Абуисо Муҳаммади Тирмизӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Сатри 6: Сатри 6:
Номи комил: Муҳйиуддин Бузург Абуисо Муҳаммад ибни Мусо ибни Савра ибни Мусо ибни Заҳҳоки Зарифии Тирмизӣ.
Номи комил: Муҳйиуддин Бузург Абуисо Муҳаммад ибни Мусо ибни Савра ибни Мусо ибни Заҳҳоки Зарифии Тирмизӣ.


Соли 824 дар деҳаи Буғ (ҳоло Шеробод)-и тобеи шаҳри [[Термиз|Тирмиз]] ба дунё омадааст. Аслаш форс мебошад. То синни 26-солагӣ ба омӯзиши улуми динӣ, аз ҷумла назди Имом Бухорӣ (810–870), машғул буд. Минбаъд бо мақсади идомаи таҳсил дар талаби илм ба гӯшаҳои гуногуни Хилофат сафар карда, доираи дониши хешро васеъ гардонид. Дар аснои сафар бо бисёр донишмандони маъруфи замона шиносоӣ пайдо кард. Ҳадисҳои наве ҷамъ овард, ки дар маҷмӯаҳои то он замон мураттабгардида дучор намеомаданд. Дар охири умр нобино шуд, аз ин рӯ, гоҳе бо лақаби «Зарир» низ ёд мешавад. Мазори Имом Тирмизӣ дар деҳаи Шерободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон маъруф ва машҳур аст.
[[Соли 824]] дар деҳаи Буғ (ҳоло Шеробод)-и тобеи шаҳри [[Тирмиз]] ба дунё омадааст. Аслаш форс мебошад. То синни 26-солагӣ ба омӯзиши улуми динӣ, аз ҷумла назди [[Имом Бухорӣ]] (810–870), машғул буд. Минбаъд бо мақсади идомаи таҳсил дар талаби илм ба гӯшаҳои гуногуни [[Хилофати Араб]] сафар карда, доираи дониши хешро васеъ гардонид. Дар аснои сафар бо бисёр донишмандони маъруфи замона шиносоӣ пайдо кард. Ҳадисҳои наве ҷамъ овард, ки дар маҷмӯаҳои то он замон мураттабгардида дучор намеомаданд. Дар охири умр нобино шуд, аз ин рӯ, гоҳе бо лақаби «Зарир» низ ёд мешавад. Мазори Имом Тирмизӣ дар деҳаи Шерободи [[Ҷумҳурии Ӯзбекистон]] маъруф ва машҳур аст.


== Сунани Тирмизӣ ==
== Сунани Тирмизӣ ==

Нусха 17:47, 9 апрели 2021

Абуисо Муҳаммади Тирмизӣ
араб. ар. الترمذی, محمد بن عيسى
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муҳаддис, ҳуқуқдон, имом
Таърихи таваллуд: 825[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 892[2][3]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом ва суннӣ
Самти фаъолият: илми ҳадис
Ҷойи кор: Тирмиз
Устодон: Муҳаммад Бухорӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Абу Довуди Сиҷистонӣ[d] ва Al-Darimi[d]
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абуисо Муҳаммад Тирмизӣ (ар. أبو عيسى الترمذي‎; 824, Тирмиз892, Шеробод) — яке аз 6 муҳаддиси муътабари суннӣ. Муаллифи як қатор китобҳо дар ҷанбаҳои мухталифи дини Ислом.

Зиндагинома

Номи комил: Муҳйиуддин Бузург Абуисо Муҳаммад ибни Мусо ибни Савра ибни Мусо ибни Заҳҳоки Зарифии Тирмизӣ.

Соли 824 дар деҳаи Буғ (ҳоло Шеробод)-и тобеи шаҳри Тирмиз ба дунё омадааст. Аслаш форс мебошад. То синни 26-солагӣ ба омӯзиши улуми динӣ, аз ҷумла назди Имом Бухорӣ (810–870), машғул буд. Минбаъд бо мақсади идомаи таҳсил дар талаби илм ба гӯшаҳои гуногуни Хилофати Араб сафар карда, доираи дониши хешро васеъ гардонид. Дар аснои сафар бо бисёр донишмандони маъруфи замона шиносоӣ пайдо кард. Ҳадисҳои наве ҷамъ овард, ки дар маҷмӯаҳои то он замон мураттабгардида дучор намеомаданд. Дар охири умр нобино шуд, аз ин рӯ, гоҳе бо лақаби «Зарир» низ ёд мешавад. Мазори Имом Тирмизӣ дар деҳаи Шерободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон маъруф ва машҳур аст.

Сунани Тирмизӣ

Маҷмӯаи ҳадисҳои ҳамноми асари имом Бухорӣ «ал-Ҷомеъу-с-саҳиҳ» («Сунани Тирмизӣ ») таълиф намуда, дар он кори оғозкардаи Имом Бухорӣ – таснифи ҳадисҳоро аз рӯи қоидаи «мусаннаф», яъне мувофиқи мавзӯъ, ба анҷом расонд.

Имом Тирмизӣ инчунин китобҳои «ал-Илал», «Таърих», «аш-Шамоилу-н-набавийя», «Зуҳд» ва ғайра навиштааст.

Бузургдошт

Собиқ Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ гузошта шуда буд.

Эзоҳ

  1. https://portal.dnb.de/opac.htm?method=simpleSearch&cqlMode=true&query=nid%3D118997599
  2. AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  3. https://datos.bne.es/resource/XX5453903 (исп.): El portal de datos bibliográficos de la Biblioteca Nacional de España — 2011.

Адабиёт

  • Али-заде, А. А. Тирмизи Мухаммад : [арх. 1 октября 2011] // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007.

Пайвандҳо

Сарчашма


Шаблон:Шахс-нопурра