Тоҷикон: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироишгари дидорӣ вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
No edit summary
Барчасбҳо: вироишгари дидорӣ вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 85: Сатри 85:
Аз рӯи нуқтаи назари олимони Ғарб, мардуми тоҷик, ягона миллатест, ки насли аслии халқҳои бостонии эрониёни шарқӣ буда, [[суғдиён]], [[хоразмиён]], [[бохтар]]иён ва дигар қабилаҳои шарқии эронӣ ([[турон]]ӣ), ки вуҷуди худро аз ҳазораи якуми пеш аз милод дар таърихи [[Осиёи Миёна]] пай намудаанд, дарбар мегиранд<ref>http://global.britannica.com/EBchecked/topic/581047/Tajikistan/214553/History#ref=ref599015 ENCYCLOPEDIA BRITANNICA{{ref-en}}]</ref>.
Аз рӯи нуқтаи назари олимони Ғарб, мардуми тоҷик, ягона миллатест, ки насли аслии халқҳои бостонии эрониёни шарқӣ буда, [[суғдиён]], [[хоразмиён]], [[бохтар]]иён ва дигар қабилаҳои шарқии эронӣ ([[турон]]ӣ), ки вуҷуди худро аз ҳазораи якуми пеш аз милод дар таърихи [[Осиёи Миёна]] пай намудаанд, дарбар мегиранд<ref>http://global.britannica.com/EBchecked/topic/581047/Tajikistan/214553/History#ref=ref599015 ENCYCLOPEDIA BRITANNICA{{ref-en}}]</ref>.


Забони бостонии тоҷикон, якчанд шева дошт ва шеваҳои асосиаш суғдӣ, хоразмӣ ва бохтарӣ буд ва ба ҳамдигар хеши дошт, ки ба гурӯҳи забонҳои эронии шарқӣ дохил мешуд. Дар вақти пойдор гардидани дини [[ислом]] ва паҳн шудани [[забони форсӣ]], ки бо муҷоҳидони форс омада буд, ин шеваҳо аз байн мераванд ва забони тоҷикии ҳозира ба мисли забони мардуми форс ба гурӯҳи забонҳои ғарбии эронӣ дохил мешавад<ref name="ENCYCLOPEDIA BRITANNICA">{{ref-en}}</ref>.
Забони бостонии тоҷикон, якчанд шева дошт ва шеваҳои асосиаш суғдӣ, хоразмӣ ва бохтарӣ буд ва ба ҳамдигар хешӣ дошт, ки ба гурӯҳи забонҳои эронии шарқӣ дохил мешуд. Дар вақти пойдор гардидани дини [[ислом]] ва паҳн шудани [[забони форсӣ]], ки бо муҷоҳидони форс омада буд, ин шеваҳо аз байн мераванд ва забони тоҷикии ҳозира ба мисли забони мардуми форс ба гурӯҳи забонҳои ғарбии эронӣ дохил мешавад<ref name="ENCYCLOPEDIA BRITANNICA">{{ref-en}}</ref>.


То ҳол, [[забони яғнобӣ]] (йағнобӣ зивок) вуҷуд дорад, ки яке аз шеваҳои суғдӣ ба шумор меравад ва бисёр калимаҳои суғдӣ дар [[водии Зарафшон]] вақти суханронӣ истифода бурда мешаванд. Инчунин, забонҳои бостонии сакоиҳо дар мардуми [[Бадахшон]] эҳтиёт шудааст, ки забонҳои шуғнонӣ, рушонӣ, ишқошимиро дарбар мегирад.
То ҳол, [[забони яғнобӣ]] (йағнобӣ зивок) вуҷуд дорад, ки яке аз шеваҳои суғдӣ ба шумор меравад ва бисёр калимаҳои суғдӣ дар [[водии Зарафшон]] вақти суханронӣ истифода бурда мешаванд. Инчунин, забонҳои бостонии сакоиҳо дар мардуми [[Бадахшон]] эҳтиёт шудааст, ки забонҳои шуғнонӣ, рушонӣ, ишкошимиро дарбар мегирад.


Авалин бор номи тоҷик ҳамчун "тожик", олим Маҳмуди Қошғарӣ ки ҳамасри [[Ибни Сино]] буд, дар китоби худ сабт кардааст ва маънои онро ҳамчун форсзабонон маънодод кард. Дар ашъори шоирони порсигуй ҳам, калимаи тоҷик бисёр вомехурад. [[Бузург]]вор [[Саъди Шерозӣ]] дар яке аз шеърҳояш чунин мегуяд:
Авалин бор номи тоҷикро ҳамчун "тожик", олим Маҳмуди Қошғарӣ, ки ҳамасри [[Ибни Сино]] буд, дар китоби худ сабт кардааст ва маънои онро ҳамчун форсзабонон маънидод кардааст. Дар ашъори шоирони порсигӯй ҳам, калимаи тоҷик бисёр вомехӯрад. Устод [[Саъди Шерозӣ|Саъдии Шерозӣ]] дар яке аз шеърҳояш чунин мегуяд:


<center>'''شاید که به پادشه بگویند'''</center><center>'''ترک تو بریخت خون تاجیک'''</center>
<center>'''شاید که به پادشه بگویند'''</center><center>'''ترک تو بریخت خون تاجیک'''</center>
Сатри 95: Сатри 95:
<center><br>'''Шояд ки ба подшоҳ бигуянд:'''</center><center>'''«Турки ту бирехт хуни тоҷик».'''</center>
<center><br>'''Шояд ки ба подшоҳ бигуянд:'''</center><center>'''«Турки ту бирехт хуни тоҷик».'''</center>


Дигар [[бузург]]вор [[Абдураҳмони Ҷомӣ]], дар бораи дӯстии худ бо шоир [[Алишер Навоӣ]] чунин навистааст:
Мавлоно [[Абдураҳмони Ҷомӣ]] дар бораи дӯстии худ бо шоир [[Алишер Навоӣ]] чунин нигоштааст:


<center>''' او که یک ترک بود و من تاجیک، '''</center><center>''' هردو داشتیم خویشی نزدیک.'''</center><center><br> '''''ки як турк буд ва ман тоҷик '''</center><center> ''' Ҳарду доштим хуши наздик '''</center>
<center>''' او که یک ترک بود و من تاجیک، '''</center><center>''' هردو داشتیم خویشی نزدیک.'''</center><center><br> Ӯ, '''''ки як турк буд ва ман тоҷик, '''''</center><center>'' ''' Ҳарду доштем хешии наздик. '''''</center>


Лафзи [[тоҷик]] ё "тоҷак" ё "тожик" лафзест қадимӣ, ки ба мардуми [[ориёӣ]] ё [[Эрон]]и кӯҳан ва ё [[Хуросон]]и бузург таалуқ дорад. Нависандаи дигар гӯяд: Тоҷик шакли миёнаи калимаи ориёии тоифае аст. Н. Ханков мегӯяд, ки ин ном аз тариқи тоҷикӣ — дарӣ гирифта шудааст ва изофа мекунад, ки [[Зардушт]] тоҷро монанди салиби муслимин ҳамчун аломат истифода мекард ва лафзи тоҷик аз калимаи "тоҷ", ки зиннати сар аст, гирифта шудааст. Хенри Фейлд баҳси [[тоҷик]] ( "тожик", "тоҷи", "тоҷик")-ро чунин фушурда месозад:
Лафзи [[тоҷик]] ё "тоҷак" ё "тожик" лафзест қадимӣ, ки ба мардуми [[ориёӣ]] ё [[Эрон]]и кӯҳан ва ё [[Хуросон]]и бузург таалуқ дорад. Нависандаи дигар гӯяд: Тоҷик шакли миёнаи калимаи ориёии тоифае аст. Н. Ханков мегӯяд, ки ин ном аз тариқи тоҷикӣ — дарӣ гирифта шудааст ва изофа мекунад, ки [[Зардушт]] тоҷро монанди салиби насоро ҳамчун аломат истифода мекард ва лафзи тоҷик аз калимаи "тоҷ", ки зиннати сар аст, гирифта шудааст. Хенри Фейлд баҳси [[тоҷик]] ( "тожик", "тоҷи", "тоҷик")-ро чунин фушурда месозад:


{{аввали иқтибос}}''«Тоҷикон асри ҳозир мардуме ҳастанд, ки бо хушсимоӣ маъруфанд қиёфаи ҷиддӣ абрувони мушаххоси мушкӣ ва чашмони ғизолӣ доранд. Тоҷикон дар воқеъ мардуми машҳуранд, ки на танҳо дар сар то сари Машриқзамин, балки дар тамоми олам сукунат доранд ва то кӯҳҳои [[Тибет]] пахш шудаанд.»''{{охири иқтибос}}
{{аввали иқтибос}}''«Тоҷикон асри ҳозир мардуме ҳастанд, ки бо хушсимоӣ маъруфанд қиёфаи ҷиддӣ абрувони мушаххоси мушкӣ ва чашмони ғизолӣ доранд. Тоҷикон дар воқеъ мардуми машҳуранд, ки на танҳо дар сар то сари Машриқзамин, балки дар тамоми олам сукунат доранд ва то кӯҳҳои [[Тибет]] пахш шудаанд.»''{{охири иқтибос}}
Сатри 107: Сатри 107:
[[Садриддин Айнӣ]] маънои калимаи «тоҷик»-ро хеле муфассал ва аз ҷиҳати таърихӣ ва забоншиносӣ – этимологӣ таҳлил мекунад ва исбот менамояд, ки калимаи «тоҷик» аз ''«тоҷ»'' бармеояд.
[[Садриддин Айнӣ]] маънои калимаи «тоҷик»-ро хеле муфассал ва аз ҷиҳати таърихӣ ва забоншиносӣ – этимологӣ таҳлил мекунад ва исбот менамояд, ки калимаи «тоҷик» аз ''«тоҷ»'' бармеояд.


Дурустии ин сӯханро нависанда ва олими эронӣ Алиакбар Деҳхудо тасдиқ мекунад. Асли ин калимаи паҳлавии «ТОҶИК» мансуб ба қабилаи «тоҷ» аст, ки аз қабилаи Эрон буда:
Дурустии ин суханро нависанда ва олими эронӣ Алиакбар Деҳхудо тасдиқ мекунад. Асли ин калимаи паҳлавии «ТОҶИК» мансуб ба қабилаи «тоҷ» аст, ки аз қабилаи Эрон буда:


Халқи тоҷик дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи худ басо фарозу фуруди рузгорро дидааст. Тоҷикон аз асрҳои миёна инҷониб дар зери ҳокимияти сулолаҳои сершумори турку муғулнажод зиндагӣ кардаанд, вале [[Забони тоҷикӣ|забони тоҷикиро]] гум накардаанд. Хушбахтона халқи баору номуси тоҷик ба оламиён тоҷики тоҷдор будани худро ба фарҳангу маданияти худ исбот кардааст.
Халқи тоҷик дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи худ басо фарозу фуруди рӯзгорро дидааст. Тоҷикон аз асрҳои миёна инҷониб дар зери ҳокимияти сулолаҳои сершумори турку муғулнажод зиндагӣ кардаанд, вале [[Забони тоҷикӣ|забони тоҷикиро]] гум накардаанд. Хушбахтона халқи баору номуси тоҷик ба оламиён тоҷики тоҷдор будани худро ба фарҳангу маданияти худ исбот кардааст.


==Мавқеъи зист==
==Мавқеъи зист==

Нусха 19:57, 24 феврали 2021

Тоҷикон
Шумора
  • тақрибан 16 000 000 тан
Забон тоҷикӣ ва форсӣ
Дин суннӣ ва шиъа
Ҷузъе аз мардумони эронитабор
Гурӯҳҳои қавмӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор
Бонуи тоҷик, Hammasa Kohistani - Міss Британия - 2005

Тоҷикон — халқи ориёиасл буда, аз қадимулаём сокинони аслии Осиёи Марказӣ мебошанд. Тоҷикон аҳолии асосии Афғонистон - зиёда аз 10 то 14 млн., Тоҷикистон -9 млн., Ӯзбекистон - аз 1,7 то 11 млн., тақрибан 35 млн нафар.

Таърихи пайдоиш

Аз рӯи нуқтаи назари олимони Ғарб, мардуми тоҷик, ягона миллатест, ки насли аслии халқҳои бостонии эрониёни шарқӣ буда, суғдиён, хоразмиён, бохтариён ва дигар қабилаҳои шарқии эронӣ (туронӣ), ки вуҷуди худро аз ҳазораи якуми пеш аз милод дар таърихи Осиёи Миёна пай намудаанд, дарбар мегиранд[1].

Забони бостонии тоҷикон, якчанд шева дошт ва шеваҳои асосиаш суғдӣ, хоразмӣ ва бохтарӣ буд ва ба ҳамдигар хешӣ дошт, ки ба гурӯҳи забонҳои эронии шарқӣ дохил мешуд. Дар вақти пойдор гардидани дини ислом ва паҳн шудани забони форсӣ, ки бо муҷоҳидони форс омада буд, ин шеваҳо аз байн мераванд ва забони тоҷикии ҳозира ба мисли забони мардуми форс ба гурӯҳи забонҳои ғарбии эронӣ дохил мешавад[2].

