Таърих: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х r2.6.3) (робот илова карда истодааст: sn:Nhoroondo
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 1: Сатри 1:
{{портал}}
{{портал}}
'''Таърих''' - илм дар бараи сабти фаъолияти инсон, ҷамъият ва сивилизатсия мебошад.
'''Таърих''' - илм дар бараи сабти фаъолияти инсон, ҷамъият ва сивилизатсия мебошад. Таърих (вожаи арабӣ) - илмест, ки маҷмӯи воқеа ва ҳодисаҳои дар ҳаёти инсоният рӯйдодаро меомӯзад.

'''Таърих''' - илмест дар бораи воқеа вуқуро дар бар мегирад,

== '''[[Таърихи халқи тоҷик]]''' ==


==Солномаи таърихи тоҷикон==
==Солномаи таърихи тоҷикон==

Нусха 16:29, 5 феврали 2012

Таърих - илм дар бараи сабти фаъолияти инсон, ҷамъият ва сивилизатсия мебошад. Таърих (вожаи арабӣ) - илмест, ки маҷмӯи воқеа ва ҳодисаҳои дар ҳаёти инсоният рӯйдодаро меомӯзад.

Солномаи таърихи тоҷикон

Ҳазорсолаи IV - II то милод - Саразм шаҳраки бостониест, ки назди ш. Панҷакент вокеъ аст. Мавҷудияти Саразм ба давраи энеолит ва биринҷӣ мутобиќ карда мешавад.

Ҳазорсолаи II - I то милод - Қадимтарин давлатњои ғуломдории Осиёи Марказӣ: Пешдодиён, Каёниён, Бохтари қадим, Суғд, Хоразми бузург.

Солҳои 550 – 330 то милод ҳукумронии шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо, ки дар ҳайъати он Бохтар, Суғд, Хоразм ва сарзамини қабилаҳои сакои дохил мешуданд. Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо - аввалин империяи эронинажод дар тамаддуни олам аст.

Соли 522 то милод - шўриши мардуми Марғиён бо сарварии Фрада зидди Дорои I Ҳахоманишӣ.

Солҳои 329 - 327 то милод - забткориҳои Искандари Маќдунӣ (юнону маќдуниён) дар Осиёи Миёна.

Солҳои 329 - 328 то милод - шўриши озодихоҳии мардуми Суғд бо сарварии Спитамен, ба муқобили Искандари Маќдунӣ. Дар ҷумњурии мо ба шарафи Спитамен ордени давлатӣ ва номи яке аз ноҳияҳо гузошта шудааст.

Солҳои 250 то милод – соли 224 милодӣ - солҳои мавҷудияти Давлати Порт(Парфия). Шоҳаншоҳии форсизабони сулолаи Ашкониён, ки бо империяи Рум ва Чин робитаҳои мутаќобилаи дипломатӣ дошта буд.

Охири асри II-и то милод - асри IV милодї - Шоҳаншоҳии форсизабони Кушониён. Дар давраи ҳукумронии Канишка (охири асри I – ибтидои асри II) за-бони бохтарї (эронии шарќї) ба забони давлатии кушониён табдил ёфтааст.

Асри II-и то милод - ташаккули Роњи бузурги абрешим, ки њамчун василаи пайвасткунандаи кишварњои Шарќу ѓарб хизмат мекард. Ба воситаи ин роњи корвонгузар, ки аз Чин ба воситаи Осиёи Марказї то ба Рум тӯл мекашид хариду фуруши тичоратї ва робитаҳои мутаќобилаи фархангї ба амал мео-мад.

224 – 651 - солҳои мавҷудияти Давлати Сосониён. Шоҳаншоҳии форсизабони сулолаи Олї Сосон. Дар замони давлатдори Сосониён дини задуштї ба дараљаи дини давлатї расид, китоби «Авасто» љамъ оварда шуд, идњои Наврӯз ва Меҳргон љашнҳои умумихалќї гардиданд.

Солҳои 80-90 асри IV – асри VI - солҳои мавҷудияти давлати форсизабони Ҳайтолиён.

570 - 632 - солњои зиндагии пайѓамбар Муҳаммад (с.а.с) - асосгузори дини ислом ва давлати ягонаи араб - Хилофати араб.

705 – 737 - солҳои аз тарафи арабҳо забт намудани Мовароуннаҳр.

720 – 783 - солҳои ҳаракати халќӣ-озодихоҳӣ, ба муќобили забткорони араб бо сарварии Диваштич(720-722), Абўмуслим(747-750), Сумбоди Муг(755) Муќаннаъ(776-783).

асри YIII – паҳншавии дини ислом дар Осиёи Миёна.

819 – 999 - солҳои ҳукумронии сулола ва ё Давлати Сомониён - аввалин давлати соҳибистиќлоли миллии тољикон. Соли 1999 дар ҷумҳурӣ бузургдошти 1100-солагии Давлати Сомониён ҷашн гирифта шудааст.

Ташаккули халќи тоҷик дар замони давлатдории Сосониён (с. 224 - 651) сар шуда, дар аҳди Сомониён (с. 819 - 999) ба итмом расидааст.

1150 - 1215 – солҳои мавҷудияти Давлати Ѓуршоњон, давлати дуюми соҳибистиќлоли тоҷикон дар Хуросон.

1219 – 1221 - солҳои аз тарафи муѓулҳо забт намудани Мовароуннаҳру Хуросон.

1245-1381- солҳои мавҷудияти Давлати Куртҳои Њирот, давлати сеюми тоҷикон дар Хуросон.

1336-1383 солҳои мавҷудияти Давлати Сарбадорони Сабзавор - давлати чаҳоруми соҳибистиќлоли тоҷикон дар Хуросон.

1365 – 1366 - солҳои шўриши сарбадорони Самарќанд зидди муѓулҳо, таҳти сарварии Мавлонозода.

Солҳои 60-ўми асри XIX – соли 1895 - аз тарафи Русияи подшоњї забт намудани Осиёи Миёна.

Соли 1867 – таъсисёбии Генерал-губернатории Туркистон.

Соли 1875 - ба вуљуд омадани аввалин ташкилоти бонкї дар Осиёи Миёна (шўъбаи Тошкандии бонки Давлатии Русия).

Соли 1880 - оѓози сохтмони роҳи оҳан дар Осиёи Миёна (аз Красноводск) Нимаи дуюми асри XIX – солҳои ташаккулёбии афкори маорифпарварї дар Осиёи Миёна

Соли 1888 – шўриши деҳќонон бо сарварии Восеъ зидди зулми амири Бухоро дар Балљувон

Охири асри XIX - аввали асри XX- ба вуљуд омадани ҳаракати љадидї дар Осиёи Миёна.

11 марти соли 1912- 2 январи соли 1913 – нашри аввалин рўзномаи форсї тољикї - «Бухорои Шариф» аз љониби љадидони Бухоро. 11 март њамчун «Рўзи матбуот» дар Тоҷикистон љашн гирифта мешавад.

Соли 1916 - шўриши мардуми Осиёи Миёна ба муќобили сиёсати мустамликавии Русияи подшоҳї.

25 октябри соли 1917 - ѓалабаи Инќилоби сотсиалистии Октябрї ва бунёди Ҳокимияти Шўравӣ дар Русия.

Ноябри с. 1917-1918 – солҳои барпо намудани Ҳокимияти Шўравӣ дар ќаламрави имрўза Тоҷикистони Шимолї.

Бањори соли 1919 - барпо намудани Ҳокимияти Шўравӣ дар ќаламрави Бадахшон.

2 сентябри соли 1920 - сарнагун намудани ҳукумати амирї дар Бухоро. Ташкилёбии Ҷумҳурии Халкии Шўравии Бухоро.

Феврал – июни соли 1921 - барпо намудани Њокимияти Шўравї дар ќаламрави имрўза Тоҷикистони Марказї ва Ҷанубї.

30 декабри соли 1922 - ташкилёбии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии сотсиалистии (ИҶШС - СССР), ки 15 љумњуриҳои миллиро муттаҳид мекард ва моҳи декабри соли 1991 барҳам хўрд.

Солњои 1921-1923 – ављи ҳаракати зиддишўравї дар Тоҷикистони Марказї ва Љанубї.

14 октябри соли 1924 - ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шўравии сотсиалистии Тоҷикистон.

16 октябри соли 1929- ташкилёбии ҶумҳурииШўравии сотсиалистии Тоҷикистон. Мубаддал гардидани Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ба љумњурии иттифоќї- ҶШC Тоҷикистон.


Солњои 1929, 1931, 1937, 1978 – кабули Конститутсияњо дар ҶШC Тоҷикистон.

Соли 1931- бунёди аввалин донишкадаи олї дар Тоҷикистон (њозира Донишгоњи омўзгории ба номи С. Айнї)

Солњои 1928-1930 - гузаштан аз њуруфоти форсии тољикї ба хуруфоти лотинї ва солњои 1939-1940 аз њуруфоти лотинї ба кирилї дар Љумҳурии Тољикистон.

Солњои 1931-1937 – сохтмони канали Вахш ва обёрї намудани заминњои бекорхобидаи Тоҷикистони Ҷанубӣ.

Солњои 1939-1941 – сохтмони каналҳои калони Фаргона ва Њисор, обёрї намудани заминҳои бекорхобидаи Тоҷикистони Шимолї ва Марказї.

22 июни соли 1941 - 9 майи соли 1945 - солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муќобили фашистони Олмон ва иттифоќчёни он. 54 нафар аз љанговарони Тоҷикистон ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ сазовор шудаанд.

Соли 1948 - таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Соли 1951- бунёди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввалин президенти он Садриддин Айнӣ буд.

Соли 1959 - оѓози кори телевизиони Тоҷикистон дар ш. Душанбе.

Соли 1961 - оѓози сохтумони Нерўгоҳи барќи обии (ГЭС)-и Норак. Соли 1972 - агрегати 1-ўм ва соли 1979 агрегати охирин – 9- ўми НБО - Норак ба кор даромад.

Соли 1975 - оѓози кори заводи арзии (алюминии) тољик дар ш. Турсунзода.

22 июли соли 1989 - ќабул гардидани «Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Иљлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба забони тољикї дода шудани маќоми давлатї. 5 октябри соли 2009 Қонуни нави Ҷумҳурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ќабул гардид. 5 октябр њамчун «Рўзи забон» дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.

9 сентябри соли 1991 - эълон гардидани Истиќлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иљлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 9 сентябр ҳамчун «Рўзи Истиќлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷумҳури љашн гирифта мешавад.

21 декабри соли 1991- аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустаќид (ИДМ-СНГ) гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2 марти соли 1992 - аъзои Созмони Миллали Муттаҳид (СММ - ООН) гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5 майи соли 1992 - 27 июни соли 1997 – солҳои љанги шањрвандї дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Зарари иќтисодии ин љанг зиёда аз 11 миллиард дол-лари амрикоїро ташкил дод.

16 ноябр - 2 декабри соли 1992 - баргузории иљлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Хўҷанд. Дар он, 19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

6 ноябри соли 1994 - дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарќонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ќабул гардид. 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба он таѓийроту иловаҳо ворид карда шуд. 6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

27 июни соли 1997 - баъди 8 даври гуфушуниди (солњои 1994-1997) байни тољикон(байни ҳукумати љумҳурї ва тарафи мухолифин), дар ш. Москва, аз љониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари мухолифини тољик Саид Абдуллои Нурї «Созишномаи умумии истиќрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» имзо гардид. 27 июн ҳамчун «Рўзи Вањдати миллї» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон љашн гирифта мешавад.

4 июни соли 1997 - 1 апрели соли 2000 - фаъолияти Комиссияи Оштии Миллї. Дар КОМ 26 нафар (13 нафар аз љониби ҳукумати ҷумҳурӣ ва 13 нафар аз мухолифини тољик) аъзо буданд. Комиссия санадњои Созишномаи умумии сулҳ аз 27 июни соли 1997- ро амалї намуд.

6 ноябри соли 1999, 6 ноябри соли 2006 - Интихоби такрории умумихалќии Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

27 феврали соли 2000 – баргузории интихобот ба Маҷлиси Намояндагон ва 23 марти соли 2000 - интихобот ба Маҷлиси Миллии Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ташкилёбии парламенти касбї дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

30 октябри соли 2000 - ба муомилот баромадани пули миллӣ - «сомонї» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

15 июни соли 2001 – аъзои Созмони Хамкории Шанхай гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солњои 2005 – 2009 – сохтумон ва ба истифода супоридани НБО Сангтуда – 1 бо ҳамроҳии Федератсияи Русия.

Солњои 2006 - 2010 – сохтумон ва ба истифода супоридани роҳи автомобилгарди Душанбе – Хўҷанд - Чанак (Узбекистон) ва Душанбе – Ҷирғатол - Саритош (Ќирѓизистон), тоннелҳои автомобилгарди «Исиқлол» дар аѓбаи Анзоб, Шаршар ва Шањристон, ки ноҳияњои шимоливу ҷанубии ҷумҳуриро ба ҳам пайвастанд.

6 январи 2010 – ба фуруш баровардани саҳмияњои НБО Роғун дар Тоҷикистон. Идомаи сохтумони НБО Роѓун бо иќтидори 3600 мвт.

Муқаддасоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Нишони давлатӣ ( аз 28 декабри соли 1993 ) ; Парчам ( аз 24 ноябри соли 1992 ) ; Суруди Миллӣ ( аз 7 сентябри соли 1994 ) ; Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 6 ноябри соли 1994).

Давраи Авестоӣ

Авесто (маънояш «асос», «дастур»,«дониш») - қадимтарин сарчашмаи таърихии хаттӣ ва китоби муқаддаси зардуштиён аст, ки дар асрҳои VII то милод - VI милодӣ ташаккул ёфта, то асри VI милодӣ, замони давлатдории Сосониён ҷамъ оварда шудааст. «Авасто» аз 21 наск, яъне китоби алоҳида иборат аст, ки то ба мо чаҳоряки он расидааст. Дар он таълимоти динии Зардушт ва дигар маводҳои таърихӣ, мансуб ба ҳамон давр гирд оварда шудааст. Дар Авесто ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ кишвари қадимаи сукунати тоифаҳои ориёӣ Айиряна Ваеҷаҳ номбар шудааст.

Айиряна Ваеҷаҳ, Орёвиҷ (аз заб. авестоӣ – «фазо, ё доманаҳои Ориё») – маҳалли қадимаи сукунати тоифаҳои ориёӣ. Дар ҳазорсолаи II то милод аз ҳудуди имрузаи Урали Чанубӣ, Казокистон, Туркистони Чин дар Шимол то водиҳои Осиёи Осиёи Миёна, Эрони Шарқӣ ва Афгонистон дар Чануб ҷойгир щуда буд.

Дар замонҳои қадим ниёгони тоҷиконро ориёӣ мегуфтанд. Имрўз ба ориёиҳо: тоҷикон, эрониҳо, ҳиндуҳо, курдҳо, балуҷиҳо, тотҳо, паштуҳо, осетинҳо ва дигар халқҳо мансубанд. Ориёӣ - аз калимаи авастоии «aria» ва эронии «ariya» баромада маънояш «тоза», «асилзода» аст.

Ќабилаҳои ориёӣ - номи қабилаҳои қадимтарини ҳиндуэронӣ мебошад, ки дар аввали ҳазораи дуюми то милод аз ҳиндуаврупоињо ҷудо шуда ба Осиёи Марказӣ, ва охири ҳазораи дуюми то милод ба Эрон ва Ҳиндустони Шимолӣ ҳиҷират кардаанд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ мардуми Ориёно, Тӯрон, Бохтари ќадим, Суѓд, Хоразми бузург, Порсу Мод ва Хуросон аҷдодони «ориёӣ» номбар шудааст.

Дар Авесто ду кишвари таърихӣ Ориёно ва Турон номбар гардидааст, ки онҷо сулолаи Пешдодиён ва Каёниён ҳукумрон буданд.

Пешдодиён ва Каёниён – аввалин сулолаҳои подшоҳии ориёӣ, ки дар Осиёи Марказӣ дар охири ҳазораи III ва II то милод ҳукмронӣ кардаанд. Мувофиқи сарчашмаҳои қадим китобњои «Авасто», «Шоҳнома»-и А. Фирдавси, «Таърихи Табарӣ» сулолаи Пешдодиён аз Хушанг то Гаршосп ва сулолаи Каёниён аз Ќубод то Гуштосп(Виштосп) дар Эрон(Ориёно) подшоҳӣ кардаанд.

Ориёно – (аз номи қабилаи айиря) – кишвари ориёиҳо, заминҳои соҳили чапи Сирдарё, сипас, заминҳои соҳили чапи Амударё, сарзамини имрўзаи Туркманистони ҷанубу ѓарбй, Афѓонистону Эрон.

Турон- (аз номи қабилаи туйиря) – кишвари ориёиҳо, заминҳои соҳили рости Амударё доманакўҳҳои Тиёншону Помир, Њафтруд, Казоқистон ва Урали ҷанубй.


Тоҷикон дар ҳайати давлатҳои таърихӣ

Ниёгони тоҷикон дар гузашта дар ҳайати якчанд давлатҳои таърихӣ,аз ҷумла дар давлатҳои хурду бузурги

Бохтари ќадим, Суѓд, Хоразми бузург - (Ҳазорсолаи II - I то милод) -

Ҳахоманишиён - (солҳои 550-330 то мелод),

Слевкидхо - (солҳои 321-305 то мелод),

Ашкониён- Парфия (солҳои250 то мелод -224 милоди),

Кушониён - (асрҳои I то мелод-IV мелод),

Сосонён - (солҳои 224-651),

Ҳайтолиён - (асрхои V-VI),

Уммавиён - Хилофати Араб (солҳои 651-750),

Аббосиён - Хилофати Араб (солҳои 750-1258),

Тохириён (солҳои 821-873),

Саффориён (солҳои 873-875),

Сомониён (солҳои 875-999),

Газнавиён (солҳои 998-1186),

Қарохониён (солҳои 1005-1212),

Салчуқиён (солҳои 1040-1157),

Ғуршоҳон (солҳои 1149-1215),

Хоразмшоҳиён (солҳои 1200-1220),

Чингизиён(Улуси Чагатай) (солҳои 1220-1370),

Куртҳои Ҳирот (солҳои 1245-1381),

Темуриён (солҳои 1370-1500),

Шайбониён (солҳои 1500-1599),

Аштархониён (солҳои 1599-1753),

Мангитиҳо (солҳои 1753-1920),

Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро (солҳои 1920-1924)

Ҷумҳурии Худмухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (солҳои 1924-1929)

Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (солҳои 1929-1991)

сукунат доштанд.

14 октябр соли 1924 дар натиҷаи таъиноти ҳудуди миллию давлатии ҷумҳурихои Шуравии Осиёи Миёна дар ҳайати Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Узбекистон Ҷумҳурии Худмухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки он аз вилоятхои Ғарм, Кулоб, Қургонтаппа, Ҳисор, кисман Сариосиё (аз ҳисоби Ҷумҳурии Халкии Шуравии Бухоро) ва 12 ноҳия иборат буд. Вилояти махсуси Помир, ки пештар ба хайати Ҷумҳуриии Худмухтори Шуравии Сотсиалистии Туркистон дохил мешуд, ба Вилояти Худмухтори Бадахшони Кухи табдил дода шуд ва 2 январи соли 1925 ба хайати Ҷумҳурии Худмухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳ гардид. 4 сентябри соли 1929 уезди Хучанд низ ба Тоҷикистон ҳамроҳ гардид.16/27 октябр соли 1929Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар хайати вилоятхои Бадахшон, Ғарм, Кулоб, Кургонтеппа, Уротеппа, Панҷакент, Хуҷанд ва Ҳисор ки дорои 1- миллиону 220- хазор нафар ахолӣ буданд, ташкил шуд.



Шаблон:Link FA