Талабхӯҷа Сатторов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
ислоҳ
Сатри 28: Сатри 28:
}}
}}
'''Талабхӯҷа Сатторов''', ё '''Талабшоҳи Саттор''' (1953 - [[10 апрел]] [[2007]]) — [[оҳангсоз]], Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон ([[1966]]), барандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Борбад ([[1990]]), [[профессор]] ([[2000]]), собиқ раиси [[Иттифоқи комрозиторони Тоҷикистон]] ва раиси нахустини Консерваторияи миллии Тоҷикистон ([[2003]] - [[2007]]).
'''Талабхӯҷа Сатторов''', ё '''Талабшоҳи Саттор''' (1953 - [[10 апрел]] [[2007]]) — [[оҳангсоз]], Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон ([[1966]]), барандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Борбад ([[1990]]), [[профессор]] ([[2000]]), собиқ раиси [[Иттифоқи композиторони Тоҷикистон]] ва раиси нахустини [[Консерваторияи миллии Тоҷикистон]] ([[2003]] - [[2007]]).
==Зиндагинома==
==Зиндагинома==
Ӯ дар рустои Гулзори ноҳияи [[Кӯлоб]], дар ҷануби Тоҷикистон мутаваллид шуда ва фаъолияти корияш ҳам дар театри Саидалӣ Вализода дар шаҳри Кӯлоб оғоз шудааст.
Ӯ дар рустои Гулзори ноҳияи [[Кӯлоб]], дар ҷануби Тоҷикистон мутаваллид шуда ва фаъолияти корияш ҳам дар театри Саидалӣ Вализода дар шаҳри Кӯлоб оғоз шудааст.

Нусха 02:46, 23 августи 2020

Талабшоҳи Саттор
Талабхӯҷа Сатторов
Таърихи таваллуд 12 октябр 1953(1953-10-12)[1]
Зодгоҳ деҳаи Гулзор ноҳияи Кӯлоб ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 10 апрел 2007(2007-04-10)[2] (53 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) композитор, омӯзгор

Талабхӯҷа Сатторов, ё Талабшоҳи Саттор (1953 - 10 апрел 2007) — оҳангсоз, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1966), барандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Борбад (1990), профессор (2000), собиқ раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва раиси нахустини Консерваторияи миллии Тоҷикистон (2003 - 2007).

Зиндагинома

Ӯ дар рустои Гулзори ноҳияи Кӯлоб, дар ҷануби Тоҷикистон мутаваллид шуда ва фаъолияти корияш ҳам дар театри Саидалӣ Вализода дар шаҳри Кӯлоб оғоз шудааст. Хатмкардаи Консерваторияии давлатии Маскав ба номи Петр Чайковский (1983), Талабхӯҷа Сатторов фаъолияти эҷодии худро ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи мусиқии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон (1983 - 1984) шурӯъ кардааст. Сипас ассистенти кафедраи оҳангсозии Консерваторияи давлатии Маскав (1984-1986), муҳаррири шӯъбаи мусиқии Телевизиони Тоҷикистон (1986 - 1989), муаллим, декани факулта ва ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаи Душанбе (1983 - 2003) буд. Ӯ соли 1998 раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон интихоб гардид. Шурӯъ аз соли 2003 муассис ва то охирин зарби қалб (2007) Талабхӯҷа Сатторов раиси (ректори) нахустини Консерваторияи миллии Тоҷикистон буд. Ӯ 10 апрел 2007 дар ш. Душанбе вафот кардааст.[3]

Эҷодиёт

Нахустин асарҳои худро Талабхӯҷа Сатторов дар нимаи аввали солҳои 80-уми асри гузашта эҷод намудааст. Баъди хатми Консерваторияи шаҳри Маскав (соли 1983) асарҳои эҷоднамудаи ин оҳангсози мумтоз мазмуни баландтару ҷолибтареро касб намуданд. Талабхӯҷа Сатторов дар жанрҳои гуногун асарҳо офаридааст ва ҳар як суруду оҳанги офаридааш инъикоси олами зебою рангини ботинии ӯ, парвози тахаюлоти рӯшану рӯҳнавозест, ки ба дилҳо шӯру шарар мебахшаду ҳастиро ба ваҷд меоварад. Ҳам дар асарҳои хурди камеравии ин оҳангсоз, ки дар оғози фаъолияти эҷодии хеш бештар иншо мекард ва ҳам дар асарҳои калонҳаҷми симфонӣ ва инструменталии ӯ як услуб ва сабки махсусе эҳсос карда мешавад, ки фақат хоси асарҳои эҷоднамудаи Талабхӯҷа Сатторов мебошад. Ин сабки хосаро бо сукути бовиқору пурсалобати қуллаҳои барфпӯшу суруди нотакрори обшорон ва ба туғёни пурамвоҷи дарёҳои кӯҳӣ шабеҳат додан бамаврид аст. Масалан, асари ҷолиби ӯ, ки бахшида ба ҷашни 100-солагии шӯриши Восеъ офарида шуда буд, «Фарёди дуриҳо» ном дошта, як оҳанги мутантани пуршукӯҳу шаҳомат ва ҷаззобу таъсирбахш аз аввал то охир асарро фаро гирифтааст. Ҳамкории Талабхӯҷа Сатторов бо театр дар эҷодиёти ӯ як давраи наверо кушод. Натиҷаи чунин ҳамкорӣ буд, ки ин оҳангсози маъруф дар жанрҳои гуногун барои солистон, хор ва оркестри симфонӣ кантата ва сурудҳо эҷод намуд. Тамоми офаридаҳои Талабхӯҷа Сатторов бо як ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ сиришта шудаанд. Дар мавриди шунидани оҳангҳои ӯ рӯҳи муборизону баҳодурони бовиқори тоҷик Рустаму Сӯҳроб, Темурмалик ва Восеъи қаҳрамон пеши назарҳо ҷилвагар мегардад. Операи «Рустам ва Сӯҳроб» асари калонҳаҷми саҳнавӣ буда, баҳри дар олами мусиқӣ зинда намудани ёди қаҳрамонони халқи тоҷик ва корномаҳои онҳо як кӯшиш ва қадами устувори бастакор буд. Дар ҳақиқат, оҳангу сурудҳои халқӣ дар эҷодиёти Талабхӯҷа Сатторов ҷои махсусро ишғол мекунад. «Дарё, ки калон шавад», «О дил, о дил», «Нолаҳо аз ёлаҳо» дар такмили ин оҳангсоз ва дар иҷрои хор боз ҳам дилошӯбу хӯшнаво гаштаанд. Ӯ оҳангсози заҳматталаб буду ҳамқадами замон ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи эҷодӣ. Кантатаи «Арсаи ваҳдат», балладаи «Гули бодом», «Ҷони мо, эй Тоҷикистон», «Иттиҳод» ва монанди инҳо аз кӯшишу ҷустуҷӯҳои ин марди ҳунар баҳри дар дили ҳар як шаҳрванд бедор намудани ҳисси худшиносиву ифтихори миллӣ дарак медиҳад. Офаридаҳои Талабхӯҷа Сатторов қариб дар тамоми ҷамъомадҳои пуртантанаву ҷашнвораҳои пурҳашамат иҷро гардида, ба ин консертҳо шукӯҳи тоза бахшидаанд. Шунаванда аз шунидани ин оҳангҳо ба олами хаёлот фурӯ рафта, дамидани сапедадам, вазидани насими форами атрогин, лаб во намудани ғунчаи гул, хонишу чаҳ-чаҳи булбул, шилдирроси рӯдҳои кӯҳӣ, умуман тантанаи ҳаётро бар мамот, ғалабаи некиро бар бадӣ эҳсос менамояд. Оҳангҳои ӯ рӯҳнавозу дилпазиранд ва дар ниҳоди шунаванда ҳиссиёти неку наҷибро бедор месозанд. Силсилаи суруду кантатаҳои Талабхӯҷа Сатторов зери унвони «Таронаҳои Ватан» саропо асарҳои тозаэҷоди даврони истиқлолро дар бар мегиранд. Шаш асаре, ки ин силсиларо ташкил медиҳад, дар маҷмӯъ бо эҳсоси меҳанпарастиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ эҷод гардида, аз маҳорати фавқулоддаи муаллиф дарак медиҳанд. Се асари ин силсила – «Таронаи Ватан» (ба шеъри Салими Хатлонӣ), «Мо олами меҳрем» бар матни Муҳаммад Ғойиб ва «Ҷавонӣ» (шеъри Гулназар) дар жанри суруд эҷод шудаанд. «Таронаи Ватан» бори аввал дар 10-солагии Артиши миллӣ (соли 2003) садо дода, боиси табъи болидаи сомеон гардида буд. Суруди «Мо олами меҳрем» (соли 2003) дар сабқати телевизионии «Мусиқӣ бар зидди терроризм», ки дар Кохи Борбад барпо гардида буд, иҷро карда шуда, дили тамошобинонро тасхир намуд. Суруди «Ҷавонӣ» (соли 2005) ҳангоми ҷамъомади пуртантана- вохӯрии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони ҷумҳурӣ иҷро гардида, ба он маҳфил як шукӯҳи тоза бахшид. Кантатаҳои «Самои бахт» ва «Давлати поянда» барои хор ва оркестри симфонӣ эҷод гардида, ҳанӯз бори аввал дар ҷашни 10-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 иҷро гардида буданд. Кантатаи «Ҷаҳони тоҷикон» бошад, дар барномаи консертии бахшида ба кӯшодашавии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар Театри Калони шаҳри Маскав барпошуда иҷро гардида, дилу дидаи ҳазорон шунавандаро ба ҷаҳони мусиқии касбии тоҷик аз наздик ошно сохт.[4]

Асарҳои марҳум борҳо дар толорҳои бузурги ватаниву хориҷӣ садо додаанд.

Некдошт

Ҷасади марҳум дар боғи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурда шудааст. Ба хотири некдошти ӯ Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов гузошта шудааст.

Пайвандҳои беруна

Манбаъ

  1. https://www.biografija.ru/biography/sattorov-talabkhudzha.htm
  2. http://www.news.tj/ru/news/iz-zhizni-ushel-talabsho-sattorov
  3. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011. - С.171-180
  4. Нақши Талабхӯҷа Сатторов дар тарғиби мусиқии касбӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон