Афина (шаҳр): Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1: Сатри 1:
{{дигар мазмунҳо|Афина}}
{{дигар мазмунҳо|Афина}}
'''АФЍНА''' (Athenai), калонтарин шаҳр ва пойтахти [[Юнон]]. Маркази асосии иқтисодӣ ва мадании мамлакат, маркази ном (воҳиди маъмурӣ)-и [[Аттика]]. Афина дар нимҷазараи Аттика, дар соҳили халиҷи [[Сароникос|Сароникоси]] [[Баҳри Эгей]] ҷой гирифта, якҷо бо шаҳристон ва шаҳри бандарии [[Пирей]] [[Афинаи Калон|Афинаи Калонро]] ташкил медиҳад.
'''АФЍНА''' (Athenai), калонтарин шаҳр ва пойтахти [[Юнон]]. Маркази асосии иқтисодӣ ва мадании мамлакат, маркази ном (воҳиди маъмурӣ)-и [[Аттика]]. Афина дар нимҷазараи Аттика, дар соҳили халиҷи [[Сароникос|Сароникоси]] [[Баҳри Эгей]] ҷой гирифта, якҷо бо шаҳристон ва шаҳри бандарии [[Пирей]] [[Афинаи Калон|Афинаи Калонро]] ташкил медиҳад. Аҳолии Афинаи Калон 3,7 млн нафар (2011). Аз ҷиҳати зичии аҳолӣ (8160 нафар дар 1 км2) дар [[Аврупо]] дар ҷойи чаҳорум қарор дорад ва сеяки аҳолии тамоми Юнон аст. Ба шарафи илоҳаи асосии асотири [[Юнони Қадим]] - [[Афина (асотир)|Афина]] номгузорӣ шудааст. Пирейро, ки бандари калонтарини Юнон мебошад, дарвозаи баҳрии Юнон мегӯянд. Маркази муҳимми нақлиёти байналмилалӣ. Роҳи оҳан ва шоҳроҳи автомобилгард Афинаро бо [[Салоники]] ва аз он ҷо бо [[Мақдуния]], [[Булғория]] ва [[Туркия]] мепайвандад. Афина ду аэропорти байналмилалӣ, хатти метро дорад. Аз се ду ҳиссаи истеҳсолоти саноатии мамлакат дар Афина ҷойгир шудааст. Дар Афина [[металлургия]], [[мошинсозӣ]] (аз ҷумла [[киштисозӣ]]) рушд ёфтааст. Корхонаҳои бузурги нассоҷӣ, дӯзандагӣ, хӯрокворӣ, кимиё, нӯшобаҳо, чарму пойафзор, коркарди [[нафт]], кулолӣ, истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ, ва мӯина дорад. Дар Афина муассисаҳои тиҷоратию молиявии Юнон ҷой гирифтаанд. Афина дорои академияи илмҳо, донишгоҳ (1837), донишкадаи политехникӣ, Ҷамъияти бостоншиносии Юнон (1837), марказҳои илмию бостоншиносӣ ва таърихии давлатҳои хориҷа, расадхонаи миллии ахтаршиносӣ, китобхонаи миллӣ, театри миллӣ, Маркази мадании ба номи [[Мелин Меркури]], театри опера ва ғайра; 3 [[консерватория]], 26 [[осорхона]], аз он ҷумла Осорхонаи миллии бостоншиносӣ, [[Осорхонаи Византия]], [[Осорхонаи Акропол]], Нигористони миллии рассомӣ, Осорхонаи таърихии Афина ва Нигористони бадеии Бенакӣ мебошад. Афина қадимтарин шаҳри дунё буда, замони бунёдаш муайян нест. Аз рӯйи ривоятҳо ҷойи имрӯзаи Афина ҳанӯз аз асҳои 16–13 то мелод маскун буд. Дар Юнони Қадим он маркази асосии иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданӣ гардид. Шаҳр дар теппаҳо бино ёфта, дар теппаи баландтарини он – [[Ликабетос]] ёдгориҳои қадимтарини Афина – [[Акропол]], [[Ареопаг]], [[Пникс]], [[Филопаппу]] (собиқ Мусейон), дар маркази шаҳр Парфенон – маъбади илоҳа Афина, Пропилейи бошукӯҳ, маъбадҳои Ника Аптерос ва Эрехтейон, ки ҳама мансуби асри 5 то мелод мебошанд, маҳфуз мондаанд. Поинтар қадимтарин театрҳо – Одеон Герод Аттик ва [[Дионис]], майдонҳои атиқии [[Агораи Рим]] ва Агораи Юнон, маъбади [[Зевси Олимпӣ]], Арки Адриан, маъбади Гефест побарҷост. Дар шаҳр осори бадеии даврони ҳокимияти империяҳои [[Византия]] ва турки усмонӣ низ боқӣ мондаанд. Аз соли 1466 то мелод Афина ба [[Рим]] ва аз асри 4 то соли 1204 ба [[Империяи Византия]] тобеъ шуд. Солҳои 1204–1458 пойтахти герсогии Афина буд. Соли 1458 Афинаро [[туркҳо]] забт карданд. Аз давраи шӯриши миллӣ-озодихоҳии с-ҳои 1821–29 А. маркази маъмурӣ ва маданию сиёсӣ ва аз с. 1834 пойтахти Юнон аст. А. маркази бузурги туризми байналмилалӣ ва ҷойи баргузории анҷуману симпозиумҳост. Соли 1896 дар Афина [[Бозиҳои олимпӣ]] баргузор гардида, аввалин варзишгоҳ низ ҳамин ҷо сохта шуд. Бозиҳои олимпии тобистонии соли 2004 дар Афина баргузор шуданд.

