Николае Тимофтӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Luckas-bot (баҳс | ҳисса)
х r2.7.1) (робот илова карда истодааст: vi:Nicolae Timofti
Luckas-bot (баҳс | ҳисса)
х r2.7.1) (робот илова карда истодааст: cs:Nicolae Timofti
Сатри 26: Сатри 26:
[[be:Нікалае Цімофці]]
[[be:Нікалае Цімофці]]
[[bg:Николае Тимофти]]
[[bg:Николае Тимофти]]
[[cs:Nicolae Timofti]]
[[de:Nicolae Timofti]]
[[de:Nicolae Timofti]]
[[el:Νικολάε Τιμόφτι]]
[[el:Νικολάε Τιμόφτι]]

Нусха 13:00, 19 май 2012

Николае Василевич Тимофти (рум. Nicolae Timofti; тав. 22 декабр 1948, Чутулешти, РСС Молдовв) — ходими давлатии Молдова.

16 марти соли 2012 Николае Тимофтӣ дар иҷлоси вижаи порламони Молдова ба унвони раиси ҷумҳури нав савганди вафодорӣ ёд кард. Тимофтӣ 63 сол дорад ва 16 март дар порламони кишвараш раиси ҷумҳур интихоб шуд. Ин порламон дорои 101 курсӣ аст ва ба ҷонибдорӣ аз вай 62 нафар рай доданд[1].

Биография

Николае Тимофтӣ 22 декабри соли 1948 дар деҳаи Чутулештии ноҳияи Флорешти ҶШС Молдова дар оила аз сабаби сиёсӣ бадарғашуда ба дунё омадааст[2][3]. Падараш — Василий Тимофтӣ (рум. Vasile Timofti), модараш — Елена Тимофтӣ (рум. Elena Timofti), таваллудшуда рум. Bujac. Дар оилаи серфарзанд ба воя расидааст[4], маълумоти миёнаро дар мактаби маҳаллӣ гирифтааст[5]

Аз соли 1964 то 1965 дар идораи ноҳиявии роҳи шаҳри Флорешта коргар буд. Баъд, то соли 1967 года Тимофтӣ челонгар-автомобилист шуда кор кард. Баъдан дар Донишгоҳи давлатии Молдова, дар факултаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил кард. Пас аз хатми донишгоҳ Николай Тимофтӣ дар қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ адои хизмат намуда, лейтенанти калон шуд.

Оила

Николай Тимофтӣ 38 сол ин тараф оиладор аст. Ҳамсараш Маргарита Тимофтӣ. Маргарита Тимофтӣ факултаи китобдориро хатм кардааст. Якчанд сол китобдор шуда кор кардааст. Дар ҳоли ҳозир дар Китобхонаи кӯдаконаи ба номи Иона Крянгэ ба ҳайси сардори бахши кор ба омма кор мекунад.

Соли 1977 якум писараш Алексей, ва дертар — Николай ва Штефан таваллуд мешаванд.

Писари калониаш мисли падар факултаи ҳуқуқшиносиро хатм кард. Дар ВАО иттилооте дар бораи дорои бюрои вакили адвокат доштан, оиладор ва дар ИМА зиндагӣ кардани писараш пайдо шуд.


Эзоҳ

<references>

  1. Раиси ҷумҳури нави Молдова савганд ёд кард
  2. О семье кандидата в президенты от АЕИ Николая Тимофти | PUBLIKA .MD
  3. NR2.RU::: Молдавский альянс назвал кандидатуру на пост президента / 12.03.12 / Кишинев
  4. Человек недели — Николае Тимофти, председатель Высшего совета магистратуры. — Tribuna, 11.03.2012
  5. Николай Тимофти — кандидат АЕИ на должность президента Молдовы. — Noi.Md, 12.03.2012