Душанбе: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х r2.7.3) (бот изменил: eu:Dushanbe на eu:Duxanbe
EmausBot (баҳс | ҳисса)
х r2.7.2+) (робот илова карда истодааст: pa:ਦੁਸ਼ੰਬੇ
Сатри 541: Сатри 541:
[[oc:Doshambe]]
[[oc:Doshambe]]
[[os:Душанбе]]
[[os:Душанбе]]
[[pa:ਦੁਸ਼ੰਬੇ]]
[[pap:Dusjanbe]]
[[pap:Dusjanbe]]
[[pl:Duszanbe]]
[[pl:Duszanbe]]

Нусха 13:19, 3 феврали 2013

Душанбе
Нишони шаҳри Душанбе
Донистаниҳо
Кишвар : Тоҷикистон
Вилоят : Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Замони таъсис : нимаи нахусти садаи XVII
Шаҳр аз : соли 1925
Номҳои пешин : Сталинобод 1929 - 1961
Раиси шаҳр: Маҳмадсаид Убайдуллоев
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Координатаҳо : 38.3401 а.ш.; 38.4737 т.ш.
Паҳноварӣ : 124,6 км²
Шумораи ноҳияҳо : 4
Шумораи ҷамоатҳо :
Мардум
Аҳолӣ (2010) : 724,800 кас
Зичии аҳолӣ (2006) : 5,305 кас/км²
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, узбакӣ, русӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ, масеҳӣ
Нишониҳо
Сарвожа : DB
ISO-намоя : TJ-DB
Пешшумора : +992 37
Нишонии почта : 734000
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : http://www.dushanbe.tj
Шумораи мошинҳо : 01РТ


Душанбе (форсӣ: دوشنبه‎)- калонтарин шаҳр ва пойтахти кишвaри Тоҷикистон аст.

Масоҳати шаҳр 124,6 км кв аст ва дар он 747,5 ҳазор нафар (Соли 2012) шаҳрванд зиндагӣ мекунанд. Дарозии умумии кӯча, гузаргоҳҳо, роҳҳои соҳилӣ, купрукҳо (пулҳо), роҳҳои зеризаминиаш – 705,6 км аст. Масоҳати фазои сабз ва дарахтонаш – 74800 метри мураббаъ мебошад. Шаҳр дорои чаҳор ноҳияи маъмурӣ: Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино мебошад.[1]

Пойтахти Тоҷикистон аз ҷумла - 230 корхонаи саноатӣ, 38 корхонаи таробарӣ, 132 корхонаи сохтмонӣ, 40 банк, 8 меҳмонхона, 35 бемористон, 21 масҷид, 121 мактаби таҳсилоти умумӣ, 14 омӯзишгоҳ, 12 коллеҷ, 21 донишгоҳ, 7 осорхона ва 7 намоишсаро-ро дорад.

Аҳолӣ

(ҳазор нафар) (Мувофиқи барӯйхатгирии аҳолӣ)

Соли 1926 – 5,6;

Соли 1939 – 82,6;

Соли 1959 – 233,5;

Соли 1970 – 376,2;

Соли 1979 – 492,2;

Соли 1989 – 594,1;

Соли 2000 – 562,0;

Соли 2010 – 724,8.

Соли 2012 – 747,5*

  • – Мувофиқи маълумоти фаврӣ ба ҳолати 01.01.2012.[2]


Қасри Президент
Амфитеатр дар Душанбе
Ҳайкали Исмоили Сомонӣ

Таърих

Сарзамине, ки ҳамакнун шаҳри Душанбе дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «Шумон» (форсӣ: «شومان»‎) ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «Сумон» (форсӣ: «سومان»‎) низ навишта шудааст. Дар «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр».[3] Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, акнун - Файзобод) воқеъ буд, ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар «Аҳсан ал-тақосим» гӯяд: «Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст». Шарафуддин Алии Яздӣ дар «Зафарномаи Темурӣ» аз ин қалъа ба номи «Ҳисори Шодмон» (форсӣ: «حصار شادمان»‎) ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар «Ҳисор» (форсӣ: «حصار»‎) ё «Ҳисорак» (форсӣ: «حصارک»‎) навишта ва имрӯз ҳам «Ҳисор» маъруф аст.[4] Шоёни ёдоварист, ки вожаи «ҳисор» арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» аст. Қалъае, ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV – XVII м. «ҳисори Шодмон», яъне «қалъаи Шодмон», номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «ҳисор» монд ва исми хос - «Ҳисор» – гашт.

Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри соли 1907 вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба қалъаи Душанбе кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.

Аз ҷойноми «Душанбе» (форсӣ: «دوشنبه»‎) барои нахустин бор дар китоби донишманди балхӣ Маҳмуд ибни Валӣ «Баҳр ул-аъроф фи маноқиб ал-хайр» (оғози садаи XVII м.) ва номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи Рус Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр «Душанбе-қурғон» (форсӣ: «دوشنبه قورغان»‎) номида шудааст. «Қурғон» вожаи туркӣ ва маънояш «қалъа» ва «ҳисор» аст. Қалъаи Душанбе дар канораи чапи рӯди Варзоб ҷой дошта ва ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор баргузор мешудааст. Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдовари ҳамин бозор аст. Азбаски ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «душанбебозор» пайдо шуд, Душанбе ном гирифт.

Соли 1924, пас аз ташкил кардани Ҷумҳурии Мухтории Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Душанбе шаҳр ва пойтахт эълон гардид.

16 октябри соли 1929 Душанбе - Сталинобод номида шуд. Соли 1961 дубора Душанбе номида шуд.

Саноат

Душанбе ба калонтарин маркази саноатӣ табдил ёфтааст. Дар пойтахт ба миқдори 40 фисад (%) иқтидори саноати мамлакат ҷамъ карда шудааст. Дар ин ҷо тақрибан 15 фисади (%) аҳолии ҷумҳурӣ зиндагӣ намуда, чоряки Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии мамлакатро истеҳсол менамоянд. Комплекси саноатии пойтахт имрӯз 230 корхонаи саноатии шахсии гуногуншаклро дар бар мегирад, ки дар он зиёда аз 19 ҳазор аҳолии пойтахт фаъолият доранд. Тақсимоти сохти истеҳсолӣ аз нуқтаи назар соҳаҳои бартари дошта.

Саноати сабук – соҳаи бештар тараққикардаи саноати комплексии пойтахт мебошад. Чунин ҳолат ба он маънидод мешавад, ки манбаи асосии ашёҳо (пахта нахи маҳинах ва ғайра ) дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд. На танҳои корхонаҳои шаҳр, балки корхонаҳои бузурги ҷумҳуриро ба мисли ташкилоти истеҳсолии ҶММ «Насоҷӣ» (корхонаи бофандагӣ ва ресандагӣ ), ки бо қувваи истеҳсолӣ дар як сол коркарди пахтаи маҳинахро ба 25 ҳазор тонна мерасонад, дар бар мегирад. ҶС «Чевар» ва ҶСП «Гулистон» корхонахои барои истеҳсоли махсулоти дузандагии тайёр, ҶС «Нафиса» корхонаи коркарди маҳсулоти ҷуроббарорие, ки дар айни замон асосан маҳсулоти худро 100% аз нахи пахта иборат аст, истеҳсол меамоянд.

Соҳаҳои барқӣ, мошинсозӣ ва металлургӣ - корхонаҳои азими ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. ИИВД «Текстилмаш» (истеҳсоли дастгоҳҳо ва таҷҳизот барои саноати пахтатозакунӣ, хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли ҳисобкунакҳои газӣ, неъругоҳҳои барқии хурд ва автономӣ, васл намудани техникаи хоҷагии қишлоқ) ҶС «Тоҷиккабел» - корхонаи истеҳсли маҳсулоти кабелӣ (зиёда 40 номгӯи ва намуд сар карда, аз кабелҳои телефонӣ то кабеҳои пуриқтидори электронӣ) ҶС «Сомон-таҷҳизот» корхонаи истеҳсоли техникаи электронӣ, молҳои электрикӣ маиши, ҶС «Торгмаш» - корхонаи истеҳсоли таҷҳизот барои муассисаҳои савдо, ҶС «Заводи арматурбарорӣ»- корхонаи истеҳсоли рехти чуян, арматура.

Саноати хурокворӣ ва коркардбарорӣ: Тамоми намуди маҳсулоти хуроквориро истеҳсол менамоянд, инчунин молҳои машруботиро. Яке аз соҳаҳои калонтарин ин комбинати ширбарорӣ ва гушту консерва, заводи машруботи шаҳри Душанбе, комбинати хуроквории Тоҷикистон, корхонахои маҳсулоти нон «Нонпаз», қанодӣ фабрикаи «Ширин» мебошад.

Саноати масолеҳи бинокорӣ - заводи сементбарории шаҳри Душанбе, заводи шифербарорӣ, заводи хишбарори ва инчунин дигар корхонаҳоро, ки масолеҳи бинокорӣ конструксияи бетони истеҳсол менамоянд, дар бар мегирад.

Соҳаи электроэнергетикӣ - корхонаҳои ТЭЦ-и Душанбе ва Каскади неругоҳи барқии Варзоб - корхонаҳои коркарди электроэнергетикӣ ва гармиро дар бар мегирад.

Саноати кимиёвии пойтахт - аз корхонаҳои коркардбарории масолеҳи нефтӣ ва истеҳсоли ашёи пластмассагӣ иборат аст.

Саноати ҷангал, коркарди чӯб, қоғаз ва селюлоза – ба худ корхонахои истеҳсоли коркарди ҷангал, истеҳсоли ашё барои мебел, ки ба стандартҳои давлатӣ таносуб аст, дар бар мегирад.

Саноати полиграфӣ - зиёда аз 20 истеҳсолотро дар бар гирифта, ки китоб ва дигар намуди чопи полиграфиро истеҳсол менамоянд.[5]


Маркази илмӣ-фарҳангӣ

Душанбе яке аз калонтарин маркази илмӣ-фарҳангӣ ба шумор меравад. Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки ба он 20 Пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ шомил буда, дар онҳо дар соҳаҳои физика, астрофизика, риёзиёт, зилзилашиносӣ, кимиё, геология, гастроэнтрология, зоология, ботаника, растаниҳои физиологӣ, генетика, иқтисод, фалсафа, ҳуқуқ, таърих ва бостоншиносӣ, этнографӣ, забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ тадқиқотҳо бурда мешаванд. 21 донишгоҳҳу донишкадаҳои пойтахт ҳар сол ҳазорҳо мутахассисони соҳаи гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳуриро тайёр менамоянд.

Нақши Душанбе дар рушди фарҳангӣ бузург аст. Устодони барҷастаи сухан Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Мӯъмин Қаноат, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарҳо дар рушди адабиёти муосири тоҷик на танҳо дар Ватани худ, балки дар дигар мамлакатҳои Шарқу Ғарб машҳур буда, саҳми беандозае гузоштаанд.[6]

Маориф

(дар давоми соли хониши 2011/2012)

  • Миқдори мактабҳои маълумоти олӣ - 19;

дар онҳо:

  • Донишҷӯён, ҳазор нафар – 90,7;
  • Мутахассисони хатмкунанда, ҳазор нафар – 17,0;
  • Миқдори омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ - 9;

дар онҳо:

  • Хонандагон, ҳазор нафар – 9,0;
  • Коргарони мутахассиси хаимкунанда, ҳазор нафар – 2,1;
  • Миқдори мактабҳои таҳсилоти умумӣ - 140;

дар онҳо:

  • Хонандагон, ҳазор нафар – 168,8;
  • Омӯзгорон, ҳазор нафар – 6,6;
  • Миқдори муассисаҳои бачагонаи томактабӣ - 108;
  • Бача дар онҳо, ҳазор нафар – 21,1

Илм

  • Ташкилотҳои илмӣ - 38;
  • теъдоди кормандони илмӣ - 2366;

Дорандагони унвони илмӣ дар онҳо:

  • докторони илм, нафар – 315;
  • номзадҳои илм, нафар – 781.

аз ҷумла:

  • Институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон -14;
  • теъдоди кормандони илмӣ - 645;

Дорандагони унвони илмӣ дар онҳо:

  • докторони илм, нафар – 101;
  • номзадҳои илм, нафар – 182.

Мактабҳои олӣ

Дар шаҳри Душанбе (феврали 2012) мактабҳои олии зерин фаъолият мекунанд:

  1. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  2. Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов (КМТ ба номи Т. Сатторов)
  3. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур (ДАТ ба номи Ш. Шотемур)
  4. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
  5. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (ДДТТ ба номи Абӯалӣ Ибни Сино)
  6. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ (ДТТ ба номи М.Осимӣ)
  7. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ)
  8. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ)]
  9. Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ)
  10. Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон(ДМИТ)
  11. Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит
  12. Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода(ДДСТ ба номи М. Турсунзода)
  13. Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улугзода (ДДЗТ ба номи С. Улугзода)
  14. Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон(ДСХ)
  15. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (ДТҶТ)
  16. Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (АВКДТ)
  17. Донишкадаи ҳарбии Вазорати Мудофиаи Тоҷикистон
  18. Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон
  19. Донишкадаи қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон
  20. Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе
  21. Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС дар шаҳри Душанбе

Ёдгориҳри меъморӣ – таърихӣ

1. Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо ҳайкали Исмоили Сомонӣ;

2. Ҳайкали Садриддин Айнӣ;

3. Ҳайкали Абуалӣ ибни Сино;

4. Ҳайкали Мирзо Турсунзода;

5. Ҳайкали А. Фирдавсӣ;

6. Ҳайкали В. В. Куйбишев;

7. Ҳайкали А. Рӯдакӣ;

8. Ҳайкали Садриддин Айнӣва Максим Горкий;

9. Ҳайкали Абулқосим Лоҳутӣ;

10. Ҳайкали Умари Хайём;

11. Нимпайкараи академик Б. Ғаффуров;

12. Муҷтамаи ёдгории Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

13. Муҷтамаи нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

14. Муҷтамаи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Осорхонаҳо

  • Осорхонаи мардумшиносӣ (этнографӣ)(1954)
  • Хона - музейи Зиёдулло Шаҳидӣ (1991)
  • Хона - музейи Муҳаммадҷон Раҳимӣ (1968)
  • Хона - музейи Муҳиддин Аминзода (1974)
  • Хона - музеи Сидалӣ Вализода (1981)
  • Осорхонаи заминшиносии Тоҷикистон (2011)
  • Музеи асбобҳои мусиқии Гурминҷ Завқибеков

Муассисаҳои театрӣ

Муассисаҳои консертӣ

Нашрияҳо

Миқдори рӯзнома ва маҷалаҳои ҷумҳуриявии дар шаҳр нашршаванда:

  • рӯзнома – 65;
  • маҷалла – 49.

аз ҷумла Маҷаллаи «Тоҷикистон»,«Илм ва ҳаёт», «Фарҳанг», «Тоҷикистон», Рӯзномаи «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Азия-плюс», «Паёми Душанбе», «Вечерний Душанбе» ва диг. нашр мешаванд.Имрӯз дар пойтахт 4 Оҷонсиҳои Иттилоотии Тоҷикистон амал карда истодаанд: Оҷонсии иттилоотии «СИМОНЮС», Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс», АМИТ «ХОВАР»,Оҷонсии умумимиллии иттилоот «ТОҶНЮС»(«TOJNEWS»)

Тандурустӣ

  • Теъдоди беморхонаҳо – 39;
  • Кати беморони онҳо – 5454;
  • Теъдоди духтурони ҳамаи тахассусҳо, нафар – 5889;
  • Теъдоди муассисаҳои тиббии ёрии амбулаторӣ-дармонӣ диҳанда – 18.


Иншоотҳои варзишӣ

  • Стадионҳо – 8;
  • Толорҳои варзишӣ – 121;
  • Ҳавзҳои шиноварӣ – 4;
  • Толорҳои теннисбозӣ – 3;
  • Майдонҳои футболбозӣ – 57;
  • Машқгоҳи тирандозӣ – 3;
  • Муҷтамаи майдонҳои варзишӣ – 140;
  • Теъдоди ҷой дар иншоотҳои асосии варзишӣ:
  • Стадиони Фрунзе – 16 ҳазор;
  • Стадиони Спартак – 6 ҳазор;
  • Стадиони Динамо – 3 ҳазор;

Шахсиятҳои маъруф

Нусратулло Махсум – ходими намоёни давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон

Шириншо Шотемур – ходими намоёни давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон

Садриддин Айнӣ – нависанда, олим, ходими намоёни ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон

Бобоҷон Ғафуров – олим, ходими намоёни давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон

Мирзо Турсунзода – шоир, ходими намоёни ҷамъиятӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон - ходими намоёни давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон

Турсун Ӯлҷабоев - ходими намоёни давлатӣ

Ҷаббор Расулов - ходими намоёни давлатӣ

Раҳмон Набиев - ходими намоёни давлатӣ

Муҳаммадҷон Қосимов - актёри театр ва кинои тоҷик.

Тӯҳфа Фозилова – овохони театри опера (сопрано),актёри театр ва кинои тоҷик

Лутфи Зоҳидова – артисти балет,раққоса.

Ғуломҳайдар Ғуломалиев – балетмейстер

Аслӣ Бурҳонов – актёри театр ва кинои тоҷик

Ҳанифа Мавлонова – сарояндаи тоҷик (сопранои лирикӣ-драмавӣ)

Аҳмад Бобоқулов – сарояндаи тоҷик (овозаш тенори лирикӣ ва драмавӣ).

