Баҳси корбар:Шухрат Саъдиев: Тафовут байни таҳрирҳо

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
х Вироиши Sorbonne uv (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки Ibrahim анҷом дода буд
х Ба Википедияи тоҷики дахолат кардаанд
Сатри 317: Сатри 317:
:: Ташаккур! [[Википедиа:Саршиносӣ (китобҳо)]]- ро хондам. Китобхои тавсиф намудаам барои хонандагони Википедия махсусан муҳасилини донишгоҳҳо аз аҳамият холи нест.
:: Ташаккур! [[Википедиа:Саршиносӣ (китобҳо)]]- ро хондам. Китобхои тавсиф намудаам барои хонандагони Википедия махсусан муҳасилини донишгоҳҳо аз аҳамият холи нест.
:::Саломат бошед! Он китобҳоро ҳамчун адабиёт ва манбаъ дар мақолаҳо истифода бурдан мумкин аст. Бояд дар хотир дошта бошем, ки пойгоҳи донишнома дар ИМА қарор дорад ва гузоштан ва ё паҳнкунии пайвандҳои китобҳое сканшуда, ки ҳуқуқи муаллиф(онашон) ҳифзшуда, ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад. Бо эҳтиром --[[Корбар:Ibrahim|ibrahim]] ([[Баҳси корбар:Ibrahim|talk]]) 17:37، 4 Июл 2014 (UTC)
:::Саломат бошед! Он китобҳоро ҳамчун адабиёт ва манбаъ дар мақолаҳо истифода бурдан мумкин аст. Бояд дар хотир дошта бошем, ки пойгоҳи донишнома дар ИМА қарор дорад ва гузоштан ва ё паҳнкунии пайвандҳои китобҳое сканшуда, ки ҳуқуқи муаллиф(онашон) ҳифзшуда, ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад. Бо эҳтиром --[[Корбар:Ibrahim|ibrahim]] ([[Баҳси корбар:Ibrahim|talk]]) 17:37، 4 Июл 2014 (UTC)
== Ба Википедияи тоҷики дахолат кардаанд ==
Салом мӯҳтарам --[[Корбар:Ibrahim|ibrahim]] Корбари ношинос 90.35.170.112 рузи 25.09.2014 аксарияти вироишҳоро ҳазф кардааст. Илтимос баркарор кунед.

Нусха 06:11, 26 сентябри 2014

Хуш омадед

Хуш омадед ба Википедиаи Тоҷикӣ, Шухрат Саъдиев!

Ҳуруфи тоҷикӣ

Салом Шуҳрат, Барои ба Википедиаи Точикӣ саҳмгузор буданатон ба Шумо хеле сипосгузорам. Лутфан дар сарлавҳаҳои мақолаҳои худ аз ҳуруфи забони тоҷикӣ Ғғ Ҳҳ Ққ Ӯӯ истифода баред. Инчуни пеш аз эҷоди саҳифаи нав, лутфан аввал аз ҷустуҷӯ истифода баред. Шояд саҳифа аллакай бо дигар сарлавҳа вуҷуд дошта бошад.--ibrahim 19:21، 26 январи 2011 (UTC)

Improvement

Hi! Can you create these articles: Demi Lovato, Lady Gaga, Katy Perry, Justin Bieber and Miley Cyrus and then translate them into your wonderful language? You may also improve Селена Гомез. Thank you. --Ikh Sukhbaatar 01:37، 5 феврали 2012 (UTC)

Салом

Салом Иброхим! Ман имруз 17.01.12 бо Манзура аз Институти "Чомеаи кушод" вохури дощтам. Дар сухбат дар бораи лоихаи ташкили махфили википедиячиён(аз байни донишчуёни Макотиби олии Душанбе) барои зиёд намудани шумораи маколахои точики дар Википедия сухан рафт. Шумо хам ба ташкили он сахм гузошта метавонед.Тачрибаи чандинсолаи Шумо дар Википедия барои чавонони имруза лозим аст. Донишчуён чавонони шавкмандро, ки холо дар Вики маколахо менависанд ба ман тавсия дихед. То ки як гурухи ташаббускоре созем ва "Лоиха"-ро нависем. Иншоолох Манзураву Манучехр Камолиддинов онро дастгири хоханд кард. Дархости Шумо оиди ин лоиха чист,таклифхоятонро гуед то ки ба "Лоиха" хамрох шавад. Албатта Шуморо ба сифати яке аз менечерон ба лоиха хамрох хохем кард. Хамкории Шумо барои амали гардидану пешрафти максади лоиха зарур аст Бо эхтиром Ш.Саъдиев - iml shuhrat_sadi54@mail.ru

Салом мӯҳтарам Саъдиев. Ин пайёматонро аз саҳифаи корбариатон ба саҳифаи баҳсатон кӯчонидам. Ба нишонаи почтаи электрониатон ба наздики хоҳам навишт. Барои саҳмгузори ва беҳтар кардани саҳифаҳои Википедиаи Тоҷикӣ бароятон хеле сипосгузорам. --ibrahim 06:30، 11 феврали 2012 (UTC)

