Ҳасани Муҳаммадӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
навсозӣ
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 3: Сатри 3:
| номи аслӣ = Ҳасани Муҳаммадӣ
| номи аслӣ = Ҳасани Муҳаммадӣ
| тасвир =
| тасвир =
| санаи таваллуд = 30.10.1940
| таърихи таваллуд = 30.10.1940
| зодгоҳ = [[ноҳияи Бойсун]]и [[вилояти Сурхондарё]]
| зодгоҳ = [[ноҳияи Бойсун]]и [[вилояти Сурхондарё]]
| санаи марг = 6.05.2020
| таърихи даргузашт = 6.05.2020
| навъи фаъолият = [[нависанда]], адабиётшинос ва фарҳангшинос.
| навъи фаъолият = [[нависанда]], адабиётшинос ва фарҳангшинос.
}}
}}
Сатри 29: Сатри 29:
[[Гурӯҳ:Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо‎]]
[[Гурӯҳ:Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо‎]]
[[Гурӯҳ:Нависандагони тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Нависандагони тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]

Нусха 09:11, 10 ноябри 2020

Ҳасани Муҳаммадӣ
Ҳасани Муҳаммадӣ
Таърихи таваллуд 30 октябр 1940(1940-10-30)
Зодгоҳ ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё
Таърихи даргузашт 6 май 2020(2020-05-06)
Пеша нависанда

Ҳасани Муҳаммадӣ - нависанда, адабиётшинос ва фарҳангшинос. Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Зиндагинома

Ҳасани Муҳаммадӣ 30 октябри соли 1940 дар маҳаллаи Баландпояи шаҳристони Дарбанди ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё таваллуд ёфтааст. Соли 1964 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқандро бо дипломи сурх хатм карда, баъди хидмати яксола дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шуравӣ ба Душанбе омада, дар кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, кафедраи забонҳои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолият бурдааст.Солҳои 1981-1991 дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ба ҳайси ходими калони адабӣ, мудири шуъбаи тақризу китобиёт, аз охири соли 1994 то соли 2003 дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар вазифаҳои ходими пешбар ва сармуҳаррири Сарраёсати санъат кор кардааст. Солҳои 2003-2006 сармутахассиси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ будааст. Аз моҳи майи 2006 то соли 2018 ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи фарҳангу иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ кор мекард. 6 майи соли 2020 нависанда, адабиётшинос ва фарҳангшиноси тоҷик Ҳасани Муҳаммадӣ дар синни ҳаштодсолагӣ аз олам чашм пўшид.

Эҷодиёт

Тақризу мақолаҳояш аз нимаи дувуми солҳои шастуми садаи бист дар матбуоти даврӣ ба табъ мерасанд.То имрӯз бештар аз панҷоҳ тақриз ба табъ расондааст, ки муаллифашонро ба хонандагону адабиётшиносон ҳамчун мунаққиди ҷӯяндаву навовар муаррифӣ намудаанд. Чеҳраҳои эҷодии донишмандони тоҷик Шарифҷон Ҳусейнзода, Воҳид Асрорӣ, Раззоқ Ғаффоров, Камол Айнӣ ва ғ-ро моҳирона рӯи коғаз овардааст. Шохаи дигари фаъолияти адабётшиносии Ҳасани Муҳаммадӣ таҳқиқи масоили равобити адабӣ буда, ба туфайли навиштаҳои ӯ хонандагон тоҷик бо ҳаёт ва эҷодиёти адибони бузурги ҷаҳон, аз ҷумла К.Чуковский, А. Твардовский, А.Гайдар, П. Неруда, Мӯсо Ҷалил ва ғ. ошнойии бештаре пайдо кардаанд. Оид ба хусусиятҳои жанрӣ ва бадеии достонҳои Мирзо Турсунзода чанд мақола ва ду монография («Достони фалсафӣ ё фалсафаи достон», «Салосат, фасоҳат ва балоғати сухан») таълиф кардааст. Аз охири солҳои ҳаштодум ба навиштани асарҳои мансур пардохтааст, ки силсилаи қиссаву ҳикояву таронаҳои «Дарёи ғазалхон», «Китоби зиндагӣ», «Гуфтугӯ бо фаришта», «Закоти ҳусн», «Ростоншоҳ» ва ғ. Намунаҳои онанд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Қатраборон» (2000), «Афсонаи дил» (2002), «Гулбонги ошиқона» (2010), «Садои пойи борон» (2010), «Салосат, фасоҳат ва балоғати сухан» (2011), «Меҳргоннома» (2012), «Фишонд аз савсану гул симу зар бод… « (2012), «Наврӯзи ҷаҳонафрӯз» (2013) ва ғ. мебошад. Дар силсилаи эссеҳои ӯ чеҳраҳои як даста ҳунарвару фарҳангиёни кишвар ба қалами тасвир оварда шудаанд. Ду асари драмавии ӯ «Шербачаи зардгун» ва «Устои қулфи англисӣ» дар озмуни драманависони мамлакат баҳои хуб гирифта, аввалиро Театри ҷумҳуриявии лӯхтак саҳнагузорӣ кардааст.[1][2]

Сарчашма

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 146 ISBN 978-99947-2-379-9
  2. Ҳасани Муҳаммадӣ: «Аз умри сипаридашуда пушаймон нестам»