Ҳизби коммунистии Бухоро: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Сарнагунии амир: ислоҳи вожаҳо using AWB
 
Сатри 46: Сатри 46:
Съезди 4-ум и Ҳизби коммунистии Бухоро (16—18 август 1920) қувваҳои инқилобию демо­кратии аморати Бухороро ба шӯриши мусаллаҳона даъват кард. Дар сафи дастаҳои мусаллаҳи Бухоро 5 ҳазор нафар ҷанговарон буданд. Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Туркистон ба ихтиёрп Комитети Марказии Ҳизби коммунистии Бухоро 500 нафар коммунистонро ҳамчун коркунони сиёсӣ фиристод. 23 августи соли 1920 дар Сақарбозор (бекии Чорҷӯй) шӯриши мусаллаҳона cap шуд. 25 августи 1920 барои роҳбарӣ ба шӯриш маркази ҳизбӣ барпо карда шуд. 29 август шӯришгарон ва дастаҳои сурхи Бухоро Чорҷӯйи Кӯҳнаро гириф­танд.
Съезди 4-ум и Ҳизби коммунистии Бухоро (16—18 август 1920) қувваҳои инқилобию демо­кратии аморати Бухороро ба шӯриши мусаллаҳона даъват кард. Дар сафи дастаҳои мусаллаҳи Бухоро 5 ҳазор нафар ҷанговарон буданд. Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Туркистон ба ихтиёрп Комитети Марказии Ҳизби коммунистии Бухоро 500 нафар коммунистонро ҳамчун коркунони сиёсӣ фиристод. 23 августи соли 1920 дар Сақарбозор (бекии Чорҷӯй) шӯриши мусаллаҳона cap шуд. 25 августи 1920 барои роҳбарӣ ба шӯриш маркази ҳизбӣ барпо карда шуд. 29 август шӯришгарон ва дастаҳои сурхи Бухоро Чорҷӯйи Кӯҳнаро гириф­танд.


Дар ҷараёни мубориза Комитети инқилобӣ барпо карда шуд, ки он ба Комиссияи туркистонии Комитети Иҷроияи Марказии Умумирусия ва Шӯрои Комиссариати Халқии Ҷумҳурии Шӯравӣ Федеративии Сотсиалистии Русия муроҷиат карда, ба воситаи он аз ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравӣ Федеративии Сотсиалистии Русия (РСФСР)  ёрӣ талабид. Ҳукумати Шӯравӣ қисмҳои Армияи Сурхро бо сардории лашкаркаши машҳур М. В. Фрунзе ба Бухоро равона кард. 29—31 август Хатирчӣ, Китоб, Карми­на, Зиёвуддин, Қаршӣ, Шаҳрисабз ва [[2 сентябр]]и [[1920]] Бухорои Кӯҳна аз сарбозони амир озод карда шуданд. Ҳукумати «мустабиди амир сарнагун гардид. Инқилоби халқии демократӣ ғалаба кард. 14 сентябр Комитети инқилобии умумибухороӣ ва Совети нозирони халқ ташкил карда шуд. 8 октябри соли 1920 дар Қурултои (съезди) 1-уми умумибухороии намояндагони халқ Бухоро [[Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро|Ҷумҳурии Халқии Шӯравӣ]] эълон карда шуд. Ҳизби коммунистии Бухоро баъди анҷоми музаффаронаи шӯриши мусаллаҳона дигаргунсозиҳои инқилобии демократиро ба амал баровард. Аппа­рати кӯҳнаи феодалии аморати Бу­хоро бекор ва органҳоиҷумҳуриявию маҳаллии ҳокимияти Шӯравӣ ташкил карда шуданд.
Дар ҷараёни мубориза Комитети инқилобӣ барпо карда шуд, ки он ба Комиссияи туркистонии Комитети Иҷроияи Марказии Умумирусия ва Шӯрои Комиссариати Халқии Ҷумҳурии Шӯравӣ Федеративии Сотсиалистии Русия муроҷиат карда, ба воситаи он аз ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравӣ Федеративии Сотсиалистии Русия (РСФСР)  ёрӣ талабид. Ҳукумати Шӯравӣ қисмҳои Армияи Сурхро бо сардории лашкаркаши машҳур М. В. Фрунзе ба Бухоро равона кард. 29—31 август Хатирчӣ, Китоб, Карми­на, Зиёвуддин, Қаршӣ, Шаҳрисабз ва [[2 сентябр]]и [[1920]] Бухорои Кӯҳна аз сарбозони амир озод карда шуданд. Ҳукумати «мустабиди амир сарнагун гардид. Инқилоби халқии демократӣ ғалаба кард. 14 сентябр Комитети инқилобии умумибухороӣ ва Совети нозирони халқ ташкил карда шуд. 8 октябри соли 1920 дар Қурултои (съезди) 1-уми умумибухороии намояндагони халқ Бухоро [[Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро|Ҷумҳурии Халқии Шӯравӣ]] эълон карда шуд. Ҳизби коммунистии Бухоро баъди анҷоми музаффаронаи шӯриши мусаллаҳона дигаргунсозиҳои инқилобии демократиро ба амал баровард. Аппа­рати куҳнаи феодалии аморати Бу­хоро бекор ва органҳоиҷумҳуриявию маҳаллии ҳокимияти Шӯравӣ ташкил карда шуданд.


