Забони тоҷикӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Xqbot (баҳс | ҳисса)
х r2.7.3) (робот илова карда истодааст: ku:Zimanî tacîkî; косметические изменения
Сатри 247: Сатри 247:


{{Забон-нопурра}}
{{Забон-нопурра}}
[[Гурӯҳ:Забони тоҷикӣ| ]]


[[Гурӯҳ:Забони тоҷикӣ| ]]
[[Гурӯҳ:Забонҳо]]
[[Гурӯҳ:Забонҳо]]
[[Гурӯҳ:Забонҳои эронӣ|тоҷикӣ]]
[[Гурӯҳ:Забонҳои эронӣ|тоҷикӣ]]
Сатри 288: Сатри 288:
[[ka:ტაჯიკური ენა]]
[[ka:ტაჯიკური ენა]]
[[ko:타지크어]]
[[ko:타지크어]]
[[ku:Zimanî tacîkî]]
[[kv:Таджик кыв]]
[[kv:Таджик кыв]]
[[la:Lingua Tadzikica]]
[[la:Lingua Tadzikica]]

Нусха 21:02, 18 июни 2012

Тоҷикӣ
Номи қавмӣ форсии тоҷикӣ
забони тоҷикӣ
тоҷикӣ
тоҷикӣ: забони форсии тоҷикӣ
тоҷикӣ: toçikī
тоҷикӣ: zaboni toçikī
تاجیکی
زبان تاجیکی
Кишварҳо
Шумораи умумии гӯишварон
Таснифот
забонҳои ҳиндуаврупоӣ
забонҳои ҳиндуэронӣ
забонҳои эронӣ
забонҳои ғарбӣ-эронӣ[d]
забонҳои эронии ҷанубӣ-ғарбӣ[d]
забони порсии нав
забони форсӣ
форсии тоҷикӣ
Хат алифбои сирилик, Ҳуруфи форсӣ, Алифбои лотинӣ, алифбои тоҷикӣ ва Ҳуруфи иврӣ
Коди забонӣ
ГОСТ 7.75–97 тад 640
ISO 639-1 tg
ISO 639-2 tgk
ISO 639-3 tgk
WALS taj
Ethnologue tgk
IETF tg
Glottolog taji1245
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ

Забони тоҷикӣ ки дар Эрон Форсӣ, ва дар Афғонистон Дарӣ номида мешавад забони давлатии кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон аст ва дар Ӯзбекистон забони ақалияти Тоҷик мебошад. Ин забон аз хонаводаи забонҳои ҳинду-аврупоӣ дохил мешавад. Забони точикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои 7-8 сар шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург Рӯдакӣ, Фирдавcӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ,Мавлоно, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода ва дигарон асарҳо эҷод кардаанд.

Забони точикӣ диққати олимон ва нависандагони оламро ба худ ҷалб кардааст. Ба омӯзиши забони порсӣ-точикӣ яке аз асосгузорони коммунизми илмӣ Фридрих Энгелс мароқ зоҳир карда буд. Забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва Садҳо вожаҳои нав ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ ворид мешаванд.

Таснифот

аз хонаводаи забонҳои ҳинду-аврупоӣ порси тоҷикӣ ва порси дари дар асл фарси=порсӣ мибошад забонҳои эронӣ дохил мешавад. Забони тоҷикӣ ба забонҳои порсиву дарӣ хеле монанд аст ва аҳолии кишварҳои Эрон, Ӯзбакистон, Кирғизистон, Казокистон ва Афғонистон, инчунин дар Тошқурғони Ҷумҳурии Халқии Чин бо ин забон гуфтугӯ мекунанд.

Тақсимоти ҷуғрофӣ

Шеваҳо

Шеваҳои забони тоҷикӣ 4 гурӯҳ дорад.

Фонология

Садонокҳо

Забони тоҷикӣ 5 садонок дорад.

Садонокҳо тоҷикӣ
Пеш Марказ Қафо
Баланд и /i/ у /u/
Миёна е /eː/ ӯ /ɵː/ о /ɔː/
Паст а /a/

Ҳамсадоҳо

Губные (лабӣ) Зубные(дандон-)/
Альвеолярные
Пост-
альвеолярные
Палатальные Велярные (пуштикомӣ) Увулярные Глоттальные
Носовые (унна) м
/m/
н
/n/
Взрывные п б
/p/ /b/
т д
/t/ /d/
к г
/k/ /g/
қ
/q/
ъ
/ʔ/
Щелевые ф в
/f/ /v/
с з
/s/ /z/
ш ж
/ʃ/ /ʒ/
х ғ
/x/ /ʁ/
ҳ
/h/
Аффрикаты ч ҷ
/tʃ/ /dʒ/
Дрожащие р
/r/
Аппроксиманты л
/l/
й
/j/

Грамматика

Мор­фология

Синтаксис

Луғат

Системаи навиштан

Мақолаи асосӣ: Алифбои тоҷикӣ

Таърих

Забони тоҷикӣ забони модар мардуми тоҷик, ки аҳолии aсосии Ҷумҳурии Tоҷикистонро ташкил медиҳад, ба ҳисоб меравад. Берун аз марзи ин давлат забони тоҷикиро тоҷикони маҳалли дар бархе аз ноҳияҳойи кисвари Узбекистон ба ҳайси забони модар xес месиносанд ва ҳамчун воситайи гуфтугузори ҳарруза истифода мебаранд. Бо забони точики инчунин намояндагони миллатҳойи дигар, ки маскуни Точикистон ҳастанд, ҳангоми муомила бо точикзабонон ҳарф мезананд. 27 дарсади аҳол Aфгонистон, ки аз лиҳози етнологи точик ҳисоб месаванд ва худро точик меноманд, ҳарчанд бо забони аз точик Oсиёйи Миёна фарқи бузург надоста гуфтугу мекунанд, валекин забони хесро расман форс dари ваё кобули ном мебаранд, на точики. Тайи солҳойи охир забони точикиро аз муҳочирони миллатасон точик дар гусаҳойи гуногуни собиқ Иттифоқи Сурави,махсусан Русия, дар саҳрҳойи Ерон, Туркия, мамолики Иттиҳоди Аврупо ва дар Иёлоти Муттаҳидайи Амрикову Канада сунидан мумкин аст. Аз чиҳати забонсиноси забони точики ба гуруҳи гарб zабонҳойи ерон oйилайи калони ҳиндуаврупойи дохил карда месавад. Бар ин гуруҳ аз забонҳойи имруз зинда гайр аз точики ду забони дигар, ин ҳам босад, форс nавин (теҳрони), я'не забони Ерони имруза ва забони дар kобули, ки дар боло аз он сухан рафт, тааллуқ доранд. Ҳарсейи ин забони имруза давомгирандагони бевоситайи забони форс nав, ки ҳамчунин бо номворҳойи порси (форси ин сакли арабикунондасудайи ин калима аст), форс kлассик aдаби ё форс dари ма'руф аст, мебосанд. Он забон дар навбати худ аз забони форс mиёна, ки дар аҳди Сосониён чаҳорсад сол роли забони давлат cунин империюми бузургро ичро мекард ва имрузҳо дар байни забонсиносон чун забони паҳлави синохта месавад, сарчасма гирифта дар садсолаҳойи ҳастум ва нуҳум ба вучуд омад.Аз ҳамон вақт инчониб дар таркиби лугав zабони форси аз калимаҳойи араби хеле васе истифода карда месавад. Ҳиссайи лексикайи аз забони араби иқтибоссуда дар ба'зе матнҳойи насри классики то 80 фойизро таскил медиҳад. Дар забони форс kлассики дар давоми қарнҳойи 9-17 адабиёти бойи оламсумул ечод карда суд дар сарзаминҳойи Осиёйи Миёна, Ерон, Афгонистон, инчунин дар Озарбойчон, Покистон ва Ҳиндустон, ки дар давраҳойи гуногуни та'рих забони давлатиясон форси буд. Гарчанде ки тули ин садсолаҳо забони классики, я'не забони адабиёт тагйири зиёде надид ва чун пестара дар тамоми олами форсизабон ягона буд, забони гуфтугуй mардум, забони зинда ба таври интенсиви дигаргуниҳойи нав мепазируфт ва аз забони адаби торафт дур месуд. Ба замми ин дар натичайи ба миён омадани фарқиятҳойи намоён дар инкисофи сиёси, дини ва ичтимой kисварҳойи олами форсизабон, хусусан ба'д аз қарни пуросуби 16ум дар байни севаҳойи ҳам адаби, ҳам гуфтугуй mинтақаҳойи гуногун номонандиҳойи чиддийе пайдо гастанд. Одди карда гуйем, забони ҳар як давлат роҳи инкисофи хесро пес гирифт. Ҳаминтавр, аз асри сонздаҳ сар карда метавон дар борайи забони точики чун мафҳуми илми сухан гуфт. Ба ин маром забони точикиро забони аҳол fорсизабони Осиёйи Миёна аз садсолайи 16ум минба'д донистан чоиз аст. Аммо мисли он ҳоле ки дар боло ёдоварас судем, дар дохили худи забони точики низ фарқиятҳо арзи ҳасти кардан гирифтанд ва ба ин минвол ба асри 19 омада ҳам байни забони адабиёту забони омма, ҳам байни лаҳчаҳойи маҳалҳойи гуногун фарқияти бузурге ба миён омад. Ҳануз ҳамон вақт маорифпарвари Бухоро Аҳмади Донис кусис ба харч дод, то забони адабиро оммафаҳм ва аз ибораҳойи дусвору такаллуфомез бари гардонад. Лекин кори асосиро дар самти ба роҳ мондани нормайи ягонайи забон дар айёми Сурави олимон ва адибони точик бо сарвар Sадриддин Айни анчом доданд. Ҳамчун асоси забони адаби забони классик aсрҳойи 16-19 бидуни арабизмҳойи дусворфаҳми он гирифта суд, валекин сохти грамматики ва лексикайи забони навбунёди точикиро севайи мардуми точикзабони вод Zарафсон, аз чумла Бухорову Самарқанд таскил дод. Далели ин қарори забонсиносони онвақтайи точик ин буд, ки дар ин минтақа точик nисбатан асил ва тоза боқи мондааст. Дар ин забон, я'не забони расман точики, дар солҳойи Сурави адабиёти

