Созмони Милали Муттаҳид: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Dexbot (баҳс | ҳисса)
х Bot: Removing Link FA template
Dexbot (баҳс | ҳисса)
х Removing Link FA template (handled by wikidata)
Сатри 95: Сатри 95:
[[Гурӯҳ:Ҷоизаи Нобел оид ба сулҳ]]
[[Гурӯҳ:Ҷоизаи Нобел оид ба сулҳ]]
[[Гурӯҳ:Идҳои байналмилалӣ]]
[[Гурӯҳ:Идҳои байналмилалӣ]]

{{Link FA|ur}}

Нусха 09:15, 6 сентябри 2014

Парчами СММ
Харитаи СММ

Созмони Миллали Муттаҳид (СММ)созмони байналмилалӣ аст, ки кишварҳои пирӯз дар ҷанги ҷаҳонии дувум барои пуштибонӣ ва устувории сулҳу амният дар ҷаҳон ва густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳо бунёд кардаанд. Мақсади асосии СММ нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, инкишофи муносибатҳои аҳлона дар заминаи эҳтироми принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунӣ: ҳамкории байналмилалӣ доир ба ҳалли мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, ҳавасмандгардони нисбат ба ҳуқуқи инсон ва амсоли инҳо мебошад.

Таърихи СММ

Бинои СММ дар шаҳри Ню Йорк
Бинои СММ дар шаҳри Ню Йорк

Пеш аз СММ ташкилоти Лигаи Миллатҳо, дар соли 1919 таъсис дода шуда буд.

Номи Созмони Милали Муттаҳид, аз тарафи президенти ИМА Франклин Д. Рузвелт пешкаш карда шуда буд, ва дар Эъломияи Созмони Милал 1 январи соли 1942 истифода бурда шуд, вақте ки намояндагони 26 давлатҳо аз номи ҳукумати худ муборизаро бар зидди Ҳитлер ба ӯхда гирифтанд.


Дар ҳоли ҳозир СММ 192 давлатро дарбар мегирад. Аз рӯйихати давлатҳои пазируфтаи мустақил, танҳо Ватикан ба СММ дохил нест.


Низомномаи СММ

Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид

Деклоратсияҳо и конвенсияҳои СММ

Сохтори СММ

Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан

Штаб-квартираи СММ дар шаҳри Ню-Йорк ҷойгир аст. Идораи асосии СММ ин:

  • Маҷмаъи умумӣ,
  • Шӯрои амният,
  • Дабери кулл,
  • Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ,
  • Шӯро доир ба паноҳу муҳофизат (Опеке),
  • Додгоҳи адолати байнулмилал
  • Котибот

иборат мебошанд.[1]

Фаъолияти СММ

СММ конференсияҳо ва форумҳо мегузаронад,ки дар онҷо ҳаллу фасли масъалаҳои байналмилаллӣ муҳокима карда мешаванд. Дар он дохил мешаванд:

  • Экология
  • Иқтисодиёт
  • Омор
  • Амният
  • Оила
  • Маориф
  • Аҳолӣ
  • Ҷинояткорӣ
  • Беҳдошти тандурустӣ
  • Маъюбон
  • Илм
  • Барҷомондагон
  • Kоммуникатсия

Ҷоизаи Нобелӣ

СММ — барандаи Ҷоизаи Нобелӣ (2001; ҷоизаро ташкилот ва шахсан Дабери куллӣ он Кофи Аннан байни худ тақсим намуданд). Пеш аз он, дар соли 1988 , ҷоизаи Нобелӣ оид ба сулҳро Қудратҳои сулҳовари СММ гирифтанд.

Забонҳои расмӣ

Аъзоёни СММ

Аъзоёни нахустини СММ 50 давлатро ташкил медод, ки ар низомномаи СММ, ки дар конференсияи дар Сан-Франциско 26 июни 1945 имзо шудааст. Дар давраи 19462002 СММ боз 140 давлатро ба аъзои пазируфт. Дар ҳоли ҳозир СММ 192 давлатро дарбар мегирад.

Нигаред

Манобеъ

  1. http://andesha.tj/node/423

Пайвандҳои беруна

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: