Айшвария Рай: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
EmausBot (баҳс | ҳисса)
х r2.6.4) (робот илова карда истодааст: kk:Айшвария Рай Баччан ҳaвз карда истодааст: sa:ऐश्वर्या रै
ArthurBot (баҳс | ҳисса)
х r2.6.3) (робот илова карда истодааст: simple:Aishwarya rai
Сатри 70: Сатри 70:
[[ru:Рай, Айшвария]]
[[ru:Рай, Айшвария]]
[[sa:ऐश्वर्या रै]]
[[sa:ऐश्वर्या रै]]
[[simple:Aishwarya rai]]
[[sq:Aishwarya Rai]]
[[sq:Aishwarya Rai]]
[[sr:Ајшварија Рај]]
[[sr:Ајшварија Рај]]

Нусха 11:48, 25 октябри 2011

Шаблон:Зиндагинома Айшвария Рай Баччан (зодаи 1 ноябри 1971 дар Мангалур, Ҳинд) — ҳунарпешаи синамои ҳиндӣ ва барандаи озмуни «Зеботарин духтари ҷаҳон» дар соли 1994 аст.

Зиндагинома

Айшвария Рай дар шаҳри Манаглур дар ҷануби Ҳиндустон ба дунё омада аст. Падараш муҳандиси дарёнавардӣ Кришнарай Рай ва модараш нависанда Вринда Рай буд. Ниёконаш аз мардуми бунти Мангалур буданд, вале хонаводааш пас аз таваллудаш ба Мумбай кӯчидаанд. Забони модарии Айшвария Рай тулу аст вале забонҳои ҳиндӣ, англисӣ, конодо, маратҳӣ ва тамилиро низ ба хубӣ медонад.

Дар хурдсолӣ мусиқӣ ва рақси суннатии ҳиндиро омӯхта ва дар Мумбай дар дабистони Arya Vidya Mandir high school таҳсил карда аст. Сипас дар Jai Hind College ва Ruparel College таҳсил мекунад ва донишҷӯи риштаи меъмории донишгоҳ мешавад. Ҳангоми таҳсил манекенӣ низ мекунад ва ҳамин пеша ӯро ёрӣ медиҳад ки барандаи озмуни «Зеботарин духтари ҷаҳон» дар соли 1994 шавад. Аз ин пас ӯ яке аз маъруфтарин манекенҳо мешавад ва бо ширкати Pepsi ва маҷаллаи Vogue Magazine ҳамкорӣ мекунад.

Айшвария Рай 30 апрели 2007 Абҳишек Баччанро шавҳар кард ва арӯси хонаводаи ҳунарпешаи машҳур Амитабҳ Баччан шуд.

Ҳунарнамоӣ дар синамо

Айшвария нахустин нақшашро соли 1997 дар филми «Iruvar» офарида аст. Мунаққидон нахустин ҳунарнамоияшро чандон хуш напазируфтанд, вале дувумин нақшаш дар ҳамон сол дар филми «…Aur Paar Ho Gaya» («Влюбленный самозванец») ӯро барандаи ҷоизаи беҳтарин дебютант кард. Соли 200 Айшвария барандаи ҷоизаи беҳтарин бозигари зан барои иҷрои нақш дар филми «Hum Dil De Chuke Sanam» («Навеки твоя») шуд. Соле пас ӯро барои дарёфти ҷоизаи беҳтарин бозигар барои иҷрои нақши Satish Kaushik дар филми «Hamara Dil Aapke Paas Hai» («Любовь в награду», 2001) номзад карданд. Соли 2002 Айшвария дар пурбинандатарин филми Болливуд «Devdas» дурахшид. Вай дар соли 2003 яке аз доварони Ҷашнвораи синамои Канн буд. Ҳамон сол буд ки Айшвария бо ширкати L'Oreal паймони ҳамкорӣ баст ва дар таблиғи фаровардаҳои Coca-Cola ва ҷавоҳироти DeBeers ширкат кард.

Забондонии Айшвария Рай ёрияш дод ки дар филмҳое ба забонҳои ҳиндӣ, банголӣ, тамилӣ ва англисӣ ҳунарнамоӣ кунад ва то кунун дар 45 филм нақш офарад.