба дастовардҳои нуҷуми он даврон рост намеомад. Ибни Шотир бошад, аз модели Батлимус умуман даст кашида, модели комилан нави ҳаракати кинематикии Моҳу Офтоб ва сайёраҳоро таҳия кард. Аҷаб нест, ки Н. Коперник ҳангоми системаи офтобмеҳварии оламро офаридан маҳз аз тадқиқоти Ибни Шотир илҳом гирифта бошад, зеро усулҳои риёзии ҳар ду олим ба ҳам хеле монанданд. Донишмандони форс-тоҷик ва машриқзамин дар маҷмӯъ дар ИЛМ-ҳои тиб, ҷарри асқол (механика), манозир ва мароё (оптика), табақотуларз (геология), маодину ҷамодот (минералогия), ҷуғрофия (география) ва кайҳоншиносӣ (космология) як силсила кашфиётҳои муҳим анҷом доданд. Аз ҷумла, ақидаи Абуалии Сино дар бораи сабаби ҳаракати табиӣ — «майл» дар таърихи илми механика нақши равшан гузоштааст. Аслан ин ақида бунёди мафҳуми ҳозираи физикӣ — инертсия буд. Лекин таърихан ақидаи Сино ба ташаккули мафҳуми дигар — импулс оварда расонид, ки аз ҷузъҳои асосии тасаввуроти ИЛМ-и механика аст. Ин ва дигар ақидаҳои Ибни Сино ба воситаи шарҳия ва таъбироти Ибни Боҷа ва ал-Бетруҷӣ (асри 11-12) дар Аврупо интишор гардид ва баъд аз тарафи файласуфи фаронсавӣ Жан Буридан такмил дода шуд. Саромади механикаи физикӣ Галилей маҳз истилоҳи ӯ «импетус»-ро ба сифати мафҳуми миқдори ҳаракат — импулс истифода бурдааст. Мутафаккирони гузаштаи мо дар инкишофи мафҳумоти статика ва кинематика ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Чунончи, Абурайҳони Берунӣ ва Умари Хайём дар ташаккули мафҳумҳои вазн ва вазни қиёсӣ ва услубҳои муайян кардани онҳо саҳми бузург доранд. Собит ибни Қурра ва ал-Ҷазорӣ дар коркарди назарияи механикии фашангҳо ва ташаккули мафҳуми моменти статикӣ хизмати босазое кардаанд. Собит ибни Курра ва Абурайҳони Берунӣ ба таърифи ҳозираи суръат ва тезшавии якбора ва инчунин суръати ҳаракати нобаробари нуқта барин мафҳумҳои асосии кинематика хеле наздик омада буданд. Ақидаҳои пешқадами ин олимон, фақат пас аз садсолае чанд дар Аврупо эҳё шуда, мавриди баррасии муҳаққиқон қарор гирифтанд. Дар соҳаи оптика низ мутафаккирони Шарқи исломӣ сухани тоза гуфтаанд. Чунончи, ал-Киндӣ бори нахуст назарияи Уқлидусро оид ба табиати физикии биниш танқид карда, дар бораи ин ҳодиса чанд фикри бикрро баён намудааст. Вай чунин ақидаи дурусти физикиро собит кардааст, ки ҳар як нуқтаи ҷисми мунир манбаи афконишот аст, ки аз он шуоъҳо ба ҳама тараф баробар ва аз рӯи хатти рост паҳн мешаванд. Баъдтар ғояҳои ал-Киндӣ аз тарафи Ибни Хайсом (асри 10-11) такмил дода шуданд. Ин олими нуктасанҷ таълим медод, ки рӯшноӣ мисли гармӣ як навъи энергия аст. Бар замми ин, вай ҳодисоти инкисори (шикастани) нурро маънидод карда мегуфт, ки ин натиҷаи дар муҳитҳои гуногун бо суръатҳои гуногун паҳн шудани рӯшноӣ аст. Аз кашфиётҳои Ибни Хайсом, махсусан тахмини ӯ дар бораи бо як суръати муайян паҳн шудани нур ҷолиби диққат аст. Ин ақида фақат пас аз ҳазор сол дар амалия исбот ва дар чаҳорчӯбаи назарияи физикӣ асоснок карда шуд. Гуфтан кофист, ки ақидаи бо суръати муайян паҳн шудани нур яке аз пояҳои асосии назарияи нисбияти Эйнштейн мебошад. Қобили қайд аст, ки дар дафтарчаи хотираи Леонардо да Винчи боре чанд номҳои донишмандони Шарқ, аз ҷумла, ал-Киндӣ, Собит ибни Қурра ва Ибни Хайсом сабт шудаанд. Масъалаҳои мухталифи физикӣ дар асарҳои олими барҷастаи форс-тоҷик Қутбуддини Шерозӣ (асрҳои 13-14) низ зикр шудаанд. Аз ҷумла таълимоти ӯ дар бораи табиати физикии атмосфераи Замин ниҳоят мароқангез аст. Ба қавли ӯ, атмосфера аз омехтаи газҳои гуногун ва зарраҳои чангу гарди заминӣ таркиб ёфта, аз ду қабат — поёнӣ ва болоӣ (вай дар баландии 95 км сар шуда то баландии 300 км тӯл мекашад) иборат аст. Қутбуддини Шерозӣ дар бораи сабаби физикии тобиши кабудранги осмон фикреро баён кардааст, ки ба ақидаҳои ҳозираи илмӣ наздик аст. Тадқиқоте, ки олимони машриқӣ дар соҳаи геодезия ва геология ба амал баровардаанд, басо мароқангез ва пурарзишанд. Тибқи Г. Сартон, «Абурайҳони Берунӣ яке аз бузургтарин уламои кулли замонҳо буд, ки рӯҳи танқидӣ, пурсабрӣ, дӯстдории ҳақиқат ва ҷасорати ақлии ӯ дар асрҳои миёна ҳамто надошт». Берунӣ асосгузори илми геодезия буд (асари ӯ «Китобу таҳдиди ниҳояти-л-амокин ли тасҳеҳи масофати-л-масокин» шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад). Ӯ нухустин донишмандест, ки ақидаи ҷойивазкунии уфуқии қисматҳои рубъи маскунро баён намудааст. Бо мурури замон «хушкӣ ҷои баҳр ва баҳр ҷои хушкиро гирифтааст» — мегӯяд ӯ ва биёбони Арабистонро мисол меорад, ки аз рӯи тахмини ӯ пеш дар он ҷо баҳр мавҷ мезад ва ҳоло регзор аст. Ба қавли Берунӣ, маҳз дар натиҷаи чунин ҷойивазкуниҳо ҷариву дараҳои азим ва кӯҳҳои сар ба фалак ба вуҷуд омадаанд. Ақидаи таҳаввули қишри Заминро Ибни Сино низ асоснок кардааст. Барои аҳаммияти ҷаҳонии комёбиҳои дар соҳаи тиб ба даст овардаи уламои машриқӣ боварӣ ҳосил намудан шӯҳрати дар давру даҳр пайдо кардаи асарҳои Ибни Сино «Алқонун фӣ-т-тиб» ва асари Берунӣ «Китобу-с-сайдана фӣ-т-тиб»-ро хотиррасон кардан кофист. «Алқонун фӣ-т-тиб» дар донишгоҳҳои Аврупо аз замони тарҷумаи лотиниаш (асри 12) то асри 17 китоби дарсӣ ба шумор мерафт. Ф. Энгелс дар бораи осори ИЛМ-ии асрҳои миёна сухан ронда, дар қатори он комёбиҳое, ки барои Ренесанси аврупоӣ замина шудаанд, низоми даҳии ҳисоб, ибтидои илми риёзӣ, тарҳҳои ҳозираи рақамҳо ва чанде дигар кашфиётҳои мардуми Шарқро номбар кардааст. Ин эътирофи Энгелс ва чанде дигар собит месозад, ки донишмандони форс-тоҷик ва машриқзамин фақат нусхабардор набудаанд, балки услубҳои юнонӣ ва шарқиро аз худ намуда, кашфиётҳои нав кардаанд ва комёбиҳои бузурге дар соҳаҳои риёзиёт, нуҷум, физика, кимиё ва тиб ва ғ. доштаанд.

Инкишофи илм дар Тоҷикистони Шӯравӣ

Илм дар Тоҷикистони Шӯравӣ ҳамчун як қисми илми Шӯравӣ босуръат инкишоф ёфт. Дар оғоз дар Тоҷикистон Шӯравӣ асосҳои низоми сотсиалистии маорифи халқ гузошта шуд (1921-24). Ба тараққиёти фанҳои гуманитарӣ дар ҷумҳурӣ асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ ибтидо гузошт. Солҳои 1932-41 дар Тоҷикистон Академияи фанҳои ИҶШС ташкил шуд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии тадқиқот афзуда, зиёда аз бист муассисаи тадқиқоти илмии соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, геология ва тиб барпо карда шуд. То соли 1941 дар Тоҷикистон диққати асосӣ бештар ба вусъат додани тадқиқот оид ба фанҳои биология, геология, хоҷагии қишлоқ ва тиб, яъне ба он соҳаҳои дониш дода мешуд, ки ба тараққии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва ҳалли масъалаҳои нигаҳдории тандурустии халқ вобаста буданд. Дар ҷумҳурӣ талабот ба илмҳои гуманитарӣ, пеш аз ҳама ба забон ва адабиёти тоҷик меафзуд: адабиётшиносӣ инкишоф меёфт, таъсиси донишкадаҳои олӣ — донишгоҳҳои омӯзгорӣ (1933) дар Душанбе ва Ленинобод (1939), донишгоҳҳои хоҷагии қишлоқ (1931) ва тиббӣ (1939) дар Душанбе тайёр намудани кадрҳои илмиро осон кард. Дар назди Академияи фанҳо (соли 1941) се донишгоҳи табиатшиносии илмӣ (геология, ботаника, зоология ва паразитиология) ва як институти гуманитарӣ (таърих, забон ва адабиёт) барпо шуд. Ташкил шудани филиал ва институтҳои тадқиқоти илмӣ барои инкишофи илм дар Тоҷикистон пешомадҳои нав ба вуҷуд оварда буд, аммо Ҷанги Бузурги Ватанӣ суръати ин равандро як қадар суст кард. Соли 1944 дар назди филиали Академияи фанҳо аспирантура кушода шуд ва бо ҳамин мунтазам тайёр кардани кадрҳои илмӣ оғоз ёфт. Баъд аз ҷанг филиали Академияи фанҳои ИҶШС инкишоф ёфта, дар назди он институти кимиё, шуъбаҳои география, энергетика ташкил шуданд. Муассисаҳои илмӣ бо суръати тез ба тайёр намудани кадрҳо сар карданд. Соли 1948 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон кушода шуд. Ҳамаи ин барои торафт баланд бардоштани дараҷаи кори тадқиқоти илмӣ дар Тоҷикистон замина ба вуҷуд овард. 14 апрели соли 1951 Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон таъсис ёфт, ки нахустин президенти он Садриддин Айнӣ буд. Дар назди Академия муассисаҳои нави илмӣ — институти сейсмология, институти хокшиносӣ, мелиоратсия ва ирригатсия (1958), институти хокшиносӣ ба вуҷуд омаданд. Муассисаҳои соҳаи гуманитарӣ низ васеъ шуданд: институти таърих, институти забон ва адабиёт, шӯъбаҳои фалсафа ва иқтисодиёт ташкил карда шуданд. То солҳои 1990 Академияи фанҳои Тоҷикистон дорои 19 муассисаи тадқиқоти илмӣ буд: Институтҳои математика бо маркази ҳисоббарорӣ, физикаю техника, астрофизика, сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмология, химия, геология, ботаника, зоология ва паразитология, биофизика ва физиологияи растаниҳо, институти биологии Помир, гастроэнтрология, таърих, иқтисодиёт забон ва адабиёт, шарқшиносӣ, шӯъбаҳои фалсафа, генгетикаи умумии пахта, муҳофизати табиат. Ғайр аз ин дар ҷумҳурӣ даҳҳо муассисаҳои илмию тадқиқотии соҳавӣ мавҷуд аст. Институтҳои зироат, хокшиносӣ, чорводорӣ, боғдориву ангурпарварӣ ва сабзавоткорӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Кафедраҳои сершумори Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ва дигар мактабҳои олӣ низ бо корҳои тадқиқотӣ машғуланд. Олимони ҷумҳурӣ пеш аз ҳама роҳҳои тараққиёти минбаъдаи иҷтисодиёт ва маданияти кишварро ҷустуҷӯъ мекунанд ва дар ҳалли масъалаҳои муҳимми ИЛМ-и муосир иштирок доранд. Олимони кишвар дар ҳамкорӣ бо олимони дигар кишварҳо дар форумҳои илмии байналмилалӣ иштирок карда, тадқиқот мегузаронанд; конференсияю симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида мешаванд. Ҳоло дар Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб якуним ҳазор нафар ходимони илмӣ самаранок кор мекунанд, ки аз онҳо 600 нафар доктор ва номзади илм, 21 нафар академик ва 26 нафар узви вобаста мебошанд. илм дар замони муосир ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ба ковиш ва татбиқсозии қонунҳои табиат, ҷамият ва тафаккур машғул буда, фаъолияти маърифатии инсонро ба дӯш дорад. Ҳамчун як намуди маърифат ИЛМ бо дигар навъҳои дониш: бадеӣ, динӣ-устуравӣ, фалсафӣ ва рӯзмарра таъсири мутақобила дошта, дар натиҷаи таҷриба пайдо ва ба таври махсус танзим мешавад. Дар инкишофи илм ду давра — давраи тараққиёти ором ва давраи тараққиёти инқилобии ИЛМ шинохта шудааст. Яке аз ҷиҳатҳои асосӣ ва инқилобии илму техникаи замони муосир ба қувваи бевоситаи истеҳсолкунандаи ҷамъият табдил ёфтани илм аст. Илмҳои муосир аз рӯи мавзӯъ ба табиатшиносӣ, ҷамъиятшиносӣ ва техникӣ ҷудо мешаванд. Ин соҳаҳо нисбатан мустақил буда, дар айни замон бо ҳам зич алоқаманданд. Илмҳои табиатшиносӣ сохту таркиби ашё, қонунҳои инкишофи онҳоро кашф мекунанд. Илмҳои ҷамъиятшиносӣ ба таъбир ва ошкор кардани қонуну қоидаҳои ҷомеаи инсонӣ ва инкишофи онҳо машғуланд. Мудраки тадқиқи фанҳои техникӣ кашфи қонуниятҳои бунёду истифодаи мудракҳои техникӣ, равандҳои техникию технологӣ, тарзи истифодаи амалии онҳо буда, бо ИЛМ-ҳои табиатшиносӣ зич алоқаманд мебошад. Илмҳои табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ аз ҳам фарқ карда, дар айни ҳол ҷиҳатҳои умумӣ низ доранд: дар асоси қонунҳои умумии илм инкишоф меёбанд ва дорои вазифаи якхелаи иҷтимоианд (инъикосу ошкор намудани қонуниятҳои воқеият ва истифодаи онҳо дар амалияи ҷамъиятӣ ва фаъолияти маънавии инсон). Илм фаъолияти серсоҳаву гуногунвазифаи инсон буда, ба тамоми ҷамъият хидмат мекунад ва омили муҳимтарини ташаккули ҷаҳонбинӣ ва инкишофбахши маънавиёти инсонист. Моҳият ва таъйиноти иҷтимоии ИЛМ дар вазифаҳои он зоҳир гашта, муҳимтарин воситаи тадқиқ ва муайян намудани мақсаду вазифа, мазмун ва тамоюли асосии фаъолияти ҷамъиятист. Ҳадафҳои асосии илм: тавсиф, шарҳ ва пешбинии равандҳо ва инъикоси назариявии падидаҳои воқеият, ошкор кардани моҳиятҳо (қонунҳо)-и бунёдии табиат ва ҷамъият мебошад. Дар фаъолиятҳои инсонӣ дилхоҳ мудрак — ашёҳои табиӣ, зерсохторҳои иҷтимоӣ, худи ҷамъият, ҳолатҳои шуури инсонӣ ва ғ., тағйир меёбанд, чунки ҳамаи онҳо метавонанд ашёҳои тадқиқоти илмӣ бошанд. Илм онҳоро ҳамчун ашёҳое таҳқиқ мекунад, ки аз рӯи қонунҳои табиӣ амал мекунанд ва инкишоф меёбанд. Илм инсонро низ ҳамчун мудрики фаъолият меомӯзад, аммо ба сифати мудраки махсус. Ҳамчун воситаи назарию амалии азхудсозии олам, илм истеҳсолкунандаи дониш буда, шакли махсуси фаъолияти инсониро ташкил медиҳад. Аз воситаҳои бадеию зебоишиносии азхудкунии воқеият, ИЛМ аз он ҷиҳат фарқ мекунад, ки бештар барои ба даст овардани донишҳои мантиқӣ, иттилооти ҷамъбастшудаи объективӣ саъйю талош мекунад. Воситаҳои объективии баррасии падидаҳои олам, ки хоси илм мебошад, онро аз дигар навъҳои маърифат фарқ мегузорад. Фалсафа ҳамчун илми куллӣ узви таркибии ИЛМ мебошад. Иртиботи мутақобилаи байни ИЛМ ва фалсафа (ҳамчун шаклҳои махсуси шуури ҷамъиятӣ) хислати мураккаб дорад: фалсафа (дар муносибат бо ИЛМ) ҳамеша дар ин ё он андоза вазифаи методологии шинохт ва шарҳи натиҷаҳои ИЛМ-ро иҷро мекунад, мекӯшад бунёдсозии дониш дар шаклҳои назариявӣ сурат пазирад ва бо натиҷаҳои мушаххаси мантиқию илмӣ собит гардад; фаъолияти бунёдии илм ҷамъоварии далелҳо, навсозии ҳамешагию ба низомдарории онҳо, таҳлили интиқодӣ ва дар ин асос ҷамъбастсозии донишҳои нав мебошад, ки на танҳо падидаҳои табиию ҷамъиятиро мушоҳидаву тавсиф мекунанд, балки имкон медиҳанд, ки муносибатҳои сабабӣ-натиҷавӣ бо ҳадафҳои ниҳоии пешбинишаванда бунёд карда шаванд. Санъат шинохти воқеият, падидаву ҳолатҳои табиӣ ва иҷтимоиро бештар дар шакли ягонагии ақлу ҳиссиёт баррасӣ мекунад. Аммо мафҳумҳои илмӣ аксаран ақлонӣ буда, дар олами мудракҳо муҳимро аз умумӣ ҷудо мекунад. ИЛМ оламро бо воқеияти он инъикос карда, фақат як порчае аз падидаву ашёҳоро тадқиқ мекунад. Аз ин рӯ, илм ҳамаи вазифаҳои фарҳангро ба дӯш намегирад, балки фақат як соҳаро, ки бо дигар соҳаҳои эҷодиёт — фалсафа, ахлоқ, дин, санъат ва ғ. алоқаманд аст, тадқиқ мекунад. Нишонаи объективият ва ашёии дониш муҳимтарин хусусияти илм мебошад, аммо ин ҳанӯз барои муайянсозии хусусияти он кифоят намекунад, зеро дониши алоҳидаи объективию ашёӣ метавонад шинохти оддию муқаррариро бидиҳад. Илм фақат бо омӯзиши як ашё, падида ва як давраи таърихӣ маҳдуд намешавад, балки