== Ҷумҳурии Бухоро ==
== Ҷумҳурии Бухоро ==

Нусхаи кунунӣ то 08:58, 5 май 2021

Ҳизби коммунистии Бухоро
Санаи асосгузорӣ: сентябри 1918
Санаи парокандашавӣ: 27 октябр 1924
Маром: коммунизм
Шахсиятҳо: [[:Гурӯҳ:Файзулло Хоҷаев, Аббос Алиев|аъзои ҳизб дар гурӯҳҳо]] ({{PAGESINГурӯҳ:Файзулло Хоҷаев, Аббос Алиев}} нафар)

Ҳизби коммунистии Бухоро (ПКБ) — ҳизби сиёсӣ, ки дар Осиёи Марказӣ солҳои 19181926 вуҷуд дошт.

Таърихи таъсис[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳизби коммунистии Бухоро соли 1918 бо ташаббуси ташкилотҳои коммунистии Бухорои Нав ва Тошканд ташкил ёфт. 20 апрели 1918 маҷлиси умумии тамоми муҳоҷирони Бухоро даъват карда шуд. Иштирокчиёни он (қисми муҳоҷирони рӯҳияи револютсионӣ дошта) қарор карданд, ки Ҳизби Коммунистии Булғория (ПКБ) дар асоси эътироф намудани Барномаи ҲКР (б) (РКП) таъсис карда шавад. 25 сентябр соли 1918 Комитети Марказии муваққатии Ҳизби коммунистии Бухоро барпо карда шуд.

Ҳизби коммунистии Бухоро декабри 1918 барномаеро кор карда баромад, ки он сарнагун кар­дани сохти мустабиди феодалии Бу­хоро ва барқарор намудани ҷумҳурии халқии советӣ, мусодираи заминҳои амиру бекҳо ва ба деҳқонони камбағал тақсим карда доданд онҳо, баробар ҳуқуқии меҳнаткашо­ни тамоми миллатҳо, озодии сухан, матбуот ва ғайраро пешбинӣ мекард.

