Абдусалом Деҳотӣ: Тафовут байни таҳрирҳо
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) х Илова |
No edit summary |
||
Сатри 12: | Сатри 12: | ||
== Зиндагинома == |
== Зиндагинома == |
||
Пас аз хатми мактаби кӯҳна дар мактаби усули ҷадид ва курси тайёрии Академияи педагогии |
Пас аз хатми мактаби кӯҳна дар мактаби усули ҷадид ва курси тайёрии Академияи педагогии Ӯзбекистон (Самарқанд) хондааст (1930-1931). Дар идораи рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” ва шӯъбаи Нашр. давл. Тоҷ. дар Самарқанд кор кардааст (1931-1935). С.1935 ба Сталинобод омадааст: мудири шӯъбаи танқид ва котиби масъули маҷаллаи “Барои адабиёти сотсиалистӣ” (1935-1938), кот. ИН Тоҷ. (1938-1944), котиби масъули маҷаллаи “Шарқи Сурх”, муҳарири адабии Нашр. давл. Тоҷикистон (1935-1946), корманди илмии Институти таърих, забон ва адабиёти филиали АИ СССР, сармуҳарири Нашр. давл. Тоҷикистон, муҳарири маҷаллаи “Шарқи Сурх”, мудири шӯъбаи тарҷимаи осори классикони марксизм-ленинизми Институти таърихи партияи назди КМ ПК Тоҷикистон, муовини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муҳарири масъули маҷаллаи “Тоҷикистон” (1946-1961). Аз с.1961 – ходими калони илмии ИЗА ба номи Рӯдакии [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон|АИ Тоҷикистон]]. |
||
==Эҷодиёт == |
==Эҷодиёт == |
||
Муаллифи маҷмӯаҳои: |
Муаллифи маҷмӯаҳои: |
Нусха 17:46, 3 Январ 2015
Абдусалом Деҳотӣ - (14 март, 1911, д. Боғимайдони н. Самарқанд – 31 январ, 1962, ш. Душанбе), шоир, нависанда, драматург, луғатшинос, арбоби давлати, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз с.1934).[1]
Зиндагинома
Пас аз хатми мактаби кӯҳна дар мактаби усули ҷадид ва курси тайёрии Академияи педагогии Ӯзбекистон (Самарқанд) хондааст (1930-1931). Дар идораи рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” ва шӯъбаи Нашр. давл. Тоҷ. дар Самарқанд кор кардааст (1931-1935). С.1935 ба Сталинобод омадааст: мудири шӯъбаи танқид ва котиби масъули маҷаллаи “Барои адабиёти сотсиалистӣ” (1935-1938), кот. ИН Тоҷ. (1938-1944), котиби масъули маҷаллаи “Шарқи Сурх”, муҳарири адабии Нашр. давл. Тоҷикистон (1935-1946), корманди илмии Институти таърих, забон ва адабиёти филиали АИ СССР, сармуҳарири Нашр. давл. Тоҷикистон, муҳарири маҷаллаи “Шарқи Сурх”, мудири шӯъбаи тарҷимаи осори классикони марксизм-ленинизми Институти таърихи партияи назди КМ ПК Тоҷикистон, муовини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муҳарири масъули маҷаллаи “Тоҷикистон” (1946-1961). Аз с.1961 – ходими калони илмии ИЗА ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон.
Эҷодиёт
Муаллифи маҷмӯаҳои:
- “Манзараҳои сегона”,
- “Таронаҳои меҳнатӣ”
- “Меваи Октябр” (с.1934),
- “Шеърҳо ва ҳикояҳо” (1940),
- китоби “Шеърҳои мунтахаб” (1945),
- “Асарҳои мунтахаб” (1949, 1957),
- “Ҳадя ба хурдтаракон” (1954),
- “Ҳаёт қадам мезанад” (1961),
- “Бунафша” (1963),
- драмаи мусиқии “Хусрав ва Ширин” (бо ҳамқаламии М.Турсунзода, 1936),
- либреттои операи “Шӯриши Восеъ” (1940),
- либреттои операи “Комде ва Мадан” (1952),
- маҳзакаи “Қиссаи Таърифхоҷаев” (бо ҳамқаламии Б.Раҳимзода, 1953).
- “Куллиёти” панҷ ҷилд (1965-1966) осори ӯро фаро мегирад.
Дар нашри осори ниёгонамон, ҷамъоварии адаб. шифоҳӣ, мураттаб сохтани луғатҳо, тарҷ. ва таҳрири осори класс. марксизм-ленинизм саҳми арзанда гузоштааст. С. 1949 таҳти роҳбарии ӯ ва Н.Н.Ершов “Луғати русӣ-тоҷикӣ”-и бузургҳаҷм ба табъ расид. Ӯ ҳамчунин яке аз муҳарирони “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (дуҷилда, 1969), муаллифи “Китоби хониш” аз адаб. тоҷ. (барои синфи 4, 1954-1966), китобҳои дарсӣ барои синфи 1 (1960-1975).
- Бо ду ордени “Нишони Фахрӣ” ва Ифтихорнома мукофотонида шудааст.
- Ба номи ў яке аз кӯчаҳои ш. Душанбе ва кӯчае дар ш. Самарқанд гузошта шудааст.
Манобеъ
- ↑ Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, прогноз погоды на 14 марта 2014 года (Азия Плюс) http://www.asiaplus.tj/ru/news/salom-aleikum-tadzhikistan-anonsy-sobytii-prognoz-pogody-na-14-marta-2014-goda
Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - с.50