То ҳол, забони яғнобӣ (йағнобӣ зивок) вуҷуд дорад, ки яке аз шеваҳои суғдӣ ба шумор меравад ва бисёр калимаҳои суғдӣ дар водии Зарафшон вақти суханронӣ истифода бурда мешаванд. Инчунин, забонҳои бостонии сакоиҳо дар мардуми Бадахшон эҳтиёт шудааст, ки забонҳои шуғнонӣ, рушонӣ, ишкошимиро дарбар мегирад.

Авалин бор номи тоҷикро ҳамчун "тожик", олим Маҳмуди Қошғарӣ, ки ҳамасри Ибни Сино буд, дар китоби худ сабт кардааст ва маънои онро ҳамчун форсзабонон маънидод кардааст. Дар ашъори шоирони порсигӯй ҳам, калимаи тоҷик бисёр вомехӯрад. Устод Саъдии Шерозӣ дар яке аз шеърҳояш чунин мегуяд:

شاید که به پادشه بگویند
ترک تو بریخت خون تاجیک

Шояд ки ба подшоҳ бигуянд:
«Турки ту бирехт хуни тоҷик».

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар бораи дӯстии худ бо шоир Алишер Навоӣ чунин нигоштааст:

او که یک ترک بود و من تاجیک،
هردو داشتیم خویشی نزدیک.

Ӯ, ки як турк буд ва ман тоҷик,
Ҳарду доштем хешии наздик.

Лафзи тоҷик ё "тоҷак" ё "тожик" лафзест қадимӣ, ки ба мардуми ориёӣ ё Эрони кӯҳан ва ё Хуросони бузург таалуқ дорад. Нависандаи дигар гӯяд: Тоҷик шакли миёнаи калимаи ориёии тоифае аст. Н. Ханков мегӯяд, ки ин ном аз тариқи тоҷикӣ — дарӣ гирифта шудааст ва изофа мекунад, ки Зардушт тоҷро монанди салиби насоро ҳамчун аломат истифода мекард ва лафзи тоҷик аз калимаи "тоҷ", ки зиннати сар аст, гирифта шудааст. Хенри Фейлд баҳси тоҷик ( "тожик", "тоҷи", "тоҷик")-ро чунин фушурда месозад:

«Тоҷикон асри ҳозир мардуме ҳастанд, ки бо хушсимоӣ маъруфанд қиёфаи ҷиддӣ абрувони мушаххоси мушкӣ ва чашмони ғизолӣ доранд. Тоҷикон дар воқеъ мардуми машҳуранд, ки на танҳо дар сар то сари Машриқзамин, балки дар тамоми олам сукунат доранд ва то кӯҳҳои Тибет пахш шудаанд.»

Бояд ёдовар шуд, ки калимаи тоҷикро чун афроди "асилзода", "асилзодагон" гӯянд.

Садриддин Айнӣ маънои калимаи «тоҷик»-ро хеле муфассал ва аз ҷиҳати таърихӣ ва забоншиносӣ – этимологӣ таҳлил мекунад ва исбот менамояд, ки калимаи «тоҷик» аз «тоҷ» бармеояд.

Дурустии ин суханро нависанда ва олими эронӣ Алиакбар Деҳхудо тасдиқ мекунад. Асли ин калимаи паҳлавии «ТОҶИК» мансуб ба қабилаи «тоҷ» аст, ки аз қабилаи Эрон буда:

Халқи тоҷик дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи худ басо фарозу фуруди рӯзгорро дидааст. Тоҷикон аз асрҳои миёна инҷониб дар зери ҳокимияти сулолаҳои сершумори турку муғулнажод зиндагӣ кардаанд, вале забони тоҷикиро гум накардаанд. Хушбахтона халқи баору номуси тоҷик ба оламиён тоҷики тоҷдор будани худро ба фарҳангу маданияти худ исбот кардааст.

Мавқеъи зист

Манотиқӣ Тоҷикнишинӣ Ӯзбекистон
Мавқеъи зисти тоҷикон дар Осиёи Миёна (тақрибан)

Аксарияти тоҷикон дар Осиёи Миёна зиндагӣ мекунанд. Мавқеъи асосии ҷои зист аз шарқ ва шарқу-шимолии давлати ҳозираи Эрон, дар шимоли давлати Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Покистон ҷойгиранд. Заминҳои расмии мардуми тоҷик, водии Фарғона, Чач (Тошканд), водии Зарафшон (аз Мастчоҳ сар карда то Самарқанду Бухоро), заминҳои хати резишгоҳи болооби Амударё (дарёи Панҷ), Мурғоб ва Кобул, ва гирду атрофи ҳавзаҳои дарёҳои Ҳилмонду Арғандоб, (Афғонистон) аст.