Ташкилотҳои маҳаллии Ҳизби коммунистии Бухоро дар як қатор шаҳрҳои Туркистони Советӣ ташкил ёфтанд. Дар ҳудуди амо­рат 37 ячейка ва ташкилоти Ҳизби коммунистии Бухоро, аз ҷумла 23-то дар байни коргарону косибону деҳқонон ва 13-то дар бай­ни сарбозони амир махфӣ барпо кар­да шуданд. Яке аз ташкилотҳои оммавию ҷанговари Ҳизби коммунистии Бухоро ташкилоти ҳизбии Бухорои Кӯҳна ба шумор мерафт. Baй дар сафҳои худ 300 нафар коммунистонро муттаҳид ме­кард. Дар шаҳр 10 ва дар гирду ат­рофи он 16 ячейкаи махфии ҳизбӣ амал мекард. Соли 1920 дар мавзеи Бухорои Кӯҳна 21 ячейкаи ҳизбии коммунистӣ мавҷуд буд, ки онҳо 1500 нафар аъзо доштанд.

ҲКБ дар соли 1919[вироиш | вироиши манбаъ]

Бунёди Ҳизби коммунистии Бухоро дар ҳаракати озодихоҳии аморат давраи сифатан навро ба вуҷуд овард. Вай бо кумаки Ҳизби коммунистии Русия (болшевикон) қувваҳои инқилобии халқро ба шӯриши мусаллаҳона омода сохт. Съездҳои 1-ум (30 май — 11 июни 1919), 2-юм (26—30 июни 1919) ва 3-юми Ҳизби Коммунистии Бухоро (31 декабри 1919) қарор карданд, ки вазъияти сиёсии мамлакат ҳаматарафа таҳлил шуда, риёкории муллою эшонҳо фош кардани халқи дар зулмотмонда аз таассуби динӣ раҳо дода шавад. Ҳизби коммунистии Бухоро ба кори бузурги ташвиқотию тарғиботӣ, тарбиявию сиёсӣ пардохт. Соли 1919 дар як қатор бекиҳои аморат ошӯбҳои деҳқонон бархост. 2 июни ҳамон сол дар Бухорои Кӯҳна баромади оммавии меҳнаткашон барпо гардид, ки дар он 15 ҳазор нафар иштирок кар­данд.

Ҳизби коммунистии Бухоро  нақшаи шӯриши мусаллаҳонаро кашида, ба ҳалли масъалаҳои  зерин кӯшид: ба инқилоб тайёр кардани оммаи халқ, муайян намудани пешоҳанг ва қувваҳои дохилии инқилоб, муносибат бо ҷавонбухориён, роҳҳои истифодаи қувваҳои аз бе­руни Бухоро ба ёрии инқилобчиён меомадагӣ ва бо қувваҳои инқилобии Бухоро пайвастани онҳо ва ғайра. Дар халли дурусти ин масъалаҳо Комитети Марказии ҲКР (б) ва намояндагони ваколатдори он ба Ҳизби коммунистии Бухоро ёрии амалӣ расонданд.

Сарнагунии амир[вироиш | вироиши манбаъ]

Съезди 4-ум и Ҳизби коммунистии Бухоро (16—18 август 1920) қувваҳои инқилобию демо­кратии аморати Бухороро ба шӯриши мусаллаҳона даъват кард. Дар сафи дастаҳои мусаллаҳи Бухоро 5 ҳазор нафар ҷанговарон буданд. Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Туркистон ба ихтиёрп Комитети Марказии Ҳизби коммунистии Бухоро 500 нафар коммунистонро ҳамчун коркунони сиёсӣ фиристод. 23 августи соли 1920 дар Сақарбозор (бекии Чорҷӯй) шӯриши мусаллаҳона cap шуд. 25 августи 1920 барои роҳбарӣ ба шӯриш маркази ҳизбӣ барпо карда шуд. 29 август шӯришгарон ва дастаҳои сурхи Бухоро Чорҷӯйи Кӯҳнаро гириф­танд.

Дар ҷараёни мубориза Комитети инқилобӣ барпо карда шуд, ки он ба Комиссияи туркистонии Комитети Иҷроияи Марказии Умумирусия ва Шӯрои Комиссариати Халқии Ҷумҳурии Шӯравӣ Федеративии Сотсиалистии Русия муроҷиат карда, ба воситаи он аз ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравӣ Федеративии Сотсиалистии Русия (РСФСР)  ёрӣ талабид. Ҳукумати Шӯравӣ қисмҳои Армияи Сурхро бо сардории лашкаркаши машҳур М. В. Фрунзе ба Бухоро равона кард. 29—31 август Хатирчӣ, Китоб, Карми­на, Зиёвуддин, Қаршӣ, Шаҳрисабз ва 2 сентябри 1920 Бухорои Кӯҳна аз сарбозони амир озод карда шуданд. Ҳукумати «мустабиди амир сарнагун гардид. Инқилоби халқии демократӣ ғалаба кард. 14 сентябр Комитети инқилобии умумибухороӣ ва Совети нозирони халқ ташкил карда шуд. 8 октябри соли 1920 дар Қурултои (съезди) 1-уми умумибухороии намояндагони халқ Бухоро Ҷумҳурии Халқии Шӯравӣ эълон карда шуд. Ҳизби коммунистии Бухоро баъди анҷоми музаффаронаи шӯриши мусаллаҳона дигаргунсозиҳои инқилобии демократиро ба амал баровард. Аппа­рати куҳнаи феодалии аморати Бу­хоро бекор ва органҳоиҷумҳуриявию маҳаллии ҳокимияти Шӯравӣ ташкил карда шуданд.

Ҷумҳурии Бухоро[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар пайдоиши сохти нави халқию демократӣ дар Бухоро ва мустаҳкам шудани сафҳои Ҳизби коммунистии Бухоро Съезди 5-ум (феврали 1921) мавқеи калон дошт. Съезд вазифаҳои асосии Ҳизби коммунистии Бухороро муайян карда, вазъияти дохили ва сиёсии республикаро таҳлил намуд. Апрели 1921 Ҳизби коммунистии Бухоро ба Интернатсионали Коммунистӣ дохил шуд.

Съезди 6-уми Ҳизби коммунистии Бухоро (декабри 1921) диққати асосиро ба сафарбар намудани қувваҳои меҳнаткашони Бухоро ба­рои нест кардани босмачигӣ ва мус­таҳкам намудани сохти халқӣ ҷалб кард. Съезд лоиҳаи Барномаи Ҳизби коммунистии Бухороро, ки дар асоси Барномаи ҲКР (б) тартиб дода шуда буд, муҳокима намуд.

Охири 1921 ва аввали 1922 муборизаи синфӣ дар Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро шиддат ёфт. Бо мақсади тезондани торумори босмачигӣ 2 январи 1922 Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ ва июни 1923 Сове­ти ҳарбии инқилобии Бухорои Шарқӣ ташкил карда шуданд. Солҳои 1922—23 Ҳокимияти Шӯравӣ дар тамоми Бухорои Шарқӣ барқаpop гар­дид. Аввали 1924 дар сафҳои Ҳизби коммунистии Бухоро 1298 нафар аъзо ва 155 нафар номзад буданд, ки онҳоро 152 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид менамуд.

Дар афзоиши минбаъдаи сафҳои Ҳизби коммунистии Бухоро, мустаҳкам шудани он ва ба давраи тараққиёти сотсиалистӣ дохил гардиданн Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро Съезди 8-уми Ҳизби коммунистии Бухоро (январи 1924) мавқеи калон дошт.

Барҳадиҳӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Декабри 1924 ба муносибати тақсимоти миллию давлатии Осиёи Миёна ва барпо шудани ташкилотҳои ҳизбии Ӯз­бекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон Комитети Марказии Ҳизби коммунистии Бухоро барҳам дода шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Очерки истории коммунистиче­ских партий Туркестана, Бухары и Хо­резма, Ташкент, 1959;
  • История комму­нистических организаций Средней Азин, Ташкент, 1967;
  • Очерки истории комму­нистической партии Узбекистана, Таш­кент, 1974.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]