Васудева: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
ZéroBot (баҳс | ҳисса)
х r2.7.1) (робот илова карда истодааст: de, en, es, fr, hi, id, ja, jv, mr, or, pl, ta, uk
MerlIwBot (баҳс | ҳисса)
х робот илова карда истодааст: sa:वसुदेवः
Сатри 38: Сатри 38:
[[pl:Wasudewa]]
[[pl:Wasudewa]]
[[ru:Васудева]]
[[ru:Васудева]]
[[sa:वसुदेवः]]
[[ta:வசுதேவர்]]
[[ta:வசுதேவர்]]
[[uk:Васудева]]
[[uk:Васудева]]

Нусха 06:00, 14 Декабри 2012

"Кришна" ва "Баларама" бо волидайни худ вохӯрда истодаанд.

Васудева – охирин шоҳи бузурги Шоҳаншоҳии Кушониён, ки тахминан солҳои 166 – 200 ҳукумронӣ кардааст. Васудева баъд аз ҳукумронии шоҳ Хувишка ба сари қудрат омадааст. Дар баъзе аз тадқиқотҳо номи ӯро Васишка, ё Васишкаи II меноманд. Алвижа аз номгузории шоҳ ва тангаҳои замони ҳукумронии Васудева, ки танҳо худои ҳиндӣ Шива акс ёфтааст, ӯ пайрави мазҳаби ҳиндуия буда ба браҳманиизм такя мекардааст.

Баъд аз вафоти ӯ мулкҳои ҳиндустонӣ пароканда шуданд. Давлати Сосониён ба мулкҳои Ҳиндустони шимолу-ғарбӣ ворид гардиданд. Шоҳони маҳаллӣ тангаҳои худиро сикка мезаданд. Аммо мулкҳои шимолии Империяи Кушониён, бо марказашон дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, арзи вуҷуд доштанд, маълумотҳое гувоҳи медиҳанд ки Кушониён бо Чин дар алоқа буданд.

Ричард Фрай, кайд мекунад, ки сулолаи ҳокимони кушонӣ ба монанди азбайнравии шоҳони юнонӣ дар Хиндустон хотима ёфтааст. Таҳлили тангаҳо ба нумизматҳо имконият дод, ки тасдиқ намоянд, ки ҳукумронони охирин (дар давлати Кушониён) Васудева ва мумкин аст, Васудеваи III буданд.

Адабиёт

Ричард Нельсон Фрай. Наследие Центральной Азии. От древности до тюркского нашествия. – Душанбе, 2000, - с. 162-163

Боровкова Л. А. «Кушанское царство (по древним китайским источникам)». М., 2005, ISBN 5-89282-265-6.


Пайвандҳо

The Era of Kanishka


Эзоҳ

<references>