Тоҷикон дар Тоҷикистон

Дар тамоми қаламрави Тоҷикистон тоҷикон сукунат доранд. Дар минтақаҳои Зарафшон ва Рашт омехташавӣ бо дигар миллатҳо кам дида мешавад. Дар минтақаи кӯҳии Кӯлоб ҳам омехташави тоҷикон ноаён аст.[Ниёзманди манбаъ]

Тоҷикон дар Афғонистон

Ҳамаи форсизабонони Афғонистон ба лафзи тоҷикӣ ҳарф мезананд. Вилояти Ҳирот дар тасарруфи тоҷикони ориёӣ аст.

Тоҷикон дар Ӯзбекистон

Тоҷикони Ӯзбекистон то ҳоло симои тоҷикии худро ҳимоя кардаанд. Дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Намангон, Термез ва ҳатто шаҳри Тошканд тоҷикон аксари кулли мардуми ин шаҳрҳоро ташкил медиҳанд.

Тоҷикон дар Эрон

Дар Эрон ду гурӯҳи бузургнажоде вуҷуд дорад, яке тоҷикони навъи қадим, ки соли 640 ба Ҳиндустон рафтанд ва дигаре эрониёнанд. Тоҷикони даштӣ моҳрутар ва сафедтар аз тоҷикони куҳистонӣ ҳастанд. Тоҷиконе, ки дар марзи Шарқии Эрон, Хуросон ва Форс зиндагӣ доранд, ба лафзу симои тоҷикон дохиланд.

Тоҷикон дар Покистон

Тоҷикон дар Русия

Тоҷикон дар Русия зиёда аз 350000 нафарро (баҳои 2012) ташкил мекунанд, ки шаҳрванди ду давлат ба ҳисоб мераванд (Русия ва Тоҷикистон). Аксарияти онҳо бо сохтумон ва тиҷорат машғул ҳастанд (ба ғайр аз мардикорон).

Ташаккул ва инкишофи биологии тоҷикон (нажод)

Олимони ҷаҳон, шакли инкишофёбии биологии мардуми тоҷикро ба гурӯҳҳои Помиру-Фарғонагӣ[3] ва Баҳри Миёназамин, ки дар дохили нажоди Аврупоӣ дохил мешаванд, ҷой кардаанд.

Дар донишномаи Брокгауз ва Эфрон, ки дар асри XIX ба нашр омадааст, дар бораи шакли зоҳирии тоҷикони кӯҳистон, чунин нависта шудааст:

«Тоҷикони кӯҳистон, бисёр қашоқ ҳастанд валек аз ҷиҳати шакли зоҳири, шакли халқҳои бостонии эрониёнро эҳтиёт карданд. Бисёри онҳо қади миёна ё ин ки баланд, рӯи зебои байзавӣ, чашмони кушоди рангаш қаҳвагӣ ва кабуд, бинии рости зебо баъзе вақт уқобшакл, пешонии васеъ, мӯйҳои сиёҳ, қаҳваранг ва малла доранд.[4]»
Акс:Tajik Pamiri children.jpg
Духтарчаи тоҷики Зарафшонӣ аз деҳаи Дар-Дар Бонуи тоҷик аз шаҳри Хуҷанд Кудакони Бадахшон

Нигаред

Эзоҳ

  1. http://global.britannica.com/EBchecked/topic/581047/Tajikistan/214553/History#ref=ref599015 ENCYCLOPEDIA BRITANNICA(англ.)]
  2. (англ.)
  3. Народы мира. Историко-этнографический справочник. Главный редактор Ю.В. Бромлей. М. Советская энциклопедия. 1988 (рус.)
  4. Тоҷикони кӯҳистон/ Доиратулмаорифи Брокгауз ва Ефрон(рус.)

Адабиёт

  • Таърихи мухтасари халқи тоҷик. - Сталинобод, 1947;
  • История таджикского народа в кратком изложении, т. 1. С древнейших времён до Великой Октябрской социалистической революции 1917 г. - М., 1949, 1952, 1955;
  • Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. - М., 1972. - 866 с.;
  • Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. - Душанбе,1998. - 870 с.;
  • Тоҷикон. Таърихи қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. - Душанбе,2008.- 870 с.

Пайвандҳо