Камоли Хуҷандӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Сатри 224: Сатри 224:
== Пайвандҳо ==
== Пайвандҳо ==
* [https://guftor.ru/category/4 Камоли Хуҷандӣ. Ғазалиёт]
* [https://guftor.ru/category/4 Камоли Хуҷандӣ. Ғазалиёт]
* [http://www.wisdomcode.info/ru/poetry/authors/56389. Поэзия Худжанди]
{{Commonscat|Kamol Hujandi}}
{{Commonscat|Kamol Hujandi}}



Нусха 19:05, 24 апрели 2021

Камоли Хуҷандӣ

Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ

(порсӣ: کمال‌الدین مسعود خُجندی )
Мақбараи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд
Мақбараи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд
Ном ба ҳангоми таваллуд: Камолиддин
Тахаллусҳо: Камоли Хуҷандӣ, Камолиддини Табрезӣ, Шайх Камол
Номи пурра Камолиддин Масъуд
Таърихи таваллуд: 1318/1321
Зодгоҳ: шаҳри Хуҷанд
Таърихи даргузашт: 1401
Маҳалли даргузашт: Табрез, Эрон
Навъи фаъолият: шоир
Самт: сабки суфӣ
Жанр: ғазал
Забони осор: забони тоҷикӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ (порсӣ: کمال‌الدین مسعود خُجندی ) — маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ аст.

Зиндагинома

Камоли Хуҷандӣ дар соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушодааст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас таҳсили улумро дар шаҳрҳои Самарқанду Шош давом додааст. Вай дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Алкашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст. Камол яке аз донишмандони бузурги замони худ буд.

Камоли Хуҷандӣ пас аз сафари ҳаҷ ба Макка, дар шаҳри Табрез монд ва дигар ба зодгоҳаш барнагашт. Вай дар Табрез зиндагии ороме ёфта ва вопасин рӯзҳояшро низ дар ин шаҳр гузарондааст. Ба дастури султон Увайс барои шоир дар доманаи хушбоду ҳавои Волиёнкӯҳ хона ва боғ сохта шуд ва хонагоҳи Камоли Хуҷандӣ маҷлисгоҳи шоирону орифон шуд.

Шайх Камоли Хуҷандӣ ҳангоми тохтутози Тӯхтамишхон ба Табрез ҳамроҳ бо дигар асирону ғаниматҳо ба шаҳри Сарой бурда шуд ва чаҳор (ё ёздаҳ) сол дар он шаҳр монд. Асорату ғурбатро бо ёди Табрезу дӯстони табрезияш ба сар бурд ва ниҳоят дубора ба Табрез баргашт.

Камоли Хуҷандӣ соли 1401 дар Табрез даргузашт ва дар боғаш ба хок супорда шуд. Дар канори оромгоҳаш нигоргарон Камолиддин Беҳзод ва Султон Муҳаммад Наққош ва шоирон Машрабии Шервонӣ ва Тусӣ низ хобидаанд.

Хоҷа Абдураҳими Хилватӣ таърихи вафоти Шайх Камолро дар қитъаи зерин чунин ба назм меоварад:

Орифи ҳакшинос Шайх Камол,
Ки ҷаҳонро ба шеъри тар бигирифт.
То суханро сухан бурун афтод,
К-аз сухан ҳамчу он бузург нагуфт.
Ҳаштсаду се гузашт, к-он хуршед
Ҳамчу маҳ дар саҳоби ғайб бихуфт.

Леонард Луизoн дар бораи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ

Эзоҳот:Леонард Луизон (соли тав. 1953) исломшиноси амрикоӣ, мавлонопажӯҳ ва пажӯҳишгари адабиёти форсӣ буда, узви бунёди мероси Эрон дар бахши адабиёти классики форсӣ ва сӯфия дар депортамони мутолеоти исломӣ ва арабии Донишгоҳи Эксетеи Ингилистон ва сардабири маҷаллаи «Мавлоно Ревив» аст.

Аз Хуҷанд то Табрез

Хуҷанд зодгоҳи Камол – шоири эронӣ, ки шаҳрест дар канораи рӯди Сайҳун дар сарзамини таърихии Мовароуннаҳр. Ҳамон шаҳр, ки юнониён онро Александрошото меномиданд ва дар иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии собиқ Савиятобод ном гирифта буд, имрӯз ҷамъияте наздик ба 140 ҳазор нафар дорад. Дар садаи чаҳордаҳум мусофирон масофати Хуҷанд то Самарқанд – пойтахти имперотурии Темурилангро бо шутур даҳрӯза мепаймуданд. Ба навиштаи Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс» Камол соле чанд аз ҷавониро дар шаҳри Шуш, дар Ӯзбекистони кунунӣ, дар маҳзари орифе ба номи Шайх Хоҷа Убайдуллоҳ, ки аз ӯ донистаҳо чандон нест, ба шогирдӣ гузаронид. Аммо манобеи муътабари дигар, чун «Равзот-ул-ҷинон» (таълифи Ҳофиз Ҳусайн Карбалоии Табрезӣ машҳур ба Ибни Карбалоӣ) ишорае ба ин шаҳр ё ошноии Камол бо Хоҷа Убайдуллоҳ накардаанд. Аммо Ибни Карбалоӣ, ки ҳеч гоҳ аволими рӯҳиро дар зиндагии орифон нодида намегирад, ба достони дигаре дар ин маврид ишора кардааст: «Ҳазрати Махдумӣ, адомаллоҳу баракотиҳи, фармуданд, ки ҳазрати Махдуми муқаддас, қуддиса сирруҳу, мефармуданд, ки ҳазрати Шайх Камол... дар авоили ҳол, ки дар Хуҷанд ташриф доштаанд, ба риёзоту муҷоҳидаи тамом ба сар мебурдаанд ва эшонро ҳолоти ғариб рӯй намуда буда. Ва падари эшонро ҳамин як писар буда ва мехостанд, ки вайро кадхудо созанд. Мушорун илайҳиро чандон рағбате бо он набуда, то ин ки ба воситаи иброму илҳоҳи падар розӣ гаштаанд ва духтар ба никоҳи эшон даровардаанд, то дар шаби зифоф ба расми маъҳуд пеши завҷаи худ рафтаанд...».[1]


Гарчи дар мавриди иқомати кӯтоҳи Камол дар шаҳри «Шуш» ё дар *«Сарой» манобеи мувассақе дар даст нест, иқоматаш дар Табрез, ки то поёни умр буд ва мавриди таъйиди ҳамаи маохизи таърихӣ аст, аз аҳамияти вижаи таърихиву фарҳангӣ бархурдор аст. Зиндагӣ дар Табрез ва табъид ба Сарой. Пас аз Шерозу Самарқанд Табрез яке аз се қонуни аслии фарҳангии Эрон дар садаи понздаҳум ва афзун бар он, пойтахти кишвар дар бештари даврони зиндагии Камол буд. Гарчи дар даврони зиндагии Камоли Хуҷандӣ Табрез ҳукмронони гуногун бар худ дид ва борҳо дар ҷанг ба муҳосираи сипоҳиёни фармонравоёни музаффарӣ, ҷалоирӣ, туркман ва темурӣ даромад, ӯ бо Султон Ҳусейн ибни Увайси Ҷалоир (776-84ҳ.) равобите некӯ дошт. Дар ин бора Давлатшоҳи Самарқандӣ менависад, ки Султон Ҳусейн ибни Увайси Ҷалоир дар хиттаи Табрез ҷиҳати Шайх манзиле сохт, бағоят назаҳ ва бар лангари Шайх вақфҳо кард. Ин манзил, ки хонақоҳи сӯфиён шуд, боғе бузургу маҳсур дошт ва дар нимфарсангии Табрез дар Валиёнкӯҳ бино шуда буд. Дар абёти зер шоир ба васфи манзилу зебоии маҳалле, ки дар он бино шуда, пардохтааст:

Зоҳидо, ту биҳишт ҷӯ, ки Камол
Валиёнкӯй хоҳаду Табрез.
Аз биҳишти Худои аззаву ҷалл,
То ба Табрез ним фарсанг аст.

Камол дар посух ба муддаиёне, ки бар ӯ ба хотири пазируфтани манзил аз Султон хурда мегирифтанд, чунин суруд:

Гар гӯшае бисозад Султон Ҳусайн моро,
Дар қалби шаҳр набвад касро ба мо низое.
Бо мутрибони хушгӯ шому сабоҳ бошад,
Дар гӯшаи ҳусайнӣ ошиқро самое.

Дар девони Камол ишораҳо ба рӯйдодҳои сиёсӣ ва фармонравоён андак ва гоҳ-гоҳ аст, гӯё шоир худро аз тӯфонҳои балое, ки бар гирди ӯ мевазида фориғ мепиндошта:

Гар аз рӯи замин рӯяд ғаму дард,
Дили ошиқ ба рӯи дӯст шод аст.[1]

Аммо вай ҷой-ҷой аз табъиди худ ба Сарой ба талхӣ сухан мегӯяд. Аз гузориши Ибни Карбалоӣ чунин бармеояд, ки ҳамлаи Туқтамишхон бар Табрез бидуни тардид муҳимтарин рӯйдод дар зиндагии шоир будааст. Камоли Хуҷандӣ дар ин вайрониву куштор ва чи басо дар эътироз ба он абёте сурудааст. Дар ин абёт шоир ба Мирвалӣ, яке аз мудофиони Табрез дар баробари сипоҳиёни шоҳзодагони Ҷағатоӣ ва фармондеҳи сипоҳиёни Табрез дар даврони Султон Аҳмади Ҷалоир ишорае карда, ки ҳокӣ аз душмании жарфи ӯ бо шахси Туқтамиш аст. Ин абёт, ҳамчунин, ба бозсозиву мараммати «Рубъи Рашидия»-и Табрез, ки чанде пеш аз ҳамлаи сипоҳиёни Туқтамиш оғоз шуда буд, низ ишорае дорад.

Гуфт: Фарҳоди мо ба Мирвалӣ
Ки «Рашидия»ро кунем обод.
Зар ба табрезиён ба оҷуру санг
Бидиҳем аз барои ин бунёд.


Буд мискин ба шуғли кӯҳканӣ,
Ки зи мӯрони кӯҳу дашт зиёд
Лашкари подшоҳ Туқтамиш,
Омаду ҳотиф ин нидо дардод:
Лаъли Ширин насиби Хусрав шуд,
Санг беҳуда меканад Фарҳод.[1]
  • Эзоҳот:Сарой – номи шаҳрест дар дашти Қипчоқ (ниг. ба китоби Абдуҷаббори суруш

– «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ»). Ин ҷо муаллиф ба иштибоҳ роҳ додааст

Ашъори шоир

Пас аз даргузашташ танҳо 14 ҳазор байт аз шеърҳояшро ёфтанд аз он шумор то замони мо танҳо 7 ҳазор (ё зиёда то 8 ҳазор) байт расидааст. Ашъори пуррааш нашр нашудааст.

(Леонард Луизoн. Зиндагӣ ва даврони Камоли Хуҷандӣ, Порча) Равшан аст, ки Камоли Хуҷандӣ, ҳаммонанди бисёре аз шоирони он рӯзгор ба Табрез – шаҳри оғушта ба «таб» дилбастагии фаровон дошт. На танҳо шоирон, ки сӯфиёни он даврон, аз ҷумла ҳуруфия Табрезро шаҳри маълуфи худ мешумурданд. Фазлуллоҳи Астарободӣ (740-796 ҳ. / 1339-1393 м.) – пешвои ҳуруфия, Табрезро ба унвони шаҳри мазҳабиву ирфонӣ аз Макка бартар медонист. Аммо макон дар шеъри Камол, ҳаммонанди шеъри ағлаби шоирони мутасаввиф ҳайтае даруниву равонӣ аст, ки дар он шаҳрҳо қонуни худогоҳиву қаламрави ҷонанд ва на падидаи моддӣ, ончунон ки дар шеъри шоирони «воқеъгаро» метавон ёфт. Ашк аз Димишқи дида зи савдои Мисри дил, Монанди сели Даҷлаи Бағдод меравад. Камоли Хуҷандӣ дар бисёре аз сурудаҳои худ мадеҳасароро ба хотири мақомхоҳӣ ва имтиёзталабии онон ба боди интиқоду эътирози худ мегирифт:

Нест дар маҷлиси мо пешгаҳу саффи ниол,
Шоҳу дарвеш надонанд кадом аст ин ҷо.
Дасти султонон намебӯсад Камол,
Нест султонро ба дарвеш эҳтиёҷ.
З-ин остони набурд паноҳе ба кас, Камол,
Дарвеши кӯи ту ба дари подшо нарафт.

Бо ин ҳама, бархе дигар аз ашъори ӯ, дастикам ва дар зоҳири амр, нишоне аз мухолифати ӯ бо баҳрамандияш аз силаи подшоҳон нест, гарчи ӯро ҳаргиз наметавон ба сони Ҳумоми Табрезӣ ё Салмони Соваҷӣ шоире дарборӣ донист. Вай ба некӣ огоҳ буд, ки саховати ҳокимон ҳаргиз бетамаъ ва таваққуъ нест ва дар базлу бахшиши онон азобе нуҳуфтааст:

Дарду ғамат нашояд бар мо ҳаром кардан,
К-инъоми подшоҳон дарвешро ҳалол аст.
Ҳадди ҷавоби султон набвад Камол моро,
Дар ҳазрати салотин расми гадо суол аст.

Ин ду байт посухе ба ин даъво аст, ки шоири сӯфимашраб бояд ҳамвора бар неъматҳои дунявиву моддӣ дасти рад гузорад ва бидонад, ки пазируфтани инъоми ҳокимон мояи сустии таваккули ӯ ба Худост. Ва саранҷом шоир бо ишораи дупаҳлӯ ба тахаллуси худ «Камол» нидое фурӯтанона сар медиҳад ва муддаӣ мешавад, ки кори фақиру дарвеш дар баробари султон ҷуз гадоӣ нест. Сурудаҳои Камоли Хуҷандӣ дар ситоиши фармонравоёни замон бисёр андак аст ва танҳо як байт дар ҳамаи девони ӯ ба сипос аз Темури ланг суруда шуда:

Камол он дам, ки хоҳӣ дид бо ёрон қарин худро,
Бигӯ ин давлат аз юмни шаҳи Соҳибқирон дидам.

Аммо эътирофи шоир дар ин байт, ки расидани ӯ ба дӯстон мадюни лутфи султон аст ва аз ҳамин рӯ сипосгузори ӯст, ба ҳеч рӯй нишони рафтору маниши Камол ва ё кайфияти ашъори ӯ нест. Дар воқеъ, абёти зер, ки аз бахшҳои гуногуни Девони Камол (нусхаи Шедфар) барчида шуда, гӯёи безории жарфи шоир аз ҳимояту карами ҳокими рӯз аст.