Фарқиятҳои гуишии тоҷикистон ва Aфғонистон ва Эрон

Забони адаби тоҷикӣ аз ҷиҳати фонетикӣ ва луғавӣ байни ин ойилайи сегона ҳам ба форсии классикӣ ва ҳам ба паҳлавӣ аз ҳама бештар наздикӣ дорад. Я'не, забони тоҷикӣ қадимтар аст, фонетика (дар инҷо кобулӣ ба тоҷикӣ наздиктар аст) ва таркиби луғавии oн дар тули асрҳо дигар нашуда ва бинобарин архаикӣ мондааст. Ҳолоонки тарзи талаффузи эрониҳо баройи гушҳои тоҷикон ва афғонистониҳо бегона мерасад, чунки модернтар ва мулойимтар аст. Ибораҳо, стилистика ва тарзи ҷумлабандии тоҷикон то ҳудудӣ дигаранд. Дар натиҷайи ҳамзистии мардуми тоҷик бо мардуми туркзабон, хусусан бо халқи ӯзбек дар тули асрҳо, ба забони тоҷикии гуфтугуйӣ ва лаҳҷаҳойи он зиёдтар калимаҳойи баромадашон туркӣ ворид гаштаанд. Бар'акс фойизи лексикайи арабӣ дар гуиши тоҷикистон нею дар гуишҳои Эрон ва Афғонистон, я'не забонҳойи давлатҳойи исломӣ баландтар аст. Ҳам ба тоҷикии aдабӣ, ҳам ба тоҷикии гуфтугуйӣ муддати шаст-ҳафтод соли охир забони русӣ та'сири бузург расонидааст ва расонида истодааст. Ҳаминтавр, калимаҳойи байналмилалиро гуиши тоҷикистон аз русӣ иқтибос карда меояд то ҳануз, дар ҳоле ки теҳронӣ аз фаронсавӣ ва инглисӣ ва кобулиҳо аз инглисӣ истифода мекунанд. Рост аст, ки имрузҳо метавон дар матбуот ва телевизиони Тоҷикистон ба шакли фаронсавӣ-теҳронии kалимаҳойи хориҷӣ дучор омад, ки корбаст карда мешаванд ба ҷойи пешина тарзи рус навишти онҳо, масалан конфронс ба ҷойи конферентсия. Вале ҷиддитарин фарқияти гуиши тоҷикиро аз кобулию теҳронӣ дар грамматика пайхас мекунем. Чунин шаклҳо мисли "рафта истодаам; падарама ҷойи корасон"-тоҷикон ё "дорам мирам, исмиш Фирийдун ҳастиш"-и эрониҳо байни ҳамдигари онҳо фаҳмо нестанд. Ва албатта, наметавон қайд накард ин нуктаро, ки тамоми адабиёти форсии kлассикӣ ба хатти форсӣ навишта шуда ва ин хат то ҳануз дар Эрону Афгонистон ҷорӣ аст, миллати тоҷик бошад, аз сабабҳойи сиёсӣ ду бор тайи 80 соли охир алифбояшро дигар кард, аввал аз ҳуруфи форсӣ ба лотинӣ, ба'д ба кириллик гузашт. Ин яке аз омилҳойи асосийест, ки ин гуишҳоро боз ҳам аз якдигар дуртар сохтааст.

Ҷадвал

Забони тоҷикӣ моҳ нав модар хоҳар шаб бинӣ се сиёҳ сурх зард сабз гург
Другие Забонҳои Ҳинду-Аврупоӣ
Забони форсӣ mâh now mâdar хâhar šab bini se siyâh sorx zard sabz gorg
Забони толишӣ манг нуй моâ hовâ шâв выни се сийо сы зард hавз нечи, варг
Забони пушту myāsht nəvay mōr khōr shpa pōza dre tōr sur zhaṛ shin lewa
Забони осетинӣ мæй нæуæг мад хо æхсæв фындз æртæ сау сырх бур цъæх бирæгъ
Забони урду māh / māheena nayā mā / walda behn rāt nāk tīn siah / kālā surkh / lāl pīlā sabz / harā bheyrya
Забони ҳиндӣ mās nayā mātā bahin rāt nāk tīn kālā / shyam lāl pīlā harā bik
Забони русӣ месяц
новый
мать
сестра
ночь
нос
три
чёрный
красный
жёлтый
зелёный
волк
Забони сербӣ месец
ново
мајка
сестра
ноħ
нос
три
црно
црвено
жуто
зелено
вук
Забони англисӣ month new mother sister night nose three black red yellow green wolf
Забони даниягӣ måned ny moder søster nat næse tre sort rød gul grøn ulv
Забони арманӣ amis nor mayr quyr gisher qit erek' sev karmir deghin kanach gayl
Забони лотинӣ mēnsis novus māter soror nox nasus trēs āter, niger ruber flāvus, gilvus viridis lupus
Забони фаронсавӣ mois
nouveau
mère
soeur
nuit
nez
trois
noir
rouge
jaune
vert
loup
Забони итолиявӣ mese nuovo madre sorella notte naso tre nero rosso giallo verde lupo
Забони олмонӣ Monat neu Mutter Schwester Nacht Nase drei schwarz rot gelb grün Wolf
Забони португалӣ mês novo mãe irmã noite nariz três negro vermelho amarelo verde lobo
Забони испанӣ mes nuevo madre hermana noche nariz tres negro rojo amarillo verde lobo
Забони каталанӣ mes nou mare germana nit nas tres negre roig / vermell groc verd llop
Забони руминӣ luna nou/noi mamă soră noapte nas trei negru roşu galben verde lup
Забони чехӣ měsíc nové matka sestra noc nos tři černý červený žlutý zelený vlk
Забони кимрӣ (زبان ولزی) mis newydd mam chwaer nos trwyn tri du (/di/) coch, rhudd melyn gwyrdd, glas blaidd
Забони полякӣ miesiąc nowy matka siostra noc nos trzy czarny czerwony żółty zielony wilk
Забони латишӣ mēnesis jauns māte māsa nakts deguns trīs melns sarkans dzeltens zaļš vilks
Забони литвонӣ mėnuo naujas motina sesuo naktis nosis trys juoda raudona geltona žalias vilkas
Забони булғорӣ месец
нов
майка
сестра
нощ
нос
три
черен
червен
жълт
зелен
вълк
Забони украинӣ місяць
новий
мати
сестра
ніч
ніс
три
чорний
червоний
жовтий
зелений
вовк
Забони белорусӣ месяц
новы
маці
сястра
ноч
нос
тры
чорны
чырвоны
жоўты
зялёны
воўк

Мисолҳо

Шеър дар васфи забони тоҷикӣ

Қанд ҷӯйи, панд ҷӯйи эй ҷаноб,
Ҳарчи меҷӯйи, биҷӯ,
Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,
Ҳарчи меҷӯйи, биҷӯ.
Порсӣ гӯйи, дарӣ гӯйи варо,
Ҳарчи мегӯйи, бигӯ.
Лафзи ишқу дилбари гӯйи варо,
Ҳарчи мегӯйи, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист
Ҳамчу меҳри модар аст.
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки шири модар.
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам
Дӯст медорам варо,
Чун навозишҳои гарми модарам
Дӯст медорам варо.

Аз Мӯъмин Қаноат

Инҷоро ҳам бингаред

Сарчашмаҳо


  1. ScriptSource - Tajikistan
  2. ScriptSource - Uzbekistan
  3. Ethnologue (ингл.) — 25, 19 — Dallas, Texas: SIL International, 2022. — ISSN 1946-9675