'''Аҳолӣ'''

Аҳолии Афинаи Калон 3,7 млн нафар (2011). Аз ҷиҳати зичии аҳолӣ (8160 нафар дар 1 км2) дар [[Аврупо]] дар ҷойи чаҳорум қарор дорад ва сеяки аҳолии тамоми Юнон аст.

=== Тарақиёт ва саноат ===
Ба шарафи илоҳаи асосии асотири [[Юнони Қадим]] - [[Афина (асотир)|Афина]] номгузорӣ шудааст. Пирейро, ки бандари калонтарини Юнон мебошад, дарвозаи баҳрии Юнон мегӯянд. Маркази муҳимми нақлиёти байналмилалӣ. Роҳи оҳан ва шоҳроҳи автомобилгард Афинаро бо [[Салоники]] ва аз он ҷо бо [[Мақдуния]], [[Булғория]] ва [[Туркия]] мепайвандад. Афина ду аэропорти байналмилалӣ, хатти метро дорад. Аз се ду ҳиссаи истеҳсолоти саноатии мамлакат дар Афина ҷойгир шудааст. Дар Афина [[металлургия]], [[мошинсозӣ]] (аз ҷумла [[киштисозӣ]]) рушд ёфтааст. Корхонаҳои бузурги нассоҷӣ, дӯзандагӣ, хӯрокворӣ, кимиё, нӯшобаҳо, чарму пойафзор, коркарди [[нафт]], кулолӣ, истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ, ва мӯина дорад. Дар Афина муассисаҳои тиҷоратию молиявии Юнон ҷой гирифтаанд.

=== Марказҳои илму фарҳанг ===
Афина дорои академияи илмҳо, донишгоҳ (1837), донишкадаи политехникӣ, Ҷамъияти бостоншиносии Юнон (1837), марказҳои илмию бостоншиносӣ ва таърихии давлатҳои хориҷа, расадхонаи миллии ахтаршиносӣ, китобхонаи миллӣ, театри миллӣ, Маркази мадании ба номи [[Мелин Меркури]], театри опера ва ғайра; 3 [[консерватория]], 26 [[осорхона]], аз он ҷумла Осорхонаи миллии бостоншиносӣ, [[Осорхонаи Византия]], [[Осорхонаи Акропол]], Нигористони миллии рассомӣ, Осорхонаи таърихии Афина ва Нигористони бадеии Бенакӣ мебошад.

=== Ёдгориҳои қадима ===
Афина қадимтарин шаҳри дунё буда, замони бунёдаш муайян нест. Аз рӯйи ривоятҳо ҷойи имрӯзаи Афина ҳанӯз аз асҳои 16–13 то мелод маскун буд. Дар Юнони Қадим он маркази асосии иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданӣ гардид. Шаҳр дар теппаҳо бино ёфта, дар теппаи баландтарини он – [[Ликабетос]] ёдгориҳои қадимтарини Афина – [[Акропол]], [[Ареопаг]], [[Пникс]], [[Филопаппу]] (собиқ Мусейон), дар маркази шаҳр Парфенон – маъбади илоҳа Афина, Пропилейи бошукӯҳ, маъбадҳои Ника Аптерос ва Эрехтейон, ки ҳама мансуби асри 5 то мелод мебошанд, маҳфуз мондаанд. Поинтар қадимтарин театрҳо – Одеон Герод Аттик ва [[Дионис]], майдонҳои атиқии [[Агораи Рим]] ва Агораи Юнон, маъбади [[Зевси Олимпӣ]], Арки Адриан, маъбади Гефест побарҷост. Дар шаҳр осори бадеии даврони ҳокимияти империяҳои [[Византия]] ва турки усмонӣ низ боқӣ мондаанд.

=== Таърихи мухтасари Афина ===
Аз соли 1466 то мелод Афина ба [[Рим]] ва аз асри 4 то соли 1204 ба [[Империяи Византия]] тобеъ шуд. Солҳои 1204–1458 пойтахти герсогии Афина буд. Соли 1458 Афинаро [[туркҳо]] забт карданд. Аз давраи шӯриши миллӣ-озодихоҳии с-ҳои 1821–29 А. маркази маъмурӣ ва маданию сиёсӣ ва аз соли 1834 пойтахти Юнон аст. Афина маркази бузурги туризми байналмилалӣ ва ҷойи баргузории анҷуману симпозиумҳост. Соли 1896 дар Афина [[Бозиҳои олимпӣ]] баргузор гардида, аввалин варзишгоҳ низ ҳамин ҷо сохта шуд. Бозиҳои олимпии тобистонии соли 2004 дар Афина баргузор шуданд.
== Манбаъ ==
== Манбаъ ==
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]

Нусха 10:33, 17 марти 2015

АФЍНА (Athenai), калонтарин шаҳр ва пойтахти Юнон. Маркази асосии иқтисодӣ ва мадании мамлакат, маркази ном (воҳиди маъмурӣ)-и Аттика. Афина дар нимҷазараи Аттика, дар соҳили халиҷи Сароникоси Баҳри Эгей ҷой гирифта, якҷо бо шаҳристон ва шаҳри бандарии Пирей Афинаи Калонро ташкил медиҳад.

Аҳолӣ

Аҳолии Афинаи Калон 3,7 млн нафар (2011). Аз ҷиҳати зичии аҳолӣ (8160 нафар дар 1 км2) дар Аврупо дар ҷойи чаҳорум қарор дорад ва сеяки аҳолии тамоми Юнон аст.

Тарақиёт ва саноат

Ба шарафи илоҳаи асосии асотири Юнони Қадим - Афина номгузорӣ шудааст. Пирейро, ки бандари калонтарини Юнон мебошад, дарвозаи баҳрии Юнон мегӯянд. Маркази муҳимми нақлиёти байналмилалӣ. Роҳи оҳан ва шоҳроҳи автомобилгард Афинаро бо Салоники ва аз он ҷо бо Мақдуния, Булғория ва Туркия мепайвандад. Афина ду аэропорти байналмилалӣ, хатти метро дорад. Аз се ду ҳиссаи истеҳсолоти саноатии мамлакат дар Афина ҷойгир шудааст. Дар Афина металлургия, мошинсозӣ (аз ҷумла киштисозӣ) рушд ёфтааст. Корхонаҳои бузурги нассоҷӣ, дӯзандагӣ, хӯрокворӣ, кимиё, нӯшобаҳо, чарму пойафзор, коркарди нафт, кулолӣ, истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ, ва мӯина дорад. Дар Афина муассисаҳои тиҷоратию молиявии Юнон ҷой гирифтаанд.

Марказҳои илму фарҳанг

Афина дорои академияи илмҳо, донишгоҳ (1837), донишкадаи политехникӣ, Ҷамъияти бостоншиносии Юнон (1837), марказҳои илмию бостоншиносӣ ва таърихии давлатҳои хориҷа, расадхонаи миллии ахтаршиносӣ, китобхонаи миллӣ, театри миллӣ, Маркази мадании ба номи Мелин Меркури, театри опера ва ғайра; 3 консерватория, 26 осорхона, аз он ҷумла Осорхонаи миллии бостоншиносӣ, Осорхонаи Византия, Осорхонаи Акропол, Нигористони миллии рассомӣ, Осорхонаи таърихии Афина ва Нигористони бадеии Бенакӣ мебошад.

Ёдгориҳои қадима

Афина қадимтарин шаҳри дунё буда, замони бунёдаш муайян нест. Аз рӯйи ривоятҳо ҷойи имрӯзаи Афина ҳанӯз аз асҳои 16–13 то мелод маскун буд. Дар Юнони Қадим он маркази асосии иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданӣ гардид. Шаҳр дар теппаҳо бино ёфта, дар теппаи баландтарини он – Ликабетос ёдгориҳои қадимтарини Афина – Акропол, Ареопаг, Пникс, Филопаппу (собиқ Мусейон), дар маркази шаҳр Парфенон – маъбади илоҳа Афина, Пропилейи бошукӯҳ, маъбадҳои Ника Аптерос ва Эрехтейон, ки ҳама мансуби асри 5 то мелод мебошанд, маҳфуз мондаанд. Поинтар қадимтарин театрҳо – Одеон Герод Аттик ва Дионис, майдонҳои атиқии Агораи Рим ва Агораи Юнон, маъбади Зевси Олимпӣ, Арки Адриан, маъбади Гефест побарҷост. Дар шаҳр осори бадеии даврони ҳокимияти империяҳои Византия ва турки усмонӣ низ боқӣ мондаанд.

Таърихи мухтасари Афина

Аз соли 1466 то мелод Афина ба Рим ва аз асри 4 то соли 1204 ба Империяи Византия тобеъ шуд. Солҳои 1204–1458 пойтахти герсогии Афина буд. Соли 1458 Афинаро туркҳо забт карданд. Аз давраи шӯриши миллӣ-озодихоҳии с-ҳои 1821–29 А. маркази маъмурӣ ва маданию сиёсӣ ва аз соли 1834 пойтахти Юнон аст. Афина маркази бузурги туризми байналмилалӣ ва ҷойи баргузории анҷуману симпозиумҳост. Соли 1896 дар Афина Бозиҳои олимпӣ баргузор гардида, аввалин варзишгоҳ низ ҳамин ҷо сохта шуд. Бозиҳои олимпии тобистонии соли 2004 дар Афина баргузор шуданд.

Манбаъ

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2