Пешниҳод

Салом мӯҳтарам Саъдиев, Барои саҳмгузориатон ба Википедиаи Тоҷикӣ сипосгузорам. Лутфан ба нусхабардори аз як саҳифа ба саҳифаи дигар хотима диҳед, чун дар саҳифаҳои гуногун такроран илова кардани иттилоот хуб нест. Агар лозим бошад ба саҳифаҳоро бо пайвандҳо пайвастан мумкин аст. Мисол иттилооти саҳифаи Таърихи Тоҷикистонро Шумо ҳам дар саҳифаи Тоҷикистон ва ҶШС Тоҷикистон гузоштед. Беҳтараш аз саҳифаҳои Тоҷикистон ва ҶШС Тоҷикистон пайвандбе ба Таърихи Тоҷикистон гузошта шавад. --ibrahim 16:49، 16 феврали 2012 (UTC)

Хоҳиш мекунам

Салом Иброҳим! Ташаббуси Шуморо доир ба зиёд намудани маколахои Википедияи тоҷики дастгири намуда якчанд аъзоёни ҳукумати ҶТ -ро наваиштам. Маколаҳо нопурраанд ва кори он минбаъд давом меёбад. Хоҳиш мекунам, ки гурухи "Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро аз руи алифбо чойгир намоед. Бо эҳтиром Щӯҳрат Саъдиев.

Салом устоди гиромӣ, пеш аз ҳама барои ҷой додани мақолаҳо ба Шумо сипосгузорам. Дархости Шумо иҷро шуд. Лутфан манобеъи саҳифаҳоро низ дар поён ишора намоед. Ташаккур --ibrahim (talk) 11:02، 21 Апрел 2012 (UTC)


Табрикот

Ҳамаи иштирокчиён ва корбаронро бо гузаштани шумораи 10000 маколаи тоҷики муборакбод мекунам!

Сипосгузорам, ҳоло кори бисёр дар пеш аст чун бисёр мақолаҳо нопурра мебошанд. --ibrahim (talk) 09:12، 29 Апрел 2012 (UTC)

Таърих

Бисёр саҳифаҳои мартуб ба таърихи Тоҷикистонро эҷод кардед. Ташаккур! Лутфан ба саҳифаи Таърих нигаред. Ин саҳифа бояд дар бораи илми таърих бошад. Ба саҳифаи баҳси Таърих нигаред. Инчунин ба саҳифаҳои Таърих дар Википедиаи Форсӣ ва Русӣ нигаред --ibrahim (talk) 09:17، 29 Апрел 2012 (UTC)

Salam

آیا می توانید حرف بحرف نقل کردن ندای وظیفه: جنگاوری نوین 3، ندای وظیفه: بلک اپس 2 و سلنا گومز در تاجیکستان الفبای سیریلیک؟ --Tajikistan (talk) 03:48، 8 май 2012 (UTC)

Интервикиҳо

Дар бисёр саҳифаҳо интервикиҳои Таърихи Тоҷикистон-ро нагузоред. ( [[en:History of Tajikistan]] [[es:Historia de Tayikistán]] [[fa:تاریخ تاجیکستان]] [[fr:Histoire du Tadjikistan]] [[lt:Tadžikijos istorija]] [[pt:História do Tadjiquistão]] [[ru:История Таджикистана]] [[uk:Історія Таджикистану]] [[zh:塔吉克斯坦历史]] )

Интервикиҳо пайвандҳое мебошанд, ки саҳифаи Википедиаи Тоҷикиро бо саҳифаи дигар бахшҳои Википедиа бо забонҳои дигар мепайванданд. Ҳар саҳифа интервикиҳои худро бояд дошта бошад. Танҳои саҳифи Таърихи Тоҷикистон метавонад интервикиҳои ( [[en:History of Tajikistan]] [[es:Historia de Tayikistán]] [[fa:تاریخ تاجیکستان]] [[fr:Histoire du Tadjikistan]] [[lt:Tadžikijos istorija]] [[pt:História do Tadjiquistão]] [[ru:История Таджикистана]] [[uk:Історія Таджикистану]] [[zh:塔吉克斯坦历史]] )дошта бошад.

Агар мақолаеро, ки Шумо эҷод мекунед дар дигар Википедиаҳо вуҷуд дошта бошад, пас интервики гузоред. Мисол, саҳифаи Китоб дар Википедиаи Инглиси [[en:Book]] аст ва дар дигар бахшҳои забонии Википедиа бо забонҳои дигар дар бораи китоб навишта шудааст. Ҳадди ақал ба ҳар саҳифа як интервики-пайванд ба Википедиаҳои дигар гузоштан лозим аст.--ibrahim (talk) 17:11، 30 май 2012 (UTC)

Ташаккур барои фаҳмонидани масъалаи интервики-пайванд. Минбаъд инро ба назар хоҳам гирифт.

Бо эҳтиром Щӯҳрат Саъдиев.Shukhrat Sadiev

Портал:Таърих

Ороиши портали Таърихро бо вироиши худ вайрон кардаед. Инҷо ҳамин гуна мушоҳидаи худро навиштам. Луфтан ба Порталҳои дигар ва ё порталҳои Википедиаи Инглисӣ, Русӣ ва Форсӣ нигаред. --ibrahim (talk) 17:27، 30 май 2012 (UTC)

Ташаккур барои эрод. Ба назаратон чи гуна маколахоро дар портал бигузорем ва кадомашро аз он тоза кунем мазмуни портал хубтар мешавад? Бо эҳтиром Щӯҳрат Саъдиев.Shukhrat Sadiev

Устоди гиромӣ, узр барои интиқоди созанда. Аз нав порталро барқарор хоҳем кард, чун Википедиа ин имконро бароямон фароҳам мекунад. Дар яке аз вохуриҳои оянда бароятон дар бораи вазифаи портал бештар маълумот хоҳам дод. Бо эҳтиром --ibrahim (talk) 16:43، 4 июни 2012 (UTC)

Мулкҳо

Фикр мекунам, як саҳифаеро дар бораи Мулк эҷод кардан лозим аст. Саҳифаҳои мисли Мулки Бадахшон, Мулки Фарғона ва ғайраҳо дар қисмати таърихии саҳифаҳои Бадахшон, Фарғона ва ғайраҳо навиштан лозим аст. Шумо чӣ фикр мекунед? Лутфан инҷо ва ё дар саҳифаҳи баҳсҳои мақолаҳо фикри худро нависед.--ibrahim (talk) 16:48، 4 июни 2012 (UTC)

Нисбати таклифатон оид ба саҳифаи Мулк андеша кардан лозим аст. Чунки мулк-давлатҳо камшуморанд.

Ба фикри ман Гуруҳи:Номгузориҳои чугрофи-таърихи - ро нигох дошта шавад, дигар корбарон на танҳо мулк-давлатҳо, инчунин дигар истлилоҳотро эъчод(дарёфт) карда навиштанашон аз эҳтимол холи нест.

Дар бораи Мулк аз Википедиа Форсӣ саҳифаеро ҷустуҷу карда мебинам. Шояд онҷо дар ин бора ягон иттилооте бошад. Ҳаракат карда саҳифаҳоеро бояд эҷод кунем, ки дар дигар Википедиаҳо вуҷуд дошта бошанд ва онҳоро бо Википедиаи Тоҷикӣ бо ёрии интервикиҳо пайвастан лозим аст.--ibrahim (talk) 17:18، 4 июни 2012 (UTC)

Гурӯҳи нав

Номи гурӯҳе, ки ворид намудаам "Мавзеъхои табии Точикистон" мебошад. Маколаи аввалин "Чилучорчашма" аст. Оиди ин мавзӯъ (гурӯҳ ё саҳифае сохтан мумкин аст) чи андеша доред?

Article translation/collaboration request

Hi Шухрат Саъдиев, how are you? Mate, I am trying to find an editor/s who can help by translating User:Russavia/Polandball (or ru:Polandball) into Tajik. I was wondering if we could make a collaborative trade?

If you could translate that article into Tajik for me, I would be happy to upload approximately 50 Tajik aviation photos to Commons from amongst the 200,000 I have permission to upload. I have uploaded a number of photos to give you a brief idea of what I can upload, and I am keeping a gallery at User:Russavia of photos uploaded.

Would you be interested in such a collaborative "trade"? Do let me know, either by responding here, or on my talk page, or by emailing me. Cheers, Russavia (talk) 18:15، 12 Август 2012 (UTC)

Аксҳо

Салом, илтимос аксҳоро аз Интернет гирифта инҷо бор накунед, чун аксҳое, ки муаллифаш Шумо нестед ва ё бе иҷозати муаллиф инҷо бор мекунед, ҳазв карда хоҳад шуд. Ҳама аксҳои Шуморо аз Википедиа тоза кардем. Агар майли ба Википедиа аксҳои худро таҳти иҷозатномаҳои Creative Commons нашр кардан хоҳед, ба Анбори Викимедиа сабти ном карда аксҳои худро бор кунед. --ibrahim (talk) 07:26، 14 Декабри 2012 (UTC)

Ташаккур.Ин амал ба ман номаълум буд.
Аксҳои саҳифаи Душанбе маҳсули корӣ худи Шумо аст? Луфтан пас аз посух додан имзои худро гузоред. Тугмаи сеюм дар панели абзорҳо. --ibrahim (talk) 09:57، 26 феврали 2013 (UTC)

озеро Шадау

Здравствуйте! Знаете ли Вы, как называется озеро Шадау (близ Сарезского озера) на таджикском языке? X ziomal X (talk) 22:30، 23 Декабри 2012 (UTC)

Баҳсҳо

Салом Шӯҳрат Саъдиев. Ба саҳифаҳои баҳси мақолаҳо нигаред. Баҳс:100 шахсиятҳои барҷастаи тоҷик --ibrahim (talk) 05:53، 25 феврали 2013 (UTC)

Салом Корбар:Ibrahim! Ман зарур донистам, ки барои википедияи тоҷикӣ ин маълумот ягон зараре надорад, балки дар ҷустуҷӯи "шахсиятҳои барҷастаи тоҷик" як роҳнамо барои хонандагону корбарон мегардад.

Пас агар вақт дошта бошед, дар Википедиаи Русӣ тарҷумаи мухтасари ин саҳифаро эҷод кунед. Дар бораи ашхос эҷоди саҳифаҳои алоҳида хуб аст на як саҳифа мисли 100 ашхоси барҷастаи тоҷик. Бовари дорам дар ягон донишнома (энсиклопедиа) ин хел саҳифа аз рӯи алифбо бо номи "100 ашхоси барҷастаи тоҷик" вуҷуд надорад. Агар номи китобе бошад, пас ба донишнома бо ин ном саҳифа эҷод кардан мумкин аст. --ibrahim (talk) 09:55، 26 феврали 2013 (UTC)

Ному насаби пурра

Лутфан дар вақти эҷоди саҳифаҳо дар бораи ин ё он нафари шоиста ному насаби пурраро истифода баред. --ibrahim (talk) 12:00، 29 марти 2013 (UTC)

Мӯҳтарам Саъдиев саҳифаҳои зерин дар ҳолати вироиш нашудан, аз донишнома аз сабаби нопурра будан ҳазв мешаванд --ibrahim (talk) 22:48، 12 Июл 2013 (UTC)

Мӯҳтарам Шухрат Саъдиев Ин саҳифаҳо ҳазв шуданд:

Истифодаи шаблони Хуш омадед

Мӯҳтарам Саъдиев, шаблони {{subst:Хуш омадед}}-ро танҳо дар саҳифаи баҳси корбарони навсабтиномшуда истифода баред. --ibrahim (talk) 05:46، 18 июни 2013 (UTC)

Ташаккур.Минбаъд ба назар мегирам.

Фиристодани файл

Чаро файлҳои охирон сабт нашудаанд? Камбудиашро намедонам? Дар вироиши файлҳои охирон хоҳишмандам кӯмак расонед.

Гурӯҳҳои бо унвони инглисӣ

Салом! Хоҳиш мекунам гурӯҳҳоро бо забони инглисӣ эҷод накунед. Аксҳоро ба Анбори Викимедиа бор карда, пайвандашонро дар ин донишнома ва дигар бахшҳои Википедиа истифода бурданд мумкин аст --ibrahim (talk) 22:43، 12 Июл 2013 (UTC)

Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Ба саҳифаи Баҳс:Ҷанги Бузурги Ватанӣ нигаред. --ibrahim (talk) 20:44، 21 Август 2013 (UTC)

Commons

Дурӯд, лутфан аксҳоӣтон ро дар Commons вафиристед. Dorood. Lutfan akshoeton ro dar Commons befrestid. Дирафши Ковиёнӣ (Баҳс) 12:47، 31 Август 2013 (UTC)

Реки по алфавиту

Здравствуйте. Не подскажете, как правильно перевести на таджикский «Реки по алфавиту»? Собираюсь завести в этом разделе подобную категорию. Как показывает практика, крайне удобная в плане выборки конкретных объектов. Мастер теней (talk) 20:43، 9 Ноябр 2013 (UTC)

Спасибо. Количество статей приятно удивило: Гурӯҳ:Дарёҳо аз рӯи алифбо. Мастер теней (talk) 13:47، 10 Ноябр 2013 (UTC)

Портал Таърих

Ба Шумо як пешниҳод дорам оиди ороиши Портали Таърих. Лутфан ба порталҳои википедиа ба забонҳои русӣ, инглисӣ ва порсӣ нигаред ва мисли онҳо Портали Таърихро вироиш кунед. Дар ин бора ман 30 майи соли 2012 дар саҳифаи баҳси портали таърих навишта будам. Ташаккур! --ibrahim (talk) 04:49، 25 Ноябр 2013 (UTC)

Пешниҳод

  • Корбари мӯҳтарам, илтимос, солҳоро нанависед, чунки нодуруст карда истодает. Ман худам ҳамаашро мекунам. Бо эҳтиром,--AryanSogd 10:53، 4 Декабри 2013 (UTC)
  • Маъзарат мехоҳам. Давомашро Шумо нависед.Бо эҳтиром,User:Шухрат Саъдиев
  • Маро бубахшед, ки дуюм бор Шуморо ташвиш дода истодаам, зеро ки дуюм мақоларо ғалат кардам. Биёед мисоли одӣ биёрам. Мақолаи Шумо "Соли 570", бояд ки инчунин менавистед, то ки дигарон саҳифаи зиёти насозанд.
  1. Аввал мақолаи рақам "570", ки дар он мавзуъи солро ҷойгир кардан даркор аст.
  2. Баъд мақолаи рақами "570"-ро ба "Соли 570" равона сохтан даркор, зеро ки ҳарду якест (Дар забони русӣ ҳамин тавр аст).
  3. Пас мақоларо бо интервики пайваст кардан даркор аст.

Агар ҳамаи ин амалиётро ба назар гирифта иҷро кунед, ман зид нестам, ва бе ниҳоят хурсанд мешудам. Бо эҳтиром,--AryanSogd 14:49، 4 Декабри 2013 (UTC)


Рӯз ва моҳ

Корбари мӯҳтарам Мушфиқ AryanSogd . Аз шумо пурсиданиам, ки дар рӯз ва моҳҳо иловаҳо ворид намудаам, дуруст аст? Ин корро ман барои зиёд намудани шумора карда истодаам. Шӯҳрат Саъдиев 06:54، 18 Декабри 2013 (UTC)

Бале муаллим. Кори хуб карда истодаед. Зиёд кардани шумораи гурӯҳ ва саҳифаҳои #REDIRECT, нисбат ба шумораи мақолаҳо, дар пур шудани ҳаҷм роли калон мебозад. Дар вақти эҷоди мақолаҳо, ҳаракат кунед, ки дар онҳо гурӯҳи бисьёр дошта бошад. Бо ранги «сурх» нишондоди онҳоро нигоҳ накунед. Саросема нашуда «кабуд» кардан мегирем. Бо эҳтиром,--AryanSogd 07:15، 18 Декабри 2013 (UTC)
Ташаккур барои ҷавоб.Шӯҳрат Саъдиев 07:19، 18 Декабри 2013 (UTC)

Даъват ба ҳамкорӣ

Мӯҳтарам Мушфиқ AryanSogd аз Шумо хоҳиш мекунам, ки дар таҳрири рӯз ва моҳҳо (аз 1 август то охири сол 31 декабр) ҳамкорӣ намоед. Мо бояд аз забони қирғизӣ (шумораи мақолаҳо) пешсафтар бошем.
  • Мӯҳтарам устод, имрӯз муҳтарам ibrahim (talk), пешниҳод карданд, ки солҳоро ба воситаи ботҳо эҷод кунем ва арз карданд ки ба Дарафш вики нома навистанд. Ботҳо ин корро тезтар мекунанд ва аз қирғисҳо тезтар мегузарем. Ҳозир, диққати худро ба эҷоди мақолаҳо ва саҳифаҳое равон кардан даркор аст, ки ботҳо имконияти эҷод карданро надоранд. Бо эҳтиром,--AryanSogd 07:21، 22 Декабри 2013 (UTC)
  • Мӯҳтарам Мушфиқ

Хеле хуб мешавад, вале баъд аз иловаи бот, боз таҳрир вақтамонро мегирад.

  • Рост мегуед, ҳамин тавр аст, лекин дигар илоҷ нест, чун ки саҳифаҳои якхеларо бояд бот кунад. Ман намедонистам, ки Дарафши Ковиёна соҳиби бот ҳаст, барои ҳавай ин корро пеш гирифтам то ки аз қирғисҳо пеш гузарем. Агар аҳамият дода бошед узбакҳо ва қазоқҳо аз рӯи таҳрири ботҳо, шумораи саҳифаҳои худро зиёд карданд. Ман метавонистам ки дархост бидиҳам ба соҳиби бот шудан, аммо дар Википедиаи тоҷикӣ ба ғайр аз ҳар 3-и мо, одами зинда нест. Бо эҳтиром,--AryanSogd 07:59، 22 Декабри 2013 (UTC)

Муҳтарам AryanSogd

Ба ман хабар омад,ки саҳифаи "Соли 136 п.м. дар Википедиа аз тарафаи AryanSogd дар 24 Декабри 2013 тағйирёфта шуд барои нусхаи кунунӣ, нигаред ба http://tg.wikipedia.org/wiki/%D0%A1%D0%BE%D0%BB%D0%B8_136_%D0%BF.%D0%BC" Нафаҳмидам?

  • Салом Устод. Ман дар ин саҳифа Шаблони солро ҷойгир кардам ва -1 ро #REDIRECT ба соли 136 п.м. равона кардам. Метавонед дар таърих бингаред. Гуфтани ҳастам, ки мо пеш кардем халқи номбаршударо, лекин вайҳо ҳам дар ҷунбидан даромаданд. Бинобарин, аз даст додан даркор нест. Бо эҳтиром,--AryanSogd 08:13، 25 Декабри 2013 (UTC)
Табрик бод. Ман 2 соат пеш дар вокеаҳои кунуни хабари аз 25 ҳазор зиёд гардидани маколаҳоро сабт кардам. Танҳо ҷойи 94 хато шудааст.

