Қурбон Собир: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х →‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB
Munirjohn (баҳс | ҳисса)
Ислоҳ
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ Advanced mobile edit
Сатри 8: Сатри 8:
|таърихи таваллуд = 8.3.1961
|таърихи таваллуд = 8.3.1961
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|ноҳияи Ёвон}}
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|ноҳияи Ёвон}}
|таърихи даргузашт = {{Парчам|Тоҷикистон}}
|таърихи даргузашт =
|маҳалли даргузашт =
|маҳалли даргузашт =
|шаҳрвандӣ =
|шаҳрвандӣ = {{Парчам|Тоҷикистон}}
|касб = [[ҳунарпешаи театр]], [[ҳунарпешаи синамо]]
|касб = [[ҳунарпешаи театр]], [[ҳунарпешаи синамо]]
|солҳои фаъолият =
|солҳои фаъолият =

Нусха 15:55, 2 Январ 2021

Қурбони Собир
Таърихи таваллуд: 8 март 1961(1961-03-08) (63 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ёвон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо

Қурбони Собир (8 марти соли 1961, деҳаи Ширинчашмаи ноҳияи Ёвон) — ҳунарманд, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, доктори улуми санъат, профессор.

Зиндагинома

52 сол қабл дар рӯзи ҷаҳонии Модар — 8 март дар деҳаи Ширинчашмаи ноҳияи Ёвон ба дунё омадааст. Ва баъди 21 соли валодат Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Ҳамин донишкадае, ки солҳо ба шогирдон дарси маҳорат омӯхт ва дар илму камол ба ҳадди докторӣ расиду профессор унвон гирифт. Вале ахиран тарки ин боргоҳи ҳунар кард ва ҳатто ин моҷаро додгоҳӣ шуд.

Оғози фаъолияти корӣ

Фаъолияти эҷодиаш аз театри шаҳри Қурғонтеппа оғоз шудааст ва баъдан ҳамроҳ бо устодаш, ҳунарманди шинохта ва номдори тоҷик Фаррух Қосимов ба таъсиси театри нав бо номи «Аҳорун» камар бастааст. Шояд ин муваффақтарин лоиҳае буд, ки амалӣ шуд ва дар як муддати кӯтоҳ «Аҳорун» бо шева ва равиши тозаи эҷод ва намоишномаҳои ҷолиб миёни ҳаводорони санъати театрӣ маҳбубият пайдо кард.

Аммо «Аҳорун» на аввалину охирин саҳнаи эҷод баъди театри Қурғонтеппа барои Қурбони Собир буд. Вай баъдан дар саҳнаи театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ, театри «Ҷавонон»-и ба номи М.Воҳидови шаҳри Душанбе ва театри шаҳри Хуҷанд ҳам бо нақшҳои тозаву хотирмон зоҳир гардид.

Қурбони Собир аз ҷумлаи камтарин ҳунармадонест, ки дар озмунҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ чор маротиба ба дарёфти ҷоизаи беҳтарин нақши мардона мушарраф гардидааст. Ӯ бар замми ин ки нақш меофарад ва намоишномаҳоро коргардонӣ мекунад, боз соҳиби килки суханофарин аст. Метавонад бардоштҳояшро аз тавлиди ин ё он намоишнома, нақш дар спектакл ё филм ҳунармандонаву эҷодкорона рӯи коғаз орад. Қобилияти бо сухан ифода кардани эҷоди ин ё он асарро дорад.

Ҳунарнамоиҳои устод

Қурбони Собир нақшҳои хотирмон басо зиёд офаридааст, вале аз назари худи ӯ нақши Юсуф аз намоиши «Юсуфи гумгашта….»-и Фаррух Қосим, Тартюф аз намоишномаи «Тартюф»-и Жан Батист Молер, Лир аз "Шоҳ Лир-и Шекспир, Яго аз «Отелло»-и Шекспир, Темурмалик аз «Нангбардори Хуҷанд»-и Меҳмон Бахтӣ, «Шапарак хоб дид», аз рӯи асари Темур Зулфиқоров, ки коргардони хушсалиқа Барзу Абдураззоқов таҳия кардааст, «Ҷазирбод»-и Ҷумъа Қуддус, ки Д.Убайдуллоев ба саҳна гузоштааст, муваффақтарин офирадҳои саҳнавии ӯ маҳсуб мешаванд.

