Таърихи Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
Luckas-bot (баҳс | ҳисса)
х r2.7.1) (робот илова карда истодааст: ca:Història del Tadjikistan
Сатри 534: Сатри 534:


[[ar:تاريخ طاجيكستان]]
[[ar:تاريخ طاجيكستان]]
[[ca:Història del Tadjikistan]]
[[en:History of Tajikistan]]
[[en:History of Tajikistan]]
[[es:Historia de Tayikistán]]
[[es:Historia de Tayikistán]]

Нусха 06:35, 19 май 2012

Таърихи Тоҷикистон - Аҷдодони тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон зиндагй намуда халқи қадимтарини Осиёи Марказй мебошанд.Дар ҳудуди Тоҷикистони имруза қадимтарин осори ҳаёти инсон ба давраи палеолити миёна рост меояд. Дар замонҳои қадим ниёгони тоҷиконро ориёӣ мегуфтанд. Ориёӣ - аз калимаи авастоии «aria» ва эронии «ariya» баромада маънояш «тоза», «асилзода» аст. Ориёиҳо - қабилаҳои қадимтарини ҳиндуэронӣ мебошанд, ки дар аввали ҳазораи II то милод аз оилаи бузурги қабилаҳои ҳиндуаврупоиҳо ҷудо шуда ба Осиёи Марказӣ, ва охири ҳазораи II то милод ба Эрон ва Ҳиндустони Шимолӣ ҳиҷрат кардаанд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ мардуми Ориёно, Тӯрон, Бохтари қадим, Суѓд, Хоразми бузург, Порсу Мод ва Хуросон ниёгони ориёӣ номбар шудааст. Ба ориёиҳои бостонӣ имруз: тоҷикон, эрониҳо, ҳиндуҳо, курдҳо, балуҷиҳо, тотҳо, паштуҳо, осетинҳо ва дигар халқҳо мансубанд.

Солномаи таърихи тоҷикон

Ҳазорсолаи IV - II то милод - Саразм шаҳраки бостониест, ки назди ш. Панҷакент вокеъ аст. Мавҷудияти Саразм ба давраи энеолит ва биринҷӣ мутобиқ карда мешавад.

Ҳазорсолаи II - I то милод - Қадимтарин давлатҳои ғуломдории Осиёи Марказӣ: Ориёно, Турон, Бохтари қадим, Суғд, Хоразми бузург.

Солҳои 550 – 330 то милод - ҳукумронии шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо, ки дар ҳайъати он Бохтар, Суғд, Хоразм ва сарзамини қабилаҳои сакои дохил мешуданд. Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо - аввалин империяи эронинажод дар тамаддуни олам аст.

Соли 522 то милод - шўриши мардуми Марғиён бо сарварии Фрада зидди Дорои I Ҳахоманишӣ.

Солҳои 329 - 327 то милод - забткориҳои Искандари Мақдунӣ (юнону маќдуниён) дар Осиёи Миёна.

Солҳои 329 - 328 то милод - шўриши озодихоҳии мардуми Суғд бо сарварии Спитамен, ба муқобили Искандари Маќдунӣ. Дар ҷумҳури ба шарафи Спитамен ордени давлатӣ ва номи яке аз ноҳияҳо гузошта шудааст.

Солҳои 250 то милод – соли 224 милодӣ - солҳои мавҷудияти Давлати Порт(Парфия). Шоҳаншоҳии форсизабони сулолаи Ашкониён, ки бо империяи Рум ва Чин робитаҳои мутақобилаи дипломатӣ дошта буд.

Охири асри II-и то милод - асри IV милодї - Шоҳаншоҳии форсизабони Кушониён. Дар давраи ҳукумронии Канишка (охири асри I – ибтидои асри II) забони бохтарӣ (эронии шарќӣ) ба забони давлатии кушониён табдил ёфтааст.

Асри II-и то милод - ташаккули Роҳи бузурги абрешим, ки ҳамчун василаи пайвасткунандаи кишварҳои Шарќу ғарб хизмат мекард. Ба воситаи ин роҳи корвонгузар, ки аз Чин ба воситаи Осиёи Марказӣ то ба Рум тӯл мекашид хариду фуруши тичоратӣ ва робитаҳои мутаќобилаи фарҳангӣ ба амал меомад.

224 – 651 - солҳои мавҷудияти Давлати Сосониён. Шоҳаншоҳии форсизабони сулолаи Олӣ Сосон. Дар замони давлатдори Сосониён дини задуштӣ ба дараҷаи дини давлатӣ расид, китоби «Авасто» ҷамъ оварда шуд, идҳои Наврӯз ва Меҳргон ҷашнҳои умумихалќӣ гардиданд.

Солҳои 80-90 асри IV – асри VI - солҳои мавҷудияти давлати форсизабони Ҳайтолиён.

570 - 632 - Солҳои зиндагии пайғамбар Муҳаммад (с.а.с) - асосгузори дини ислом ва давлати ягонаи араб - Хилофати араб.

705 – 737 - солҳои аз тарафи арабҳо забт намудани Мовароуннаҳр.

720 – 783 - солҳои ҳаракати халқӣ-озодихоҳӣ, ба муқобили забткорони араб бо сарварии Диваштич(720-722), Абўмуслим(747-750), Сумбоди Муг(755) Муќаннаъ(776-783).

асри YIII – паҳншавии дини ислом дар Осиёи Марказӣ.

819999 - солҳои ҳукумронии сулола ва ё Давлати Сомониён - аввалин давлати соҳибистиқлоли миллии тоҷикон.

Ташаккули халқи тоҷик дар замони давлатдории Сосониён (с. 224 - 651) сар шуда, дар аҳди Сомониён (с. 819 - 999) ба итмом расидааст.

1150 - 1215 – солҳои мавҷудияти Давлати Ѓуршоҳон, давлати дуюми соҳибистиқлоли тоҷикон дар Хуросон.

1245-1381- солҳои мавҷудияти Давлати Куртҳои Хирот, давлати сеюми тоҷикон дар Хуросон.

1336-1381 солҳои мавҷудияти Давлати Сарбадорони Сабзавор - давлати чаҳоруми соҳибистиқлоли тоҷикон дар Хуросон.

1365 – 1366 - солҳои шўриши сарбадорони Самарқанд зидди муғулҳо, таҳти сарварии Мавлонозода.

Солҳои 60-ўми асри XIX – соли 1895 - аз тарафи Русияи подшоњӣ забт намудани Осиёи Миёна. Соли 1867 – таъсисёбии Генерал-губернатории Туркистон.

Нимаи дуюми асри XIX – солҳои ташаккулёбии афкори маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна

Соли 1888 – шўриши деҳқонон бо сарварии Восеъ зидди зулми амири Бухоро дар Балҷувон

Охири асри XIX - аввали асри XX- ба вуҷуд омадани ҳаракати ҷадидӣ дар Осиёи Миёна.

11 марти соли 1912 - 2 январи соли 1913 – нашри аввалин рўзномаи форсӣ - тоҷикӣ - «Бухорои Шариф» аз ҷониби ҷадидони Бухоро. 11 март њамчун «Рўзи матбуот» дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Соли 1916 - шўриши мардуми Осиёи Миёна ба муқобили сиёсати мустамликавии Русияи подшоҳӣ.

25 октябри соли 1917 - ѓалабаи Инқилоби сотсиалистии Октябр ва бунёди Ҳокимияти Шўравӣ дар Русия.Ноябри с. 1917-1918 – солҳои барпо намудани Ҳокимияти Шўравӣ дар қаламрави имрўза Тоҷикистони Шимолӣ. Соли 1919 - барпо намудани Ҳокимияти Шўравӣ дар қаламрави Бадахшон.

2 сентябри соли 1920 - сарнагун намудани ҳукумати амир дар Бухоро. Ташкилёбии Ҷумҳурии Халкии Шўравии Бухоро.

Феврал – июни соли 1921 - барпо намудани Ҳокимияти Шўравӣ дар Бухорои Шарки (ќаламрави имрўза Тоҷикистони Марказӣ ва ҷанубӣ).

Ноябри с. 1917-1918 – солҳои барпо намудани Ҳокимияти Шўравӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшон.

2 сентябри соли 1920 - сарнагун намудани ҳукумати амирӣ дар Бухоро. Ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро.

Солњои 1921-1923 – ављи ҳаракати зиддишўравӣ дар Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ.

14 октябри соли 1924 - ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шўравии сотсиалистии Тоҷикистон.

