Соҳиб Табаров: Тафовут байни таҳрирҳо
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) Соҳиб Табаров |
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) х →Пайвандҳои беруна: delete |
||
Сатри 17: | Сатри 17: | ||
== Пайвандҳои беруна == |
== Пайвандҳои беруна == |
||
{{bio-stub}} |
{{bio-stub}} |
||
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]] |
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]] |
||
[[Гурӯҳ: Маориф дар Тоҷикистон]] |
|||
[[Гурӯҳ: Олимони Тоҷикистон]] |
[[Гурӯҳ: Олимони Тоҷикистон]] |
||
[[Гурӯҳ: Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] |
[[Гурӯҳ: Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] |
Нусха 15:16, 19 Январ 2014
Шаблон:Зиндагинома Соҳиб Табаров - (23 ноябри соли 1924 Душанбе ), узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Ҳолнома
Баъд аз хатми Донишгохи давлатии омузгории Душанбе аз соли 1943 то соли 1985 дар вазифаҳои гуногун дар ДДТ ба номи В.И. Ленин фаъолият намудааст. Солҳои 1953-1980 сарвари кафедраи адабиёти тоҷик, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТС.Ш. Табаров буд. Мартабаи илмӣ ва фаъолияти адабиётшиносию мунаққидии С.Ш. Табаров боиси густариши беш аз пеш ва эътибори илмию таълимии кафедра гардид. Паҳлӯҳои мухталифи назарӣ ва амалии таърихи адабиёти давраи нави тоҷик дар асару мақолаҳои зиёди илмӣ ва илмию оммавии устод Табаров, мавриди тадқиқи амиқ қарор гирифтаанд. Дар давраи мудирии Табаров С.Ш. дар баробари устодони варзида – Шарифҷон Ҳусейнзода, Баҳром Сирус, Муллоҷон Фозилов, Ҳилол Каримов, Воҳид Асрорӣ, Турсунбой Неъматзода насли дигари омӯзгорон чун Саъдулло Асадуллоев, Зоҳир Аҳрорӣ, Асадулло Сӯфизода, Саъдоншо Имронов, Маҳмуд Давлатов, Хайрулло Муҳибов, Собира Аминова ва баъдтар Раҳим Мусулмонқулов, Худойназар Асозода, Абдулҳай Маҳмадаминов, Абдуҷаббор Раҳмонов, Маҳмадюсуф Имомов, Абдувалӣ Давронов, Рустам Ваҳҳобов, Зебуннисо Ёрова ба воя расиданд. Услуби тадқиқи Табаров С.Ш. дар пайравӣ ба академик А. Мирзоев ва профессор А.Н. Болдирев, дақиқкорӣ, ба далелҳо эътибори ҷиддӣ додан ва аз ҳуҷҷатҳо эҳтиёткорона хулоса баровардан мебошад. Ба қавли академики чех Ян Рипка, Табаров С.Ш. дар илми филологияи тоҷик мактаби адабиётшиносии пурқуввате ба вуҷуд овардааст, ки онро шогирдонаш бомуваффақият идома медиҳанд. Аз соли 1985 ходими пешбари Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои ҶТ, дотсент ва мушовири кафедраи назарияи адабиёт ва адабиёти навини форсии тоҷик шуда фаъолият намудааст. Муаллифи зиёда аз 850 асару таълифоти илмӣ, аз ҷумла дар китобҳои бунёдии «Пайрав Сулаймонӣ» (1962 нашри дувум 2013), «Ҳаёт, адабиёт, реализм» (дар панҷ ҷилд, солҳои 1966-1989), «С. Айнӣ – қофиласолори адабиёти советии тоҷик» (1977), «Мунзим. Беҳбудӣ» (2002) ва диг. мебошад.
Манобеъ
Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – Душанбе, 2008, с.304
Пайвандҳои беруна
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |