Размдор: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Rescuing 1 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.8
х →‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 19: Сатри 19:
}}
}}


'''Гурӯҳдор''' ({{lang-fa|'''گروهدار'''}}) — [[дараҷаи низомӣ|дараҷае]] [[гурӯҳбон]]ӣ дар [[нерӯҳои мусаллаҳ]], ки поинтар аз ''[[гурӯҳбон]]'' ва болотар аз ''[[гурӯҳвар]]'' аст; ''сержант''<ref>[http://majmilli.tj/қонуни-ҷумҳурии-тоҷикистон-дар-бораи-35/ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»]</ref>.
'''Гурӯҳдор''' ({{lang-fa|'''گروهدار'''}}) — [[дараҷаи низомӣ|дараҷае]] [[гурӯҳбон]]ӣ дар [[нерӯҳои мусаллаҳ]], ки поинтар аз ''[[гурӯҳбон]]'' ва болотар аз ''[[гурӯҳвар]]'' аст; ''сержант''<ref>[http://majmilli.tj/қонуни-ҷумҳурии-тоҷикистон-дар-бораи-35/ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»]</ref>.


{| class="wikipedia sortable" border="1"
{| class="wikipedia sortable" border="1"

Нусха 11:12, 15 октябри 2021

Размдор
Дараҷаи болотар сержанти калон
Дараҷаи поинтар Platoon-leader[d]

Гурӯҳдор (форсӣ: گروهدار‎) — дараҷае гурӯҳбонӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ, ки поинтар аз гурӯҳбон ва болотар аз гурӯҳвар аст; сержант[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Гурӯҳвар


Гурӯҳдор
Дараҷаи болотар:
Гурӯҳбон

Гурӯҳдор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳи гурӯҳро дорад, ки ягоне тактикиест, ки аз ду рада (6 — 12 сарбоз) ташкил шуда ва бахше аз таҳм аст[2]; отделение[3]. Гурӯҳдор ҳамчунин симатҳои созмонии фармондеҳи тонк ва фармондеҳи зиреҳпӯшро дорад.

Вожашиносӣ

«Гурӯҳдор» аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: гурӯҳ + дор (форсӣ: دار‎ < порсии миёна: dār < порсии бостон: *dār(a)- < эронии бостон: *dārai̯a- «доштан; доранда»). Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (гурӯҳ) + пайвожа (-дор)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

«Гурӯҳдор» таркибе кӯтоҳшуда аз «нигаҳдори гурӯҳ» ва бо «*kāra-daranaka-» дар забони эронии бостон > «ϰαρα-λραγγα» «фармондеҳи гурӯҳе аз сипоҳиён» дар забони балхӣ[4]; «нигаҳдор», «сипаҳдор» ва «лашкардор» дар форсии дарӣ ҳамсохт аст, ки дар «Шоҳнома» низ ёд шудаанд. Чунончи, бузургвор Фирдавсӣ «нигаҳдор»-ро чун истилоҳи низомӣ ба кор бурдааст:

Гузин кард ҳаштод тан нӯзарӣ,
Ҳама гурздору ҳама лашкарӣ.
Зараспи сипаҳбад нигаҳдорашон,
Ки бурдӣ ба ҳар кор тиморашон[5].

«Гурӯҳ» (форсӣ: گروه[6] > порсии миёна: grōh[7] > эронии бостон: *vi-rauda-[8]) ба маънии «дастае аз сипоҳиён, лашкариён, ҷанговарон» дар «Шоҳнома» бисёр ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:

Бирав бо сипоҳе ба кирдори кӯҳ,
Гузин кун зи гурдони лашкар гурӯҳ[9]

Ин вожаро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш ҳамчун истилоҳи низомӣ барои номидани бахше аз даста тасвиб кардааст. Ҳамзамон истилоҳи «гурӯҳбон» (форсӣ: گروهبان‎) низ бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинӣ ба маънои «фармондеҳи гурӯҳ» тасвиб шудааст[10].

«Гурӯҳбон» ҳамакнун яке аз дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва баробар бо «сержанти калон» дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст[11]. Аз рӯи ин истилоҳ вожаҳои «саргурӯҳбон», «гурӯҳдор» ва «гурӯҳвар» сохта ва барои ҷойгузин кардани дараҷаҳои низомии «старшина», «сержант» ва «сержанти хурд» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[12].

Пешина

Дараҷаи «сержант» (фр. sergent, аз лот. serviens — хидматгузор) ҳамчун рутбаи шахсӣ дар Артиши Сурх 2 ноябри соли 1940 ҷорӣ шуда буд. Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дараҷа 23 феврали соли 1993 ҷорӣ шудааст. Дараҷаи сержантӣ чаҳор рутба дорад:

Пайвандҳо

Эзоҳ

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
  2. Фарҳанги ҳазор вожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 161. 10 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  3. Коллектив авторов. Том 6, статья «Отделение» // Военная энциклопедия / Под ред. П. В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2002. — С. 181. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01873-1.
  4. Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2011. — Т. 4 (i—k). — 416 с. — 800 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 978-5-02-036478-3. (в пер.). — стр. 389—391.
  5. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 3. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 309
  6. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 1, с. 297.
  7. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38. 30 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 Декабри 2012.
  8. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2385.
  9. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 15
  10. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — с. 38
  11. Фарҳангномаи форсӣ: вожагон ва аълом. Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1388. — 3 ҷилд. ISBN: ҷ. 1: 978-964-8637-92-2; ҷ. 2: 978-964-8637-89-2; ҷ. 3: 978-964-8637-91-5
  12. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной