Лашкарсолор: Тафовут байни таҳрирҳо
Omid Jeyhani (баҳс | ҳисса) х ислоҳ, вироишоти сабкӣ |
Omid Jeyhani (баҳс | ҳисса) х мусавварсозӣ |

Сатри 63: | Сатри 63: | ||
Бо таваҷуҳ ба ин додаҳо, вожаҳои «''лашкар''» ва «''лашкарсолор''», ки дар пайравӣ аз «''[[гундсолор]]''» аз ибораи «''солори лашкар''» сохта шудааст, барои ҷойгузин кардани истилоҳи русии «''дивизия''» (аз {{lang-pl|''dywizja''}} > {{lang-la|dīvīsiō}} «''бахш''») ва дараҷаи низомии «''генерал-лейтенант''» (аз {{lang-de|Generalleutnant}}) ба [[Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон]] пешниҳод шудаанд<ref>[http://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20181110/umed-dzhaihani-v-natsionalnoi-armii-i-terminologiya-dolzhna-bit-maksimalno-natsionalnoi ''Умед Джайхани'': В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной]</ref>. |
Бо таваҷуҳ ба ин додаҳо, вожаҳои «''лашкар''» ва «''лашкарсолор''», ки дар пайравӣ аз «''[[гундсолор]]''» аз ибораи «''солори лашкар''» сохта шудааст, барои ҷойгузин кардани истилоҳи русии «''дивизия''» (аз {{lang-pl|''dywizja''}} > {{lang-la|dīvīsiō}} «''бахш''») ва дараҷаи низомии «''генерал-лейтенант''» (аз {{lang-de|Generalleutnant}}) ба [[Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон]] пешниҳод шудаанд<ref>[http://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20181110/umed-dzhaihani-v-natsionalnoi-armii-i-terminologiya-dolzhna-bit-maksimalno-natsionalnoi ''Умед Джайхани'': В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной]</ref>. |

== Нишонаҳои дараҷаи гундсолорӣ == |

{| style="border:1px solid #8888aa; background-color:#f7f8ff; padding:5px; font-size:95%; margin: 12px 12px 12px 0px;" |

|- align="center" bgcolor="#cccccc" |

! Нишонаҳо |

!colspan=4| [[Акс:Red Army flag.svg|35px|border]]
[[Артиши Сурх]] |

!colspan=4| [[Акс:Red Army Badge.svg|35px|border]]
[[Артиши Шуравӣ]] |

!colspan=8| [[Акс:Roundel_of_Tajikistan.svg|35px|border]]
[[Артиши Тоҷикистон]] |

|- align="center" |

|[[Нишона|Нишонаи
гиребонӣ]]

Сардӯшӣ |

|[[File:RKKA 1940 chevron OF6 OF7 OF8 general.svg|альт=|78x78пкс]] |

|[[File:RKKA 1940 collar OF7 general-leytenant.svg|альт=|95x95пкс]] |

|[[File:Soviet Air Force LtGen 1943.png|75px]] |

|[[File:1941гл1.png|75px]] |

|[[File:1943avia-p04.png|альт=|132x132px]] |

|[[File:1943inf-pf04.png|альт=|133x133пкс]] |

| [[File:RAF A F7LtGen since 2010par.svg|141x141px]] |

| [[File:RAF AF F7LtGen since 2010par.svg|142x142px]] |

| [[File:Tajikistan-Army-OF-7.png|144x144пкс]] |

| [[File:Russia-Army-OF-7-2010.svg|144x144пкс]] |

| [[File:Russia-Airforce-OF-7-2010.svg|144x144пкс]] |

|- align="center" |

|нишонаи остин
(мундир, кител ва гимнастёрка, шинел)(1940—1943) |

|нишонаи гиребонӣ
[[Нерӯи заминӣ|нерӯи заминии]] [[Артиши Сурх]]
(1940—1943) |

нерӯи ҳавоӣ
(1940—1943) |

|…саҳроӣ
(1941) |

|сардӯшии
[[Нерӯи ҳавоӣ|нерӯи ҳавоӣ]]
(1943—1955) |

|… саҳроии
нерӯи заминӣ (1943—1955) |

|… ҷашнии
нерӯи заминӣ
(1955—1991) |

|… нерӯи ҳавоӣ
(1955—1991) |

|… саҳроӣ
(1993—) |

|… нерӯи заминӣ

(1993—) |

|… нерӯи ҳавоӣ
(1993—) |

|}{{clear}} |

== Пайвандҳо == |
== Пайвандҳо == |
Нусха 12:08, 2 июни 2021
Дараҷаи болотар | Сипаҳсолор |

