Шоҳи Зинда: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х r2.7.1) (робот илова карда истодааст: hy:Շահի Զինդա
ZéroBot (баҳс | ҳисса)
х r2.7.1) (робот илова карда истодааст: ja:シャーヒ・ズィンダ廟群
Сатри 70: Сатри 70:
[[fa:آرامگاه شاه زنده]]
[[fa:آرامگاه شاه زنده]]
[[hy:Շահի Զինդա]]
[[hy:Շահի Զինդա]]
[[ja:シャーヒ・ズィンダ廟群]]
[[pt:Shakhi-Zinda]]
[[pt:Shakhi-Zinda]]
[[ru:Шахи Зинда]]
[[ru:Шахи Зинда]]

Нусха 16:17, 28 феврали 2013

Шохи зинда

Шохи Зинда (форс. شاه زنده — ёдгории асрҳои миёнаи шаҳри Самарқанд (Ӯзбекистон), аз як қатор мақбараҳои сарватмандони Самарқанд иборат мебошад. То рӯзҳои мо танҳо ёздаҳ мақбара боқи мондааст, ки наздикии ҳамдигар давоми асрҳои XIV—XV сохта шудаанд. Ҳоло он, ки дар вақти кофтукови археолог, дар қисми шарқии боқимондаҳои Афросиёб мақбараҳои асрҳои XI—XII ёфт шуданд. Соли 2001 мақбараҳои Шоҳи Зинда дар якҷояги бо дигар сохтмонҳои қадимаи шаҳри Самарқанд ба руйхати умуммиҷаҳонии фонди ЮНЕСКО дохил гардиданд.

Таърих

Силсилаи мақбараҳои Шоҳи Зинда дар тӯли 9 аср ба вуҷуд омадааст ва зиёда аз бист сохмонҳои асрҳои IX—XIV ва XIX иборат мебошанд. Номи Шоҳ-и Зинда — аз қиссаи қадима гирифта шудааст. Дар ин қисса гуфта шудааст, ки бародари Муҳаммадпайғамбар, Қусам ибн Аббос, ба Самарқанд бо гурӯҳи хурди сарбозон барои ҷорӣ намудани дини ислом омада будааст. Дар вақти тохтутози душманҳо Қусам ибн Аббос захми гаштааст вале аз дасти душманон дар яке аз нишебиҳо паноҳ шуда халос гаштааст, ки то ҳол дар он ҷо гӯё зиндагӣ мекардааст.

Сохтмонҳои силсилаи мақбараҳо, ки аз онҳо танҳо пойдеворҳо ва сангҳои сари қабрӣ иборатанд ба асрҳои XI—XII таалуқ доранд. Бисьёрии сохтмонҳо ба асрҳои к XIV—XV таалуқ доранд, ва азнавсозиҳо ба асрҳои XVI—XIX таалуқ дошта бошанд ҳам, вале намуди зоҳирии мақбараро вайрон накардааст.

Шоҳи-Зинда — дар Самарқанд ягона ёдгории археологи-архетектури, ба ҳисоб меравад, ки дар он таърихи 25-асраи шахри Афрасиёб, акс ёфтааст.

Намуди умумӣ

яке аз гузаргоҳҳои байни мақбараҳо

Қисми даромадгоҳи ин силсила мақбараҳо нисбатан сохтмонҳои нав ба ҳисоб мераванд. Қисмҳои дарунӣ ба қисмҳои поёнӣ,миёна ва болоӣ ҷудо мешаванд, ки баёни худ бо гузаргоҳҳо пайваст меаванд.

Дар қисмҳои поёнии ин сохтмон дар айвон каме дуртар аз даромадгоҳ, мақбараи дугумбазнок Қози-зода ар-Руми, математик ва ситорашиноси замони Улуғбек ҷойгир шудааст. Гурӯҳи миёнаи сохтмонҳо аз мақбараҳои замони Темур, ки дар он ҷо хешу табор, сарбозони номдор ва диндорон гӯронида шудаанд иборат аст. Ин сохтмонҳо ба охири асри XIV — аввали асри XV таалуқ доранд. Дар байни онҳо низ мақбараҳои Амир-зода (соли 1386), Туғлу-Текин, ҷияни Темур Шоди-Мульк-ака (Туркан-ака) (солҳои 1371—1372) ва хоҳари Темур Ширин-бика-ака (соли 1385—1386) ҳастанд. Ду мақбараи охирон аз ҳама беҳтар боқи мондаанд. Деворҳои пеши ин биноҳои як ҳуҷрагӣ хеле зебо оро дода шудааст. Дар наздикии Мақбараи Ширин-бика-ака, аз дигар сохтмонҳо фарқ карда истода, мақбараи ҳашткунҷаи аввали асри XV бо тарафҳои кушода қомат афрохтааст. Ин мақбара бо мозаика аз хиштчаҳои хурд-хурд иборат буда, мумкин, ки дар аввал бо гумбази баланди цилиндршакл рӯпӯш карда шуда буд.

Руйхати силсилаи мақбараҳо

Мавзолеи

  • Кусама ибн Аббас (с 1334), асри XV
  • Мақбараи беном, с 1360/61
  • Шоди-Мульк-ака («Туркан-ака»), с 1371/72, зодчие Шамсиддин, Баҳриддин ва Зайниддин Бухорӣ)
  • Ширин-бек-ака, с 1385/86
  • Эмир-зода, с 1386
  • Ходжа-Аҳмад, асри XIV
  • математик ва ситорашинос Қази-зода ар-Руми,асри XV
  • Туғлу-Текин (с 1376)
  • Руҳобод

Сохмонҳои дигар

  • Комплекси Туман-Ака аввали асри XV
  • Чартак — масчиди 4-сутуна
  • Масчидҳои Едовари, миёнаи асри XV

Иловаҳо


Адабиёт

Пайвандҳо