аз чаҳорчӯбаи таҷрибаи муайяни таърихӣ берун баромада, барои инсоният оламҳои ашёии нав боз мекунад ва метавонад объекти азхудкунии оммавӣ дар давраҳои ояндаи инкишофи тамаддунҳо гарданд. Лейбнитс риёзиро ҳамчун илм дар бораи оламҳои имконпазир тавсиф карда буд, ҳарчанд ин хусусият барои ҳамаи дигар илмҳо хос аст. Кӯшиши ҳамешагии илм барои васеъсозии майдони соҳаи омӯзиши мудракҳо новобаста ба имкониятҳои имрӯзаи азхудкунии амалии омавии онҳо, ба ҳайси он нишонаи низомофаранда зуҳур мекунад, ки дигар хусусиятҳои илмро аз дигар маърифати рӯзмарра фарқ мекунонад. Ин тафовут аз рӯи натиҷаҳои он сурат мегирад. Маърифати рӯзмарра ихтилоти донишҳо, иттилоот, дастуроту боварҳоро дар бар мегирад, ки фақат баъзе порчаҳои алоҳидаи онҳо бо ҳамдигар пайванданд. Ҳақиқати донишҳо дар таҷриба санҷида мешаванд, зеро донишҳо дар муносибат бо мудракҳо бунёд ёфта, ба раванди истеҳсолот ва таҷрибаи мавҷудаи иҷтимоӣ ворид шудаанд. Барои ИЛМ таҷрибаи махсусе зарур аст, ки бо ёрии он ҳақиқати донишҳо санҷида мешаванд. Ин гуна таҷриба — озмоишҳои илмӣ ба шумор мераванд. Як қисми донишҳо бевосита дар озмоишҳо санҷида мешаванд. Бархе дигар байни ҳамдигар бо муносибатҳои мантиқӣ пайванд мегарданд ва гузариши ҳақиқат аз як ақида ба ақидаи дигарро таъмин мекунанд. ИЛМ дар муқоиса бо дигар анвои маърифати рӯзмарра воситаҳо, забону таҷриба, усулҳои фаъолият ва маҷмӯи афзорҳои махсусро истифода мекунад. Маҳз рушду инкишофи ҳамешагии воситаву афзорҳои мазкур боис мешаванд, ки таҳқиқоти нав ба нави масъалаҳо, мудракҳову ашёҳо муяссар гарданд, аз ҷумла он масъалаву мудракҳое, ки аз чаҳорчӯбаи имконоти мавҷудаи истеҳсолӣ ва таҷрибаҳои иҷтимоӣ берун мебошанд. Дар алоқамандӣ бо ин, талаботи илм ба коркарди ҳамешагии усулҳои махсус, ки аз худ кардани мудракҳои нав новобаста ба имконоти азхудкунии таҷрибавии имрӯзаи онҳоро таъмин мекунанд. Илм мунтазам донишҳо дар бораи усулҳо ва мудракҳоро инкишоф мебахшад. Новобаста ба имконоти васеи таҷрибавию татбиқсозии дастовардҳои илми муосир, илм ҳамеша ба коркарди нав ба нави усулҳои махсуси таҳқиқ машғул аст, ки ҳадафи асосии он осонтару фараҳбахш гардонидани зиндагии инсоният мебошад. Инсоне, ки ба илм машғул аст, бояд бетараф, беғаразу воқеъиятгаро бошад, низоми арзишҳои ахлоқи илмиро риоя намояд, ҳақиқатро муғризона таҳриф накунад, ҳаргиз ИЛМ-ро ба манфиати ин ё он шахс, гурӯҳи алоҳида ё ҳадафҳои иҷтимоӣ, ки метавонад ба дигарон зарар расонад, истифода набарад. Донишманд метавонад ба иштибоҳ роҳ диҳад, кашфиётҳои пешинаро такрор намояд, аммо ҳаргиз ҳуқуқи асардуздӣ надорад. Дар ҷамъиятҳои гуногуни илмӣ муҷозоти муайян барои вайрон кардани усулҳои ахлоқи илмӣ вуҷуд дорад. Се зинаи ташаккули илм вуҷуд дорад: 1. Донишҳои пеш аз илмӣ ва гузариши онҳо ба илм: гузариши донишҳои пеш аз илмӣ ба илм маҳз ба дӯши риёзиёт будааст. 2. Ташаккули воситаҳои маърифати назариявӣ дар ИЛМ-ҳои табиатшиносӣ. 3. Ташаккули илмҳои техникӣ ҳамчун як қабати миёнарави донишҳо байни табиатшиносӣ ва истеҳсолот ва инкишофи мунтазами илмҳои иҷтимоӣ. Ҳар як зинаҳои инкишофи илм заминаҳои иҷтимоӣ-фарҳангии худро дошт. Нахустин намунаҳои нисбатан инкишофёфтаи донишҳои назариявии риёзиёт дар фарҳанги Эрону Ҳинди Бостон, Чин, Миср ва Юнони Бостон ба вуҷуд омаданд. Донишмандони Эрон ва Ҳинди Бостон дар илми риёзӣ ба дастовардҳои бузурге ноил гардида буданд. Дар Юнони Бостон дар заминаи баҳсҳо, намоиши далеловарию асоснокгардонии ақидаи донишмандон дар миёни маҷлисҳои мардум ҳамчун воситаи касби ҳақиқатҳо инкишофи риёзиёт Он фарзияҳое, ки бо далелҳо ё бо таҷрибаҳо тасдиқ мешаванд, дар шакли қонунҳои табиат ва ҷамъият ифода меёбанд. Илм шароит ва қисматҳои зеринро дорост: 1. Тақсимот ва ҳамкории меҳнати илмӣ. 2. Ташкилотҳои илмӣ, афзорҳои таҷрибавӣ ва лабораторӣ. 