Рӯзбеҳи Бимонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
#WPWP
Сатри 3: Сатри 3:
|ном = Рӯзбеҳ Бимонӣ
|ном = Рӯзбеҳ Бимонӣ
|номи аслӣ = {{lang-fa|روزبه بمانی}}
|номи аслӣ = {{lang-fa|روزبه بمانی}}
|тасвир =
|тасвир = Roozbeh Bemani 13971016 12.jpg
|бар =
|бар =
|тавсифи тасвир =
|тавсифи тасвир =

Нусха 20:18, 4 июли 2021

Рӯзбеҳ Бимонӣ
форсӣ: روزبه بمانی
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 28 ноябр 1978(1978-11-28) (45 сол)
Зодгоҳ Теҳрон, Эрон
Кишвар  Эрон
Пеша(ҳо) шоир, таронасаро
Сабк шеъри нав ва классик
Номи мустаъор Беҳзод Бимонӣ, Беҳрӯз Бимонӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Рӯзбеҳ Бимонӣ (форсӣ: روزبه بمانی‎; тав. 28 ноябри 1978, Теҳрон, Эрон) — шоир, таронасаро ва хонандаи эронӣ.

Зиндагнома

Рӯзбеҳ Бимонӣ дар хонаводае мутаваллид шуд, ки ҳеҷ пешинаи ҳунарӣ надорад, аммо ба гуфтаи худи ӯ ба ҳунар алоқаманд аст. Ӯ дар ҷавони футболро ба таври ҷиддӣ думбол мекард то ҷое, ки ба урдуи Тими миллии ҷавонони Эрон даъват шуд. Аммо ӯ футболро идома надод ва ба таҳсил дар риштаи муҳандисии металлургия машғул шуд. Пас аз муддате аз таҳсил дар ин ришта инсироф дод ва донишҷӯи риштаи муҳандисии нармафзор шуд ва ин риштаро низ ба поён нарасонд. Дар идома, ба таҳсил дар риштаи адабиёти форсӣ пардохт, аммо поёни он номушаххас аст.

Фаъолияти ҳирфаӣ

Рӯзбеҳ Бимонӣ аз навҷавони ба Ҳофиз ва Саъдӣ алоқа дошт. Ӯ рафта рафта ба шеъри нав алоқаманд шуд ва осори Ахавони Солис ва Фурӯғро хонд. Дар 18 солагӣ аввалин шеъри худро дар қолаби шеъри нав ва таҳти таъсир ашъори Суҳроб ва Шомлу навишт ва дар 19 солагӣ аввалин таронаашро суруд.

Ӯ дар солҳои фаъолияташ бо бисёре аз хонандагони машҳур Эрон кор карда ва чанд бор дар назарсанҷиҳои мӯътабар ба унвони «Беҳтарин таронасарои сол» даст ёфтааст[1]. Ӯ дар титрожи бархе барномаҳои телевизионӣ ба далели мамнуъулисм будан, аз номҳои мустаори «Беҳзод Бимонӣ», «Беҳрӯз Бимонӣ» истифода кардааст.

Ҳамчунин бисёре аз хонандгоне, ки аз ашъору таронаҳои ӯ истифода кардаанд, натавонистаанд номи ӯро ба унвони таронасаро ба сурати расмӣ дарҷ намоянд.

Хонандагӣ

Ба гуфтаи худаш алоқае ба хонандагӣ надорад ва танҳо дар ҷавонӣ васвасаи бархе таронаҳо ӯро ба хонандагӣ тарғиб мекард.

Сол 1385 таронаи «Маро зери сояи худат бигир» (сурудаи худаш)-ро бо ҳамкории Нимо Масеҳо ва Маҳдӣ Яроҳӣ иҷро намуд. Дар соли 1386 титрожи барномаи «Шаб шишаӣ» бо таронае аз худаш иҷро намуд. Ҳамчунин пас аз зилзилаи соли 1391 Озарбойҷон декламаи оворро ба мардуми ин устон тақдим кард.

Ӯ дар филми синмоии Рубудашуда низ чанд асар аз таронаҳои худро иҷро кардааст.

Эзоҳ

  1. Таронаи моҳ. Беҳтаринҳои соли 92 мусиқии попи Эрон. www.taranehmah.com. 3 августи 2018 санҷида шуд.

Пайвандҳо