16 октябри соли 1929 - ташкилёбии Ҷумҳурии Шўравии сотсиалистии Тоҷикистон. Мубаддал гардидани Ҷумҳурии Мухтори Шўравии сотсиалистии Тоҷикистон ба ҷумҳурии иттифоқӣ- ҶШC Тоҷикистон.

Солњои 1929, 1931, 1937, 1978 – қабули Конститутсияҳо дар ҶШC Тоҷикистон.

Солњои 1928-1930 - гузаштан аз ҳуруфоти форсии тоҷикӣ ба ҳуруфоти лотинӣ ва солҳои 1939-1940 аз ҳуруфоти лотинӣ ба кирилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

22 июни соли 1941 - 9 майи соли 1945 - солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муқобили фашистони Олмон ва иттифоқчёни он. 54 нафар аз ҷанговарони Тоҷикистон ба унвони Каҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ сазовор шудаанд.

Соли 1951 - бунёди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввалин президенти он Садриддин Айнӣ буд.

Соли 1961 - оѓози сохтумони Нерўгоҳи барқии обии (ГЭС)-и Норак. Соли 1972 - агрегати 1-ўм ва соли 1979 агрегати охирин – 9- ўми НБО - Норак ба кор даромад.

Соли 1975 - оғози кори заводи арзии (алюминии) тоҷик дар ш. Турсунзода.

22 июли соли 1989 ва 5 октябри соли 2009 - қабул гардидани Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба забони тоҷикӣ дода шудани мақоми давлатӣ.

9 сентябри соли 1991 - эълон гардидани Истиқлолияти Давлатии Тоҷикистон дар Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 9 сентябр - «Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

21 декабри соли 1991 - аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақид (ИДМ-СНГ) гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2 марти соли 1992 - аъзои Созмони Миллали Муттаҳид (СММ - ООН) гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5 майи соли 1992 - 27 июни соли 1997 – солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Зарари иқтисодии ин ҷанг зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.

16 ноябр - 2 декабри соли 1992 - баргузории иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Хўҷанд. Дар он, 19 ноябри соли 1992 Эмомалии Раҳмон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

6 ноябри соли 1994 - дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ [[Конститутсияи (Сарқонуни)Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба он таѓийроту иловаҳо ворид карда шуд. 6 ноябри соли 1994 Эмомалии Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

27 июни соли 1997 - баъди 8 даври гуфушуниди (с-и 1994-1997) байни тоҷикон(байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин), дар ш. Москва, аз ҷониби Президенти Ҷумхурии Тољикистон Эмомалии Раҳмон ва сарвари мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии истиќрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» имзо гардид. 27 июн - «Рўзи Ваҳдати миллӣ» дар Тоҷикистон.

4 июни соли 1997 - 1 апрели соли 2000 - фаъолияти Комиссияи Оштии Миллӣ. Дар КОМ 26 нафар (13 нафар аз ҷониби ҳукумат ва 13 нафар аз мухолифини тоҷик) аъзо буданд. Комиссия санадҳои Созишномаи умумии сулҳ аз 27 июни соли 1997- ро амалӣ намуд.

6 ноябри соли 1999, 6 ноябри соли 2006 - Интихоби такрории умумихалқии Эмомалии Раҳмон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

27 феврали соли 2000 – баргузории интихобот ба Маҷлиси Намояндагон ва 23 марти соли 2000 - интихобот ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ташкилёбии парламенти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

30 октябри соли 2000 - ба муомилот баромадани пули миллӣ - «сомонӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

15 июни соли 2001 – аъзои Созмони Хамкории Шанхай гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2005 – 2009 – сохтумон ва ба истифода супоридани НБО Сангтуда – 1 (670 МВТ)бо ҳамроҳии Федератсияи Русия.75% саҳмияҳо аз Русия («ЕЭС Русия») ва (25%) аз Ҳукумати Тоҷикистон аст. 20 январи соли 2008 агрегати якўм ва июли соли 2009 агрегати охирин – чаҳоруми НБО Сангтўда – 1 ба кор дароварда шуд.

соли 2008 – Идомаи сохтумони НБО Роғун бо иқтидори 3600 мВт.

Солҳои 2006 - 2011 - таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Айнӣ– Шаҳристон – Истравшан – Хӯҷанд – Бӯстон – Чанак (сарҳади Ўзбекистон) , ки 411 км дарозӣ дорад;

- Роҳи автомобилгарди Душанбе – Ҷирғатол - Саритош (Ќирғизистон);

- тоннелҳои автомобилгарди «Истиќлол» дар ағбаи Анзоб ва "Шаршар", ки ноҳияҳои шимоливу ҷанубии ҷумҳуриро ба ҳам пайвастанд;

- сохтумони хати баландшиддати барқии «Ҷануб – Шимол» (ЛЕП – 500кВт) , ки 350 км. дарози дорад;

- сохтумони хати баландшиддати барқии «Лолазор – Хатлон» (ЛЕП – 220кВт) .

- 20 феврали соли 2006 - оғоз гардидани сохтумони НБО Сангтўда – 2, ки иқтидораш - 220 мВт мебошад. Сентябри соли 2011 агрегати якўм ба истифода дода шуд ва бахори соли 2012 агрегати охирин – дуюми НБО Сангтўда – 2 ба истифода дода мешавад. Ҷумҳурии Исломии Эрон, баъди ба истифода додани,нерўгоҳ, барки онро 12,5 сол истифода мебарад. ( методи «Биоти» меноманд). Баъди ба итмом расидани 12,5 сол, истифодаи барки НБО Сангтўда – 2 пурра ба ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад.[1][2][3]

  1. История таджикского народа. Том 6.(1941 - 2010) - Душанбе,2011.
  2. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарси). – Душанбе,2011.
  3. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик.Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010,- с.4-10.

Муқаддасоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Нишони давлатӣ - 28 декабри с. 1993;

Парчам - 24 ноябри с. 1992;

Суруди Миллӣ - 7 сентябри с. 1994;

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6 ноябри с. 1994.

Давраи Авестоӣ

Авесто (маънояш «асос», «дастур»,«дониш») - қадимтарин сарчашмаи таърихии хаттӣ ва китоби муқаддаси зардуштиён аст, ки дар асрҳои VII то милод - VI милодӣ ташаккул ёфта, то асри VI милодӣ, замони давлатдории Сосониён ҷамъ оварда шудааст. «Авасто» аз 21 наск, яъне китоби алоҳида иборат аст, ки то ба мо чаҳоряки он расидааст. Дар он таълимоти динии Зардушт ва дигар маводҳои таърихӣ, мансуб ба ҳамон давр гирд оварда шудааст. Дар Авесто ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ кишвари қадимаи сукунати тоифаҳои ориёӣ Айиряна Ваеҷаҳ номбар шудааст.

Айиряна Ваеҷаҳ, Орёвиҷ (аз заб. авестоӣ – «фазо, ё доманаҳои Ориё») – маҳалли қадимаи сукунати тоифаҳои ориёӣ. Дар ҳазорсолаи II то милод аз ҳудуди имрузаи Урали Чанубӣ, Казокистон, Туркистони Чин дар Шимол то водиҳои Осиёи Осиёи Миёна, Эрони Шарқӣ ва Афгонистон дар Чануб ҷойгир щуда буд.

Дар замонҳои қадим ниёгони тоҷиконро ориёӣ мегуфтанд. Имрўз ба ориёиҳо: тоҷикон, эрониҳо, ҳиндуҳо, курдҳо, балуҷиҳо, тотҳо, паштуҳо, осетинҳо ва дигар халқҳо мансубанд. Ориёӣ - аз калимаи авастоии «aria» ва эронии «ariya» баромада маънояш «тоза», «асилзода» аст.

Ќабилаҳои ориёӣ - номи қабилаҳои қадимтарини ҳиндуэронӣ мебошад, ки дар аввали ҳазораи дуюми то милод аз ҳиндуаврупоиҳо ҷудо шуда ба Осиёи Марказӣ, ва охири ҳазораи дуюми то милод ба Эрон ва Ҳиндустони Шимолӣ ҳиҷират кардаанд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ мардуми Ориёно, Тӯрон, Бохтари ќадим, Суѓд, Хоразми бузург, Порсу Мод ва Хуросон аҷдодони «ориёӣ» номбар шудааст.

Дар Авесто ду кишвари таърихӣ Ориёно ва Турон номбар гардидааст, ки онҷо сулолаи Пешдодиён ва Каёниён ҳукумрон буданд.

Пешдодиён ва Каёниён – аввалин сулолаҳои подшоҳии ориёӣ, ки дар Осиёи Марказӣ дар охири ҳазораи III ва II то милод ҳукмронӣ кардаанд. Мувофиқи сарчашмаҳои қадим китобњои «Авасто», «Шоҳнома»-и А. Фирдавси, «Таърихи Табарӣ» сулолаи Пешдодиён аз Хушанг то Гаршосп ва сулолаи Каёниён аз Ќубод то Гуштосп(Виштосп) дар Эрон(Ориёно) подшоҳӣ кардаанд.

Ориёно – (аз номи қабилаи айиря) – кишвари ориёиҳо, заминҳои соҳили чапи Сирдарё, сипас, заминҳои соҳили чапи Амударё, сарзамини имрўзаи Туркманистони ҷанубу ѓарбй, Афѓонистону Эрон.

Турон- (аз номи қабилаи туйиря) – кишвари ориёиҳо, заминҳои соҳили рости Амударё доманакўҳҳои Тиёншону Помир, Њафтруд, Казоқистон ва Урали ҷанубй.

Тоҷикистон дар ҳайати давлатҳои таърихӣ

НОМИ ДАВЛАТҲО/ Пойтахт СУЛОЛАҲО / ШОҲОН ДАВРАИ МАВҶУДИЯТИ ДАВЛАТДОРӢ МАВҚЕИ ГЕОГРАФӢ (МАРЗҲО)
Бохтар, ш. Бактра, Бахди (Балх) Асрхои IX – VI то милод Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ, Ўзбекистони ҷанубу ғарбӣ, Афғонистони шимолӣ
Суғд, ш. Мароқанд (Самарқанд); Асрхои IX – VI то милод Водихои Зарафшон ва Қашқадарё
Хоразм, ш. Киат Асрхои IX – VI то милод Ўзбекистони шимолӣ, резишгоҳи Амударё, Қирғизистони ҷанубу ғарбӣ
Фарғона (Даван), ш. Асхикат Шоҳ Мугия Асрҳои II – I то мелод Водии Фарғона
Кирпанд Асрхои II – I то мелод Чин (Хитой) – и шимолу ғарбӣ
Шоҳаншохии Ҳахоманишихо, ш. Персеполис Куруши Кабир – Куруши II (с. 559 – 530 то мелод), Камбизи II (с. 530 – 522 то м.), Дорои I (с. 522 – 486 то м.), Дорои II (c. 423 – 404 то м.) ва диг. Солҳои 550 – 330 то мелод Осиёи Хурд ва Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистони шимолӣ, Ҳиндустони шимолу ғарбӣ
Порт (Парфия), ш. Нисса Шоҳаншоҳии сулолаи Ашкониён Аршак (с. 256 то м.) ва диг. Миёнаи асрхои III – II то мелод – то с. 224 мелод Эрони ғарбӣ, Мидия, ғарби Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Ҳиндустони шимолӣ
Юнону Бохтар, ш. Бактра, Бохтар (Балх) Диодот, (с. 256 то м) ва диг. Солхои 256 – 120 то мелод Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Ҳиндустони шимолу ғарбӣ
Шоҳаншохии Кушониён, ш. Пурушапура (Пешовар) Куджула Кадфиз I Вима Кадфизи II Канишка ва диг. Асрҳои I – IV мелод Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Ҳиндустон, шимолу ғарбии Чин
Давлати Сосониён, ш. Ктесифон, Шуш Ардашери Бобакон (с. 224 - 242), Шопури I (с. 242 - 272), Шопури II (с. 309 - 379), Баҳроми Гур (с. 421 – 439), Хусрави I Анушервон (с. 531 – 579), Хусрави Парвиз I (с. 591 – 628) ва диг. Солҳои 224 – 651 Эрон, Осиёи Марказӣ. Афағонистон, Кавкази ҷанубӣ
Давлати Ҳайтолиён Готифар, Хушнавоз, Ахшунвар ва диг. Аз солҳои 80 – 90 асрҳои IV то VI Осиёи Марказӣ, Туркистони шарқӣ, Афғонистон ва Ҳиндустон
Ҳукумронии Хилофати Араб дар Хуросону Мовароуннаҳр, ш. Димишқ, Бағдод, Нишопур сулолаи Уммавиён (с. 661 - 750) ва Аббосиён (с. 750 - 1258) солҳои 715 - 892 Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон
Давлати Тоҳириён Пойтахт – ш. Нишопур Тоҳир ибни Ҳусейн (с. 821 - 822), Талха ибни Тоҳир (с. 822 - 828), Абдулло ибни Тоҳир (с. 828 - 844), Тоҳири II (с. 845 - 862), Муҳаммад (с. 862 - 873) Солхои 821 - 873 Хуросон, Эрон ва Афғонистони шимолӣ
Давлати Саффориён Пойтахт – ш. Нишопур Ёқуб ибни Лайс (с. 873 - 879), Амр ибни Лайс (с. 879 - 903); Солхои 873 - 900 Хуросон, Эрон ва Афғонистони шимолӣ
Давлати Сомониён Пойтахт – ш- ҳои Самарқанд, Бухоро Асад ибни Сомон, Нӯҳ ибни Асад (с. 819 - 841), Аҳмад ибни Асад (с. 841 - 864), Насри ибни Аҳмад (с. 864 - 892), Исмоил ибни Аҳмад (с. 892 - 907), Аҳмад (с. 907 - 914), Нари II (с. 914 - 943), Нӯҳ 1 (с. 943 - 954) Солхои 819 - 999 Аз Хоразм, Исфиҷоб ва Ҳафтруд дар шимол то Ғазнаву Сиистон дар ҷануб, аз баҳри Каспий дар ғарб то Помиру Олой дар шарқ
Давлати Ғуриён. Пойтахт ш –ҳои Фирӯзкӯҳ ва Ғазна Алоуддин Ҳусейн (с. 1150 - 1163), Муизуддин ва Ғиёсиддин Муҳаммад (с. 1163 - 1203), Шахобиддин Мухаммад (с. 1203 - 1206); Ибтидои асри 1150 – 1215 Солҳои 1150 - 1215 Эрони шарқӣ, Афғонистон, Ҳиндустони шимолӣ
Давлати Куртҳои Ҳирот. Пойтахт – ш. Ҳирот Шамсиддин Муҳаммад (с. 1245 - 1278), Рукниддин (с. 1278 - 1291), Шамсиддин Кехин (с. 1291 - 1307), Малик Фахриддин (с. 1330 - 1370) ва диг. Солҳои 1245 – 1381 Афғонистон
Давлати Музаффариҳо. Пойтахт – ш. Исфаҳон Муборизиддин Муҳаммад ибни ал – Музаффарӣ (с. 1314 - 1358) ва диг. Солҳои 1314 – 1393 Эрон – Исфаҳон, Кирмон, Форс, Язд
Давлати Сарбадорони Сабзавор Пойтахт – ш. Сабзавор Амануддин Абдураззоқ (1336 - 1338) ва диг. Солҳои 1336 - 1381 Эрони Шарқӣ
Ҳоконии Турк (аз соли 603 Ҳоқонии Туркони ғарбӣ) Бумон (с. 551 - 553), Мухон (с. 553 - 572) ва диг. Солҳои 551 – 744 Осиёи Хурд, Осиёи Марказӣ, Туркистони шарқӣ, Афғонистон
Давлати Газнавиён Пойтахт – ш. Ғазна Алптегин (с. 963 - 997), Сабуктегин (с. 977 - 998), Султон Маҳмуд (с. 998 - 1030), Масъуд I (с. 1030 - 1041) ва диг. Солҳои 963 – 1186 Афғонистон, Ҳиндустони шимолу ғарбӣ, Точикистони ҷанубӣ (Чағониён), Хоразм, Исфаҳон, Райи Эрон
Давлати Қарахониён. Пойтахт – ш. Узганд Бугрохон, Наср ибн Алӣ ва диг. Солҳои 999 - 1212 Узбекистон (Фарғона, Термез, Хоразм), Тоҷикистон (Хатлон, Вахш)
Давлати Салҷукиён Пойтахт – ш. Марв Тоғралбек (с. 1038 - 1063), Алп Арслон (с. 1063 - 1072) Солҳои 1040 - 1157 Дар ғарб аз соҳили баҳри Миёназамин то Кашғари Чин дар шарқ, аз баҳри Аралу Каспий то халиҷи Форс
Давлати Хоразмшоҳиён Пойтахт – ш. Урганҷ Отсиз (с. 1127 - 1153), Алоуддин Текеш (с. 1172 - 1200), Муҳаммад (с.1200 – 1220) ва диг. Солхои 1097 - 1220 Дар шимол аз баҳри Аралу Каспий то халиҷи Форс дар ҷануб аз куҳҳои Кавказ дар ғарб то Ҳиндукуш дар шарқ
Давлати Чингизиён (улуси Чағатой) Чингизхон (с. 1206 - 1227), Уктой (с.1229 - 1241) Гуюкхон (с. 1246 – 1248) ва диг. Солхои 1220 - 1370 Муғулистон, Ҳафтруд, Хоразм, Осиёи Марказӣ, Олтой ва Чин
Давлати Тимур ва Темуриён Пойтахт ш - ҳои Самарқанд, Ҳирот Темур (с. 1370 - 1405), Шоҳрух (с. 1405 - 1447), Улуғбек (с. 1411 - 1447), Абусаид (с. 1451 - 1469) ва диг. Солхои 1370 - 1500 Дар ғарб аз соҳили баҳри Миёназамин то Кашғари Чин дар шарқ, аз Дашти қипчоқ дар щимол то соҳили Ганга дар ҷануб
Давлати Шайбониён. Пойтахт – ш- ҳои Самарқанд, Бухоро Муҳаммад Шайбонихон (с. 1499 - 1510) ва диг. Солхои 1500 - 1599 Осиёи Марказӣ, Туркистони шарқӣ, Афғонистони шимолӣ
Давлати Аштархониён Пойтахт – ш. Бухоро Сулолаи Ҷониён Боқимуҳаммад (с. 1599 - 1605) ва диг. Солхои 1599 - 1747 Осиёи Марказӣ, Туркистони шарқӣ, Афғонистони шимолӣ
Аморати Бухоро Пойтахт – ш.Бухоро Сулолаи манғитиён Муҳаммад Раҳимбий (с. 1753 - 1758) ва диг. Амири охирон Саид Олимхон (с. 1910 - 1920) Солхои 1753 – 1920 Ўзбекистони Марказӣ ва ҷанубӣ, Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ, Туркманистони шарқӣ


  • Манбаъ: Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010

Номгузориҳои таърихӣ-ҷуғрофӣ

Айиряна Ваеҷаҳ, Орёвиҷ (аз заб. авестои – «фазо, ё доманаҳои Ориё») – маҳалли қадимаи сукунати тоифаҳои (кишвари) ориёиҳо.

Ориён – (аз номи қабилаи айиря) – кишвари ориёиҳо, заминҳои соҳили чапи Сирдарё, сипас, заминҳои соҳили чапи Амударё, сарзамини имрўзаи Туркманистони ҷунубу ғарбӣ, Афғонистону Эрон.

Турон - (аз номи қабилаи туйиря) – кишвари ориёиҳо, заминҳои соҳили рости Амударё доманакўҳҳои Тиёншону Помир, Ҳафтруд, Ќазоќистон ва Урали ҷанубӣ.

Окс (аз лотинӣ), ҷайҳун(аз арабӣ) – Амударё.

Яксарт(аз лотинӣ), Сайҳун(аз арабӣ) – Сирдарё.

Хуросон – кишварест, ки аз асри III-IV дар давлати Сосониён мавриди истифода қарор гирифта дар маънои васеи калима сазамини Эрону Афғонистони имрўза ва Вароруд-Мовароуннаҳрро, ки сокинонаш форсизабон буданд дар назар дошт. Минбаъд ин истиллоҳи ҷуғрофӣ ба сарзамини соҳили чапи дарёи Аму-Вахш, имрўза Туркманистони ҷанубӣ, Эрони шарќӣ ва Афғонистон низ нисбат дода мешавад.

Вароруд (Варазруд) – сарзамини байни дарёҳои Аму ва Сир. Номгузории форсии кишвар то забти арабҳо.

Мовароуннаҳр (аз заб. араби – «он сўи дарё» - и Аму) – кишварест дар қисми рости Амударё, имрўза Тоҷикистон, Ўзбекистон, Туркманистони щарқӣ ва Ќирғизистон, ки дар асри YIII аз тарафи Хилофати Араб забт шудааст.

Аҷам – кишвари аҳолиаш форсизабон, яъне Хуросон ва Мовароуннаҳр.

Тахористон – мамлакатест, ки дар ду соҳили дарёи Панҷ ҷойгир буд, сарзамини имрўзаи Афғонистони шимолӣ, Тоҷикистону Ўзбекистони ҷанубӣ.

Чағониён – мулкест дар поёноби дарёи Чағонруд (Сурхондарё).

Ќубодиён - мулкест дар соҳили ҷанубии дарёи Ромид (Кофаниҳон).

Вахш – мулкест дар водии дарёи Вахшаб (Вахш).

Хуттал - мулкест дар водии байни дарёи Вахш ва Панљ бо шаҳрҳои бостонии Хулбук ва Мунк. Дар асри IX ба ҳайати Хуттал мулкҳои Ќабодиён, Вашгирд ва Вахш тобеъ буданд.

Вашгирд – мулкест дар болооби дарёи Кофарниҳон, сарзамини имрўзаи ноҳияи Файзобод.

Рашт – мулкест дар водии Ќаротегин, сарзамини имрўзаи гурўҳи ноҳияҳои Рашт.

Кумед - мулкест дар болооби дарёи Вахш, сарзамини имрўзаи ноҳияҳои Дарвоз, Ванч ва Бадахшони шимолӣ.

Каран - мулкест дар сарзамини имрўзаи ноҳияи Дарвоз.

Вахон - мулкест дар водии Вахондарё, сарзамини имрўзаи ноҳияи Ишкошим.

Шикинан - мулкест дар, сарзамини имрўзаи ноҳияи Шуғнон.

Бадахшон - мулкест дар соњили ғарби ва шарқии дарёи Панҷ , музофоти имрўзаи Бадахшони Афғонистон.

Шуман - мулкест дар байни дарёи Кофарниҳон ва Хонаќои водии Ҳиссор.

Аҳорун - мулкест дар ду тарафи дарёи Ќаротоғи водии Ҳиссор.

Фарғона - мулкест дар водии Фарғона, ки дар сарзамини имрўзаи Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Ќирғизистон ҷойгир аст.

Истаравшан - мулкест дар байни Сирдарё дар шимол ва ќаторкўҳи Ҳиссор дар ҷануб ҷойгир шудааст. Сарзамини имрўзаи ноҳияҳои Истаравшан ва Шаҳристон.

Шош ва Элок - мулкест дар байни дарёи Чирчиқ ва Элок, дар имрўза вилояти Тошканди Ўзбекистон

Исфиҷоб - мулкест дар водии дарёи Арыси Ќирғизистон.

Кеш - мулкест дар водии Ќашқадарё, дар имрўза вилояти Шаҳрисабзи Ўзбекистон.

Хоразм – мулкест, ки дар асрҳои миёна дар резишгоҳи Амударё ҷойгир буд. Сарзамини имрўзаи вилояти Хоразми Ўзбекистон.

Марв - мулкест дар водии дарёи Мурғоби имрўза Туркманистони ҷанубӣ.

Ҳирот - мулкест дар болоби дарёи Ҳарируди имрўза Афғонистони шимолу ғарбӣ.

Ғур - мулкест дар болоби дарёҳои Ҳарируд ва Ҳилманд, дар имрўза Афғонистони шимолӣ.

Балх - мулкест дар соҳили ғарбии дарёи Панҷ, музофоти имрўзаи Балхи Афғонистон.

Ҷузҷон - мулкест дар водии дарёи Шибирғони имрўза Афғонистони шимолӣ.

Туркистон – дар асрҳои миёна зери ин номгузорӣ сарзамини қисми шимолии Сирдарё то доманакўҳҳои Олтой дар назар дошта мешавад.

Туркистони шарќӣ - сарзамини имрўзаи қисми шимолу шарқии Хитой(Чин).

Дашти Ќипчоқ - сарзамини имрўзаи даштҳои Ќазоқистон, Сибири ҷанубӣ ва дашту доманакўҳҳои Олтой.

Бухорои Шарќӣ - сарзамини имрўзаи Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ, ки дар асрҳои XYIII ва ибтидои XX ба ҳайати аморати Бухоро дохил буданд.

Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1924. Душанбеи имрўза аз руи бозёфтҳои бостоншиносон аз асрҳои XV – XVI арзи ҳастӣ намудааст.

Осиёи Миёна – истилоҳоти ҷуғрофие, ки дар асри XX нисбати ҷумҳуриҳои шўравии Тоҷикистон, Ўзбекистон, Туркманистон ва Ќирғизистон истифода бурда мешуд.

Осиёи Марказӣ - истилоҳоти ҷуғрофие, ки дар асри XXI нисбати сарзамини имрўзаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ўзбекистон, Туркманистон, Ќирғизистон ва Ќазоќистон истифода бурда мешавад. Дар маънои васеи калима, инчунин Афғонистон, Эрон ва Покистон дар назар дошта мешавад.[1]

  1. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик.Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010

Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ

14 октябр соли 1924 дар натиҷаи таъиноти ҳудуди миллию давлатии ҷумҳурихои Шуравии Осиёи Миёна дар ҳайати Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Узбекистон Ҷумҳурии Худмухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки он аз вилоятхои Ғарм, Кулоб, Қургонтаппа, Ҳисор, кисман Сариосиё (аз ҳисоби Ҷумҳурии Халкии Шуравии Бухоро) ва 12 ноҳия иборат буд. Вилояти махсуси Помир, ки пештар ба хайати Ҷумҳуриии Худмухтори Шуравии Сотсиалистии Туркистон дохил мешуд, ба Вилояти Худмухтори Бадахшони Кухи табдил дода шуд ва 2 январи соли 1925 ба хайати Ҷумҳурии Худмухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳ гардид. 4 сентябри соли 1929 уезди Хучанд низ ба Тоҷикистон ҳамроҳ гардид.16/27 октябр соли 1929 Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар хайати вилоятхои Бадахшон, Ғарм, Кулоб, Кўргонтеппа, Уротеппа, Панҷакент, Хўҷанд ва Ҳисор ташкил шуд.

Ҷумхуриҳои нав ташкилёфтаи Иттиҳоди Шӯравӣ, аз чумла ҶШС Тоҷикистон аз рўи намунаҳои умумииттифоқй идора мешуданд. Дар маънавиёти мардуми кишвар тағйироти нав ба амал омад. Айни замон бисёр анъанаҳои халқҳои мухталифи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон дар замони ҳукуматдории шуравӣ ба инобат гирифта намешуданд. Дар Тоҷикистон идеологияи коммунистӣ ҳукумрон гардида, дини ислом ба зери таъқиб қарор гирифта буд, Қисми мардуми кишвар тартибу низоми шуравиро рад намуда бо Ҳукумати шуравӣ ҷангиданд (ҷанги шахрвандии с. 1918-1924). Аммо ба максад нарасида Ватани бобоияшонро тарк намуданд. Дар солхои 30-40 асри XX асосҳои нави истеҳсолоти саноатй дар ҶШС Тоҷикистон гузошта шуданд. Дар деҳот коллективонии хочагидории деҳқонӣ анчом ёфта, боиси аз байн рафтани деҳқонони мустақил гардид. Инқилоби мадани ба ҳаёти тоҷикон мактабҳои навъи шурави ( мактаби махви бесаводии калонсолон, кудакистон, мактаби миёнаи наврасон, мактаб-интернат, омузишгохи касби, мактаби оли) муассисаҳои илмиву фарҳанги (театр, китобхона, клуб, чойхонаи сурх-кироатхона, музей, боги истироҳат, кинотеатр, варзишгоҳ)- ро ворид намуд. Тоҷикистон комилан ба комплекси ягонаи умумииттифоқии хоҷагии халқ ҳамроҳ шуда, пурра тобеи Марказ (Иттиҳоди Шӯравӣ) гардид.

Солҳои 50-80 асри XX баъд аз ба сари давлат таъин гардидани сарварони таҳҷойи ба монанди Б. Ғафуров, Т. Улҷабоев, Ҷ.Расулов ва Қ.Махкамов иқтисодиёти Тоҷикистон рушд меёфт. Точикистон ба мамлакати хоҷагидориаш индустриалӣ - аграрӣ табдил ёфт, фархангу санъатӣ миллӣ эҳё гардид. Сатҳи зиндагии мардум баҳтар мегардид. Вале, бо вуҷуди он, Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳурихои шӯравӣ аз ҷиҳати таъмини манзили истиқомат, музди миёнаи маош, муассисаҳои илмӣ маориф, фарханг, шумораи бекорон ва диг. дар ҷойи охирон қарор дошт. Иқтисодиёти Тоҷикистон асосан барои таъмини корхонаҳои марказии Иттиходи Шўравӣ бо ашёи хом (неруи барқ, пахта, канданиҳои фоиданок, уран ва диг) нигаронида шуда буд. 24 августи соли 1990 ичлосияи дуюми Шўрои Олии ҶШС Точикистон, Эъломияи истиқлолияти Ҷумхурии Шўравии сотсиалистии Тоҷикистон дар хайати Иттиҳоди Шӯравӣ қабул намуд. Дар давраи мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (солҳои 1924 - 1991) халки тоҷик аз нав тамаддуну фарҳанг ва забони форсӣ-тоҷикиро дар каламрави хещ эҳё намуд. Сутуни ояндаи давлатдории соҳибистиқлоли Точикистон гузошта шуд. Пас аз "табадуллот"-и (ГКЧП)коммунистони тундрав 19-21 августи соли 1991 дар Москва, ки бемуваффақият анҷом ёфт, Шўрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 "Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Точикистон" қарор қабул намуд.

Истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон

Ҷумхурии Тоҷикистон хамчун давлати сохибихтиёр, демократӣ, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона 9 сентябри соли 1991 арзи вуҷуд кардааст.

Чумхурии Тоҷикистонро Президент сарварй мекунад. Президенти Тоҷикистон Сарвари давлат ва Хукумат буда аз ҷониби шаҳрвандони ҷумхурй ба тарзи овоздихии умумй интихоб мешавад.

Макоми олии намояндагй ва конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон Мачлиси Олй мебошад, ки аз ду палата – мачлиси Миллй ва Намояндангон иборат аст.

Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз сарвазир, муовинон, вазирон ва раисони кумитахои давлатй ташкил ёфтааст.

Конститутсия (Сарконуни) Ҷумхурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуда, 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба он тағйироту иловаҳо дохил карда шуданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 1991- аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустаќил (ИДМ-СНГ) 2 марти соли 1992 - аъзои Созмони Миллали Муттаҳид (СММ - ООН) 15 июни соли 2001 – аъзои Созмони Хамкории Шанхай ва зиёда аз 50 ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад.


Таърихи мухтасари кишвар

Аҷдодони тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон ва дигар чумҳуриҳои Осиёи Маркази сукунат доштанд. Соли 1980 дар вилояти Кўлоб, наздикии Ховалинг ҳангоми ҳафриёти археологй бозёфтҳое ба даст омаданд, ки далели ҳанўз ним миллион сол пеш дар замини Тоҷикистон зиндагй кардани одамони ибтидой буданд. Дар кўҳсори Тоҷикистон ёдгориҳои давраи мезолит ва неолит ёфт шуданд. Ду қабати поёнии мадании бошишгоҳи Тутқавул, наздикии Норак (ҳазораҳои Х-VII то мелод) ба давраи мезолит мансубанд. Ҳанўз дар асри санг маскуншавии баландкўҳҳо, аз чумла Помир оғоз мегардад. Дар Помири шарқй дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр қароргоҳи шикорчиёни кўчманчй - Ошхона ифтитоҳ гардид. Дар мағораи Шахта тасвирҳои рўисангии мансуб ба неолити ибтидой ёфт шуданд. Дар онҳо ҳайвоноти тирхўрда ва шикорчиён тасвир шудаанд.

Барои кўҳсор ва доманакўҳҳои Тоҷикистон маданияти давраи неолит хос буд, ки он маданияти ҳисор номида шудааст. Намояндагони ин маданият, ба ақидаи баъзе олимон, бо чорводорию зироаткорй машғул буданд. Айни замон шикор дар хочагии онҳо нақши калон мебозид. Дар маҳалли биёбонии Қайроққум, шимоли Тоҷикистон боқимондаҳои сершумори қароргоҳҳои аҳди биринҷй таҳқиқ шуданд. Аксари онҳо ба охири ҳазораи III ва аввали ҳазораи II пеш аз мелод мансубанд. Намояндагони маданияти қайроққуми аҳди биринҷй асосан бо чорводорй машғул буданд, вале айни замон аз зироату кори маъдан - пўлодгудозию кулолй низ огоҳй доштанд. Дар чануби Точикистон, дар поёноби дарёи қизилсу, Вахш ва Кофарниҳон маданияти дигар, маданияти бишкентии аҳди биринҷй бо зироаткорй, қароргоҳҳои мустаҳкам, дарачаи баланди истеҳсоли сафолот вусъат ёфта буд. Ин маданият ба ёдгориҳои аҳди биринчии Туркманистони ҷанубй ва Осиёи ҷанубу ғарбй наздик аст.

Дар нимаи аввали ҳазораи I то мелод ачдодони тоҷикони ҳозира - бохтариҳову суғдиён аҳолии асосии давлатҳои қадимтарини ғуломдории Осиёи Миёна - Бохтар ва Суғд буданд. Бохтар қисмҳои марказй, ҷанубй ва шарқии Тоҷикистони ҳозира (ҷануб ва ҷанубу шарқтар аз қаторкўҳҳои Ҳисор) ва Суғд - ҳавзаи Зарафшон, Қашқадарё ва музофоти шимолии қаторкўҳҳои Ҳисорро фаро мегирифтанд. Аҳолии қадимаи водии Фарғона (музофоти Даван), ҳамчунин қабилаҳои сершумори кўчманчй ва нимкўчманчии сакҳо - сокинони Помир, Тиёншон ва Сирдарё ачдодони точикон буданд. Забони ин халкиятҳо ба шохаи шарқии гурўҳи забонҳои эронй тааллуқ дошта, аз забони тоҷикии дертар ташаккулёфта фарқ мекарданд.

Дар асри VI пеш аз мелод шоҳ Куруш Бохтар ва Суғдро забт намуда, онҳо ба давлати форси ҳахоманишиён дохил мегарданд. Дар асри VI пеш аз мелод онҳо як қисми давлати Искандари Мақдунй шуда, аз асри III пеш аз мелод ба давлати ворисони ў - салчуқиҳо дохил мегарданд. Баъдтар аз он салтанати Юнону Бохтар чудо мешавад. Миёнаҳои асри 11 пеш аз мелод дар натичаи муборизаи озодихоҳонаи бохтариҳову суғдиён ҳокимияти мақдуниҳо дар Юнону Бохтар сарнагун мешавад. Тохариҳои ба Бохтар якчоя бо қабилаҳои массагетҳову сакҳо омада дар озодкунии мамлакат ва ҳаёти минбаъдаи сиёсй нақши калон бозиданд. Аз асри IV сар карда Бохтар Тохаристон номида мешуд. Тохариҳо чун чузъи асосй ба халқияти нав ташаккул ёфтаистодаи точикон дохил мегарданд. Сипас Тохаристон якчоя бо қисми зиёди Осиёи Миёна, қаламрави Афғонистони ҳозира ва Ҳиндустони шимолй дар ҳайати давлати бузург бо сарварии сулолаи кўшониён буд. Ин замони нашъунамои иқтисодиёту маданият, ривочёбии алоқаҳо бо Аврупои шарқй, Рум, Чин ба ҳисоб меравад. Ёдгориҳои бостоншиносии замони кўшониён пайвастани санъати осиёмиёнагй, юнонй ва ҳиндиро инъикос менамоянд.

Дар асрҳои VI-V ба Суғд ва Тохаристон қабилаҳои даштнишини ҳафтолиён меоянд, аз асри VI бошад дар ин сарзамин ҳокимияти Ҳоқонии турк барқарор мегардад. Дар асрҳои V-VI раванди феодализатсия торафт бештар вусъат меёбад. Аз асри VI то нимаи дуюми асри Х1Х дар қаламрави Точикистони ҳозира муносибатҳои феодалй бо то андозае нигоҳ дошта шудани зуҳуроти боқимондаи кўҳна, нақши калони чамоат, ғуломдорй ҳукмрон буданд. Болоравии иқтисодиёт, ки асрҳои VI-VII, қабл аз истилои араб ба амал меомад, боиси боз ҳам бештар ба табақаҳои ичтимой чудо шудан мегардад. Аъёну ашрофи заминдор обу заминҳои обёришавандаро азони худ мекарданд.

Баробари болоравии иқтисодиёт маданият пеш рафта, шаҳрҳо тараққй мекарданд. Панчакент яке аз марказҳои маданияти ибтидоии асримиёнагии Осиёи Миёна буд. Қасру иншоотҳои мазҳабй, толорҳои бошукўҳ, ҳайкалу мусаввараҳои рангин бо сужетҳои оиди мавзўи эпосҳо аз дарачаи баланди маданияти бадей, санъат ва меъмории он замон далолат медиҳанд. Ёдгории катибаҳои Суғд, ки дар вақти кофтукови Калъаи Муғ ёфт шуданд, ба аввалҳои асри VIII мансубанд. Қалъаҳои феодалони асри миёнаи ибтидой хеле мустаҳкам карда шуда буданд (масалан Қалъаи Болои шаҳри Исфара).

Аз нимаи дуюми асри VII суғдиёну тохариҳо чун халқҳои Осиёи Миёна муқобили ғосибони араб мубориза мебурданд. Вале ханўз то миёнаҳои асри VIII арабҳо Осиёи Миёнаро истило намуда, ба ҳайати хилофат дохил карданд. Халқҳои Осиёи Миёна ба зўран чорй карда шудани дини ислом, забони арабй сахт муқобилият нишон медоданд, бар зидди ҳокимони араб исён мебардоштанд. Алалхус шўриш таҳти роҳбарии Муқаннаъ (солҳои 770-780) хеле тўлонй буд. Истилогарон ёдгориҳои маданиро несту нобуд мекарданд, шаҳрҳоро харобу валангор месохтанд, аз аҳолй андозҳои сершумори беинсофона ситонида, ба корҳои ичборй чалб мекарданд.

Асрҳои IX-X сарзамини ҳозираи Точикистон ба ҳайати давлати бузурги Сомониён дохил буд, ки он вилоятҳои калони таърихию маданй - Мовароуннаҳр (байни дарёҳои Ому ва Сир) ва Хуросонро (сарзамини чанубу ғарбии дарёи Ому) ташкил мекард.

Дар ин давра Самарқанду Бухоро марказҳои калонтарини касбу ҳунар ва савдо, ҳамчунин илм, адабиёт ва санъат буданд. Дар доираи давлати Сомониён раванди ташаккулёбии халқияти точик анчом ёфта, дар он паҳншавии забони точикии ғарби эронии то ин замон бавучудомада нақши муҳим мебозид. Он ба тадрич забонҳои маҳаллии шарқи эрониро танг карда мебаровард ва дар аҳди Сомониён забони ҳукмрон гардид. Маданият, илм, адабиёт ва санъат бо ҳамин забон нашъунамо меёфт.

Дар вилоятҳои назди Помир равандҳои этникй андаке бо роҳи дигар пеш мерафтанд. Бинобар чудоии чуғрофй ва як қатор сабабҳои ичтимоиву иқтисодй ин вилоятҳо то асри Х дар гўшаю канори ташаккули этникии точикон боқй монданд. Аз ҳамин сабаб дар инчо халқиятҳои мустақили дорои забони худ ба вучуд омаданд, ки он аз забони точикии шарқи эронй фарқият дошт. Дар маданияти хосаи аҳолии Помири ғарбй таъсиру нуфузи Тохаристон, алалхусус маданияти давраи кўшониён хеле назаррас аст. Маскуншавии водиҳои душворгузари Панчи боло дар шакли як қатор мавчҳои мухочиратй ба амал меомад, ки он аз чониби ғарб, аз қаламрави Афғонистони ҳозира, Эрон ва ноҳияҳои чанубии Точикистон паҳн мегардид.

Асрҳои Х-Х111 сарзамине, ки точикон сукунат доштанд, ба ҳайати чандин давлатҳои Осиёи Миёна, мисли ғазнавиҳо, қарохониҳо, ғуриҳо, қарохитоиҳо дохил буд. Ҳучуми қўшунҳои Чингизхон дар асри Х111 ба муқобилияти сахти ҳамаи халқҳои Осиёи Миёна дучор омад. Истилогарон шаҳру деҳот, иншоотҳои обёрикуниро ба харобазор табдил дода, аҳолиро қир мекарданд. Сарзамини Точикистон ба улуси Чағатои давлати муғулҳо дохил карда шуд.

Аз охири асри ХIII ба доираи аҳолии муқимии точикон то андозае гурўҳҳои этникии туркҳо ва турку муғулҳо сар медароранд. Дар баъзе ноҳияҳо ин ҳолат боиси туркгардонии точикони водинишин мешавад. Дар манотиқи кўҳй ва шаҳрҳо ин раванди туркгардонй камтар зуҳур меёфт.

Дар асри XIV Точикистон ба ҳайати давлати бузурги Темур ва дар асри XV ба қаламрави ворисони ў - темуриён меафтад, ки он аз Ҳинд то Волга ва аз Сурия то Хитой доман паҳн карда буд. Болоравии маданияти давлати темуриён бо фаъолияти набераи Темур - Улуғбек вобаста аст, ки дар нимаи аввали асри XV хукмронй мекард. Нашъунамои илм, алалхусус астрономия, эчодиёти олимон, адибону рассомони машҳур, ки дар Самарқанду Ҳирот зиндагй мекарданд, ба ҳамин давра мансуб аст. Ва дере нагузашта маркази давлат ба ончо, яъне ба Самарқанд гузаронида мешавад.

Дар асри XVI қаламрави Точикистон ба давлати ўзбaкони шайбонй бо пойтахташ Бухоро дохил мешавад. Дар ин давра хонигарии Бухорою Хива ва дертар, дар асри XVIII хонигарии Қўқанд ташкил меёбанд. Дар онҳо хонҳои сулолаҳои ўзбекй ҳукмронй мекарданд. Точикон асосан дар хонигариҳои Бухорою Қўқанд зиндагй менамуданд. Барои хонигариҳои осиёмиёнагии асрҳои XVI-XVIII парокандагии феодалй, чангу низоъҳои тўлонй хос буданд. Чангҳои дохиливу хоричй боиси харобшавии системаҳои обёрикунй, пастравии зироаткорй гардида, баъзан вилоятҳо батамом ғорат мешуданд.

Ба синфҳо чудошавии чамъият пурзўр мегардид, деҳқонону косибони истисморшаванда ба заминдорони феодал, хону амалдорони онҳо, низомиёну рўҳониён муқобилият нишон медоданд. Деҳқонон - точикону ўзбекҳо, ки дар заминҳои давлативу хусусй заҳмат мекашиданд, ба амалдорону бойҳо андозу хирочҳои миёншикани ҳархела месупориданд, доимо қарздор буда, торафт бештар хонасалоту қашшоқ мешуданд. Корҳои мухталифи ичборй: сохтмони қасрҳо, системаи обёрикунй, роҳсозй маъмул буданд.

Рентаи феодалй махлут буд: бегорй, коркардадиҳй ва пулй. Вазъияти деҳқонони чоряккор, ки барои қисми ночизи ҳосил дар замини бойҳо кор мекарданд, алалхусус вазнин буд. Ғуломдорй низ чой дошта, он танҳо баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудан бекор мегардад. Зулму ситами бераҳмона, андозҳои вазнин боиси шўришу исёнҳо (соли 1758 дар Бухоро, аввали асри Х1Х дар Истаравшан, Хўчанд ва дигар чойҳо) мегардиданд.

Таъсири пурзўри рўҳониёни иртичоъпараст ба ҳамаи чабҳаҳои ҳаёти халқ ба инкишофу тараққии илму санъат таъсири манфй мерасонд, маданияти ин давра рў ба таназзул оварда буд.

Рақобати Англияву Русия барои вусъату ривоқ додани бозори фурўш ба Русия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёнаро тезонид. Соли 1868 мувофиқи шартномаи байни Русияву Бухоро қисми зиёди қаламрави аморат ба ҳайати генерал - губернатории Туркистон дохил карда шуд. Амир аз ҳуқуқи муносибати мустақилона бо давлатҳои хоричй маҳрум гардид.

Аморати Бухоро акнун бо заминҳои маҳдудгаштааш чун мулки тобею вобастаи Русия вучуд дошт. Қисми шимолии Точикистони ҳозира ба Русия дертар ҳамроҳ карда мешавад. Ҳамон вақт пас аз фурў нишондани шўриши зиддифеодалии солҳои 1873-1876 дар Қўқанд заминҳои он ба вилояти Фарғона дар ҳайати генерал - губернатории Туркистон ҳамроҳ карда шуд. Соли 1886 дар Бухоро агентии сиёсии императории Русия ташкил мегардад. Соли 1895 бо муоҳидаи байни Русияву Англия сарҳади аморати Бухоро бо Афғонистон қад-қади дарёи Панч дар Бадахшон муқаррар гардид. Қисмҳои чанубу шарқй ва марказии Точикистони ҳозира - Бухорои шарқй ва Помири ғарбй дар ҳайати аморати Бухоро боқй монда, соҳили чапи Дарвоз, қисмҳои соҳили чапи Вахон, Ишкошим, Шуғнон, Рўшон ба Афғонистон гузаштанд.

Ҳамроҳшавй ба Русия ҳам барои точикон ва ҳам барои халқҳои дигари Осиёи Миёна аҳамияти калони мусбй дошт, чангу низоъҳои байнихудй барҳам хўрданд, раванди таназзули хочагии натуралии феодалй ва инкишофи унсурҳои муносибатҳои капиталистй оғоз ёфт. Тақвияти муносибатҳои иқтисодй, сиёсию маданй бо Русия ба инкишофи иттифоқи халқи заҳматкаши точикон ва русҳо, ҳамчунин дигар халқҳои Русия, тавлиди синфи коргари точик, шиносо шудани точикон бо маданияти пешқадами инқилобию демократй мусоидат намуд.

Айни замон точикон, чун дигар халқҳои Осиёи Маркази зери зулму истибдоди дукарата монданд. Акнун онҳоро ҳам истисморгарони худй ва ҳам ҳокимияти мутлақи шоҳ бо системаи истисмори ичтимоиву иқтисодии халқҳои гўшаву канори Русия азобу шиканча медод. Точикон дар ҳаракати миллии озодихоҳона иштирок доштанд. Шўришҳои охири асри Х1Х дар /ротеппа (соли 1875), уезди Хўчанд (соли 1880), як қатор уездҳои Фарғона далели онанд. Деҳқонони аморати Бухоро низ зуд-зуд ба муқобили амир ва ҳокимони маҳаллй сар мебардоштанд. Шўриши соли 1885 дар Балчувон таҳти сарварии Восеъ аз чунин ҳаракатҳои деҳқонй ба ҳисоб меравад.

Инқилоб ба Бухоро якчоя бо Армияи Сурх омада, амирро сарнагун сохт ва соли 1920 Ҷумхурии Халқии Шуравии Бухороро ташкил дод. Солҳои 1918-1926 чанги гражданй мерафт. Соли 1924 Ҷумхурии Худмухтори Шуравии Сотсиалистии Точикистон дар ҳайати ЧШС Узбекистон ташкил ёфт. Ба қаламрави республика 12 кенти кишвари Туркистон, Бухорои шарқй ва як қисми Помир дохил гардиданд. Маркази асосии сиёсию маданй - Бухоро ва Самарқанд дар дохили сарҳади Узбекистон монданд.

Ҷумхуриҳои нав ташкилёфта, аз чумла ЧШС Точикистон (аз соли 1929) аз рўи намунаҳои умумииттифоқй идора мешуданд, Айни замон бисёр анъанақои халқҳои мухталиф ба инобат гирифта намешуданд. Асосҳои нави саноатй гузошта шуданд, коллективонй анчом ёфта, боиси аз байн рафтани деҳқонони мустақил гардид. Дар натичаи гузаронидани маъракаи маҳви бесаводй (солҳои 1926-1936) саводнокии мардум соли 1937 ба 72 фоиз расид. Маъракаи "Ҳучум (озодшавии занон)" оғоз гардида, системаи советии нигаҳдории тандурустй инкишоф меёфт. Точикистон комилан ба комплекси умумииттифоқии хочагии халқ ҳамроҳ шуда, пурра тобеи Марказ(СССР) гардид.


Соли 1990 Точикистон соҳибихтиёрии худро эълон кард. Пас аз "табадуллот"-и августи соли 1991 дар Москва Шўрои Олии Ҷумхурии Точикистон "Дар бораи эълони мустақилияти давлатии Ҷумхурии Точикистон" қарор қабул намуд. Бо парокандашавии СССР муборизаи дурудароз барои ҳокимият оғоз ёфт. Тақобули шахсони баргузидаи кўҳнаи советй ва коалитсияи оппозитсионии исломистҳо, зиёиёни миллатчй ва доираҳои тичоратию соҳибкорй ба муборизаи гурўҳҳои минтақавй табдил ёфт. Ҷумхурии Тоҷикистон хамчун давлати сохибихтиёр, демократӣ, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона 9 сентябри соли 1991 арзи вуҷуд кардааст.

Моҳи маи соли 1992 гирдиҳамой ва гуфтушунидҳо дар Душанбе ба тақобули мусаллаҳона гузашта, баъдтар дар ноҳияҳо паҳн шуданд. Аз ҳамин давра эътиборан ва то ба имзо расидани созишнома дар бораи оташбас охири соли 1994 низоъҳои мусаллаҳона гоҳ-гоҳ ба вуқўъ мепайвастанд, алалхусус дар чануби Точикистон.

Аз 5 майи с. 1992 - 27 июни с. 1997 – ҷанги шаҳрвандй дар Ҷумҳурии Тоҷикистондавом кард. Зарари иќтисодии ин ҷанг зиёда аз 11 миллиард доллари амрикойро ташкил дод. 16 ноябр - 2 декабри с. 1992 иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Хўҷанд баргузор шуд. Дар он, 19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Моҳи ноябри соли 1994 раъйпурсии оиди қабули Қонуни асосй (конститутсия) ва интихоби президенти нав гузаронида шуд. 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарќонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон' ќабул гардид. 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба он таѓийроту иловаҳо ворид карда шуд. 6 ноябри с. 1994 Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.Пас аз се моҳ, моҳи феврали с. 1995 интихобот ба Мачлиси Олй (парламент) барпо гардид.

27 июни с. 1997 баъди 8 даври гуфушуниди (с.1994-1997) байни тоҷикон(байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин), дар ш. Москва, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нури «Созишномаи умумии истиќрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» имзо гардид. Аз 4 июни соли 1997 - 1 апрели соли 2000 Комиссияи Оштии Милли фаъолият намудааст. Дар КОМ 26 нафар (13 нафар аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ва 13 нафар аз мухолифини тоҷик) аъзо буданд. Комиссия санадҳои Созишномаи умумии сулҳ аз 27 июни соли 1997- ро амалӣ карда буд.

6 ноябри соли 1999, 6 ноябри соли 2006 - Интихоби такрории умумихалќии Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда гузаштааст.

27 феврали соли 2000 рузи баргузории интихобот ба Маҷлиси Намояндагон ва 23 марти соли 2000 - интихобот ба Маҷлиси Миллии Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба парламенти касби ташкил ёфт.

Замони истиклолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон НБО Сангтуда – 1 ва НБО Сангтуда – 2 бо кумаки Федератсияи Русия ва Эрон ба истифода супорида шудаанд.

Солҳои 2006 - 2010 – роҳи автомобилгарди Душанбе – Хўҷанд - Чанак (Узбекистон) ва Душанбе – Ҷирғатол - Саритош (Ќирѓизистон), тоннелҳои автомобилгарди «Исиқлол» дар аѓбаи Анзоб, Шаршар ва Шањристон, ки ноҳияњои шимоливу ҷанубии ҷумҳуриро ба ҳам пайвастанд ба истифода супорида шудааанд. Идомаи сохтумони НБО Роѓун бо иќтидори 3600 мвт.дар Тоҷикистон давом дорад.

Ҳафриётҳо

Ачдодони точикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Точикистон ва дигар чумҳуриҳои Осиёи Миёна сукунат доштанд. Соли 1980 дар вилояти Кўлоб, наздикии Ховалинг ҳангоми ҳафриёти археологй бозёфтҳое ба даст омаданд, ки далели ҳанўз ним миллион сол пеш дар замини Точикистон зиндагй кардани одамони ибтидой буданд. Дар кўҳсори Точикистон ёдгориҳои давраи мезолит ва неолит ёфт шуданд. Ду қабати поёнии мадании бошишгоҳи Тутқавул, наздикии Норак (ҳазораҳои Х-VII то мелод) ба давраи мезолит мансубанд. Ҳанўз дар асри санг маскуншавии баландкўҳҳо, аз чумла Помир оғоз мегардад. Дар Помири шарқй дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр қароргоҳи шикорчиёни кўчманчй - Ошхона ифтитоҳ гардид. Дар мағораи Шахта тасвирҳои рўисангии мансуб ба неолити ибтидой ёфт шуданд. Дар онҳо ҳайвоноти тирхўрда ва шикорчиён тасвир шудаанд.Барои кўҳсор ва доманакўҳҳои Точикистон маданияти давраи неолит хос буд, ки он маданияти ҳисор номида шудааст. Намояндагони ин маданият, ба ақидаи баъзе олимон, бо чорводорию зироаткорй машғул буданд. Айни замон шикор дар хочагии онҳо нақши калон мебозид. Дар маҳалли биёбонии Қайроққум, шимоли Точикистон боқимондаҳои сершумори қароргоҳҳои аҳди биринчй таҳқиқ шуданд. Аксари онҳо ба охири ҳазораи III ва аввали ҳазораи II пеш аз мелод мансубанд. Намояндагони маданияти қайроққуми аҳди биринчй асосан бо чорводорй машғул буданд, вале айни замон аз зироату кори маъдан - пўлодгудозию кулолй низ огоҳй доштанд. Дар чануби Точикистон, дар поёноби дарёи қизилсу, Вахш ва Кофарниҳон маданияти дигар, маданияти бишкентии аҳди биринчй бо зироаткорй, қароргоҳҳои мустаҳкам, дарачаи баланди истеҳсоли сафолот вусъат ёфта буд. Ин маданият ба ёдгориҳои аҳди биринчии Туркманистони чанубй ва Осиёи чанубу ғарбй наздик аст. Дар нимаи аввали ҳазораи I то мелод ачдодони точикони ҳозира - бохтариҳову суғдиён аҳолии асосии давлатҳои қадимтарини ғуломдории Осиёи Миёна - Бохтар ва Суғд буданд. Бохтар қисмҳои марказй, чанубй ва шарқии Точикистони ҳозира (чануб ва чанубу шарқтар аз қаторкўҳҳои Ҳисор) ва Суғд - ҳавзаи Зарафшон, Қашқадарё ва музофоти шимолии қаторкўҳҳои Ҳисорро фаро мегирифтанд. Аҳолии қадимаи водии Фарғона (музофоти Даван), ҳамчунин қабилаҳои сершумори кўчманчй ва нимкўчманчии сакҳо - сокинони Помир, Тиёншон ва Сирдарё ачдодони точикон буданд. Забони ин кавмҳо ба шохаи шарқии гурўҳи забонҳои эронй тааллуқ дошта, аз забони точикии дертар ташаккулёфта фарқ мекарданд. Дар асри VI пеш аз мелод шоҳ Куруш Бохтар ва Суғдро забт намуда, онҳо ба давлати форси ҳахоманишиён дохил мегарданд. Дар асри VI пеш аз мелод онҳо як қисми давлати Искандари Мақдунй шуда, аз асри III пеш аз мелод ба давлати ворисони ў - салчуқиҳо дохил мегарданд. Баъдтар аз он салтанати Юнону Бохтар чудо мешавад. Миёнаҳои асри 11 пеш аз мелод дар натичаи муборизаи озодихоҳонаи бохтариҳову суғдиён ҳокимияти мақдуниҳо дар Юнону Бохтар сарнагун мешавад. Тохариҳои ба Бохтар якчоя бо қабилаҳои массагетҳову сакҳо омада дар озодкунии мамлакат ва ҳаёти минбаъдаи сиёсй нақши калон бозиданд. Аз асри IV сар карда Бохтар Тохаристон номида мешуд. Тохариҳо чун чузъи асосй ба халқияти нав ташаккул ёфтаистодаи точикон дохил мегарданд. Сипас Тохаристон якчоя бо қисми зиёди Осиёи Миёна, қаламрави Афғонистони ҳозира ва Ҳиндустони шимолй дар ҳайати давлати бузург бо сарварии сулолаи кўшониён буд. Ин замони нашъунамои иқтисодиёту маданият, ривочёбии алоқаҳо бо Аврупои шарқй, Рум, Чин ба ҳисоб меравад. Ёдгориҳои бостоншиносии замони кўшониён пайвастани санъати осиёмиёнагй, юнонй ва ҳиндиро инъикос менамоянд.

Инҷоро ҳам бингаред

Пайвандҳои беруна

*