Бобо: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Саҳифаи нав: БОБÒ (порсӣ:بابا) лақабест, ки тахминан аз оғози а. 11 ба баъзе аз бузургони тасаввуф дода шуда...
(бе тафовут)

Нусха 08:52, 18 марти 2015

БОБÒ (порсӣ:بابا) лақабест, ки тахминан аз оғози а. 11 ба баъзе аз бузургони тасаввуф дода шудааст.

Бобо калимаи форсӣ буда, маънои падар ва ниё (падарбузург)-ро дорад ва ба ҳамин маъно дар туркӣ, урду ва дигар. забонҳои мардуми Шарқ ба кор рафтааст. Ҳамчунин калимаи боб, ки ихтисоршудаи калимаи бобост, ба ҳамин маънӣ маъмул будааст. Дар «Луғатномаи Деҳхудо» шарҳи калимаи «бобо» чунин дода шудааст: «Бобо»-ро бар пирони комил итлоқ кунанд, ки ба манзилаи падар бошанд, чунонки Бобоафзали Кошӣ ва Боботоҳири Ҳамадонӣ ва амсоли эшон. Ва атрок низ «ото» гӯянд, монанди Рангиото ва Водуното, ки ин ду тан аз машоихи Хоразм буда, қабри эшон зиёратгоҳ аст. Ва дар билоди Рум пирону муршидони худро «дада» гӯянд ва ҳар касро, ки дар коре бузург бошад, таъзиман бобо хонанд».

Дар баъзе манотиқи Мовароуннаҳру Хуросон аз Ибтидои а. 11 вожаи Бобо нисбат ба баъзе машоихи бузурги суфия истифода мегардид. Чунончи, мувофиқи андешаи Алии Ҳуҷвирӣ дар «Кашф-ул-маҳҷуб» дар Фарғона ҳамаи машоихи кибори суфияро «боб» мегуфтанд. Вай дар ин бора менависад: «Ва ба Фарғона деҳест, ки онро Шалотак ё Шулотак хонанд, пире буд аз автод-ул-арз он ҷо, ки ӯро Боби Ам(м) гуфтандӣ. Ва ҳама дарвешони он диёр ва машоихи бузургро боб хонанд…» Дар миёни пайравони силсилаи «Бектошия» дар баробари ин ки ба баъзе машоих лақаби Бобо нисбат дода мешуд, ҳамчунин яке аз мартабаҳои хосси ин тариқа ба ҳисоб мерафт. Дар тариқати «Бектошия» 5 мартаба вуҷуд дорад, ки мартабаи сеюмини онҳо Бобо мебошад. Агар Бобо аз насли пайғамбар (с) бошад, бар рӯйи кулоҳи худ шоли сабз мебандад ва агар чунин набошад, шоли сафед мебандад. Бобо тарбияти муҳиб ва дарвешро, ки маротиби поинтар аз ӯ мебошанд, ба уҳда мегирад. Дохил шудани одамони нав ба ин тариқат низ бо маросими муфассале ба василаи Бобо сурат мегирад. Лақаби Бобо дар замони Сафавия низ дар Эрон барои бузургони аҳли тасаввуф маъмул будааст. Дар Исфаҳон ҳанӯз ҳам мадфани баъзе аз Бобоён, ки бештари онҳо дар асрҳои 14–15 мезистанд, боқист.

Адабиёт

دحخداعلیاکبر. لغتنامه. ج۱۱. تهران؛

شرحاحوالوآثاردوبیتهایباباطاهرعریان (بهانضمامشرحوترجمۀ « کلماتقصار» اومنسوببهعینالقضاتهمدانی،بااصلوترجمۀکتاب «الفتوحاتربانیةفیمزجالاشاراتالهمدانیة» بهشرحوتفسیرمحمدبنابراهیممشهوربهخطیبوزیری)،تهران،۱۳۵۴.؛

عبداللهانصاری. طبقاتالصفیة. تهران،۱۳۶۳.؛

ابوالحسنعلیبنعثمانالجلابی. کشفالمحجوب. تهران،۱۳۷۶

Манбаъ

  • М. Низомов.

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2