Ҷӯрабой Бобоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Зиндагинома |Номи тоҷикӣ= |Номи аслӣ= БОБÒЕВ Ҷӯрабой |Акс= |Зодрӯз= 1906 |Зодгоҳ=деҳаи Гумбазии...
(бе тафовут)

Нусха 08:55, 19 марти 2015

Шаблон:Зиндагинома БОБÒЕВ Ҷӯрабой (1906, деҳаи Гумбазии ноҳияи Конибодом – 1989, ҳамон ҷо), ҳофиз ва навозанда, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1956).

Зиндагинома

Пайрави мактаби эҷодии Ҳо­ҷӣ Абдулазиз. Дар маҳфилҳои худфаъолиятии бадеии мактаби зодгоҳаш ва к-зи «Ленинград» ҳунарнамоӣ кардааст. Чанд сол мудири клуби к-зи «Коммунист» (ҳоло ҷамъияти саҳҳомии «Ирам») буд. Барномаи ғанию рангинашро суруду таронаҳои халқию классикӣ ташкил медоданд. «Муноҷот», «Гиря», «Пахтаи заррини мо», «Комсомол», «Синафигор», «Орзу», «Назаре кун», «Ба ранги бӯят», «Моҳи ман», «Насри баёт», «Ба дилдор» ва ғ. аз беҳтарин сурудҳои Бобоев мебошанд. Ширкаткунандаи даҳаҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Россия, Белорусия, Ӯзбекистон, Украина ва Озарбойҷон. Бо медали «Барои меҳнати шоён» ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

Манбаъ

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2