Ҳафткӯл: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х Илова
х Тахрир
Сатри 7: Сатри 7:
Дар бораи пайдоиши кӯлҳои мазкур ривояте мавҷуд аст, ки замоне дар ин дара оҳангаре сукунат доштааст, ки соҳиби 7 духтари нозанине будааст. Рӯзе ҳокими ин мавзеъ духтари хурдии оҳангарро дида, ба ў ошиқ мешавад. Падари духтар розӣ буд, ки ўро ба никоҳи ҳоким дарорад, вале худи духтар ба ҳеҷ ваҷҳ намехост, ки ҳамсари ин марди пир гардад. Ва духтари зирак ба чунин қарор омад, ки барои ба шавҳар баромадан назди хостгорон шартҳои худро мегузорад, зеро бовар дошт, ки ҳокими пир аз иҷрои шарти ӯ ҳеҷ гоҳ баромада наметавонад, Ҳокими солхӯрда гўё аз нерўи ишқ болу пар гирифта бошад, ки шарти гузоштаи духтари оҳангарро дар зарфи 40 рӯз ба ҷо оварда, як қасри зебои тиллоие бунёд намуд. Духтари ҷавон чораи дигаре наёфта, дар рўзи тўй бо либоси арӯсӣ аз боми қаср худро ба замин меафканад ва ҷон медиҳад. Гӯё дар ҷойи фавти ӯ кӯли Мижгон пайдо шуда, кӯлҳои дигар аз ашки хоҳарони ӯ ба вуҷуд омадааст.<ref> http://tdc.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=67&lang=ru</ref>

==[[Мавзеъхои сайёҳии Тоҷикистон]]==
==Минтақаи сайёҳии Тоҷикистон==
«Ҳафткӯл» дар ҳифз ва истифодаи [[Ёдгориҳои табиат|мероси табии]] ҷумҳурӣ мебошад. Дар ин мавзеъ , ки ба яке аз минтақаи сайёҳии Тоҷикистон ([[Минтақаи туристии водии Зарафшон|минтақаи туристии водии Зарафшон]]) табдил ёфтааст, туристони зиёде меоянд.<ref>Қодиров Ф.С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ - таърихӣ ва табиӣ. - Душанбе, 2012, с. 28.</ref>
«Ҳафткӯл» дар ҳифз ва истифодаи [[Ёдгориҳои табиат|мероси табии]] ҷумҳурӣ мебошад. Дар ин мавзеъ, ки ба яке аз минтақаи сайёҳии Тоҷикистон ([[Минтақаи туристии водии Зарафшон|минтақаи туристии водии Зарафшон]]) табдил ёфтааст, туристони зиёде меоянд.<ref>Қодиров Ф.С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ - таърихӣ ва табиӣ. - Душанбе, 2012, с. 28.</ref>

==Пайвандҳои беруна ==
==Пайвандҳои беруна ==

Нусха 20:59, 4 марти 2013

Ҳафткӯл – яке аз силсилакӯлҳои мавзеъҳои табии Тоҷикистон мебошад. Ҳафткӯл дар кӯҳистони Фон қаторкӯҳҳои Зарафшон воқеъ аст.

Мавзеъи табиӣ

Кӯҳҳои Фон қисмати баландтарини қаторкӯҳҳои Зарафшон буда, аз шарқ бо дарёи Фондарё ва аз қисмати ғарб бо силсилаи кӯлҳои Марғузор ва дарёи Шинг иҳота шудааст. Дар кӯҳҳои Фон беш аз 30 кӯли дорои оби шаффофу сард мавҷуд аст, ки аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳӣ сарчашма мегирад. Кӯлҳо дар бари кӯҳпораҳои наву кӯҳнаи лагжида ҷойгир аст, ки он дар натиҷаи обшавӣ ва ҷойивазкунии пиряхҳо ба вуҷуд омадааст. Дар миёни онҳо кӯлҳои Марғузор ё Ҳафт нозанини Шинг бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад. Кӯлҳои Марғузор аз ҳафт кӯли фирӯзаранг иборат буда, силсиламонанд тавассути водии васеи дарёи Шинг ҷорӣ мешавад. Кӯли аз ҳама пасттарин дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, кўли дуввум дар баландии 1701 метр ва ҳамин тавр ҳар кадоме аз кўлҳо аз дигаре болотар ҷойгир шуда, яке аз дигаре зеботар аст ва тамошои кўлҳои баландтар душвортар аст, зеро роҳи он мушкилгузар аст. Кӯли охирин дар баландии 2400 метр воқеъ гардидааст. Сокинони маҳаллї мегўянд, ки ҳар касе аз тамошои он баҳра бигирад, тамоми умр хушбахт хоҳад буд. Кӯлҳои Марғузор ва бахусус кӯли Мижгон бо ранги ғайриоддии обаш хеле зебо мебошад. Нуриҳои минералии дар об ҳалгардида ҳатто ба кафки оби дарёи шӯхи Шинг низ ранги осмонї медиҳад. Вақте дарёи саркаши Шинг ба кӯл ворид гардида, ором мешавад, оби он ба худ ранги ғализи кабуд ва бунафшрангро мегирад.[1]

Ривояти халқӣ

Дар бораи пайдоиши кӯлҳои мазкур ривояте мавҷуд аст, ки замоне дар ин дара оҳангаре сукунат доштааст, ки соҳиби 7 духтари нозанине будааст. Рӯзе ҳокими ин мавзеъ духтари хурдии оҳангарро дида, ба ў ошиқ мешавад. Падари духтар розӣ буд, ки ўро ба никоҳи ҳоким дарорад, вале худи духтар ба ҳеҷ ваҷҳ намехост, ки ҳамсари ин марди пир гардад. Ва духтари зирак ба чунин қарор омад, ки барои ба шавҳар баромадан назди хостгорон шартҳои худро мегузорад, зеро бовар дошт, ки ҳокими пир аз иҷрои шарти ӯ ҳеҷ гоҳ баромада наметавонад, Ҳокими солхӯрда гўё аз нерўи ишқ болу пар гирифта бошад, ки шарти гузоштаи духтари оҳангарро дар зарфи 40 рӯз ба ҷо оварда, як қасри зебои тиллоие бунёд намуд. Духтари ҷавон чораи дигаре наёфта, дар рўзи тўй бо либоси арӯсӣ аз боми қаср худро ба замин меафканад ва ҷон медиҳад. Гӯё дар ҷойи фавти ӯ кӯли Мижгон пайдо шуда, кӯлҳои дигар аз ашки хоҳарони ӯ ба вуҷуд омадааст.[2]

Минтақаи сайёҳии Тоҷикистон

«Ҳафткӯл» дар ҳифз ва истифодаи мероси табии ҷумҳурӣ мебошад. Дар ин мавзеъ, ки ба яке аз минтақаи сайёҳии Тоҷикистон (минтақаи туристии водии Зарафшон) табдил ёфтааст, туристони зиёде меоянд.[3]

Пайвандҳои беруна

  1. http://navrasta.com/tj/historical-places-of-tajikistan.html
  2. http://tdc.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=67&lang=ru
  3. Қодиров Ф.С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ - таърихӣ ва табиӣ. - Душанбе, 2012, с. 28.

[1]

[2]

[3]