Абдуссалом Атобоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х →‎Сарчашма: clean up using AWB
х →‎top: ислоҳ using AWB
Сатри 8: Сатри 8:
|номи пурра =
|номи пурра =
|тахаллусҳо =
|тахаллусҳо =
|санаи таваллуд = [[24 апрел]]и [[1934]]
|таърихи таваллуд = [[24 апрел]]и [[1934]]
|зодгоҳ = [[Исфара]]
|зодгоҳ = [[Исфара]]
|санаи марг = [[28 апрел]]и [[1985]]
|таърихи марг = [[28 апрел]]и [[1985]]
|маҳалли марг =
|маҳалли марг =
|шаҳрвандӣ =
|шаҳрвандӣ =

Нусха 11:31, 24 сентябри 2020

Атозода
Абдуссалом Атобоев
Таърихи таваллуд: 24 апрели 1934
Зодгоҳ: Исфара
Навъи фаъолият: драматург,нависанда

Абдуссалом Атобоев (тахаллус Атозода; 24.04.1934, Ноҳияи Исфара — 28.04.1985, Душанбе) — нависанда ва драматурги тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 1974.

Зиндагинома

Абдуссалом Атобоев хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе (1958). Солҳои гуногун дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», маҷаллаҳои «Занони Тоҷикистон», «Садои Шарқ», «Машъал» ва Вазорати фарҳанги ҶТ кор кардааст. Нахустин очерку ҳикояҳои Атобоев Абдуссалом солҳои 60 асри 20 чоп шудаанд. Аммо ӯ бештар чун драматург машҳур аст. Ӯ 28 апрели 1985 вафот кардааст.

Эҷодиёт

Пйесаҳои ӯ асосан дар мавзӯъҳои таърихӣ таълиф ёфта­анд. Пйесаи «Суруди нотамом» (1971) аз тақдири фоҷиавии шоираи тоҷик Робиаи Балхӣ (асри 10) ва «Фоҷиаи инсон» (1973) дар бораи воқеаҳои аҳди қадими сарзамини Бохтар (асри 6 то милод) ҳикоят мекунад. Дар пйесаи публитсистии ӯ «Қиёми Лоҳутӣ» (1979)аз рӯзгори инқилобии А. Лоҳутӣ сухан меравад. Мазҳакаи «Иллоанта» (1977), пйесаҳои «Бонги хатар» (1974), «Парвози уқоб» (бо ҳамроҳии Ғ. Абдулло, 1975), пйеса барои театри лухтак «Қиссаи аввалин» (бо ҳамроҳии Е. Абрамян, 1978) ва ғайра низ ба қалами Атобоев Абдуссалом тааллуқ доранд. Пйесаҳои Атобоев Абдуссалом дар маҷмуаҳои ӯ «Суруди нотамом» (1982), «Шамшери меросӣ» (1984) ва дар «Тазкираи адабиёти бачагон» (ҷилди 5) ба табъ расидаанд.

Эзоҳ

Сарчашма