Ноҳияи Ишкошим: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Сатри 107: Сатри 107:
== Таърих ==
== Таърих ==


Бино бар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна, ноҳияи Ишкошим дар гузашта '''Вахон''' ({{lang-fa|وخان}}) ном доштааст.<ref>''Камалиддинов Ш.С.'' [http://www.kroraina.com/casia/kamalid/kamal2_13.html Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.]</ref>
Бино бар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна, ноҳияи Ишкошим дар гузашта '''Вахон''' ({{lang-fa|وخان}}) ном доштааст.<ref>''Камалиддинов Ш.С.'' [http://www.kroraina.com/casia/kamalid/kamal2_13.html Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.]</ref> Вале ин аз эҳтимол дур аст, зеро қабл аз "истилои" Шуравӣ Ишкошим як вулуси алоҳида ва Вахон вулусе алоҳида будаанд.


Ишкошим аз замони [[Сомониён]] то соли 1895 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Вахон сарзамини имрӯзаи ноҳияи Ишкошим ва вулусволии афғонии [[:en:Ishkashim District|Ишкошим]] ({{lang-fa|اشکاشم}}) дар ду канораи рӯди [[Панҷ]]ро дар бар мегирифтааст.
Ишкошим аз замони [[Сомониён]] то соли 1895 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Вахон сарзамини имрӯзаи ноҳияи Ишкошим ва вулусволии афғонии [[:en:Ishkashim District|Ишкошим]] ({{lang-fa|اشکاشم}}) дар ду канораи рӯди [[Панҷ]]ро дар бар мегирифтааст.

Нусха 22:14, 6 ноябри 2011

Ноҳияи Ишкошим
Ноҳияи Ишкошим дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Тоҷикистон
Вилоят : Кӯҳистони Бадахшон
Марказ: Ишкошим
Замони таъсис : 27 октябри 1932
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 3656,0 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ҷамоатҳо : 7
Мардум
Аҳолӣ (2008) : 25 851 кас
Забони расмӣ : тоҷикӣ (порсӣ)
Забонҳои гуфторӣ : ишкошимӣ, вахонӣ
Дин : Ислом (мазҳаб: исмоъилӣ)
Нишониҳо
Сарвожа : IS
ISO-намоя : TJ.BK.IS
Пешшумора : +992 3553
Нишонии почта : 736500
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 04РТ


Ноҳияи Ишкошим (форсӣ: ناحیۀ اشکاشم‎) — яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 27 октябри соли 1932 таъсис ёфта аст. Маркази ин ноҳия рустои Ишкошим (форсӣ: اشکاشم‎) аст, ки 104 км ҷанубтар аз шаҳри Хоруғ дар каронаи рӯди Панҷ ҷой дорад.

Ҷуғрофия

Ноҳияи Ишкошим дар миёни қаторкӯҳҳои Роштқалъаву Ишкошиму Вахон воқеъ аст. Дар шимолу ғарб бо ноҳияи Шуғнон, дар шимол бо ноҳияи Роштқалъа, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб ва дар ҷануб бо вулусволиҳои Ишкошим ва Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.

Аз шимолу шарқи ноҳияи Ишкошим ба шимолу ғарби он рӯди Панҷ гузар мекунанд.

Ноҳияи Ишкошим 3656,0 км² масоҳат дорад.

Бахшҳои идорӣ

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ишкошим 7 ҷамоат дорад[1]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Ишкошим
Ҷамоат Аҳолӣ
Андароб 2 527
Вранг 5 152
Зонг 4 863
Ишкошим 6 567
Қозидеҳ 1 880
Питуп
Шитхарв 4 862

Идора

Сарвари ноҳияи Ишкошим Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ишкошим — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Ишкошим ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Аҳолӣ

Бино бар саршумори соли 2008 дар ноҳияи Ишкошим 25 851 нафар зиндагӣ мекунад. Мардуми Ишкошим ба забонҳои тоҷикӣ (порсӣ), ишкошимӣ ва вахонӣ сухан мегӯянд.

Таърих

Бино бар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна, ноҳияи Ишкошим дар гузашта Вахон (форсӣ: وخان‎) ном доштааст.[2] Вале ин аз эҳтимол дур аст, зеро қабл аз "истилои" Шуравӣ Ишкошим як вулуси алоҳида ва Вахон вулусе алоҳида будаанд.

Ишкошим аз замони Сомониён то соли 1895 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Вахон сарзамини имрӯзаи ноҳияи Ишкошим ва вулусволии афғонии Ишкошим (форсӣ: اشکاشم‎) дар ду канораи рӯди Панҷро дар бар мегирифтааст.

Соли 1895 подшоҳии Ишкошим, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.[3]

Ишкошим дар солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои аморати Бухоро буд ва бек дар рустои Ишкошим менишаст ва мир хонда мешуд.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар соли 1924, Ишкошим бахше аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид, ки 2 январи соли 1925 таъсис дода шуд.

Пайнавиштҳо

  1. List of Jamoats. UN Coordination, Tajikistan. 21 май 2010 санҷида шуд.
  2. Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
  3. Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0

Манобеъ

  • Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0