Силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х илова
Сатри 49: Сатри 49:
Соли 2009 чархи кории агрегати 3 иваз шуда, аз соли 2010 ивазсозии чархи кории агрегати 8 оғоз ёфтааст.
Соли 2009 чархи кории агрегати 3 иваз шуда, аз соли 2010 ивазсозии чархи кории агрегати 8 оғоз ёфтааст.

==Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1==
==Нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда-1==

НБО - и Сангтӯда-1 дар дарёи Вахш сохта шудааст. Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 - иқтидораш 670 МВт ва қудрати истеҳсолиаш 2,7 млрд. [[кВт-соат]] дар як сол аст.
НБО - и Сангтӯда-1 дар дарёи Вахш сохта шудааст. [[НБО - и Сангтӯда-1]] - иқтидораш 670 МВт ва қудрати истеҳсолиаш 2,7 млрд. [[кВт-соат]] дар як сол аст.

Бо шарофати кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Президенти ҷумҳурӣ [[Эмомалӣ Раҳмон]] соли 2004соли аз нав ба фаъолият сар кардани сохтумони нерӯгоҳҳои баркии обии [[Сангтӯда-1]] ва [[Роғун]]гардид.

Ҳангоми боздиди расмии президенти [[Федератсияи Русия]] [[Владимир Путин]] ба [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]] 16 октябри соли 2004 аҳднома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи иштироки Федератсияи Русия дар сохтмони нерӯгоҳи баркии обии [[Сангтӯда-1]] баста шуд. Мувофиқи ин аҳднома, хароҷоти умумии сохтмон – 482 млн. доллари ИМА муайян гардид. Ҳукумати Федератсияи Русия ба сохтмони нерӯгоҳи баркии обии [[Сангтӯда-1]] 250 млн. доллари ИМА саҳмгузорӣ (75% саҳмияи Федератсияи Русия ва 25% саҳмияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст) намудааст.

Сохтмони НБО [[Сангтӯда-1]] соли 2004 оғоз гардида, агрегати нахустини он соли 2008, охиринаш соли 2009 ба кор дароварда шудааст. [[НБО Сангтӯда-1 соли 2009]] пурра ба истифода дода шудааст.
Сохтмони НБО [[Сангтӯда-1]] соли 2004 оғоз гардида, агрегати нахустини он соли 2008, охиринаш соли 2009 ба кор дароварда шудааст. [[НБО Сангтӯда-1 соли 2009]] пурра ба истифода дода шудааст.

==Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда - 2==
==Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда - 2==

Нусха 15:17, 9 феврали 2012

Силсилаи НБО - ҳои Вахш

Силсила аз се нерӯгоҳ: Сарбанд. Шаршара ва Марказӣ иборат аст.

Дар НБО – и Сарбанд

НБО - се гидроагрегати иќтидорашон 45 ҳазор кВт ва се агрегети иқтидорашон 35 ҳазор кВт насб карда шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи нерӯгоҳи барқӣ 240 ҳазор кВт – ро ташкил медиҳад. Ду агрегати аввалини нерӯгоҳ соли 1962 ва 4 агрегати дигар соли 1963 ба кор дароманд.

Дар НБО – и Шаршара

НБО - и Шаршара ду агрегати иқтидорашон 10800 кВт ва як гидроагрегати иқтидораш 8350 кВт насб карда шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи нерӯгоҳ 29950 кВт – ро ташкил медиҳад. Нерӯгоҳ соли 1959 ба кор дароварда шуд.

Дар НБО –и Марказӣ

НБО - и Марказӣ ду гидроагрегати иқтидорашон 7550 кВт насб шудаанд. Иқтидори умуми муайяншудаи нерӯгоҳ 15100 кВт – ро ташкил медиҳад. Нерӯгоҳ соли 1964 ба кор даромад.

Нерӯгоҳи барқии обии Бойғозӣ

НБО - и Бойғозӣ дар дарёи Вахш сохта шудааст. Дар неругоҳи барқӣ 4 агрегати иқтидорашон 150 ҳазор кВт. насб карда шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи нерӯгоҳ 600 ҳазор кВт- ро ташкил медиҳад. Се агрегати аввалини нерӯгоҳ соли 1985 ва охиринаш – чаҳорум агрегат соли 1986 ба кор андохта шудаанд. То 1 январи соли 2010- ум НБО - и Бойғозӣ 54,3 миллиард кВт.соат барқ истеҳсол кардааст.

Нерӯгоҳи барқии обии Норак ба номи Т. Ӯлҷабоев

НБО - и Норак дар дарёи Вахш сохта шудааст. Сохтмони нерӯгоҳ соли 1961 оғоз гардида, агрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст. Дар нерӯгоҳи барқӣ 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб шудаанд.

Обанбори Норак параметрҳои зеринро дорост.

-дарозии обанбор дар сурати сатҳи максималӣ – 70 км;

-чуқурии миёна - 107 м

-фаррохӣ - 5км

-ҳаҷми умумии лоиҳавӣ – 10,5 км3

-ҳаҷми фоиданоки лоиҳавӣ – 4,5 км3;

-баландии призмаи истифодашаванда – 53 м;

-сатҳи максималии об – 910 м;

-сатҳи минималии об - 857м;

То 1 январи соли 2010 НБО - и Норак 353,6 млрд. кВт.соат нерўи барқ истеҳсол кардааст. Соли 2009 чархи кории агрегати 3 иваз шуда, аз соли 2010 ивазсозии чархи кории агрегати 8 оғоз ёфтааст.

Нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда-1

НБО - и Сангтӯда-1 дар дарёи Вахш сохта шудааст. НБО - и Сангтӯда-1 - иқтидораш 670 МВт ва қудрати истеҳсолиаш 2,7 млрд. кВт-соат дар як сол аст.

Бо шарофати кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 2004соли аз нав ба фаъолият сар кардани сохтумони нерӯгоҳҳои баркии обии Сангтӯда-1 ва Роғунгардид. Ҳангоми боздиди расмии президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли 2004 аҳднома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи иштироки Федератсияи Русия дар сохтмони нерӯгоҳи баркии обии Сангтӯда-1 баста шуд. Мувофиқи ин аҳднома, хароҷоти умумии сохтмон – 482 млн. доллари ИМА муайян гардид. Ҳукумати Федератсияи Русия ба сохтмони нерӯгоҳи баркии обии Сангтӯда-1 250 млн. доллари ИМА саҳмгузорӣ (75% саҳмияи Федератсияи Русия ва 25% саҳмияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст) намудааст. Сохтмони НБО Сангтӯда-1 соли 2004 оғоз гардида, агрегати нахустини он соли 2008, охиринаш соли 2009 ба кор дароварда шудааст. НБО Сангтӯда-1 соли 2009 пурра ба истифода дода шудааст.

Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда - 2

Нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда-2 поёнтар аз НБО Сангтӯда-1 ҷойгир шуда, бо он дар якҷоягӣ амал мекунад ва он имконияти танзими ҳаракати обро дар давоми шабонарӯз медиҳад. Иқтидори 4 агрегати НБО Сангтӯда -2 - 220 МВтмебошад. 20 феврали соли 2006 маросими сохтмони НБО Сангтӯда -2 оѓоз гардид, Мувофиқи ин аҳднома, хароҷоти умумии сохтмон 220 млн. доллари ИМА буда, 180 млн. доллари онро Ҷумҳурии Исломиии Эрон ба ўҳда гирифтааст, 40 млн. доллари дигар ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баъди ба истифода додани НБО Сангтӯда -2, ки соли 2012 дар назар дошта шудааст, Ҷумҳурии Исломии Эрон барқи НБО Сангтӯда -2- ро 12,5 сол истифода мебарад (методи «Биоти»). Баъди он НБО Сангтўда – 2 пурра ба ихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад.