Каҷровут: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 63: Сатри 63:


* [[Азизи Азиз]] – нависандаи бачагона, адиб, рӯзноманигор,
* [[Азизи Азиз]] – нависандаи бачагона, адиб, рӯзноманигор,
* Рӯзибой Мавлонзода – рӯзноманигор, муассис ва сардабири «Сомониён», «Ворисони Сомониён», «Ахтарон», «Афсонаҳо» ва щ. «Бобои Наврӯз»,
* [[Рӯзибой Мавлонзода]] – рӯзноманигор, муассис ва сардабири «Сомониён», «Ворисони Сомониён», «Ахтарон», «Афсонаҳо» ва щ. «Бобои Наврӯз»,
* Фахриддини Холибек – рӯзноманигори маъруф, бо тахаллуси Фарҳоди Милод суруд мехонад.
* [[Фахриддини Холибек]] – рӯзноманигори маъруф, бо тахаллуси [[Фарҳоди Милод]] суруд мехонад.


== Эзоҳ ==
== Эзоҳ ==

Нусха 15:43, 15 ноябри 2020

Деҳа
Каҷровут
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Деваштич
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ {{{минтақаи замонӣ}}}
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1303 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3464

Каҷровутдеҳа дар ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич. Аз Каҷровут то маркази ҷамоат 8 км, то маркази ноҳия 37 км. Аҳолиаш 1303 нафар (2017), тоҷикон.

Вожашиносӣ

Каҷровут калимаи яғноби буда, маънояш (каҷ-каҷ,ровут-дара) “Каҷдара” мебошад.

Мардум

Тавре пиронсолони нақл мекунанд, то замони ташкил шудани деҳа аз ин ҷо роҳе мегузашт. Косибону ҳунармандон аз Мастчоҳи кӯҳӣ ба воситаи ҳамин роҳ ба Истаравшан мол мебурданду аз онҷо боз ба тариқи ҳамин роҳ бармегаштанд. Азбаски роҳ бисёр дур буду косибон то ба манзили худ расидан бисёр азоб мекашиданд, онҳо барои истироҳати худ дар мавзеи “Хирмани Халил” кулбае месозанд. Бо мурури замон миқдори хонаҳо дар сари роҳ рӯз то рӯз меафзояду дар натиҷа деҳае бо номи “Каҷровут” бунёд мегардад.

Мардум

Аксари мардуми деҳа аз Яғнобу Мастчоҳи кӯҳӣ омада муқимӣ шудаанд. Лаҳҷаи гуфтугӯи мардуми рустои кӯчак бо шевои Мастчоҳиён монандӣ дорад. Деҳа бисёр манзараҳои зебову тамошобоб дорад. Аз он ҷумла Сойи Мазор. Ин мавзеъ макони муқаддасе ба ҳисоб меравад. Ин ҷойро оромгоҳи Эшони Суфӣ низ меноманд.

Иқтисод

Деҳа мактаби миёнаи умумӣ, 2 мағоза, бунгоҳи тиббӣ ва масҷиди панҷвақта дорад. Аксарияти бошандагони деҳа ба кишти ғалладонаву картошка машғуланд.

Шахсиятҳои маъруф

Эзоҳ

Сарчашма