Майкл Ҷексон: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Xqbot (баҳс | ҳисса)
х робот дигаргуни карда истодааст: bug:Michael Jackson
х робот илова карда истодааст: bug:Michael Jackson
Сатри 55: Сатри 55:
[[br:Michael Jackson]]
[[br:Michael Jackson]]
[[bs:Michael Jackson]]
[[bs:Michael Jackson]]
[[bug:Michael Jackson]]
[[ca:Michael Jackson]]
[[ca:Michael Jackson]]
[[ceb:Michael Jackson]]
[[ceb:Michael Jackson]]

Нусха 22:47, 8 августи 2009

Шаблон:Зиндагинома

Майкл Ҷексон (англ. Michael Jackson, 29 августи соли 1958 - 25 июни соли 2009 ) — ИМА

Тарҷумаи ҳол

Майкл Ҷозеф Ҷексон 29-уми августи соли 1958 дар шаҳри Гарии иёлаи Индиана ба дунё омадааст. Сарвари оила Ҷо мусиқанавози хуб буд ва кӯдакон аз хурдӣ дар ҷодаи дӯстдории санъат тарбия меёфтанд. Ҳанӯз дар синни шаш солагӣ Майкл хуб рақсидан ва сурудан метавонист. Падар бо бародарони Майкл гурӯҳи овозхонони панҷгонаро бо номи «Jackson Five» ташкил кард, ки дар он Майкли шашсола низ баромад мекард. Чанде пас аз истеъдоди баланди Майкл гурӯҳ дар маҳали худ овозадор гардид. Дар байни солҳои 1969 ва 1971 гурӯҳ шаш суруди алоҳидаи худро пешкаши мухлисон гардонд, ки дар байни онҳо сурудҳои "I Want You Back" ва "ABC" машҳур шуданд. Дар давоми солҳои 70-ум гурӯҳ боз чандин хитҳои дигар баровард. Ба Ҷексони наврас баромадҳои гурӯҳӣ кофӣ набуд ва ӯ дар студияи [[Motown соли 1971 суруди дар алоҳидагӣ сурудаашро сабт кард. Вақте ки суруди "I"ll Be There" дар байни дӯстдорони мусиқӣ машҳур шуд ва дар хит – парад ҷои чорумро гирифт, ба ҳамагон аён гашт, ки дар осмони санъати сарояндагии Амрико ситорае наве тулӯъ мекунад. Дар баробари кор бо бародарон, Ҷексон боз чандин суруди алоҳидаи худро месарояд ва чанде пас нахусталбоми худро мебарорад. Охири солҳои ҳафтодум Майкл ҳунари худро дар синамо санҷидан мехоҳад ва бо Дайана Росс дар филми "Волшебник из страны Оз" ("The Wizard of Oz") нақш меофарад. Филм дар байни тамошобинон комёб нагардид, вале Ҷексонро бо продюсери овозадор Куинсӣ Ҷонс шинос кард. Ҷонс ва Ҷексон дар якҷоягӣ албоми нави сарояндаро "Off the Wall" ([[1979) бароварданд, ки он муаллифашро ба қатори ситорагони олами мусиқӣ ворид сохт. Дар як муддати кӯтоҳ 10 миллион нусхаи сабти ин албом ба фурӯш рафт. Мунаққидон ба он баҳои баланд дода, омезиши хуби сабкҳои соулу рокро қайд карданд. Чор суруди ин албом дар хит-парадҳо ҷои аввалро гирифта, яктояш ба Майкл ҷойизаи Грэммиро овард. Албоми "Thriller", ки соли 1982 баромада буд, шӯҳрати овозхонро ба авҷи аъло расонид. «Thriller» аз ҷиҳати миқдори фурӯш ҳамаи рекордҳи нав гузошт ва он то ҳол боқист. То охири аср 46 миллион нусхаи он ба фурӯш рафт; албом сазовори ҳафт ҷоизаи «Грэммӣ» гардид. Дар он сурудҳое буданд, ки видеоклип доштанд. Дар видеоклипҳо дар баробари санъати сарояндагии Майкл инчунин истеъдоди баланди раққосии ӯ ҳувайдо буд. Ҳарчанд ки албомҳои ояндаи Ҷексон "Bad" (1987) ва "Dangerous" (1991) бо теъдоди зиёд пешкаши мухлисон гардиданд ва дар хит-парадҳо пешсаф буданд, вале рекорди «Thriller]]» дигар дастнорас буд. Соли 1994 Ҷексон ба духтари сарояндаи машҳури рок-н-ролл Элвис ПреслӣЛайза Мария издивоҷ мекунад, вале ҳаёти оилавии онҳо дер давом накард ва онҳо ду сол пас ҷудо шуданд. Бори дуюм Майкла тирамоҳои соли 1996 оила бунёд кард. Ӯ ба Деббӣ Роу хонадор шуд. Дар ду соли оянда онҳо соҳиби ду фарзанд - Принс Майкл Ҷексони хурдӣ ва Пэрис Майкл Катрин Ҷексон гардиданд. Вале ин оиладорӣ низ дер давом накард ва соли 1999 онҳо ҷудо шудан . Соли 2001 Майкл Ҷексон сиюмин солгарди ҳунармандияшро ҷашн мегирад ва дар саҳна бо гурӯҳи Jackson Five баромад мекунад.

25-уми июни соли 2009 Майкл Ҷексон бар асари сактаи дил аз олам чашм пӯшид.


«Thriller»

Ҷоизаҳои гирифтаи Майкл Ҷексон

Пайвандҳо