Малика Собирова – артисти балет.

Ғаффор Валаматзода – раққос ва балетмейстери тоҷик.

• Николай Волчков – балетмейстери тоҷик

Ҷӯрабек Муродов – ҳофиз, мутриб ва оҳангсози тоҷик (тенори лирикӣ)

Малика Қаландарова – раққосаи тоҷик.

Зебо Аминзода – раққоса ва балетмейстери тоҷик.

Ҳошим Гадоев – актёр ва режиссёри тоҷик.

Азиза Азимова – раққоса ва балетмейстери тоҷик.

Тоҳир Собиров– актёр, режиссёр ва сенариянависи кино.

Давлатназар Худоназаров – ходими намоёни кинои тоҷик, сиёсатмадор ва ходими ҷамъиятӣ.

София Туйбоева – актёри театр ва кинои тоҷик.

• Гурминҷ Завқибеков – актёри театр ва кинои тоҷик.

Маҳмуд Воҳидов – актёр ва режиссёри театр ва кинои тоҷик

Барно Исҳоқова – сарояндаи тоҷик (сопранои лирикӣ).

Зиёдулло Шаҳидӣ - оҳангсози тоҷик.

• Толибхон Шаҳидӣ - оҳангсози тоҷик.

Ато Муҳаммадҷонов - актёри театр ва кинои тоҷик.

Зафар Нозимов – овозхони тоҷик.

Валерий Аҳадов – кинорежисёр, филмноманавис

Мирсаид МиршакарШоири халқии Тоҷикистон

Боқӣ РаҳимзодаШоири халқии Тоҷикистон

Лоиқ ШералӣШоири халқии Тоҷикистон

Ғанӣ Абдулло - Нависандаи халқии Тоҷикистон

Фазлиддин Муҳаммадиев - Нависандаи халқии Тоҷикистон

Фотеҳ Ниёзӣ - Нависандаи халқии Тоҷикистон

Сотим Улуғзода - Нависандаи халқии Тоҷикистон

• Гулчеҳра Сулаймонӣ - Нависандаи халқии Тоҷикистон

ва дигар шаҳрвандони Душанбе ба он дохил мешаванд.

Робитаҳои байналмилалӣ

Душанбе бо шаҳрҳои дунё: Санкт-Петербург (Русия), Лусака (Замбия), Монастир (Тунис), Сана (Яман), Клагенфурт (Австрия), Лахор (Покистон), Боулдер (ИМА), Урумчӣ (Хитой), Ройтлинген (Олмон), Мазори Шариф (Афғонистон), Теҳрон ва Шероз (Эрон), Минск (Беларус), Анқара (Туркия) бародаршаҳр мебошад.

Дар баробари ин, пойтахти Тоҷикистон аъзои фаъоли Ташкилоти умумиҷаҳонии Шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ (ОГМВ), Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП) мебошад.

Дар Душанбе намояндаҳои Созмони Милали Муттаҳидд ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Фонди байналхалқии асъор ва дигар институтҳои байналмилалии бонуфуз, корпуси дипломатии давлатҳои хориҷӣ мустақар мебошанд.Барои саҳми беандозаи Душанбе дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамрайъӣ дар ҳайёти ҳамарӯза 4 августи соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором барои солҳои 2002-2003 дода шуд.[7]

Боиси зикр аст, ки дар шаҳри Душанбе соли 31.08.2011 рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд. Ин рекорди нави ҷаҳонӣ, - ифтитоҳи парчами баландтарини дунё, ки баландии он 165 метрро ташкил мекунад, ба ҳисоб меравад.

Пайнавиштҳо

  1. http://www.dushanbe.tj/capital/passport/
  2. http://www.dushanbe.tj/capital/passport/
  3. «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 хиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. Теҳрон: Китобхонаи Таҳурӣ, Ширкати офсети «Гулшан». 1983 – саҳ. 110
  4. ЛеСтренж, Ги. «Сарзаминҳои Хилофати шарқӣ». Тарҷумаи Маҳмуд Ирфон. Теҳрон: Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб. 1336 ҳ.ш. = 1958 м. – саҳ. 468
  5. [ http://www.dushanbe.tj/economic/industry/
  6. http://www.dushanbe.tj/capital/capital/
  7. http://www.dushanbe.tj/capital/capital/

Пайвандҳои беруна

Нигаред

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: