Артишсолор: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х clean up using AWB
х ороиш, ислоҳ
Сатри 18: Сатри 18:
| equivalents = {{bulleted list|{{nowrap|{{lang-fa|'''ارتشبد‎'''}}}}|{{lang-ru|''Генерал армии''}}|{{lang-en|''General''}}|{{lang-de|General}}|{{lang-fr|Général d'armée}}|{{lang-tr|''Orgeneral''}}|{{lang-ps|'''ستر جنرال'''}}|{{lang-ar|'''فريق أول'''}}}}
| equivalents = {{bulleted list|{{nowrap|{{lang-fa|'''ارتشبد‎'''}}}}|{{lang-ru|''Генерал армии''}}|{{lang-en|''General''}}|{{lang-de|General}}|{{lang-fr|Général d'armée}}|{{lang-tr|''Orgeneral''}}|{{lang-ps|'''ستر جنرال'''}}|{{lang-ar|'''فريق أول'''}}}}
}}
}}
'''Артишсолор''' ({{lang-fa|'''ارتش‌سالار'''}}) — болотарин [[дараҷаи низомӣ]] ва симат дар [[нерӯҳои мусаллаҳ]] аст, ''генерали артиш''<ref>[http://majmilli.tj/қонуни-ҷумҳурии-тоҷикистон-дар-бораи-35/ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»]</ref>.
'''Артишсолор''' ({{lang-fa|'''ارتش‌سالار'''}}) — яке аз болотарин [[дараҷаи низомӣ|дараҷаҳои низомӣ]] дар [[нерӯҳои мусаллаҳ]] аст, ''генерали артиш''<ref>[http://majmilli.tj/қонуни-ҷумҳурии-тоҷикистон-дар-бораи-35/ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»]</ref>.


''Артишсолор'' дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳи олии [[Нерӯҳои мусаллаҳ|маҷмуъи созмони низомии ҳар кишваре]] ё фармондеҳии '''[[артиш]]'''ро дорад, ки [[Ягони низомӣ|ягоне амалиётӣ-тактикиест]], ки аз як ситод, қароргоҳи фармондеҳӣ, ду — се [[сипоҳ]] ва ягонҳои ёрирасон ташкил шуда ва қобилияти амалиётии мустақил дорад<ref>[http://www.mtrd.ir/sites/default/files/journals-files/کامل%20کتاب%20تصحیح%20شده.pdf ''Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ''. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 50; 193]</ref>.
''Артишсолор'' дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳи олии [[Нерӯҳои мусаллаҳ|маҷмуъи созмони низомии ҳар кишваре]] ё фармондеҳии '''[[артиш]]'''ро дорад, ки [[Ягони низомӣ|ягоне амалиётӣ-тактикиест]], ки аз як ситод, қароргоҳи фармондеҳӣ, ду — се [[сипоҳ]] ва ягонҳои ёрирасон ташкил шуда ва қобилияти амалиётии мустақил дорад<ref>[http://www.mtrd.ir/sites/default/files/journals-files/کامل%20کتاب%20تصحیح%20شده.pdf ''Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ''. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 50; 193]</ref>.

Нусха 08:01, 21 апрели 2021

Артишсолор
Дараҷаи болотар field marshal[d]
Ҳамто Артишсолор[d]

Артишсолор (форсӣ: ارتش‌سالار‎) — яке аз болотарин дараҷаҳои низомӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ аст, генерали артиш[1].

Артишсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳи олии маҷмуъи созмони низомии ҳар кишваре ё фармондеҳии артишро дорад, ки ягоне амалиётӣ-тактикиест, ки аз як ситод, қароргоҳи фармондеҳӣ, ду — се сипоҳ ва ягонҳои ёрирасон ташкил шуда ва қобилияти амалиётии мустақил дорад[2].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Сипаҳсолор


Артишсолор
Дараҷаи болотар:

Вожашиносӣ

«Артишсолор» аз ду вожа сохта шудааст: артиш (форсӣ: ارتش‎ > порсии миёна: artēštār «сарбоз, лашкарӣ, ҷанговар, сипоҳӣ» > авестоӣ: raθaē-štar- «гардунасавор, разманда»)[3] + солор (форсӣ: سالار‎ > порсии миёна: sālār > паҳлавӣ: sarδār > эронии бостон: *sara-dāra-)[4]. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (артиш) + исм (солор)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст. «Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад.

Вожаи «артиш» дар забонҳои порсии бостон ва миёна вуҷуд надошта ва бо равиши «пасинсозӣ» (англ. back-formation) аз «артишдор» (порсии миёна: artēštār) сохта шуда, ки аз вожаи авестоии «raθaē-štar-» (‘гардунасавор’, ‘разманда’; аз «raθa-» – ‘гардуна’ + «štar-» – ‘истода’ дар эронии бостон) гирифта шудааст. Фарҳангистони забони Эрон ин вожаро сохташуда аз «артиш» + «-дор» ба маънии «дорандаи артиш, сипаҳбад» пиндошта ва «артиш»-ро аз он ҷудо кардаву онро ба маънии «сипоҳ, лашкар» хусусан ва «маҷмуъи сипоҳиён ва нерӯҳои мусаллаҳи кишваре» умуман ба кор гирифтаанд[5][6].

Фарҳангистони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожасозии артиш дар соли 1935 «артиш»-ро ҷойгузини истилоҳоти туркӣ-муғулии «қӯшун» (форсӣ: قشون‎) кард[7]. Ин истилоҳ ҳамакнун дар Тоҷикистон низ расман ба кор меравад[8].

Бо таваҷуҳ ба ин додаҳо, истилоҳи «артишсолор», ки кӯтоҳшуда аз «артишдорон солор» аст, барои ҷойгузин кардани дараҷаи низомии «генерали артиш» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[9].

Пешина

«Артишдорон солор» (порсии миёна: artēštārān-sālār) баландпоятарин мақоми низомӣ пас аз шоҳаншоҳ дар замони Сосониён буд[10][11]. Дар «Замёд яшт» («Яштҳо», 2/331) мардум бино бар пешае, ки доштанд, ба се гурӯҳ тақсим мешуданд: руҳониён ё осрӯнон (авестоӣ: āθravan-, aθaurvan-); низомиён ё артишторон (авестоӣ: raθaē-štar-) ва кишоварзон ё востриюшон (авестоӣ: vāstrya.fšuyant-)[12]. Оғози ин тақсимбандӣ, ки дар замони Сосониён бо пайдоиши гурӯҳ чаҳорум – пешаварон ё ҳутухшон (порсии миёна: hutoxšān) – ба авҷи марзбандии дақиқи худ мерасад, дониста нест, вале дар «Корномаи Ардашери Бобакон» ба унвони «Артишторон солор» ишора шудааст.

Ба гузориши Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, мақоми Артишторон солор болотар аз «сипоҳбед» (порсии миёна: spāhbēd) ва тақрибан ҳампоя бо «аргбед» (порсии миёна: argbēd) будааст. Аз қаринаҳо чунин бар меояд, ки «Артишторон солор» унвони дигаре барои «Эрон сипоҳбед» (порсии миёна: Ērān spāhbēd) аст, ки то замони подшоҳии Хусрав Анӯшервон болотарин мақоми низомӣ дар шоҳаншоҳии Сосониён буд[13].

Пайвандҳо


Эзоҳ

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
  2. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 50; 193
  3. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-55-2. ҷ. 1, с. 162.
  4. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6. ҷ. 3, с. 1648.
  5. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-55-2. ҷ. 1, с. 162.
  6. W. Sundermann. ARTĒŠTĀR, Encyclopædia Iranica. Vol. II, Fasc. 6, pp. 661-662
  7. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Фаслномаи «Ганҷинаи аснод». Зимистони 1373, №16. — с. 38
  8. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 80.
  9. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  10. W. Sundermann. ARTĒŠTĀRĀN SĀLĀR, Encyclopædia Iranica. Vol. II, Fasc. 6, p. 662
  11. Дьяконов М. М. Очерк истории древнего Ирана. М., 1961. С. 291
  12. Баҳор, Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Эрон (пораи нахуст ва дуюм). Виростор: Катоюн Маздопур, чопи дувум пойизи 1376, Интишороти «Огоҳ», саҳ. 74, ёддошти 2. ISBN 964-416-045-2
  13. Artēštārān-sālār // Донишномаи Эрон, ҷ. 2, 2503