Одина Ҳошим: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
х илова
Сатри 3: Сатри 3:
|Номи аслӣ={{lang-fa|آدینه هاشم}}
|Номи аслӣ={{lang-fa|آدینه هاشم}}
|Акс=Adina Hashim.jpeg
|Акс=Adina Hashim.jpeg
|Зодрӯз=13 июни соли 1937
|Зодрӯз=[[13 июн]]и [[соли 1937]]
|Зодгоҳ= [[Дашти Ҷум]], [[Шӯрообод]]
|Зодгоҳ= [[Дашти Ҷум]], [[Шӯрообод]]
|Даргузашт= 16 ноябри соли 1993
|Даргузашт= [[16 ноябр]]и [[соли 1993]]
|Вазифа=[[Овозхон]]
|Вазифа= сароянда
}}
}}


'''Одина Ҳошим''' - ба {{lang-fa|آدینه هاشم}}
'''Одина Ҳошим''' - ба {{lang-fa|آدینه هاشم}}, Ҳофизи Халқии ҶШС Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.
==Зиндагинома==
==Зиндагинома==
Одина Ҳошим дар 13 июни 1937 дар дедҳаи Нимдараи,[[Дашти Ҷум]]и,[[Ноҳия]]и [[Шӯрообод]] чашм ба олами ҳастӣ кушод, Ва дар 16 ноябри 1993 даргузашт. Одина Ҳошим Яке аз [[Овозхон]]он ва сарояндагани машҳур ва мардумӣ [[Тоҷикистон]] буд....
Одина Ҳошим дар [[13 июн]]и [[1937]] дар деҳаи Нимдараи,[[Дашти Ҷум]]и,[[ноҳияи Шӯрообод]] чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Одинаи Ҳошимов дар оилаи санъаткори шинохта, мусиқидони варзида, Ҳофизи халқии ҷумҳурӣ Ҳошим Қосимов тавлид гашта, дар домони модари боиффати адабиётдӯст, донандаи хуби осори Ҳофизу Бедил ва даҳҳо суханварони мумтози классик тарбият ёфтааст. Аз хониши падар, аз ромиши падар дар дили кучаки Одина нисбат ба ҳунари сарояндагӣ ва навозандагӣ як дилгармӣ, як муҳаббати ногусастание бедор гашт Дилбастагӣ ба суруд, ба наво саманди орзу Одинаро пас аз хатми мактаби миёна ба шуъбаи созҳои миллии Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри [[Душанбе]] овард. Тӯли се сол дар ин боргоҳи ҳунар аз устодони сахтгиру серталаб нозукиҳои навозандагию сарояндагӣ аз бар карду соли 1959 ҳамчун мутахассиси ҷавон фаъолияти кориашро аз театри халқии ноҳияи Москва (Мирсайид Алии Ҳамадонӣ) ба сифати режиссёр оғоз намуда, то соли 1962 дар ин пеша масъулият нишон дод. Чун коргари содиқ, ҷӯянда ва навовар маҳбубият пайдо намуда, ба боварии роҳбарон сазовор шуд ва соли 1962 ба зимаи Одинаи ҷавон, ба Одинае, ки ҳамагӣ 25 сол дошт вазифаи басо пурмасъулият, сарварии театри драмаи мусиқии шаҳри Кӯлобро вогузоштанд. Муддати 13 сол дар ин кори пурзаҳмат ифои вазифа намуда, беҳтарин асарҳои саҳнавиро рӯи саҳна гузошт, ки аз ҷониби мухлисон баҳои баландро 5 ноил гашт. Аз соли 1975 то соли 1991 ба сифати солисти театри мазкур кор кард. Ӯ [[16 ноябр]]и [[соли 1993]] оламро тарк кард.