Дараҷаи поинтар | генерал-майор |
Ҳамто | General of the Cavalry[d], Generalleutnant[d], divisional general[d] ва vice admiral[d] |
Лашкарсолор (форсӣ: لشکرسالار) — дараҷае солорӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ, ки поинтар аз сипаҳсолор ва болотар аз гундсолор аст; генерал-лейтенант[1].
Дараҷаи поинтар: Гундсолор |
Лашкарсолор |
Дараҷаи болотар: Сипаҳсолор |
Лашкарсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати муъовини вазорати дифоъ, умури дохилӣ, амният, сардори ситод ё фармондеҳии лашкарро дорад, ки ягони роҳкунишие хурдтар аз сипоҳ ва бузургтар аз гунд буда ва таҷҳизоту ҷангафзорҳои лозим барои иҷрои амалиёти размӣ дорад[2]; дивизия[3][4].
Вожашиносӣ
«Лашкарсолор» аз ду вожа сохта шудааст: лашкар (форсӣ: لشکر > порсии миёна: laškar[5] > порсии бостон: *raxša-kara- ‘посдоранда; поянда’ > эронии бостон: *raxš- + *kara- ‘посдорӣ кардан’)[6]) + солор (форсӣ: سالار < порсии миёна: sālār > паҳлавӣ: sarδār > эронии бостон: *sara-dāra-)[7]. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (лашкар) + исм (солор)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст. «Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад[8][9].
Пешина
Лашкар ҳамчун ягони размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву «бевара» (порсии бостон: *baivara-) номида мешуда ва онро «беварабад» (порсии бостон: *baivarapati-) фармондеҳӣ мекард[10]. Бевара аз 10 ҳазора (порсии бостон: *hazāra-) ташкил мешуд ва 10 000 сарбозро дар бар мегирифт.
Дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[11], бевара «гунд» (паҳлавӣ: gund ‘лашкар; гурӯҳ, даста’[12] > эҳтимолан аз эронии бостон: *vr̥nda- ‘сипоҳ; гунд’[13]) ном гирифта ва фармондеҳи он «гунд-солор» (паҳлавӣ: gund-sālār) хонда мешуд[14].
Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651 милодӣ) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар гунд аз 5 дирафш (порсии миёна: «drafš») ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбозро дар бар мегирифт[15]. Фармондеҳи гунд дар сипоҳи Сосониён низ гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) номида мешуд[16].
Аммо аз миёнаҳои садаи V дар канори истилоҳи «гунд» истилоҳи «лашкар» (порсии миёна: laškar) низ ба кор мерафтааст[17]. Истилоҳи «лашкар» (форсӣ: لشکر) дар осори адабии форсӣ, бавижа «Шоҳнома», бисёр ба кор рафтааст[18]. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:
Дар сипоҳи Сомониён, Ғазнавиён ва Салҷуқиён фармондеҳи лашкарро «солори лашкар» ва «амири лашкар» мегуфтанд[20]. Чунончи, «солори лашкар» дар «Шоҳнома» борҳо ба кор рафта ва аз бофтор чунин бар меояд, ки он мансабе поинтар аз сипаҳсолор буда ва мақоми ҷонишинӣ доштааст, чуноне ки генерал-лейтенант дар артишҳои урупоӣ муъовини генерал-полковник будааст:
Чунин гуфт солори лашкар ба шоҳ,
Ки «Фармони ту бартар аз чарху моҳ,
Бад-он сон шавам, к-ам ту фармон диҳӣ,
Ту шоҳи ҷаҳондориву ман раҳӣ».[21]
Сипаҳро ба солори лашкар супурд,
Бирафту ҷаҳондидагонро бибурд[22].
Фарҳангистони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш дар соли 1935 «лашкар»-ро ҷойгузини истилоҳоти туркӣ-муғулии «тумон» (форсӣ: تومان > муғ. түмэн) ва фаронсавии «дивизюн» (форсӣ: دیویزیون > фр. division) ва «сарлашкар»-ро ҷойгузини «амири тумон» кард[23], ки ҳамакнун дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дараҷае баробар бо генерал-лейтенант аст.
«Лашкар» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ»[24]) ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ»[25] оварда шудааст.
Бо таваҷуҳ ба ин додаҳо, вожаҳои «лашкар» ва «лашкарсолор», ки дар пайравӣ аз «гундсолор» аз ибораи «солори лашкар» сохта шудааст, барои ҷойгузин кардани истилоҳи русии «дивизия» (аз лаҳӣ: dywizja > лот. dīvīsiō «бахш») ва дараҷаи низомии «генерал-лейтенант» (аз олмонӣ: Generalleutnant) ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[26].
Нишонаҳои дараҷаи гундсолорӣ
Нишонаҳо | Артиши Сурх |
Артиши Шуравӣ |
Артиши Тоҷикистон | |||||||||||||

Нишонаи гиребонӣ Сардӯшӣ |

нишонаи остин (мундир, кител ва гимнастёрка, шинел)(1940—1943) |
нишонаи гиребонӣ нерӯи заминии Артиши Сурх (1940—1943) |
… нерӯи ҳавоӣ (1940—1943) |
…саҳроӣ (1941) |
сардӯшии нерӯи ҳавоӣ (1943—1955) |
… саҳроии нерӯи заминӣ (1943—1955) |
… ҷашнии нерӯи заминӣ (1955—1991) |
… нерӯи ҳавоӣ (1955—1991) |
… саҳроӣ (1993—) |
… нерӯи заминӣ (1993—) |
… нерӯи ҳавоӣ (1993—) |
Пайвандҳо
- Нерӯҳои мусаллаҳ
- Дараҷаи низомӣ
- Дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон
- Дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон
Эзоҳ
- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
- ↑ Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 165
- ↑ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 442.
- ↑ Коллектив авторов. Том 3, статья «Дивизия» // Военная энциклопедия / Под ред. Грачёв П. С.. — М.: Воениздат, 1995. — С. 68—76. — 543 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00748-9.
- ↑ MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 52
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2520.
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6. ҷ. 3, с. 1648.
- ↑ Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, с. 259
- ↑ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. ҷ. 2, с. 259.
- ↑ J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896, p. 19 n. 84
- ↑ Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
- ↑ MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2447.
- ↑ Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7
- ↑ Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
- ↑ Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4. — p. 47
- ↑ Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000. — р. 7
- ↑ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 718.
- ↑ Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 15
- ↑ Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — С. 252. — 904 с. — ISBN 964-00-1086-3.
- ↑ Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 17
- ↑ Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 376
- ↑ Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Фаслномаи «Ганҷинаи аснод». Зимистони 1373, №16. — с. 38
- ↑ Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 1, с. 596.
- ↑ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 718.
- ↑ Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной