Турсун Ӯлҷабоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х →‎Манбаъ: таҳрир
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 1: Сатри 1:
{{Зиндагинома
{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ= Турсун Ӯлҷабоев
|Номи тоҷикӣ= Турсун Ӯлҷабоев
|Номи аслӣ=Турсун (Турсунбой) Улҷабоевич Улҷабоев
|Номи аслӣ=Турсунбой Улҷабоевич Улҷабоев
|Акс= noimage.gif
|Акс= Uldzabaev.jpg
|Зодрӯз= [[1 май]]и соли [[1916]]
|Зодрӯз= [[1 май]]и соли [[1916]]
|Зодгоҳ=[[ноҳияи Бобоҷон Гафуров| ноҳияи Хуҷанди]], [[вилояти Суғд]]
|Зодгоҳ=[[ноҳияи Бобоҷон Гафуров| ноҳияи Хуҷанди]], [[вилояти Суғд]]
Сатри 33: Сатри 33:
* [http://www.centrasia.ru/person2.php?&st=1013881218 Биография на ЦентрАзия. Ру]
* [http://www.centrasia.ru/person2.php?&st=1013881218 Биография на ЦентрАзия. Ру]
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Дар 31 май вафот кардаанд]]
[[Гурӯҳ:Сарварони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Сарварони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Котибони якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Котибони якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон]]

Нусха 03:52, 31 май 2014

Шаблон:Зиндагинома Турсун Ӯлҷабоев - 1 майи соли 1916 дар деҳаи Қуруқи ноҳияи Хуҷанди - 31 майи соли 1988), ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, Котиби якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон байни 24 майи, соли 1956 ва 12 апрели, соли 1961 буд.

Ҳолнома

Турсун Улҷабоев 1 майи соли 1916 дар деҳаи Қуруқи ноҳияи Хуҷанди, вилояти Суғд ба дунё омадааст. Соли 1935 техникуми омузгорӣ ва с. 1950 Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар шаҳри Москва хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Нов (1935 – 1937) саркарда, сипас ба ҳайси мудири шӯъбаи пешоҳангони кумитаи комсомолии ноҳияи Нов, котиби якуми Кумитаи Марказии ИЛКҶ (комсомоли) Тоҷикистон (1941 – 1945), котиби якуми кумитаҳои ҳизби коммунисти вилоятҳои Сталинобод, Кӯлоб ва Ленинобод (1950-1954), котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (1954-1955), Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (1955-1956), Котиби якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон (аз майи соли 1956 то апрели соли 1961) кор кардааст. Маҳз бо ташаббусу сарварии Турсун Ӯлҷабоев соли 1960 сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Норак ҷомаи амал пӯшид. Дар пленуми КМ ҲКИШ (апрели с. 1961) ҳамроҳи Раиси Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ Н. Додхудоев дар қаллобии мунтазами ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ ва ҳисоботҳои бардурӯғ пешниҳод кардан дар бораи иҷроиши нақшаҳои пахтасупорӣ ба давлат гунаҳгор дониста шуд ва аз ҳамаи вазифаҳо озод ва аз ҳизби коммунистӣ хориҷ гардид.Турсун Улҷабоев баъдан сафед карда шудааст.

Фаъолияти баъдина

Солҳои минбаъда ба ҳайси директори совхози қафомондаи «Метин - туғай», ҳоло хоҷагии ба номи Турдиеви ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон (1961-1964), директори совхози «Ғарм» - и ноҳияи Комсомолобод (1964-1973), ҷонишини директор, аз соли 1976 то соли 1986 директори совхози «ХХII партсъезд» - и ноҳияи Куйбишев (ҳоло ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ) кор кардааст.

Турсун Улҷабоев вакили Шӯрои Олии ИҶШС, Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, узви КМ ИЛКҶ ва КМ ҲК Тоҷикистон, узви комиссияи тафтишотии ҲКИШ буд.

Дар давраи истиқлолият роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматҳои Т. Улҷабоев дар рушди иқтисолиёти ҷумҳурӣ баҳои баланд дод. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (1997) Нерӯгоҳи барқии обии Норак ба номи Турсун Улҷабоев гузошта шуд. .[1]

Мукофоту ҷоизаҳо

  • ордени Ленин,
  • 2 ордени Нишони Фахрӣ,
  • 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • панҷ медал ва чор Граммотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС мукофотонида шудааст

Нигаред

Манбаъ

  1. [Вазирони корҳои хориҷи, Турсун Улҷабоев http://mfa.tj/tj/vazironi-korhoi-khoriji/vazironi-korhoi-khoriji.html]