Дархост ба унвони администратор/AryanSogd

  1. Мувофиқ -

Гурӯҳҳои рӯзҳо

Мӯҳтарам Шухрат Саъдиев Лутфан ба ин қолаби зерин нигаред ва дар ҳолати эҷоди гурӯҳ ба мақолаҳо ҳадди ақал ба Википедиаи русӣ ё инглисӣ интервики гузоред. Саҳифаҳое ки ба дигар мақолаҳо пайванд надорад ба ҳисоби умумии мақолаҳо ворид намешавад. Мисол: {{main|28 октябр}} [[Гурӯҳ:Октябр]] [[ru:Категория:28 октября]] Бо эҳтиром --ibrahim (talk) 17:31، 9 январи 2014 (UTC)

Даъват

Мӯҳтарам устод, хоҳиш дорам, ки дар саҳифаи Баҳс:Сурат иштирок намоед ва фикри худро нисбати номи мақола баён кунед. Бо эҳтиром,--AryanSogd 14:50، 14 январи 2014 (UTC)

Литсензиякунонӣ

Бале, хуб аст.

Дар боби имзо

Тугмаи имзо дар токчаи болои тирезаи вироиш ин гуна шакл дорад.
Тугмаи имзо дар токчаи болои тирезаи вироиш ин гуна шакл дорад.

Илтимос, дар саҳифаҳои баҳс ҳатман имзои худро гузоред, инро метавонед ба воситаи ин нишонҳо ~~~~ ё ба воситаи тугмаи махсус, ки дар болои тирезаи вироиш қарор дорад, истифода баред.

Пас аз захира кардани саҳифа ин аломатҳо ~~~~ ба таърихи вақт худ ба худ иваз мешаванд. Ин амал ба мушоҳидони беғараз дар фаҳмидани асли мавзӯъ ё савол кӯмак мерасонад ва онҳо метавонанд кӯмаки худро пешниҳод намоянд. Ба ғайр аз ин, пас аз имзо гузоштан, шумо ба корбарон сабуки меоред, чун онҳо метавонанд бо шумо дар саҳифаи баҳс алоқа кунанд.

Бо эҳтиром,--AryanSogd 06:06، 5 Феврал 2014 (UTC)

Ташаккур барои шарҳи "боби имзо". Минбаъд имзоямро ҳатман мегузорам.Бо эҳтиром,Шӯҳрат Саъдиев 09:39، 5 Феврал 2014 (UTC)

Дар болои тиреза тугмаи Тарҷиҳоти ман-ро пахш кунед, сипас дар қуттии Ники шумо: Кадом номе, ки мақбул бошад гузоред ва тугмаи Саҳифа захира шавад-ро пахш кунед. Пас аз ҳамаи ин амалиётҳо метавонед боҷуръат аз шарҳи "боби имзо" истифода баред. Бо эҳтиром,--AryanSogd 12:03، 5 Феврал 2014 (UTC)

Даъват

Мӯҳтарам устод. Ман дархости ба унвони бот шуданро AryanBot барқарор кардам ва аз Шумо хоҳишмандам, ки дар овоздиҳӣ иштирок намоед ва нисбати ин дархост бэътиноӣ накунед, чун пешравии кори умумии мо аз ин вобастааст. Бо эҳтиром,--AryanSogd 11:18، 8 Феврал 2014 (UTC)

Овозамро ба тафдориатон додам. Барори кор дар рушди ВК тоҷикӣ. Бо эҳтиром --Шӯҳрат Саъдиев 13:27، 8 Феврал 2014 (UTC)

ҲАЗОР ТАШАККУР!!! Бо эҳтиром,--AryanSogd 13:33، 8 Феврал 2014 (UTC)

Request for translation

Уважаемый Шухрат Саъдиев перведите, пожалуйста, статью про Народного поэта Беларуси en:Ryhor Baradulin. Его произведения переведены на таджикский язык. Заранее благодарю. --Rymchonak (talk) 11:20، 4 Март 2014 (UTC)

Зиндагиномаҳои шахсиятҳои барҷаста

Мӯҳтарам Саъдиев, лутфан дар ҳолати эҷоди зиндагиномаҳо аз Википедиа:Саршиносӣ (афрод) ва ё сиёсати эҷоди зиндагиномаҳо ru:Википедия:Критерии значимости персоналий ё fa:(ویکی‌پدیا:سرشناسی (افراد истифода баред. Ҳамаи зиндагиномаҳои ҷавобгӯи ин меъёрҳо набуда, аз донишнома ҳазф хоҳанд шуд. Бо эҳтиром --ibrahim (talk) 11:39، 25 Апрел 2014 (UTC)

Мӯҳтарам ibrahim нисбати эроди Шумо доир ба манобеъи боваринок дар мақолаи зикршуда:

1. Дар Википедия:Критерии_значимости_персоналий дар боби Содержательные критерии ҳамчун манобеъи боваринок - пункти 10.Почётное звание «Народный учитель», учреждённое СССР, РФ и другими государствами ишора шудааст. Ҳасан Шарифзода унвони "Аълочии маорифи Тоҷикистон"-ро (1999) дорад.

2. Осори илмии ҳар нафар усдод аввал санҷида шуда баъд дар сомонаи ДМТ нашр мешаванд, бинобар ин маълумот боваринок аст (набошад муаллиф дар доираҳои илми ва ДМТ "беобрӯ" хоҳад шуд). Инчунин ман боз як манбаъи иловагӣ "Энсиклопедияи ДДМТ"-ро илова хоҳам кард.

3. Ба иттилооти Шумо мерасонам, ки дар Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон маҷмӯаи энсиклопедии "Олимони асри XXI дар Тоҷикистон" (ҳарфҳои А,Б,В...) барои нашр омода шуда истодааст, ки фаъолияти илмии ҳамаи шахсони унвони илмӣ (номзад ва доктори илм) доштаи ҷумҳуриро (бо рӯйхати осори илмӣ) дарбар хоҳад гирифт.

Википедияҳои дигар аз ҳар гуна Энсиклопедияҳои ҷумҳуриявию маҳаллии нашршуда манобеъашонро иқтибос меоваранд, чунки манобеъи боваринок аст. Бо эҳтиром --Шӯҳрат Саъдиев 02:54، 26 Апрел 2014 (UTC)

Нусхабардорӣ - Плагиат

Мӯҳтарам Саъдиев, аввал барои кӯшишу ғайрат ба Шумо сипосгузорам. Фикр мекунам мо бояд ба нусхабардорӣ аз сомонаҳо бояд хотима диҳем. Бисёр маълумоти дар ин ва дигар саҳифаҳо бе иҷозат нусхабардорӣ шудаанд, ки плагиат аст. Кӯшиш кунед пайвандҳои гуногуни бетараф ва боваринокро низ дар мақолаҳо ҳамчун манбаъ ҷой диҳед. Ташаккур --ibrahim (talk) 00:44، 26 Апрел 2014 (UTC)

Мӯҳтарам Саъдиев, Оиди ҳамин мавзӯъ инҷо баҳсе аз тарафи AryanSogd оғоз шуда буд. Мутаасифона баҳс бепосух мондааст. Лутфан ба он посух диҳед ва дар саҳифаҳо ҳатман бо истифода аз зикри манбаъ ва ҷумлаҳои худ мақолаҳо эҷод кунед. Агар аз Википедиа бо забонҳои дигар саҳифаеро тарҷума карда, инҷо гузоред, истифодаи Ёд кардани пайванди ин мақола зери меню Ҷаъбаи абзор ва гирифтани нусхаи пайванд ва гузоштан ба мақолаи нав эҷодшуда, кифоя аст. Бо эҳтиром --ibrahim (talk) 15:59، 27 Апрел 2014 (UTC)

Барои мисол: Носир Салимов." Википедиа, . 22 Мар 2014, 02:33 UTC. 27 Апр 2014, 15:51 <http://tg.wikipedia.org/w/index.php?title=%D0%9D%D0%BE%D1%81%D0%B8%D1%80_%D0%A1%D0%B0%D0%BB%D0%B8%D0%BC%D0%BE%D0%B2&oldid=438324>

Мӯҳтарам ibrahim ба саволи Шумо нисбати "Бисёр маълумоти дар ин ва дигар саҳифаҳо бе иҷозат нусхабардорӣ шудаанд, ки плагиат аст. посух медихам, нигаред: Плагиат (англ. plagiarism) — это копирование, перефразирование и подведение итогов работы в любой форме без подтверждения ссылками на источники и представление её как своей собственной работы Определение плагиата.

Дар мақолаҳои Сафина (ТВ) ва Носир Салимов нусхабардорӣ аз руи манобеи асоси аз сомона ки дар макола ишора шудааст, оварда шудааст ва ба мавҳуми плагиат дохил шуда наметавонад. Чунки сомонаҳо ва диг. ин маълумотҳоро барои омма, ҷомеаи башар нашр мекунанд ва ҳангоми нусхабардорӣ ба суроғаи ин сомона ишора намуданро аз муаллиф талаб мекунанд. Агар чунин маълумотҳоро аз сомонаву китобу энсиклопедияҳо нахонем чи тавр айнан ва бе хатову ғалат нисбати шахсияти ба мо ношинос, воқеаҳои гузаштае, ки мо надидем, мақола менависем? Баракс маълумоти бе манобеъ ба монанди Ралф Уолдо Эмерсон Ралф Уолдо Эмерсон - Википедиаи Тоҷикӣ аз 28.04.2014 Фейсбук плагиат аст. Муаллифе, ки дар асри 21 зиндагӣ мекунаду дар бораи файласуфи амрикоии асри 19 бе манобеъ маълумот медихад нусхабардории беманобеъро истифода намудааст. Бо эҳтиром--Шӯҳрат Саъдиев 16:53، 28 Апрел 2014 (UTC)

Мӯҳтарам Саъдиев, саҳифаи Ралф Уолдо Эмерсон ба Википедиа бо забонҳои дигар пайваст буда гуфтори ин шахс зери расмаш омаадаст. Баракс матлаби Ралф Уолдо Эмерсон аз Википедиа ба Фейсбук гузошта шуда, пайванд ба донишнома оварда шудааст. Хуб мешуд аз мавзӯъ дур нарафта ба мавзӯъоти дар боло зикршуда ва дигар баҳсҳои марбут посух медодед. Сар аз 1 май ҳар вироиш ва эҷоди мақолаҳои Шумо санҷида шуда он саҳифаҳои бидуни зикри манбаъ ва ё пурра нусхабардоришуда, аз донишнома бидуни зикри сабаб, ҳазф хоҳанд шуд. Дар ҳолати хотима надонад ба нусхабардорӣ, ҳисоби корбариатон баста шуда, ҳама вироиши қабли муддати як моҳ аз донинома пок ва ё вироиш карда хоҳад шуд. Дар дигар бахшҳои Википедиа барои ин рафтор Шумо борҳо ҳушдорҳо дарёфт кардаед, инчунин дар саҳифаи баҳсатон дар Википедиаи русӣ борҳо бо унвони Нарушение авторских прав баҳсҳо гузошта шудааст. Бо эҳтиром --ibrahim (talk) 17:18، 28 Апрел 2014 (UTC)
Мӯҳтарам ibrahim Шумо ба эродҳои нисбати маколаҳои камбудӣ доштаатон

(аз рӯи манобеъи овардашуда) дар мақолаи Ралф Уолдо Эмерсон дар Википедиа посухи бовариноке наовардед. Ман аз мавзӯъ дур нарафта ба мавзӯъоти дар боло зикршуда ва дигар баҳсҳои марбут посухамро бо маънои исботи плагиат чистро аз Определение плагиата овардаам. Дар рисолаҳои илмӣ, ҳатман манобеъи истфодашуда оварда мешавад, ва он плагиат шуморида намешавад. Ин таҳдидатон - "Сар аз 1 май ҳар вироиш ва эҷоди мақолаҳои Шумо санҷида шуда он саҳифаҳои бидуни зикри манбаъ ва ё пурра нусхабардоришуда, аз донишнома бидуни зикри сабаб, ҳазф хоҳанд шуд." рафтори беадолат хоҳад буд.

Нисбати баҳсҳои саҳифаи руси бо унвони Нарушение авторских прав эъроди корбарон нисбати бетаҷрибагии ман дар гузашта буд, вале ягон бор мудирони русзабон ҷуръат накардаанд, ки худсарона ҳисоби корбариамро баста намоянд. Аввал андеша, баъд рафтори шоиста кунед. Бо эҳтиром --Шӯҳрат Саъдиев 18:13، 28 Апрел 2014 (UTC)

Номгузории саҳифаҳо ва фазои холӣ

Мӯҳтарам Саъдиев, лутфан ба номгузории саҳифаҳо таваҷҷӯҳ диҳед, чун бархе аз номҳои осорхонаҳо хеле дароз мебошанд. Як роҳи ҳалли ин масъала ин аст (Номи осорхона (номи ноҳия)) (Мисол:Осорхонаи таърихӣ ва кишваршиносӣ (Фархор)). Инчунин ба ин тағйирот нигариста, дар ҳолати вироиши мақолаҳо фосила ва ё фазо (пробелро) камтар гузоред. Баъзе номҳои гурӯҳҳо ҳам фазои холи доранд. Мисол ба ҷои [[Гурӯҳ: Таърихи Тоҷикистон]], [[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон нависед]]. Ташаккур! --ibrahim (talk) 02:35، 31 май 2014 (UTC)

Оиди Китобҳо

Салом мӯҳтарам Саъдиев, Шумо якчанд мақолаҳо дар бораи китобҳо эҷод кардед ва шояд бархе аз онҳо ҷавобгӯи меъёрҳои донишнома набошанд. Дар бораи меъёрҳо ва талаботҳо донишнома, ба саҳифаи навэҷодшудаи Википедиа:Саршиносӣ (китобҳо) нигаред. Он саҳифаҳое ки ба меъёр ва талаботи донишнома ҷавобгӯ нестанд, рӯзҳои наздик аз донинома ҳазв хоҳанд шуд. Ташаккур! --ibrahim (talk) 16:54، 4 Июл 2014 (UTC)

Ташаккур! Википедиа:Саршиносӣ (китобҳо)- ро хондам. Китобхои тавсиф намудаам барои хонандагони Википедия махсусан муҳасилини донишгоҳҳо аз аҳамият холи нест.
Саломат бошед! Он китобҳоро ҳамчун адабиёт ва манбаъ дар мақолаҳо истифода бурдан мумкин аст. Бояд дар хотир дошта бошем, ки пойгоҳи донишнома дар ИМА қарор дорад ва гузоштан ва ё паҳнкунии пайвандҳои китобҳое сканшуда, ки ҳуқуқи муаллиф(онашон) ҳифзшуда, ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад. Бо эҳтиром --ibrahim (talk) 17:37، 4 Июл 2014 (UTC)

Ба Википедияи тоҷики дахолат кардаанд

Салом мӯҳтарам --ibrahim Корбари ношинос 90.35.170.112 рузи 25.09.2014 аксарияти вироишҳоро ҳазф кардааст. Илтимос баркарор кунед.