Зиёдулло Шаҳидӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х →‎Ёдбуд: илова
х →‎Эзоҳ: иловаи Гурӯҳ
Сатри 75: Сатри 75:
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Санъати Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Санъати Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Оҳангсозони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Оҳангсозони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ходимони санъати Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дар Самарқанд таваллудшудагон]]
[[Гурӯҳ:Дар Самарқанд таваллудшудагон]]

Нусха 17:31, 14 октябри 2014

Шаблон:Зиндагинома

Зиёдулло Шаҳидӣ - (4 майи соли 1914, ш. Самарқанд25 феврали соли 1985, ш. Душанбе) арбоби ҷамъиятию фарҳангӣ, оҳангсоз. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1964), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1985), раиси раёсати Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (1956-1960).

Ҳолнома

Аз ҷумлаи шинохтатарин чеҳраҳои ҳунарии тоҷик аст, ки дар Самарқанди бостонӣ дар хонаводаи ҳунарпеша, мутриби шинохтаву варзида Муқаддасхон дида ба олам кушодааст. Соли 1939 ба Сталинобод (ҳоло – Душанбе) омадааст ва ба ҳайси роҳбари ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев (1939-1952)кор кардааст. Ӯ аз оҳангсозони барҷастаи рус А.С. Ленский ва С.А. Баласанян дарси композитсия омӯхтааст (1943-1946). Студияи миллии дусолаи назди Консерваторияи Москва (1949) ва шӯъбаи миллии Консерваторияи мазкурро хатм кардааст. Зиёдулло Шаҳидӣ ба омӯзиши касбу ҳунар худро маъмур ҳисобид ва тадриҷан пеши хунёгарони номии Иттиҳодии Шӯравӣ дарси ҳунару маҳорат омӯхт. Соли 1957 баъди хатми Консерваторияи ба номи Чайковскийи шаҳри Москва аввалин барномаи консертии худро доир кардааст, ки аз ҷониби мухлисони созу наво хуш пазируфта шудааст.

Эъҷодиёт

Соҳаи асосии фаъолияташ суруду тарона аст:

  • «Хонаи мо» ва «Ватан» (шеъри А. Лоҳутӣ),
  • «Азиз Москва» (шеъри М. Раҳимӣ),
  • «Бубин» ва «Иди Зафар» (шеъри Б. Раҳимзода),
  • «Дарвоз» (шеъри А. Деҳотӣ),
  • «Шаҳри мо» (шеъри М. Турсунзода),

романсҳои:

  • «Зи сӯзи сина» (ғазалиёти Б. Ҳилолӣ),
  • «Эй сорбон» (ғазали Саъдӣ) ва диг.,
  • операи «Комде ва Мадан» (1948),
  • опереттаи «Духтаре аз Душанбе» (1968),
  • достонҳои симфонии «Соли 1917»
  • ораторияи «Қиссаи Ленин» (1984),
  • достонҳои «Бузрук»,
  • «Симфонияи мақомҳо»

оҳангҳо барои намоишномаҳои мусиқӣ:

  • «Арӯси панҷсӯма»,
  • «Алишер Навоӣ»,
  • «Шаби бисту ҳаштум»,
  • «Шаҳри ман»,
  • кантатаҳои «Зодагони Октябр» (1957),
  • «Тантана дар пахтазор» (1958),
  • «Идона» (1959),

мусиқи ба кинофилмҳои

  • «Вақти зангирии писарам расид» (1960),
  • «Ҳеҷбудагон ҳар чиз мешаванд» (1974),
  • «Ба ёди Турсунзода» (1983) ва диг.

Мероси оҳангзоз

Зиёдулло Шаҳидӣ аз ҷумлаи аввалин афроде буд, ки мусиқии миллии тоҷикиро бо созу навои симфонии аврупоӣ омезиш дод ва дар навиштани опера чира шуд. Нахустин асари калонҳаҷми ӯ операи “Комде ва Мадан” буд, ки барояш шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Ин опера, ки соли 1961 дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба саҳна гузошта шуд, аз ҷониби мухлисон хуб пазироӣ шуд ва аз ҷониби мунаққидони санъати мусиқӣ баҳои арзишманд гирифт.[1] Гузашта аз ин барои ин опера муаллиф ба дарёфти ҷоизаи давлатӣ мушарраф гардид. “Комде ва Мадан” аз ҷумлаи машҳуртарин ва маъруфтарин асарҳоест, ки тақрибан ҳар сол мавсими театриро дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳ мекунад. «Комде ва Мадан» ҳамчунин дар саҳнаи театрҳои Ӯзбакистон, аз ҷумла дар зодгоҳи оҳангзоз шаҳри Самарқанд ба саҳна гузошта шудааст. Дар бораи шӯҳрати операи «Комде ва Мадан» мусиқишмносони аврупоӣ чунин нигошта буданд: «То ҳанӯз аврупоиён операе эҷод накардаанд, ки мавзӯяш мусолиҳаи ду дин ва ду фарҳанг бошад. Дар ин опера ҳамчунин мусиқии исломӣ ва мусиқии ҳиндӣ ҳамоҳанг шудаанд. Он чиро, ки мо меҷӯем, шумо (манзур - халқи тоҷ.) барвақт ёфтаед ва ба он комёб гардидаед». Бузургтарин сарвати Шаҳидии марҳум асарҳои ҷовидона, шогирдон ва пайравонаш мебошанд.

Ҳамчунин дар иҷрои Оркестри калони симфонии радио ва телевизиони Москва дар солҳои 70 сабт шудаву солҳои 80 дар қалби Иттиҳоди Шӯравӣ интишор ёфтааст. Зиёдулло Шаҳидӣ асарҳое дорад, ки замоне машҳуртарин ҳунармандони кишвар Муқаддас Набиева, Шоиста Муллоҷонова, Ҳанифа Мавлонова ва дигарон сароидаанд ва ҳоло ин сурудаҳо фонди тиллоии радио ва телевизиони Тоҷикистонро зиннат мебахшанд.[1]

Мукофоту ҷоизаҳо

4 маротиба вакили Шӯрои Олии СССР интихоб шуда, дар ҳамаи даҳаҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Москва солҳои (1941, 1949,1957) иштирок намудааст.

Ёдбуд

Оҳангсози шинохта соли 1985 дар шаҳри Душанбе дида аз олам барбаст ва тибқи васияташ хонаи ӯ ба осорхонаи эҷодиёташ табдил ёфт. Яке аз кӯчаҳои ш. Душанбе ва Омӯзишгоҳи мусиқии пойтахт ба номаш гузошта шудаанд. Дар ш. Душанбе аз соли 1996 осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусмусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва Бунёди байналмилалии З. Шаҳидӣ таъсис ёфтааст.

Ба муносибати 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маҷмӯъаи асарҳои мусиқии ӯ интишор ёфанд. Таронаҳои Шаҳидӣ мухлисонашро як бори дигар ба ёди ӯ бурданд ва фазои солҳои 70-80 қарни гузаштаро дар гӯшаи хотири худ зинда карданд. Миёни ин асарҳо таронаҳои ба дидаву дили мардум наздики «Муҳҳабат», «Хонаи мо», «Ситораи ман», романси «Сӣ сузи сина» ва ғайраҳо, ки замоне аз пуршунавандатарин таронаҳо дар барномаҳои радио ва телевизиони кишвар буданд, ҷо дода шуданд. Ҳунарпешаҳои имрӯзаи кишвар таронаҳои Зиёдулло Шаҳидиро аз нав эҳё намуда сароиданду аз ҷониби мухлисон хуб пазироӣ шудаанд. Соли 2014 бузургдошти 100-солагии устод Зиёдулло Шаҳидӣ бо Қарори ЮНЕСКО дар сатҳи ҷаҳонӣ баргузор мегардад.[2][3]

Яке аз пайгирони оҳангсоз фарзанди баруманди ӯ Толиб Шаҳидӣ ва дигар наберааш Табрез Шаҳидӣ аст. Толиб Шаҳидӣ аз пайравони ростини роҳи падар аст ва заҳамоташ бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ қадр шудааст. Табрез низ аз ҷумлаи оҳангсозони насли навини кишвар аст, ки дар ш. Москва кору эҷод мекунад.[1]

Пайвандҳо

Эзоҳ

  1. 1.0 1.1 1.2 http://tojnews.org/chehra-ziyodullo-shahidi
  2. http://www.farhang.tj/index.php/buzurgdosht-1
  3. http://www.farhang.tj/index.php/buzurgdosht-1/85-tochiki/nabzi-far-ang/187-o-ang-o-dar-mav-i-khurshed