Носирҷон Маъсумӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Носирҷон Маъсумӣ
 
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 1: Сатри 1:
{{Зиндагинома
{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ= Носирҷон Маъсумӣ
|Номи тоҷикӣ=Носирҷон Маъсумӣ
|Номи аслӣ= Носирҷон Асадович Маъсумӣ
|Номи аслӣ= Носирҷон Асадович Маъсумӣ
|Акс=noimage.gif
|Акс=noimage.gif
Сатри 8: Сатри 8:
|Вазифа= олими забоншинос, ходими ҷамъиятӣ ва илмӣ
|Вазифа= олими забоншинос, ходими ҷамъиятӣ ва илмӣ
}}
}}
'''Носирҷон Маъсумӣ''' (02.05.1915 – ваф. 16.08.1974, ш. Душанбе), олими забоншинос ва шоир. Доктори илмҳои филология, профессор. Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон ([[1960]]). Ходими ҷамъиятӣ ва илмӣ, Узви пайвастаи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон|АИ Тоҷикистон]] ([[1966]]).
'''Носирҷон Маъсумӣ''' (2 майи 1915 – 16 август 1974, ш. Душанбе), олими забоншинос ва шоир. Доктори илмҳои филология, профессор. Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон ([[1960]]). Ходими ҷамъиятӣ ва илмӣ, Узви пайвастаи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон|АИ Тоҷикистон]] ([[1966]]).
== Ҳолнома ==
== Ҳолнома ==

Нусха 16:07, 19 Январ 2014

Шаблон:Зиндагинома Носирҷон Маъсумӣ (2 майи 1915 – 16 август 1974, ш. Душанбе), олими забоншинос ва шоир. Доктори илмҳои филология, профессор. Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1960). Ходими ҷамъиятӣ ва илмӣ, Узви пайвастаи АИ Тоҷикистон (1966).

Ҳолнома

Дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Регар (ҳоло – Турсунзода) ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби ҳафтсолаи деҳаи Бахшитеппаи ноҳияи Самарқанд (1936) муаллими забон ва адабиёти тоҷикии Техникуми педагогии Панҷакент (1930-1936). Сипас дар факултети забон ва адабиёти ИДПС ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло –ДДОТ ба номи С. Айнӣ) таҳсил кардааст (1936-1940). Муаллим, мудири кафедраи забон тоҷикӣ (1940-1948), мудири кафедраи адабиёти тоҷикӣ (1948-1953), проректори корҳои илмӣ (1953-1956), муал. ва мудири кафедраи забон ва адабиёт. Мактаби партиявии назди КМ ҲК Тоҷикистон (1956-1959), дир. ИЗА ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон (1959-1970), акад.-кот. Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятии АФ Тоҷикистон (1971-1974).

Мероси илмӣ

Муаллифи асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла «Усули таълими хониши адабӣ», китоби дарсӣ ва хрестоматияи «Адабиёти советӣ» барои синфи 10 (бо ҳамқаламии Х. Мирзозода ва Ю. Бобоев, ки аз с. 1962 то охири с. 1980 ҳар сол чоп шудааст), «Фолклори тоҷик» (Д., 1952), «Адабиёти тоҷик дар асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX» (Д., 1962), «Туғрал ва муҳити адабии ӯ» (Д., 1964), «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (Д., 1957 бо ҳамқаламии дигарон), «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо», рисолаҳо «Дар бораи вазъият ва баъзе тағйиротҳо дар таркиби луғавии забони адабии тоҷик дар асрҳои X-XIX» (Д., 1951), «Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX» (1954), «Хислатҳои асосии инкишофи забони адабии тоҷик дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX» (1955), рисолаи «Муборизаи С. Айнӣ барои тозагӣ ва боигарии забони адабии тоҷик» (Д., 1970 бо ҳамқаламии дигарон) ва ғ. Як силсила шеърҳои с.-ҳои 30-юм эҷодкардааш дар маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» чоп шудаанд. Ӯ ҳамчун ходими ҷамъиятӣ ва илмӣ - Раиси шӯъбаи Тоҷикистонии Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои мадании СССР бо Афғонистон, узви Шӯрои умумиитифоки оид ба масъалаҳои лексикология ва лексикография, узви ҳайати таҳририя ва муҳарир, мушовири «Краткая литературная энсиклопедия», узви ҳайати таҳририяи Энсиклопелияи советии РСС Тоҷикистон, маҷаллаи «Мактаби советӣ», ҷон. раиси Комитети терминологияи АИ Тоҷикистон, узви Правления, Президент ва раиси Комиссияи тафтишоти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз с. 1940) буд.


Мукофоту ҷоизаҳо

• Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ»;

• ва медалу ифтихорномахои фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

У ду даъват (6 ва 8) депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон буд.

Ба номи ӯ мактаби миёнаи д. Қаратоғ ва яке аз кӯчаҳои ш. Душанбе гузошта шудааст.

Пайвандҳои беруна


Адабиёт

Энсиклопелияи советии РСС Тоҷикистон. Ҷилди 4. – Душанбе, 1986.