Абдуссалом Атобоев: Тафовут байни таҳрирҳо
х →Зиндагинома: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB |
х →Сарчашма: ислоҳи вожаҳо using AWB |
||
Сатри 45: | Сатри 45: | ||
[[Гурӯҳ:Адибони Тоҷикистон]] |
[[Гурӯҳ:Адибони Тоҷикистон]] |
||
[[Гурӯҳ:Намоишноманависони Тоҷикистон]] |
[[Гурӯҳ:Намоишноманависони Тоҷикистон]] |
||
[[Гурӯҳ: |
[[Гурӯҳ:Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] |
||
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон]] |
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон]] |
Нусха 08:41, 10 ноябри 2020
Абдуссалом Атобоев | |
Таърихи таваллуд: | 24 апрели 1934 |
Зодгоҳ: | Исфара |
Таърихи даргузашт: | 28 апрели 1985 |
Навъи фаъолият: | драматург,нависанда |
Абдуссалом Атобоев (тахаллус Атозода; 24.04.1934, Ноҳияи Исфара — 28.04.1985, Душанбе) — нависанда ва драматурги тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 1974.
Зиндагинома
Абдуссалом Атобоев хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе (1958). Солҳои гуногун дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», маҷаллаҳои «Занони Тоҷикистон», «Садои Шарқ», «Машъал» ва Вазорати фарҳанги ҶТ кор кардааст. Нахустин очерку ҳикояҳои Атобоев Абдуссалом солҳои 60 садаи XX чоп шудаанд. Аммо ӯ бештар чун драматург машҳур аст. Ӯ 28 апрели 1985 вафот кардааст.
Эҷодиёт
Пйесаҳои ӯ асосан дар мавзӯъҳои таърихӣ таълиф ёфтаанд. Пйесаи «Суруди нотамом» (1971) аз тақдири фоҷиавии шоираи тоҷик Робиаи Балхӣ (асри 10) ва «Фоҷиаи инсон» (1973) дар бораи воқеаҳои аҳди қадими сарзамини Бохтар (асри 6 то милод) ҳикоят мекунад. Дар пйесаи публитсистии ӯ «Қиёми Лоҳутӣ» (1979)аз рӯзгори инқилобии А. Лоҳутӣ сухан меравад. Мазҳакаи «Иллоанта» (1977), пйесаҳои «Бонги хатар» (1974), «Парвози уқоб» (бо ҳамроҳии Ғ. Абдулло, 1975), пйеса барои театри лухтак «Қиссаи аввалин» (бо ҳамроҳии Е. Абрамян, 1978) ва ғайра низ ба қалами Атобоев Абдуссалом тааллуқ доранд. Пйесаҳои Атобоев Абдуссалом дар маҷмуаҳои ӯ «Суруди нотамом» (1982), «Шамшери меросӣ» (1984) ва дар «Тазкираи адабиёти бачагон» (ҷилди 5) ба табъ расидаанд.
Эзоҳ
Сарчашма
- Атобоев Абдусалом // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.