Шилпа Шеттӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х r2.7.3) (робот илова карда истодааст: de:Shilpa Shetty
х r2.7.3) (робот илова карда истодааст: si:ශිල්පා ශෙට්ටි
Сатри 50: Сатри 50:
[[ru:Шилпа Шетти]]
[[ru:Шилпа Шетти]]
[[sco:Shilpa Shetty]]
[[sco:Shilpa Shetty]]
[[si:ශිල්පා ශෙට්ටි]]
[[simple:Shilpa Shetty]]
[[simple:Shilpa Shetty]]
[[sv:Shilpa Shetty]]
[[sv:Shilpa Shetty]]

Нусха 13:10, 2 Январ 2013

Шаблон:Зиндагинома Шилпа Шеттӣ (каннада: ಶಿಲ್ಪ ಶೆಟ್ಟಿ) яке аз беҳтарин ҳунармандони синамои Ҳиндустон мебошад. Ӯ 8 июни соли 1975 дар шаҳри Тамил Надуи Ҳиндустон ба дунё омадааст. Забони модарии ӯ забони тулу мебошад. Ӯ бо забонҳои англисӣ, ҳиндӣ, маратҳӣ, гуҷаротӣ, тамилӣ, телугу ҳарф зада, андаке забони фаронсавиро ҳам медонад.

Маълумот

Шеттӣ Мактаби олии духтаронаи Сент Антонии шаҳри Чембурро хатм кардааст . Дар ин давра ӯ сарвари дастаи бейсбол буда, соҳиби камарбанди сиёҳ дар каратэ гардидааст. Шилпа яке аз қадбаландтарин ҳунарпешагони Болливуд мебошад. Дар айни замон ӯ дар шаҳри Мумбай (Бомбай) зиндагӣ мекунад.

Карйера

Шилпа Шеттӣ карйераи худро ба сифати модел дар наворгирии рекламаи маҳсулоти ширкати Limba сар кардааст. Филми аввалин бо иштироки ӯ филми “Бозингар” (соли 1993) буд, ки дар он бо ҳамроҳии чунин ситорагони бузурги синамои Ҳинд Шоҳруххон ва Каҷол нақш офаридааст. Ҳарчанд ки нақши Шеттӣ дуюмдараҷа буд, вале ӯ онро хеле моҳирона бозид ва барои ин сазовори ҷоизаи “Дебюти беҳтарин” гардид. Шӯҳрати ӯ баъд аз баромадани филми Main Khiladi Tu Anari (соли 1994) (дар нақшҳои асосӣ Шилпа Шеттӣ ва Акшай Кумар) боз афзуд.

Дар солҳои минбаъда Шилпа дар чандин филмҳо, аз қабили “Мистер Ромео”, (соли 1996), “Инсоф” (1997), “Притвӣ” (1997), “Лаъли подшоҳ” (1999) “Ҷонвар” (1999), Dhadkan (2000), “”Ҳинду” (2001), Fareb (2005) ва Dus (2005) нақшҳо офарид, вале ягоне аз онҳо он қадар муваффақ нагардиданд. Филми Phir Milenge (соли 2004), ки дар он Шеттӣ нақши духтари ба бемории СПИД гирифтор шударо бозида буд, аз ин миён истисност. Ин филм ба тамошобинон ва мунаққидон хеле писанд омад. Барои иштирок дар он Шилпа соҳиби ҷоизаи “Ҳунарпешаи беҳтарин” гардид.

Ҳаёти шахсӣ

Шилпа Шеттӣ ҳанӯз шавҳар накардааст. Дар бораи ҳаёти шахсии ӯ рӯзноманигорони Ҳинд суханони зиёд менависанд, вале худи Шеттӣ дар мавзӯи оиладоршавӣ, қариб ки ҳеҷ чиз намегӯяд. Фақат ӯ боре изҳор доштааст, ки дар се соли оянда нақшаи ба шавҳар баромаданро дорад.

Корҳои ҷамъиятӣ

Ба ҷуз аз модел ва ҳунарпеша будан, Шилма Шеттӣ дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъол аст. Ӯ моҳи феврали соли 2006 дар барномаи телевизионии шабакаи ВВС, ки ба мавзӯи паҳн шудани бемории СПИД дар Ҳиндустон иштирок кард. Дар он ҷо ӯ изҳор дошт, ки масъалаи бемории СПИД масъалаи доғи рӯзи ҷомеа мебошад ва нақши синамо низ дар огоҳ намудани аҳолӣ аз хатари он хеле калон аст. Мавзӯи бемории СПИД диққати Шилпаро ҳанӯз аз замони офаридани нақш дар филми Phir Milenge ҷалб карда буд.

Шилпа Шеттӣ, инчунин муборизи фаъоли ҳаракати манъ кардани истифодаи ҳайвоноти ваҳшӣ дар сиркҳо мебошад. Ӯ чандин суратҳо дар даруни қафас гирифтааст, ки дар муқоваи маҷаллаҳои гуногун ба чоп баромадаанд. Бо ин роҳ Шилпа эътирози худро ба ҷомеа оид ба ҳоли ҳайвоноти ваҳшӣ дар даруни қафас баён намудааст. Мувофиқи суханони ӯ: “Ин ҷонварони бечора қафасро, ки андозаи он каме аз онҳо калон аст, танҳо ҳангоми баромадҳои маҷбурии ҳаррӯза тарк мекунанд. Аз ин баромадҳо ба онҳо ягон суде нест ва ҳайвонотро танҳо хаста мекунад. Роҳи беҳтарини дастгирии ин ҳайвонот, пурра даст кашидан аз тамошои барномаҳои сирк, ки дар он ҳайвонот иштирок мекунанд, мебошад.”

Филмҳо бо иштироки Шилпа Шеттӣ