Мухлисонаш ӯро дар синамо низ зиёд дидаанд ва чеҳраҳои мондагоре, ки дар филмҳои: «Дар орзуи падар»,"Ормонҳо", «Пой дар гил»,"Ал-Бухорӣ, «Синон», филмҳои эронии «Шукрона», «Дар чашми бод», филми русии, "Если не мы то кто?, филми қазоқии «Қара маёр» офаридааст, дергоҳ дар хотири бинандагонаш нақш бастаанд.

Рӯзноманигор ва ҳунарманди тоҷик Фарҳоди Милод бар ин назар аст, ки "маҳорати ҳунарии Қурбони Собир аз саҳнаи «Аҳорун» ба мардум муаррифӣ шуд. Вале баъди «Аҳорун» дар ҳар театре, ки кор кард, барои мухлисонаш чеҳраи шинос шуд. Зеро аксаран нақҳояшро бо маҳорати баланди касбӣ мебозад. Сардабири «ИмрӯзNews» Назири Нусрат мегӯяд, то чанд «вақти пештар Қурбони Собирро танҳо ба унвони як ҳунарманди фарҳехта мешинохтам. Аммо баъди як мусоҳиба, ки дар рӯзномаи „ИмрӯзNews“ нашр шуд, андешаи ман дар бораи ин ҳунарманд тағйир хӯрд. Илова ба ҳунари волои саҳна, дар каломи ӯ андешаҳои солими сиёсату давлатдориро дидам, ки кам андар ками мардони ҳунар аз он бархӯрдоранд».

Қурбони Собир дар ин сӯҳбат аз нақши фарҳангу маърифат дар бӯҳрони сиёсӣ миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ёд мекунад, манфиатҳои милливу минтақавиро чун як сиёсатмадор ба риштаи таҳлил мекашад. Вай мегӯяд: «Ин ҷо манфиатҳо бояд умумимилливу иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бошанд. Бубинед, Фаронсаву Олмон низ ба ҳамдигар мисли мо ҳамсояанд. Дар муносибатҳояшон тӯли таърих ихтилоф кам набуд, аммо дарки замони нав имкон дод, ки сарфи назар аз андешаҳои мухолиф ҳамкориҳои судманди тиҷоративу сиёсӣ ва иқтисодӣ дошта бошанд. Сиёсат дар навбати худ метавонад ақидаи оммаро дигар кунад, аммо ба ҷои ин ҳама маҳдудияту роҳбандиҳо робитаи зеҳниву фарҳангии инсонҳо натиҷабахш аст. Вақте ки роҳбарон дар ин ё он масоил „не“ мегуянд, ин „не“ бояд зумраи исботҳоро дар худ дошта бошад, на эҳсоси инфиродии ботинро».

Қурбони Собир бар ин назар аст, ки тағйири андеша дар зеҳнҳо муҷиби дигаргунӣ дар сиёсатҳои давлатдорӣ аст. Аз ин рӯ, мегӯяд ӯ, қабл аз он ки сиёсат дигаргун шавад, бояд андеша дар зеҳнҳо тағйир ёбад. "Аксаре соҳибмансабони моро эҳсоси муваққат сари вазифа будан мағлуб кардааст. Ҳамин эҳсос маҷбурашон месозад, ки вақтро, мансабро, имконро ба манфиати шахсии худ истифода баранд. Чунин ба назар мерасад, ки барояшон шиор ҳамин аст: «Баъди ман ҳар чи бодо, бод»,-мегӯяд ӯ.

Қурбони Собир аз нигоҳи дӯстон

Сиёсатшинос Шокирҷон Ҳакимов ӯро аз ҷумлаи камтарин ҳунармандоне мешиносад, ки маҳз бо заҳамоти хорошикани худ шоистаи эҳтиром дар ҷомеа шудаанд. Ва дар номаи табрикотии худ ба зодрӯзӣ ҳунарманд файласуфона менависад: «Новобаста аз мушкилоти хусусияти субъективӣ дошта чун иродаи мустаҳкам, ки доред, баҳри амалӣ намудани ҳадафҳоятон мекушед ва чунин рафтори шумо ба мо низ ибрат ва намуна аст».

Таҳлилгари театр Ҳотами Ҳомид бар ин назар аст, ки Қурбон Собир соҳиби овози худодод аст. Садояш зуд ҳамаро тасхир мекунад, ба ваҷд меорад. Бар замми ин шеъри зиёд медонад ва шеърро хуб қироат мекунад. Дар қироати ӯ маънии шеър ба шунаванда мерасад. Қурбони Собир аз ҷумлаи он ҳунармандонест, ки Мавлавиро зиёд мехонад ва бахусус аз қироати «Маснавӣ» як ҷаҳон лаззат мебарад ва ҳамин лаззат ба гӯши шунавандаи ӯ мерасад. Ҳотами Ҳомид баъид намедонад, ки дар маснавихонӣ таъсири Фаррухи Қосим ва театри «Аҳорун» зиёд аст, чун ин театр сабки навини эҷоди намоишномаҳоро маҳз аз достонҳои суфиёнаи «Маснавии маънавӣ» оғоз карда буд.

Дар иртибот ба ситоиши садои Қурбони Собир чашмам ба ин навишта дар саҳифаи Фейсбук уфтод, ки муаллифи он Салоҳуддин Амонӣ буд: «Дар фонотекаи олам садое чун садои Қурбон бо шираи ҷонбахш ва лаҳни сурушӣ пайдо накардам. Ифтихор мекунам, ки чунин ҳамватан дорам».

Ҳунарманди шинохта ва яке аз таҳлилгарони хуби театр ва синамои кишвар Барзу Абдураззоқов мегӯяд «ҳунармандоне назири Қурбони Собир ва сатҳи ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар сар то сари Осиёи Марказӣ кам андар каманд. Қурбони Собир дар олами ҳунар шахсиятест, ки тамошобин шефтаи ӯст ва ба хотири ӯ театрро дӯст медорад ва ҳар ҳунарнамоии ӯро муштоқона интизорӣ мекашад. Дар санъат ин басо муҳим аст».

Ба андешаи Барзу Абдураззоқов ҳар нақши офаридаи Қурбони Собир мондагор аст, вале боз ҳам агар мушаххастар баён шавад, пас метавон гуфт, ки нақшҳояш дар намоишномаҳои «Шоҳ Лир», «Юсуфи гумгашта…», «Отелло», «Шабпарак хоб дид», «Нангбардори Хуҷанд» ҳунари ӯро барҷастатар ба намоиш гузоштааст.

Оила

Қурбони Собир назиктарин дӯст ҳамсари худ Гулчеҳраи Сафарро медонад, ки 31 сол пеш, баъд хатми донишкада издивоҷ карда буданд. Гулчеҳра аввалин бинанда ва мунаққиди нақшҳои Қурбони Собир аст. Аз замони донишҷӯӣ ҳамдигарро дӯст доштанд ва ҳосили ин муҳаббат издивоҷ ва рӯи қадам омадани чор фарзанд: Мунира, Фаридун, Соро ва Суруш буд. Солҳои аввал Гулчеҳра ҳам вориди саҳна буд ва нақшҳои дилнишин меофарид.

Қурбони Собир аз сафарҳои ҳунарии зиёде ба хориҷ аз кишвар, ба Маскав,Теҳрон, Варшава, Самарқанд ва Тошканд ёд меорад, ки Гулчеҳра низ дар канораш буд. Вале бештар аз даҳ сол аст, ки ба хотири тарбияи фарзандон худро аз саҳна канор кашидааст. (Ҳамзамон бо ин Қурбони Собир соҳиби чор набера ҳам мебошад) Қурбони Собир мегӯяд тарбияи фарзандро дар хонавода муқаддамтар аз офариниши нақш дар саҳна диданд. Чун ҷомеа ба фарзандони солеҳ ниёз дорад.

Вале фарзандон бо пайроҳаи падар нарфтанд, чуноне дар замонаш худ бо роҳи падар нарафта буд. Яке аз духтаронаш тарҷумони забони инглисист. Писараш ба ҷуз он ки соҳибкасб аст, бо аз муштариёни муваффақи гуштии миллист. Рӯзи 23 феврали соли равон дар мусобиқоти ҷашнӣ ба дарёфти унвони қаҳрамони пойтахт оид ба ин навъи варзиш ноил гашта буд.

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, доктори улуми санъат, профессор аст. Муаллифи китобҳое чун: «Фаррухнома» (соли 2007), «Дардҳои паси парда», (соли 2010) ва «Як ҷоми пур аз дард», (соли 2011) мебошад. «Фаррухнома» ёдкарде аз ҳунарманди нотакрор Фаррухи Қосим аст, ки аз ҷумлаи устодони худ медонад ва ба ҳунар ва шахсияти ӯ эҳтироми холисонаву баланд қоил аст.

Ҳамчунин нигаред

Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода

Пайвандҳо

Инҳоро бояд шинохт-TojNews

Эзоҳ