Минҳоҷ Ғуломов: Тафовут байни таҳрирҳо
Ҷамшед Ғафуров (баҳс | ҳисса) No edit summary |
Ҷамшед Ғафуров (баҳс | ҳисса) |
||
Сатри 68: | Сатри 68: | ||
== Фоҷеа == |
== Фоҷеа == |
||
Соли [[1996]] Минҳоҷ Ғуломов ҳамроҳи ректори [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино|ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино]] [[Исҳоқӣ Юсуф Баширхонович|Баширхон Исҳоқӣ]] аз ҷониби қотилони ҷоҳил бераҳмона кушта шудааст. Фоҷеаи |
Соли [[1996]] Минҳоҷ Ғуломов ҳамроҳи ректори [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино|ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино]] [[Исҳоқӣ Юсуф Баширхонович|Баширхон Исҳоқӣ]] аз ҷониби қотилони ҷоҳил бераҳмона кушта шудааст. Фоҷеаи куштори табибон ва олимони забардаст мардуми кишварро адуҳгин намуд.<ref>[http://centrasia.ru/newsA.php?st=1146727260 Кровавый понедельник. Ровно 10 лет назад в Душанбе были расстреляны великие врачи]</ref> |
||
== Гиромидошти устод == |
== Гиромидошти устод == |
Нусха 15:44, 27 июни 2021
Таърихи таваллуд | 3 сентябр 1923 |
---|---|
Зодгоҳ | Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 6 май 1996 (72 сол) |
Маҳалли даргузашт | шаҳри Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | пизишкӣ[1], равонпизишкӣ[1] ва илм[1] |
Ҷойҳои кор | Маркази ҷумҳуриявии клиникии психиатрия, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илми тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор, академик |
Алма-матер | Донишкадаи тиббии Самарқанд |
Маъруф ба |
|
Ҷоизаҳо | Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино (1977), ордени Ленин, “Револютсияи Октябр”, ду ордени “Нишони Фахрӣ”, нишони “Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон”, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Минҳоҷ Ғуломов (3 сентябр 1929, Самарқанд — 6 май 1996, Душанбе) — равонпизишк, доктори илми тиб (1965), профессор (1966), академик, узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии СССР, Сарпсихиатри Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1958—1996). Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1974), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино (1977)
Зиндагинома
Дар гузари Қӯшҳавзи шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Факултети муолиҷавии Донишкадаи тиббии Самарқанд ба номи И. П. Павловро бо баҳои аъло хатм кардааст (1952).
- Ординатори Институти психиатрияи назди Вазорати нигоҳдории тандурустии ИҶШС (1952—1954).
- Аспиранти Институти умумииттифоқии тадқиқотии илмии психиатрияи умумисудии ба номи В. П. Сербский (1954—1957),
- Роҳбари Маркази ҷумҳуриявии клиникии психиатрия (1957—1960),
- мудири кафедраи психиатрия ва наркологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1960—1996) ва дар айни замон ноиби ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (аз с.1974).
Бо ибтикори ӯ дар мамлакат аввалин марказҳои реабилитатсионии бачагонаи психиатрии соҳаи тандурустӣ таъсис дода шудаанд.
Дастовардҳо
- Духтури хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1964),
- «Аълочии Вазорати саноати химияи ҶҲБ»,
Эксперти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) дар соҳаи психиатрия ва наркология (аз с. 1986). Он солҳо ӯ аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ягона намояндаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) буд. Мураттабсози лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии психиатрӣ»(2002).
Мероси илмӣ
Таҳқиқоти асосии ӯ ба масъалаҳои умдаи психиатрия бахшида шудаанд. Бори аввал алоқаи патогенези (сарчашмаи) алоими Кандинский (автоматизми рӯҳия)-ро бо бемориҳои асосӣ (масалан, шизофрения-савдоӣ), ки дар онҳо иллати мазкур хурӯҷ мекунад, муайян намудааст.
Муалифи 377 таълифоти илмӣ, 18 монография, 13 кашфиёт, 8 китоби дарсӣ, 48 дастури таълимӣ, аз ҷумла китоби дарсии:
- Луғати истилоҳоти эпиномикӣ дар равонпизишкӣ — Киев, 1984.
- Психиатрия. — Душанбе, 1993,
- Равонпизишкӣ — Душанбе,1996, нахустин дастури таълимии
- «Шакли таваҳҳуми алоими автоматизми равонии Ғуломов»,
- «Тавоҳҳуми даҳонуҳалқии Ғуломов»,
- «Алоими Кандинский-Клерамбо-Ғуломов» ва диг.
Дар тӯли фаъолияти худ беш аз 400 нафар табибон, равонпизишкҳоро барои соҳаи тандурустии кишвар таълим додааст. 34 нафар унвонҷӯ бевосита зери роҳбарии ӯ рисолаи номзадӣ ва 2 унвонҷӯ рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд.
Ҷоизаҳо
- Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино (1977)
- ордени Ленин,
- ордени «Револютсияи Октябр»,
- ду ордени «Нишони Фахрӣ»,
- нишони «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон» (пас аз маргаш),
- медалҳо ва ифтихорномаҳои соҳавӣ.
Фоҷеа
Соли 1996 Минҳоҷ Ғуломов ҳамроҳи ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Баширхон Исҳоқӣ аз ҷониби қотилони ҷоҳил бераҳмона кушта шудааст. Фоҷеаи куштори табибон ва олимони забардаст мардуми кишварро адуҳгин намуд.[2]
Гиромидошти устод
Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон соли 2004 Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи Минҳоҷ Ғуломов гузошта шудааст.
Эзоҳ
Сарчашма
- Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013, — с.49
Пайвандҳо
- Зодагони 3 сентябр
- Зодагони соли 1923
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Самарқанд
- Даргузаштагони 6 май
- Даргузаштагони соли 1996
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Олимон аз рӯи алифбо
- Зодагони соли 1929
- Зодагони шаҳри Самарқанд
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Равонпизишкони Тоҷикистон
- Академикҳои АИ Тоҷикистон
- Ходимони давлатии Тоҷикистон
- Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино