Владимир Яковлевич Мотил: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х робот илова карда истодааст: da:Vladimir Motyl
Luckas-bot (баҳс | ҳисса)
х робот илова карда истодааст: fi:Vladimir Motyl
Сатри 39: Сатри 39:
[[da:Vladimir Motyl]]
[[da:Vladimir Motyl]]
[[en:Vladimir Motyl]]
[[en:Vladimir Motyl]]
[[fi:Vladimir Motyl]]
[[nl:Vladimir Motyl]]
[[nl:Vladimir Motyl]]
[[ru:Мотыль, Владимир Яковлевич]]
[[ru:Мотыль, Владимир Яковлевич]]

Нусха 15:45, 23 феврали 2010

Шаблон:Зиндагинома

Владимир Яковлевич Мотил (26 июн 1927, Лепел21 феврал 2010, Москва) — таҳиягар шӯравӣ ва рус теат ва синамо. Ҳунарпешаи халқии Русия (2003)[1].

Зиндагинома

Владимир Мотил дар шаҳрчаи Лепели Белорус дар оилаи яҳудӣ таваллуд шудааст. Падари вай — аз маҳалли Гостиничи губернияи Варшава, оҳангари корхонаи «Коммунар» Минск Яков Давидович (Данилович) Мотил (1901—1931) — баъд аз се соли таваллуди писараш (6 май соли 1930) бо айбдор кардани фаъолияти ҷосусӣ ба ҳабс гирифта шуд ва ба лагери махсус фиристода шуда буд ва онҷо пас аз камтар як сол вафот кард.[2] Модараш — хатмкунандаи Донишкадаи омӯзгории Петроград ба номи А. И. Гертсен Берта Антоновна Левина — дар колонияи тарбиятгирандагони қаллобони хурдсол таҳти сарварии А. С. Макаренко ва баъдан сарвари бахши тарбияии хонаи кӯдакони зери фишормондагон дар шаҳри Оса вилояти Перм кор мекарда. Солҳои кӯдакиашро Владимир Мотил бо модар дар бадарға дар Урал гузаронидааст. Бобокалон ва модаркалон аз тарафи модараш ҳамчунин ба Шарқи Дур бадарға шуда буданд, баъд аз баргаштан ба Белорусия дар гетто солҳои оккупатсия Германияи фашистӣ вафот карданд.[3]

Ӯ соли 1948 Донишгоҳи театрии Свердловскро хатм кард ва замоне, ки саркоргардони театри тамошобини худрсоли Свердловск таъин шуд, ҳамагӣ 27 сол дошт. Ва аммо Мотил он солҳо шефтаи синамо шуда буд ва аз ин рӯ курсии саркоргардони театрро тарк кард ва дар студияи синамои шаҳри Свердловск мақоми пойинтар - ёвари таҳиягарро пазируфт.

Владимир Мотил нахустин филми худ – “Бачаҳои Помир”-ро соли 1963 дар студияи “Тоҷикфилм” навор гирифта буд. Ӯ баъди филмҳои“Женя, Женечка ва Катюша”, “Офтоби сафеди биёбон”, “Ситораи бахти оламгир” дар сартосари шӯравии собиқ ва берун аз он маъруф шуд.

Филми “Офтоби сафеди биёбон” то имрӯз яке аз шоҳкориҳои синамо маҳсуб мешавад ва тамошои он ҳатто ба барномаи ҳатмии омодагиҳои пеш аз парвози кайҳоннавардон шомил шудааст. Зимнан, ин филм чанд муддат мамнӯъ эълон шуда буд ва Владимир Мотил тақрибан баъд аз се даҳсола, яъне соли 1998, барои “Офтоби сафеди биёбон” сазовори Ҷоизаи давлатии Русия дар бахши адабиётва санъат гардид.

Владимир Мотилро ду бор – бори аввал баъд аз таҳияи филми мазҳакавии “Женя, Женечка ва Катюша” ва бори дуввум барои таҳияи филми “Ҷангал” аз рӯи намоишномаи Островский аз синамо берун карданд. Ва аммо ӯ тан намедод, боз ба кори синамо бармегашт ва филми беҳтар меофарид.

Владимир Мотил барои филми “Бачаҳои Помир” барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ шуда буд. Ӯ ҳамчунин шаҳрванди фахрии Душанбе ва соҳиби унвони “Ходими шоистаи Тоҷикистон” буд[4].


Пайвандҳои беруна

  • [1] Фрагмент аудиозаписи беседы В. Я. Мотыля с Юрием Панковым, издателем серии книг «Автограф века», в марте 2006 года

Эзоҳ

<references>

  1. www.dotsmedia.ru
  2. Жертвы политического террора в СССР
  3. Владимиру Мотылю — 80
  4. www.ozodi.org