3. Усулҳои илмӣ-тадқиқотӣ. 4. Дастгоҳи идрокию мақулавӣ. 5. Низоми иттилооти илмӣ. 6. Маҷмӯи донишҳои анбоштаи гузаштагон. Бо инкишофи хат дар кишварҳои дорои тамаддуни бостонӣ маълумоту донишҳои таҷрибавӣ дар бораи табиат, инсон ва ҷамъият анбоштаву фаҳмида мешуд, ва дар натиҷа нахустин иттилооти риёзӣ, ҳадасӣ, мантиқӣ, нуҷумӣ, тиббӣ ва ғ. эҷод мегардид. Олимони муосир ворисони донишмандону ҳакимони Эрону Ҳинди Бостон, Чин, Миср ва Руми Бостон мебошанд, ки пажӯҳиши ҳақиқат машғулияти асосии онҳо мебошад. Дар даврони бостон дар ин кишварҳо аввалин таснифоти ИЛМ зуҳур мекунад, аммо илм, дар фаҳмиши имрӯзаи он, фақат дар асрҳои 16-17 падид меояд. Дар раванди инкишофи таърихӣ таъсири ИЛМ аз доираи рушди техника ва технология берун баромада, ба муҳимтарин ниҳоди иҷтимоию гуманитарӣ табдил ёфт ва таъсири бузурге ба ҳамаи соҳаҳои ҷамъияту фарҳанг расонид. Аз асри 17 инҷониб, дар ҳар 10-15 сол андоза ва миқдори фаъолиятҳои илмӣ (кашфиёту иттилооти илмӣ, ходимони илм) дучанд афзун шуда истодаанд. Дар инкишофи ИЛМ давраҳои вусъатёбии илм ва инқилоби илмӣ якдигарро бо навбат иваз мекунанд; инқилобҳои илмӣ боис мегарданд, ки сохтор ва қонунҳои шинохт, мақулаву усулҳо, инчунин шаклҳои ташкилии он тағйир ёбанд. Барои ИЛМ тавъам ва пайвасткунии диалектикии равандҳо, ҷудосозию якҷоякунии онҳо ва инкишофи тадқиқоти бунёдию таҷрибавӣ хос аст. Яке аз марҳалаи муҳимми инкишофи илм ташаккули илмҳои техникӣ, иҷтимоӣ ва гумманитарӣ мебошад, ки дар даврони саноатикунонӣ татбиқсозии натиҷаҳои донишҳои илмӣ дар истеҳсолот шуруъ мегардад ва талабот ба идораи илмии равандҳои иҷтимоӣ зуҳур мекунанд. Дар ин даврони таърихӣ ва инкишофи босуръати истеҳсолоти саноатӣ ихтироъ ва интишори навъҳои нав ба нави дастгоҳу воситаҳои инженерӣ авҷ мегирад, ки он дар навбати худ ба инкишофу ташаккули сареи ИЛМ-ҳои техникӣ боис мегардад. Дар айни ҳол, инкишофи саноатӣ ба тағйироти бисёр шадиди сохтори иҷтимоӣ, вайроншавии муносибатҳои суннатӣ ва бунёди анвои гуногуни умумиятҳои ҷамъиятӣ мунҷар мегардад. Ҳар як илм (риёзӣ, физика, кимиё, биология, улуми техникию иҷтимоӣ) асосҳо ва тамоизи ботинии худро дорад, ки ба таври худ воқеиятро таҳқиқ мекунад, меъёрҳо, идеалҳо ва асосҳои махсуси ҷаҳонбинии фалсафии тадқиқ ба кор мебарад. ИЛМ ҳамчун ниҳоди махсуси иҷтимоӣ дар асрҳои 17-18 такмилу ташаккул ёфт, ҳангоме ки дар Аврупо нахустин ҷамъиятҳои илмӣ, академияҳо ва ҳатто «Ҷумҳурии донишмандон» таъсис ёфтанд. Дар ин даврон анвои нави робитаҳо байни донишмандон ба вуҷуд омаданд, ки назарияҳо, таҷрибаҳо ва натиҷаҳои тадқиқотҳои худро байни ҳамдигар радду бадал мекарданд. Дар охири асри 18 ва ибтидои асри 19 интишори нахустин маҷаллаҳо шурӯъ гардиданд, ки дастовардҳои ИЛМ-ҳои кимиё, физика ва ғ.-ро нашр мекарданд. Мақолаҳои илмӣ ва рисолаҳо маҳсули асосии фаъолиятҳои илмӣ ба шумор мерафтанд. Низоми маориф такмил ёфт ва дар донишгоҳҳо шабакаи нави фаннҳои таълимӣ таъсис гардиданд, ки ба ҷуз улуми суннатӣ, ба омӯзиши илмҳои табиӣ ва техникӣ пардохтанд. Марказҳои нави тайёр кардани мутахассисон ташкил шуд. Дар асри 19 маориф бар асоси ихтисосҳои алоҳидаи дониш бунёд меёбад. Омадасозии ҳадафноки мутахассисони илмӣ ба расмият дароварда мешавад. Дар асри 20 ИЛМ ба навъи махсуси истеҳсолоти донишҳои илмӣ табдил меёбад, ки анвои гуногуни иттиҳодияҳои олимонро дар бар мегирад. Аз ҷумла коллективҳои бузурги таҳқиқотӣ, пажӯҳишгоҳҳои бузурги илмӣ бо маблағгузории ҳадафноку ташхиси махсуси барномаҳои тадқиқотӣ ва дастгирии иҷтимоии онҳо амал мекунанд; пойгоҳҳои махсуси саноатӣ-техникӣ, ки ба ковишу пажӯҳишҳои илмӣ мусоидат мекунанд, таъсис меёбанд, тақсимоти мураккаби меҳнат ва омодасозии ҳадафноки мутахассисин дар соҳоти гуногуни ИЛМ сурат мегирад; ба тадқиқоти яксоҳавӣ улум таҳқиқоти илмҳои байнириштаӣ илова мешавад. Дар охири асри 20 пайдоиши шабакаҳои компютерӣ ва интернетӣ анвои гуногун ва нави робитаҳои илмиро вусъати тоза мебахшанд (мақола, рисола ва маҷаллаҳои компютерӣ-интернетӣ-шабакавӣ, мубоҳисаҳои илмӣ бо истифодаи шабакаҳои компютерӣ-интенетӣ ва ғ.). Дар раванди инкишофи таърихии ИЛМ вазифаҳои он дар ҳаёти иҷтимоӣ низ тағйир ёфт; дар даврони ташаккули улуми табиатшиносӣ илм дар баробари дин ба эҷоди навъи нави ҷаҳонбинӣ даст зад. Ин раванд ба ташаккули тасвири илмии олам, ки ба тасаввуроти динӣ тобеъ набуд мусоидат кард, мардум тавонистанд хурофотро аз илму дин фарқ кунанд (мас., дар пушти сангпушт қарор доштани Замин, нотавонии инсон ва ғ.). Тасвири илмии олам ва дар робита бо он донишҳои мушаххаси фанҳои гуногун, оҳиста-оҳиста бунёду асоси низоми маорифи умумиҷаҳониро ташкил дод ва ҷаҳонбинии аксари тамоми мардуми оламро тамоюли илмӣ бахшид. Татбиқсозии васеи дастовардҳои ИЛМ дар истеҳсолот инқилоби беназири илмӣ-техникиро мунҷар гардид: Илм ба неруи иҷтимоӣ табдил ёфта, ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ буруз кард ва анвои васеи фаъолиятҳои башариятро танзим бахшид. Дар даврони муосир дар муносибат бо бӯҳронҳои ҷаҳонӣ масъалаи дарёфти самти нави ҷаҳонбинии инсон зуҳур мекунад. Дар ин робита масъалаи дарки нави вазифаҳои ИЛМ ба миён меояд. Бартарӣ ва ҳукмфармоии илм дар низоми арзишҳои фарҳангӣ ба василаи зуҳури қудрати техникии он ба амал омад; акнун бисёр муҳим он аст, ки пайванди табиии арзишҳои тафаккури илмӣ-техникӣ бо он арзишҳои иҷтимоие, ки маънавиёт, санъат, дину фалсафа аз дарки олам намояндагӣ мекунанд, ба вуҷуд оварда шавад. Ин гуна пайванди ҷаҳонсоз навъи нави ақлгароии илмиро тақозо дорад. Дар давроне, ки биотехнологияҳо, ақлҳои сунъӣ, насл-муҳандисӣ (генная инженерия), низоми инсон-мошин ва ғ. дар ҳаёти инсоният таъсири бузург касб мекунад, бояд низоми нави «инсон-ченак» бунёд гардад; инсон бояд ченаки асосӣ қарор гирад ва дастовардҳои илмӣ бояд барои манфиати инсон ва беҳбудбахшиии ҳаёти он нигаронида шавад, на барои зарари вай. Низоми инсон-ченак тақозо дорад, ки он таҷрибаҳои илмие, ки ба фоҷиаҳои бузурги башарӣ оварда мерасонад, пешгирӣ карда шавад. Яъне ҳарчанд роҳи пешрафти илмро гирифта намешавад, аммо он бояд «лаҷом» зада шавад. Донишмандон бояд сарҳади тадқиқотҳои илмиро муайян ва ахлоқи илмиро риоя кунанд. Ахлоқи ботинии ИЛМ, ки ковишу пажӯҳиши ҳақиқат ва самти сабзиши илми навро муайян мекунад, ҳамеша дар таносуби баробар бо принсипҳо ва арзишҳои умумиинсонӣ қарор дорад. Методологияи тадқиқи низоми инсон-ченак шинохти улуми табиӣ ва гуманитариро ба ҳам наздик карда, асосҳои тавъамсозии комили онҳоро эҷод мекунад. Дар ояндаи начандон дур: бо ёрии дастовардҳои нав ба нави ИЛМ инсоният қодир ба он хоҳад буд, ки насли худро на танҳо дар галактикаи Каҳкашон, балки берун аз он низ интишор диҳад; бисёре аз душвориҳое, ки имрӯз инсоният ва ИЛМ ба он рӯ ба рӯст, ба зудӣ ҳал хоҳанд шуд ва башарият ба комёбиҳое даст хоҳад ёфт, ки барои наслҳои имрӯз афсона менамоянд, чуноне ки натиҷаҳои имрӯзи илм барои ниёкони чанд аср пеши мо ба мисли афсона мебошанд. Мас., масофаи аз як сайёра ба сайёраи дигар, аз як низоми офтобӣ ба низоми офтобии дигар ва ҳатто аз як галактика ба галактикаи дигарро кайҳоннавардон метавонанд дар як муддати кӯтоҳ тай кунанд; маҳз тавассути ИЛМ бисёре аз бемориҳое, ки имрӯз инсониятро азият медиҳанд ба фаромӯшии таърих супурда хоҳанд шуд ва давомнокии муайяни умри инсон таъмин мегардад, фарогирии улуми зиёде дар давоми хеле кӯтоҳ мумкин хоҳад буд ва ғ. Дар Қуръон калимаи «илм» беш аз 700 бор ба кор рафтааст. Худованд дар бархе оёт донишмандонро аз дигарон (39:9) бартар гузошта, ИЛМ-ро аз меъёрҳои имтиёз қарор додааст (58:14). Дар бархе оёт ҳадафи офариниши осмону замин барои огоҳии инсон аз илму қудрати илоҳӣ дониста шудааст (65:12). Қуръон дар оёти зиёде инсонро ба кайҳоншиносӣ, заминшиносӣ, равоншиносӣ ва инсоншиносӣ мутаваҷҷеҳ кардааст. Инояти Қуръон ба илм дар канори омӯзаҳои пайғомбар (с) ва донишмандон, ки мусулмононро ба ИЛМ-омӯзӣ ва донишафзоӣ ташфиқ мекарданд, заминаҳое дар миёни мусулмонон ба вуҷуд овард, ки сабаби ҷаҳиши ҷомеаи исломӣ дар муддати нисбатан кӯтоҳе гардид ва ҷомеаи ҷоҳилияро ба ҷомеаи мутамаддин табдил сохт ва мусулмонон дар улуми гуногун, монанди пизишкӣ, кайҳоншиносӣ, риёзӣ ва ғ. гӯйи сабқатро аз дигар миллатҳо рабуданд. Нигар низ Илмшиносӣ.

Sarton G., Introduction to the History ot Seience. Vol. I—III. Baitimore, 1927—1945; Бернал Д. Наука в истории общества. М., 1956; Умаров С. У. Расцвет науки в Таджикистане. Сталинабад, 1960; Наука о науке. М., 1966; Собиров Г. Инкишофи математика дар Осиёи Миёна (асрҳои XV—XVII). Д., 1968; Нейгебауер О. Точные науки в древности, М., 1968; Nasr S. H. Seience and Civilizatlon in Islam. Harward Univ. Press, 1968; Раджабов З. Ш. Наука Советского Таджикистана. Д., 1968; Осимов М. Ба сӯи қуллаҳои нави инкишофи илм дар Тоҷикистон. «Коммунисти Тоҷикистон», № 12. 1969; Асимов М. С. Развитие науки в Таджикистане // «Вопросы философии». № 12. 1971; Розенфельд Б. А. О влиянии математики стран ислама в науку Европы. М., 1971; Турсунов А. От мифа к науке. М., 1973; Турсунов А. Бируни и космология Восточного Ренессанса — «Природа». № 8, 1973; Наврӯзов С., Ёқубов К.. Илм ҳамчун қувваи истеҳсолкунанда // «Комунисти Тоҷикистон». № 5. Д., 1973; Рожанская М. М. Механика на Средневековом Востоке. М., 1976; Шамсиддинов Ҷ. Ш. Қомуснигори бузурги асрҳои миёна. Умари Хайём Ҳаким, олим ва адиб. Д., 1987; Шамсиддинов Ҷ. Ш. Мантиқи Хайём ва илми ҳозира. Д., 1988; Абуалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб. Д., 1992; Ибни Қурбон. Фавоҳиш ва раҳоиш. Д., 2003; Ибни Қурбон. Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим. Д., 2007; Философский энциклопедический словарь. В 4-х томах. Т. 3. М., 2010.

سهم ارزشمند ایران در فرهنگ جهان. جاد ٢. تهران، ١٣٧٧ ش.؛ عبدالرفع حقیقت. تأریخ نهضتهای فکری ایرانیان. تهران، ١٣٨٠ ش.؛ ویل دورانت. تأریخ تمدن. تهران، ١٣٧٦ ش.؛ ویل دورانت. تأریخ فلسفه. تهران، ١٣٧٤ ش.؛ С. Наврӯзов, А. Турсон, Н. Амиршоев

  1. Гарисон. Мероси Эрон. Теҳрон, 1377.
  2. Абӯалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб. Ҷ. 4. Д., 1992
  3. Найири Нурӣ. Саҳми арзишманди Эрон…
  4. Найири Нурӣ. Саҳми арзишманди Эрон…
  5. Lewes. History of philosophy. vol. II. р. 50
  6. (Найири Нурӣ. Саҳми арзишманди Эрон…Ҷ. 2. С. 454)