Аскаралӣ Раҷабзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Раҷабов Аскаралӣ
 
Сатри 35: Сатри 35:
* Раҷабов Аскаралӣ // Энсклопедияи ададбиёт ва санъати тоҷик [Матн]. - Душанбе, 2004. - Ҷ.3. - С. 49.
* Раҷабов Аскаралӣ // Энсклопедияи ададбиёт ва санъати тоҷик [Матн]. - Душанбе, 2004. - Ҷ.3. - С. 49.
* Раҷабов Аскаралӣ //Донишномаи Шашмақом [Матн]. - Ду¬шан¬-бе, 2009. - С.278.
* Раҷабов Аскаралӣ //Донишномаи Шашмақом [Матн]. - Ду¬шан¬-бе, 2009. - С.278.

* Bulleted list item
== Нигаред==
== Нигаред==
* [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]]
* [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]]

Нусха 18:38, 17 октябри 2014

Шаблон:Зиндагинома Аскаралӣ Раҷабзода - (16 июни соли 1944) мусиқишиноси шинохташуда, доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон

Зиндагинома

Аскаралӣ Раҷабзода 16 июни соли 1944 дар ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Узбекис¬тон таваллуд ёфтааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1969) аст. Солҳои 1969 - 1972 корманди Энсиклопедияи советии тоҷик (ЭСТ), аз соли 1972 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Донишӣ Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад, зинаҳои ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, сарходимро тай кардааст, аз соли 1999 мудири шӯъбаи таърихи маданияти он мебошад.

Фаъолияти илмӣ

Профессор Аскаралӣ Раҷабзода аз муҳаққиқони сермаҳсули таъриху назарияи мусиқии тоҷик ва дигар халқҳои эронинажод, инчунин мардуми Шарқ ба шумор меравад. Хидматаш бахусус дар таҳқиқу баррасии ҳаёту эҷодиёти поягузори мусиқии форс - тоҷик Борбад хеле калон аст. Мавсуф ташкил¬кунанда ва раиси Бунёди байналмилалии Борбад ва Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардуми Ховар мебошад. Ба қаламаш зиёда аз 15 китобу рисола, қариб 550 мақолаи илмию оммавӣ, тақризу китобиёт мутааллиқанд. Вай мураттиб ва муҳаррири чандин китобу рисола ва маҷмӯъаи илмӣ, аз ҷумла «Донишномаи Шашмақом»,(2009), «Очеркҳои таърих ва назарияи маданияти халқи тоҷик» (ба забони русӣ, дар чор ҷилд, солҳои 2007 - 2010) ва ғайра аст. Тақиқоти илмии ин донишманди пур¬кори тоҷик дар кишварҳои зиёди хориҷӣ ба табъ расида, мавсуф дар чандин симпозиму конфаронси минтақавию байналмилалии мусиқашиносон бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад карда, мусиқии миллаташро муаррифӣ кардааст.

Намунаи осор

  • Маданияти мусиқии тоҷик дар асарҳои XIII – XIX [Матн]. - Душанбе, 1984. – 110 с.
  • Наҷмидини Кавкабӣ ва рисолаи мусиқӣ [Матн]. - Душанбе, 1985. – 114 с.
  • Нағмаи ниёгон [Матн]. - Душанбе, 1988. - 153 с.
  • Афкори мусиқии тоҷик дар асарҳои XII - XV [Матн]. - Ду¬шанбе, 1989. – 235 с.
  • Зайнулобиддин Маҳмуди Ҳусайнӣ ва қонуни илмию омма-вии мусиқӣ [Матн]. - Душанбе, 1987. - 336 с.
  • Сарнавишти хунёгар [Матн]. - Душанбе, 1990. - 106 с
  • Традиции классической музыкальной куль¬туры эпохи Сасанидов [Матн]. - Душанбе, 2005. - 108с.
  • Мусиқӣ дар тамад¬дуни Сомониён [Матн]. - Душанбе, 2000. - 198 с.
  • Аз нур то сетои Акашариф Ҷӯра [Матн]. - Душанбе, 2000. - 104 с.
  • Мусиқии тоҷикон ва анъанаҳои таъриҳии он дар садаҳои XVI – XVII [Матн]. - Душанбе, 2007. - 220 с.
  • Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мусиқии замони Рӯдакӣ [Матн].- Душанбе, 2007. - 218 с.
  • Борбад [Текст]: Эпоха, тради¬ции и новаторство. - Душанбе, 2008. - 230 с.
  • Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар асрҳои IV - VI. - Душанбе, 2011. – 255 с.
  • Борбад и Рудаки [Текст]: Премественность и общность тра¬ди-ции.- Душанбе, 2013. - 220 с.

Манобеъ

  • Раҷабов Аскаралӣ // Энсклопедияи ададбиёт ва санъати тоҷик [Матн]. - Душанбе, 2004. - Ҷ.3. - С. 49.
  • Раҷабов Аскаралӣ //Донишномаи Шашмақом [Матн]. - Ду¬шан¬-бе, 2009. - С.278.

Нигаред