== Эҷодиёт ==
== Эҷодиёт ==
Нахуст суруди Одинаи Ҳошимов «Ленин бародар раҳнамо» бар матни шоир [[Сайидалӣ Вализода]] ӯро миёни ҳаводорон маъруфу машҳур намуда, дар сини биступанҷсолагӣ бо унвони Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозаш гардонд. Сипас сурудҳои «Гулъузори ман куҷост?» (ғазали Ҳилолӣ), «Рафтӣ» (Сайидо), «Охир эй сарви хиромон зи кадомин чаманӣ» (ғазали Ҷомӣ), «Соқиё бархезу деҳ ҷомро» (ғазали Ҳофиз), «Хиҷил аст сарви бӯстон бари қомати баландаш » (ғазали Саъдӣ), «Ба завқе такя бар шамшер ҷисми лоғарам дорад» (ғазали Соиб), «Аз чашми пурхумори ту мастӣ намеравад» (ғазали [[Ҳасани Деҳлавӣ]]), «Ё ҳар ду» (ғазали А. Лоҳутӣ), «Куҳан диёро» (ғазали Нодири Нодирпур) ва садҳои дигар, ки саршори меҳру муҳаббати поки инсонӣ, садоқат, некӣ ва дилрабоӣ буданд, дар иҷрои Одина Ҳошимов дилпазир ва форам ба самти ҳаводорони санъат расонида шуд ва то имрӯз бо ҳамон садои нотакрор аз тариқи садову симо ба ихлосмандони ҳунари ин ҳунарманди нотакрор пешкаш карда мешавад. Ҳунари дигаре, ки Одина Ҳошимовро миёни мардум шуҳратёр на-муд, ин ҳунари фалакхонию фалакдонии ӯст. Ҳамчун сарояндаи ҷӯяндаву навовар дар зиндаю ҷовид гардонидани асари сертаркибаи «Фалак» хизмати шоистаеро касб кардааст. Дар ин ҷода Одина Ҳошимов бо машҳуртарин фалаксароён, бо устодони маъруфи санъати сарояндагӣ [[Ҳоҷӣ Абдулазиз]], [[Содирхони Ҳофиз]], Домулло Ҳалим, [[Шоҳназар Соҳибов]] ва [[Шариф Ҷӯраев]] дар як поя қарор дошту шӯҳраташ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар [[Эрон]]у [[Афғонистон]] низ паҳн буд. Соли 1972 фалаксароёни машҳури афғон Мангал, Карим, Нурмуҳаммад, Раҳимҷон, Абдурасул ва Акбар Лоло Одина Ҳошимовро ба Афғонистон даъват намуданд, то ҳунарашро ба ҳаводорони афғонаш намоиш бидиҳад. Аниқтараш дар озмуни «Фалаксароёни мумтоз», ки дар шаҳри Қундуз барпо гардид, ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон даъват шуда буд ва дар ин озмун ғолиби ҷои аввал дониста шуд. Ва метавон зикр кард, ки худ аз мактаби ҳунари санъаткорони мумтози кишвар таҷриба гирифта, ҷавобан ба ин шогирдони зиёдеро низ тарбия намудааст, ки миёни онҳо метавон номи Гулчеҳра Содиқова, Файзалӣ Ҳасанов, Мирзоватан Миров, Озодамоҳ Мӯҳтарамоваро боифтихор ба забон гирифт.
...

==Осор==
Борҳо дар даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик ширкат ( РСФСР соли 1965, дар Москва соли 1967, дар РСС Ӯзбекистон соли 1968) намуда, санъати волои тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудааст. Илова бар ин ин ҳунарманди нотакрор Одина Ҳошим ба ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ва кишварҳои хориҷа аз қабили Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон, Яман, Ироқ, Қувайт, Адан сафарӣ ҳунарӣ намуд, бо ҳунари воло дили мухлисонашро ба ваҷд овардааст. Фарҳангу санъати бою рангини миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Одина Ҳошимов бо услубу равияи хос ва шеърдонию шеършиносӣ дар байни мардуми мамолики Шарқ обрӯю эътибори беандоза дошт. Пеш аз ҳама мувофиқати комили мазмуну шеъру оҳанг, дарки ниҳоят хуби тарҳу вазн, усулу савт, нолаи дилрабою ороиши оҳангӣ, шунавоии мутлақ ва ҳифзу аз худ кардани садҳо байту шеър бозгӯи забардастии ин санъаткори моҳир аст,-мегӯяд Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Алиризо Раҳмонқулов ва меафзояд: Шеъри тоҷикро ба мисли ӯ набуд донандае, Дар рамузи нуқтадонӣ беғалат хонандае. Тору пуди ҳофизиро беҳтарин бофандае, Қасри эҷодаш бимонад дар ҷаҳон пояндае. Тавре ки зикр намудем ин марди ҳунар фарзанди фарзонаю нотакрори миллати тоҷик Одина Ҳошимов аз соли 1953 то вопасин соли ҳаёт дар ҷодаи санъат ҳунарнамоӣ карда, бо ҳунари нотакрори хеш дар дилу дидаи мардум маъво гирифт.
...


Хизматҳои шоёни ин марди шариф аз ҷониби давлату ҳукумат бо унвонҳои фахрӣ, аз қобили медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», Грамотаҳои Фахрии Президуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон ва ҷоизаи Лауреати Мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қадрдонӣ шудааст. Одина Ҳошимове, ки тамоми умр баҳри болидагии хотири мардум, гарму фароғатбахш намудани маҳфилҳо, чорабиниҳо пайваста омода буд, имрӯз миёни ихлосмандон нест, вале номи ӯ, садои нотакрори ӯ ва меҳру муҳаббати ӯ умре дар қалбу дар забонҳо абадист.<ref>[http://www.kdbj-mirshakar.tj/images/PDF/odina_hoshim.pdf Одина Ҳошимов]</ref>


== Манбаъ ==
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
<references/>
[[Гурӯҳ: Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ: Санъати Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Овозхонҳои тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Овозхонҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дар ноҳияи Шӯрообод таваллудшудагон]]

Нусха 17:43, 25 апрели 2015

Шаблон:Зиндагинома

Одина Ҳошим - ба форсӣ: آدینه هاشم‎, Ҳофизи Халқии ҶШС Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Зиндагинома

Одина Ҳошим дар 13 июни 1937 дар деҳаи Нимдараи,Дашти Ҷуми,ноҳияи Шӯрообод чашм ба олами ҳастӣ кушод. Одинаи Ҳошимов дар оилаи санъаткори шинохта, мусиқидони варзида, Ҳофизи халқии ҷумҳурӣ Ҳошим Қосимов тавлид гашта, дар домони модари боиффати адабиётдӯст, донандаи хуби осори Ҳофизу Бедил ва даҳҳо суханварони мумтози классик тарбият ёфтааст. Аз хониши падар, аз ромиши падар дар дили кучаки Одина нисбат ба ҳунари сарояндагӣ ва навозандагӣ як дилгармӣ, як муҳаббати ногусастание бедор гашт Дилбастагӣ ба суруд, ба наво саманди орзу Одинаро пас аз хатми мактаби миёна ба шуъбаи созҳои миллии Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе овард. Тӯли се сол дар ин боргоҳи ҳунар аз устодони сахтгиру серталаб нозукиҳои навозандагию сарояндагӣ аз бар карду соли 1959 ҳамчун мутахассиси ҷавон фаъолияти кориашро аз театри халқии ноҳияи Москва (Мирсайид Алии Ҳамадонӣ) ба сифати режиссёр оғоз намуда, то соли 1962 дар ин пеша масъулият нишон дод. Чун коргари содиқ, ҷӯянда ва навовар маҳбубият пайдо намуда, ба боварии роҳбарон сазовор шуд ва соли 1962 ба зимаи Одинаи ҷавон, ба Одинае, ки ҳамагӣ 25 сол дошт вазифаи басо пурмасъулият, сарварии театри драмаи мусиқии шаҳри Кӯлобро вогузоштанд. Муддати 13 сол дар ин кори пурзаҳмат ифои вазифа намуда, беҳтарин асарҳои саҳнавиро рӯи саҳна гузошт, ки аз ҷониби мухлисон баҳои баландро 5 ноил гашт. Аз соли 1975 то соли 1991 ба сифати солисти театри мазкур кор кард. Ӯ 16 ноябри соли 1993 оламро тарк кард.

Эҷодиёт

Нахуст суруди Одинаи Ҳошимов «Ленин бародар раҳнамо» бар матни шоир Сайидалӣ Вализода ӯро миёни ҳаводорон маъруфу машҳур намуда, дар сини биступанҷсолагӣ бо унвони Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозаш гардонд. Сипас сурудҳои «Гулъузори ман куҷост?» (ғазали Ҳилолӣ), «Рафтӣ» (Сайидо), «Охир эй сарви хиромон зи кадомин чаманӣ» (ғазали Ҷомӣ), «Соқиё бархезу деҳ ҷомро» (ғазали Ҳофиз), «Хиҷил аст сарви бӯстон бари қомати баландаш » (ғазали Саъдӣ), «Ба завқе такя бар шамшер ҷисми лоғарам дорад» (ғазали Соиб), «Аз чашми пурхумори ту мастӣ намеравад» (ғазали Ҳасани Деҳлавӣ), «Ё ҳар ду» (ғазали А. Лоҳутӣ), «Куҳан диёро» (ғазали Нодири Нодирпур) ва садҳои дигар, ки саршори меҳру муҳаббати поки инсонӣ, садоқат, некӣ ва дилрабоӣ буданд, дар иҷрои Одина Ҳошимов дилпазир ва форам ба самти ҳаводорони санъат расонида шуд ва то имрӯз бо ҳамон садои нотакрор аз тариқи садову симо ба ихлосмандони ҳунари ин ҳунарманди нотакрор пешкаш карда мешавад. Ҳунари дигаре, ки Одина Ҳошимовро миёни мардум шуҳратёр на-муд, ин ҳунари фалакхонию фалакдонии ӯст. Ҳамчун сарояндаи ҷӯяндаву навовар дар зиндаю ҷовид гардонидани асари сертаркибаи «Фалак» хизмати шоистаеро касб кардааст. Дар ин ҷода Одина Ҳошимов бо машҳуртарин фалаксароён, бо устодони маъруфи санъати сарояндагӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхони Ҳофиз, Домулло Ҳалим, Шоҳназар Соҳибов ва Шариф Ҷӯраев дар як поя қарор дошту шӯҳраташ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон низ паҳн буд. Соли 1972 фалаксароёни машҳури афғон Мангал, Карим, Нурмуҳаммад, Раҳимҷон, Абдурасул ва Акбар Лоло Одина Ҳошимовро ба Афғонистон даъват намуданд, то ҳунарашро ба ҳаводорони афғонаш намоиш бидиҳад. Аниқтараш дар озмуни «Фалаксароёни мумтоз», ки дар шаҳри Қундуз барпо гардид, ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон даъват шуда буд ва дар ин озмун ғолиби ҷои аввал дониста шуд. Ва метавон зикр кард, ки худ аз мактаби ҳунари санъаткорони мумтози кишвар таҷриба гирифта, ҷавобан ба ин шогирдони зиёдеро низ тарбия намудааст, ки миёни онҳо метавон номи Гулчеҳра Содиқова, Файзалӣ Ҳасанов, Мирзоватан Миров, Озодамоҳ Мӯҳтарамоваро боифтихор ба забон гирифт.

Борҳо дар даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик ширкат ( РСФСР соли 1965, дар Москва соли 1967, дар РСС Ӯзбекистон соли 1968) намуда, санъати волои тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудааст. Илова бар ин ин ҳунарманди нотакрор Одина Ҳошим ба ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ва кишварҳои хориҷа аз қабили Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон, Яман, Ироқ, Қувайт, Адан сафарӣ ҳунарӣ намуд, бо ҳунари воло дили мухлисонашро ба ваҷд овардааст. Фарҳангу санъати бою рангини миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Одина Ҳошимов бо услубу равияи хос ва шеърдонию шеършиносӣ дар байни мардуми мамолики Шарқ обрӯю эътибори беандоза дошт. Пеш аз ҳама мувофиқати комили мазмуну шеъру оҳанг, дарки ниҳоят хуби тарҳу вазн, усулу савт, нолаи дилрабою ороиши оҳангӣ, шунавоии мутлақ ва ҳифзу аз худ кардани садҳо байту шеър бозгӯи забардастии ин санъаткори моҳир аст,-мегӯяд Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Алиризо Раҳмонқулов ва меафзояд: Шеъри тоҷикро ба мисли ӯ набуд донандае, Дар рамузи нуқтадонӣ беғалат хонандае. Тору пуди ҳофизиро беҳтарин бофандае, Қасри эҷодаш бимонад дар ҷаҳон пояндае. Тавре ки зикр намудем ин марди ҳунар фарзанди фарзонаю нотакрори миллати тоҷик Одина Ҳошимов аз соли 1953 то вопасин соли ҳаёт дар ҷодаи санъат ҳунарнамоӣ карда, бо ҳунари нотакрори хеш дар дилу дидаи мардум маъво гирифт.

Хизматҳои шоёни ин марди шариф аз ҷониби давлату ҳукумат бо унвонҳои фахрӣ, аз қобили медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», Грамотаҳои Фахрии Президуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон ва ҷоизаи Лауреати Мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қадрдонӣ шудааст. Одина Ҳошимове, ки тамоми умр баҳри болидагии хотири мардум, гарму фароғатбахш намудани маҳфилҳо, чорабиниҳо пайваста омода буд, имрӯз миёни ихлосмандон нест, вале номи ӯ, садои нотакрори ӯ ва меҳру муҳаббати ӯ умре дар қалбу дар забонҳо абадист.[1]

Манбаъ

  1. Одина Ҳошимов