Камол, аз подшаҳ дорад фароғат,
Ба вақти хеш ӯ ҳам подшоҳ аст.
Ба чашми ҳақорат мабин дар Камол,
Ки озодашоҳест бе тахту тоҷ.
Гӯ муҳтасиб зи шиҳна матарсон маро, ки ман
Аз подшоҳ фориғам, ӯ худ чи кас бувад.
Чӣ суд аз нолаву зорӣ бар ин дар додхоҳонро,
Ки султон ҳоли мискинони бозорӣ намедонад.
Натъи Камол хуштар аз фарши подшоҳон,
К-аз бӯрёи риндон бӯи риё наёяд.

Дар бештари мутуни муътабари таърихӣ равобити Камоли Хуҷандӣ бо амир Мироншоҳ – фармонравои темурии Озарбойҷон (дар солҳои 799-802 ҳ. /1396-99 м.) ба унвони унсуре асосӣ дар зиндагии шоир қаламдод шудааст. Дар воқеъ, равобити байни ин амир ва шоир абъоде афсонаӣ ёфтааст. Самарқандӣ дар бораи шахсияти Мироншоҳ менависад: «Чанд сол ба истиқлол дар Озарбойҷон салтанату ҳукумат намуд, подшоҳзодаи хушманзару аҳли табъу мулоим буда ва шуаро дар ҳусну ҷоҳи ӯ ашъор гуфтаанд». Чунин ба назар мерасад, ки Камоли Хуҷандӣ низ алоқаву иродате мутақобил ба Мироншоҳ доштааст. Ба гуфтаи Муиззӣ – яке аз шоирони он рӯзгори Табрез, бисёре аз шоирони сӯфимашраби он диёр дар ситоиши шахсияту маниши ин амири темурӣ бо якдигар дар рақобат буданд:

Шайхи муршид, камоли миллату дин,
Дӯш мегуфт рамзе аз сари ҳол,
Ки шаҳаншоҳи мир Мироншоҳ,
Подшоҳест бас фариштахисол.
Дар ҷавобаш Ҷамолидин сӯфӣ,
Гуфт: «Ӯ хусравест фаррухфол.»
Баъд аз он дар миён Маозӣ гуфт:
«Подшоҳест бо ҷамолу камол».


Даргузашти шоир ва афсонаҳои пас аз марг. Гарчи Ибни Карбалоӣ аз даргузашти Камол ба сукут гузаштааст, Машриқии Табрезӣ аз муридони побарҷои шоир ва аз ёрони наздики ӯ, моддаи таърихи даргузашти вайро (803 ҳ./ 1400 м.) чунин сурудааст:

Орифи ҳақшинос Шайх Камол,
Ки ҷаҳонро ба шеъри бигрифт.
То суханро сухан бурун афтод,
Кас сухан ҳамчу он бузург нагуфт.
Шашсаду се гузашт, к-он хуршед
Ҳамчу маҳ дар саҳоби ғайб нуҳуфт.

Овозаи Камол пас аз марг танҳо ношӣ аз ашъори ӯ набуд. Камолиддин Ҳусайни Гозургоҳӣ дар «Маҷолис-ул-ушшоқ» (ҳудуди 909ҳ.- 1503м.) дар бораи ӯ менависад «Баъзе мегӯянд аз авлиёст ва баъзе мегӯянд аз шуарост. Зоҳиран барзах аст миёни ин ду тоифа ва ҷониби вилояташ ғолиб». Гозургоҳӣ ва Самарқандӣ ҳар ду муътақиданд, ки шахсияти шоир дар сатҳи руҳониву маънавӣ низ мутаҷаллӣ будааст. Дар адабиёти форсӣ - тоҷикӣ Хоҷа Камоли Хуҷандӣ чун шоири ғазалсаро шӯҳрат дорад. Ғазалҳои шоир хам аз лиҳози корбурди саноеи адабӣ ва ҳам аз лиҳози фасоҳату балоғат комил буда, чун намунаи олии осори лирикии адабиёти форсӣ - тоҷикӣ шинохта шудаанд.

Ин чанд байт аз ашъори Камол аст:

Дил муқими кӯи ҷонон асту ман ин чо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтан танҳо ғариб.
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб.
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чи донӣ ҳоли мо,
Меҳнати ғурбат надонад ҳеч кас, илло ғариб!
Ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист
Ҳоли зори мустаманде, монда дур аз мо ғариб.
Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,
Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ, ки афтад бо ғариб
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб!
Харобаи дили ман пур шуд аз муҳаббати дӯст,
Мабод ҳеҷ диле холӣ аз муваддати дӯст.
Кадом давлату фурсат биёфт, ҳар ки наёфт,
Саодати шарафи васли ёру суҳбати дӯст.
Агар ба дархури ӯ хидмате намеояд,
Шавем муътакифи остони хидмати дӯст.
Расад ба ғояти ҳиммат,чунон ки дилхоҳ аст,
Забону дасту дили ман зи шукри неъмати дӯст.
Камоли хастадилу номуроду беҳосил,
Чи бошад, ар ба муроде расад зи давлати дӯст.

Ривоят аз рӯзгорӣ шоир

Достони зер аз Ибни Карбалоӣ дар бораи муршидаш Амир Сафиуддиншоҳи Муҷтабо (даргузашта ба 983 ҳ. /1575 м.) намунае аз афсонаҳоест, ки дар бораи Камоли Хуҷандӣ пардохта шуда:

«  Ҳазрати Махдумӣ, адомаллоҳу баракотиҳи, фармуданд, ки дар таърихи иҳдо ва арбаъина ва тисъумиа (941ҳ./1534м.), ки румия ба Табрез омада буданд, мардумро андешаи тамом буд, ки лашкари бегонаанд, мабодо, ки қатли ом кунанд ё наҳбу ғорату сабӣ намоянд. Ва дар он валомарази тоун низ дар миёни мардум буд. Аз он низ андешаи тамом буд, ки охир чи шавад? То рӯзе байназзуҳрайн азизе, аҳли диле, Мавлоно Абдуллоҳ ном, ташриф оварданд ба манзили мо ва фармуданд, киимрӯз чун намози зуҳр гузоридам, бар сари саҷҷода маро ғайбате шуд.

Дидам, ки манзили васеъе аст, бар болои он манзил ҷое, ки садрхона аст, пири басафое нишаста. Мегӯянд, ки ин Шайх Камоли Хуҷандӣ аст. Дар ин асно, шахси дигар ба ин маҷлис дармеояд, Ҳазрати Шайх ба таъзими вай нимхез мешаванд. Касе мегӯяд, ки ин султонулорифин Абӯязиди Бастомӣ аст. Баъд аз он ҳазрати Шайх Камол мефармоянд, ки мо понсад касем, ки муҳофизати ин шаҳр мекунем, ки балое нозил

нашавад ба ин ҷо ва ба султонулорифин мегӯянд, ки шумо низ аз он ҷумлаед. Чун ин фармуданд, маро ифоқат рӯй намуд. Филфавр ба мулозимати шумо омадам, ки ин воқеаро маъруз дорам; иншоаллоҳу таоло ташвише нахоҳад буд. Ончунон шуд, ки он азиз гуфта буд, ҳеч гуна балия рӯй нанамуд»

.

Ёдбуди Шоир

Акс:Тахтасанг. шаҳри Хуҷанд.jpg
Тахтасанг зери пайкараи Камоли Хуҷандӣ, шаҳри Хуҷанд

Соли 1996 пайкараи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд гузошта шудааст. (муаллиф — Камолидин Нурматович Надиров)[2].
Собиқ Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.С. Пушкини шаҳри Хуҷанд баъд аз соҳиб гардидан ба истиқлоли Тоҷикистон ба номи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ иваз карда шудааст
Боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо пайкараи ӯ, мақбара ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоири ширинкаломи тоҷик, дар шаҳри Хуҷанд 21 марти соли 2015 ифтитоҳ ёфт.[3].
Порчаҳо аз ашъори шоир якчанд маротиба дар Тоҷикистон рӯи нашр омадаанд.

Адабиёт

  1. Гозургоҳӣ, Камолиддин Ҳусайн. Маҷолис-ул-ушшоқ. Нусхаи хаттии китобхонаи Боблеан (Bobleian Library Add). MS Ouesley 2r.
  2. Ёсамӣ, Ғуломризо Рашид. Шарҳи аҳволи Салмони Соваҷӣ, – Теҳрон, 1337.
  3. Ибни Батута. Сафарнома /Тарҷумаи Муҳаммадалии Муваҳҳид, – Теҳрон, 1337.
  4. Ибни Карбалоӣ, Ҳофиз Ҳусайн. Равзот-ул-ҷинон ва ҷаннот-ул-ҷанон /Ба тасҳеҳ ва таълиқи Ҷаъфар Султон ал-Қиронӣ, – Теҳрон, 1344, ҷ.
  5. Машкур, Муҳаммадҷавод. Фитнаи ҳуруфия //Баррасиҳои таърихӣ, шумораи 6, – Меҳр-Обон 1348.
  6. Мукотиботи Рашидӣ /Ба саъю кӯшиши Муҳаммад Шафеъ, – Лоҳур, 1364, мактуби 51.
  7. Самарқандӣ, Давлатшоҳ. Такират-уш-шуаро /Ба тасҳеҳи Муҳаммад Аббосӣ, – Теҳрон, 1337.
  8. Сафо, Забеҳуллоҳ. Таърихи адабиёт дар Эрон. – Теҳрон, 1338-1356, ҷ. 3.
  9. Хондамир, Ғиёсиддин. Ҳабиб-ус-сияр фӣ ахбори афроди башар. – Теҳрон: Китобхонаи Хайём, 1334, ҷ. 1.
  10. Ҳикмат, Алиасғар. Аз Саъдӣ то Ҷомӣ. –Теҳрон, 1339.
  11. Ҷомӣ, Абдурраҳмон. Нафаҳот-ул-унс /Ба кӯшиши Маҳдии Тавҳидипур, – Теҳрон,1343.
  12. Шерозӣ, Муҳаммад Маъсум. Тароиқ-ул-ҳақоиқ. /Бо тасҳеҳи Муҳаммад Ҷаъфари Маҳҷуб, – Теҳрон, 1339, ҷ. 2.
  13. Lewisohn, Leonard. The Life and Poetry of Mashreqi Tabrizi, in Iranian Studies, Vol.22, No. 2-3 (1989).
  14. Roemer, H. R. Timur in Iran, In The Cambridge History of Iran, Vol. 6.
  15. Schroeder, E. Ahmed Musa and Shams al-din: A Review of 14th-Century Paiting, Ars Islamica, Ann Arbor, University of Michigan, 1939, Vol. 6. * Тарҷума аз Ҳурмуз Ҳикмат, таҳияи Мавҷуда Ӯрунова.
  16. Истины. Изречения персидского и таджикского народов, их поэтов и мудрецов / Перевод Наума Гребнева. Примечания Н.Османова. — М.: Наука, 1968; СПб.: Азбука-Классика, 2005. ISBN 5-352-01412-6

Пайвандҳо


Эзоҳ

  1. 1.0 1.1 1.2 Леонард Луизoн. Зиндагӣ ва даврони Камоли Хуҷандӣ // Камоли Хуҷандӣ/ Фаслномаи илмӣ-адабӣ. 2015, № 3(3), С. 30-41 (Тарҷума аз Ҳурмуз Ҳикмат, таҳияи Мавҷуда Ӯрунова.)
  2. http://somoni.blogspot.ru/2008/04/e.
  3. Оғози тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзи дар шаҳри Хуҷанд /Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ

Нишонаӽо