Хусрави Деҳлавӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х →‎Хаёти шоир: бот: ислоҳ карда истодааст., replaced: хамчу → ҳамчу
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот: кор карда истодааст, replaced: мухим → мӯҳим, чахон → ҷаҳон, фарохам → фароҳам
Сатри 44: Сатри 44:
[[Тухфатуссигар]] (Тухфаи чавони) - девони аввалини шоир мебошад, ки ашъори уро то синни нуздахсолаги дар бар мегирад. Дар дебоча Хусрави Дехлави дар бораи дар айёми хурдсоли ба шеърнависи шугл варзидани худ, оид ба тахаллуси аввалааш Султони, инчунин доир ба масъалаи имтихон шудани у дар сохаи назм ва амсоли инхо сухан меронад.
[[Тухфатуссигар]] (Тухфаи чавони) - девони аввалини шоир мебошад, ки ашъори уро то синни нуздахсолаги дар бар мегирад. Дар дебоча Хусрави Дехлави дар бораи дар айёми хурдсоли ба шеърнависи шугл варзидани худ, оид ба тахаллуси аввалааш Султони, инчунин доир ба масъалаи имтихон шудани у дар сохаи назм ва амсоли инхо сухан меронад.
[[Васатулхаёт]] (Миёнаи хаёт). Ин девон ашъори то синни 34-солагии шоирро дар бар мегирад. Марсияҳои дар хакки султон Мухаммад Коон машхур ба Хони шахид навиштаи Хусрав дар он дохил шудаанд.
[[Васатулхаёт]] (Миёнаи хаёт). Ин девон ашъори то синни 34-солагии шоирро дар бар мегирад. Марсияҳои дар хакки султон Мухаммад Коон машхур ба Хони шахид навиштаи Хусрав дар он дохил шудаанд.
[[Гурратулкамол]] Ин девон ашъори айёми камолот, яъне давраи 34-40 солагии шоирро дар бар мегирад. Девон дебочаи муфассале дорад, ки дар он шоир аз бисёр масъалаҳои мухими адабиёт, инчунин аз тарчимаи холи худ сухан меронад.
[[Гурратулкамол]] Ин девон ашъори айёми камолот, яъне давраи 34-40 солагии шоирро дар бар мегирад. Девон дебочаи муфассале дорад, ки дар он шоир аз бисёр масъалаҳои мӯҳими адабиёт, инчунин аз тарчимаи холи худ сухан меронад.
[[Бакиятулнакия]] дар соли 1318 (ё ки соли 1316) мураттаб шудааст. Касидаву тарчеъбанд ва таркиббандҳои ин девон ба таърифи Низомиддин Авлиё, султон Алоуддин ва писарони у Муборакшох ва Хизрхон ва чанде аз дарбориени бонуфуз бахшида шудаанд. Дар ин девон мисли девонҳои дигари муаллиф газалиёт, китъаот ва рубоиёт низ дохил гардидаанд.
[[Бакиятулнакия]] дар соли 1318 (ё ки соли 1316) мураттаб шудааст. Касидаву тарчеъбанд ва таркиббандҳои ин девон ба таърифи Низомиддин Авлиё, султон Алоуддин ва писарони у Муборакшох ва Хизрхон ва чанде аз дарбориени бонуфуз бахшида шудаанд. Дар ин девон мисли девонҳои дигари муаллиф газалиёт, китъаот ва рубоиёт низ дохил гардидаанд.
[[Нихоятулкамол]] Девони панчумин ва охирини Хусрави Дехлави мебошад. Дар ин девон марсияи Гиёсуддин Туглук (с.в.1325) ва касидахо дар васфи писари Гиёсуддин султон Мухаммад Туглук (1325-1351) низ дарч шудаанд. Аз ин ру, метавон гуфт, ки «Нихоятулкамол» чанд мох пеш аз вафоти Хусрав чамъовари гардидааст. Дебочаи девон дар хамди Худову наъти пайгамбар ва тавсифи Низомиддин Авлиё мебошад. Девон касоиду тарчеъбанд, маснавиҳои хачман хурд, газалиёт, китъаву рубоиётро дар бар мегирад.
[[Нихоятулкамол]] Девони панчумин ва охирини Хусрави Дехлави мебошад. Дар ин девон марсияи Гиёсуддин Туглук (с.в.1325) ва касидахо дар васфи писари Гиёсуддин султон Мухаммад Туглук (1325-1351) низ дарч шудаанд. Аз ин ру, метавон гуфт, ки «Нихоятулкамол» чанд мох пеш аз вафоти Хусрав чамъовари гардидааст. Дебочаи девон дар хамди Худову наъти пайгамбар ва тавсифи Низомиддин Авлиё мебошад. Девон касоиду тарчеъбанд, маснавиҳои хачман хурд, газалиёт, китъаву рубоиётро дар бар мегирад.
Сатри 52: Сатри 52:
Аз соли 1289 сар карда, Хусрави Дехлави дар баробари жанрҳои лирики ба эчод намудани асарҳои эпики низ шуруъ менамояд. Дар жанри достон Амир Хусрав худро шогирди Низомии Ганчави мешуморад ва онро дар чанд чои осори худ таъкид менамояд.
Аз соли 1289 сар карда, Хусрави Дехлави дар баробари жанрҳои лирики ба эчод намудани асарҳои эпики низ шуруъ менамояд. Дар жанри достон Амир Хусрав худро шогирди Низомии Ганчави мешуморад ва онро дар чанд чои осори худ таъкид менамояд.
Аввалин достони худ – «Киронуссаъдайн»-ро соли 1289 навиштааст ва дар соли 1291 достони дуюми худ «Мифтохулфутух»-ро эчод менамояд.
Аввалин достони худ – «Киронуссаъдайн»-ро соли 1289 навиштааст ва дар соли 1291 достони дуюми худ «Мифтохулфутух»-ро эчод менамояд.
Дар байни солҳои 1299-1302 Хусрави Дехлави ба «Хамса»-и Низомии Ганчави чавоб менависад. [[Хамса]]-и Амир Хусрав аз ин достонхо фарохам омадааст: [[Матлауланвор]], [[Ширин ва Хусрав]], [[Мачнун ва Лайли]], [[Хафт бихишт]], [[Оинаи Сикандари]]. Баъди достони «Хамса» Хусрав боз се достони дигар – «Дувалрони ва Хизрхон» (соли 1316), [[Нух Сипехр]] (соли 1318) ва [[Туглукнома]] (такрибан соли 1324) – ро таълиф менамояд. Гайр аз ин достон шоир боз чанд достони дигари хачман хурд низ навиштааст. Аз чумла, достони «Асбнома» - ро шоир ба хокими Авад Али Сарчондор машхур ба Хотамхон бахшидааст.
Дар байни солҳои 1299-1302 Хусрави Дехлави ба «Хамса»-и Низомии Ганчави чавоб менависад. [[Хамса]]-и Амир Хусрав аз ин достонхо фароҳам омадааст: [[Матлауланвор]], [[Ширин ва Хусрав]], [[Мачнун ва Лайли]], [[Хафт бихишт]], [[Оинаи Сикандари]]. Баъди достони «Хамса» Хусрав боз се достони дигар – «Дувалрони ва Хизрхон» (соли 1316), [[Нух Сипехр]] (соли 1318) ва [[Туглукнома]] (такрибан соли 1324) – ро таълиф менамояд. Гайр аз ин достон шоир боз чанд достони дигари хачман хурд низ навиштааст. Аз чумла, достони «Асбнома» - ро шоир ба хокими Авад Али Сарчондор машхур ба Хотамхон бахшидааст.
Мавзуи панду ахлок, ки маъмултарин мавзуи адабиёти чахоншумули форси махсуб мегардад, дар ашъори Амир Хусрав макоми баландро дорост. Шоир тавассути ашъори пандомез бехтарин хислатҳои инсониро ситоиш мекунад ва барои тарбияи насли наврас дар таргиби накукори, мехнатдусти, ростиву растагори барин хислатҳои хамидаи инсони сахм мегузорад:
Мавзуи панду ахлок, ки маъмултарин мавзуи адабиёти ҷаҳоншумули форси махсуб мегардад, дар ашъори Амир Хусрав макоми баландро дорост. Шоир тавассути ашъори пандомез бехтарин хислатҳои инсониро ситоиш мекунад ва барои тарбияи насли наврас дар таргиби накукори, мехнатдусти, ростиву растагори барин хислатҳои хамидаи инсони сахм мегузорад:


:Чу напсанди губоре бар дили хеш,
:Чу напсанди губоре бар дили хеш,

Нусха 13:56, 28 апрели 2015

Amir Khusro

Яминуддин Абдулҳасан Амир Хусрави Деҳлавӣ мутахаллис ба Хусрав бузургтарин намояндаи адабиёти форсизабони Ҳиндустон буда бо осори пурқиматаш асоси адабиёти форсизабонро дар он сарзамин мустаҳкам гардонида аст ва дар роҳи ривочу равнақи минбаъдаи адабиёти форсу тоҷик саҳми бесазое гузошта аст.

Амир Хусрави Дехлави, ки аз номовартарин ва пурмахсултарин суханварони адабиёти форсист, дар густариши адабиёти форси Хинд ва реша пахн кардани унсурҳои асосии он бештар аз хама хизмат кардааст.

Агар тахсини шеъри хештан бар дасти хеш асти,
Хама кас хештанро Рудакию Унсури хонад.
Вале гаввоз аз дарё гухар берун кашад, аммо,
Чу вакти кимат ояд, кимати он гавхари донад.

Хусрави Дехлави

Хаёти шоир

Номи аслии шоир Яминиддин, лакабаш Абулхасан буда, Хусрав тахаллуси адабии у мебошад. Гузаштагони Хусрав дар Мовароуннахр зиндаги кардаанд. Падари Хусрав дар ҳангоми истилои мугул ватани худ-шахри Кешро тарк намуда, ба Ҳиндустон хичрат мекунад. Шоир дар асарҳои худ дар кадом сол таваллуд шудани худро кайд намекунад, аммо дар кадом сол чандсола будани худро равшан зикр кардааст. Чунончи, дар «Киронуссаъдайн» менависад:

Он чи ба таърих зи хичрат гузашт,
Буд сана шашсаду хаштоду хашт.
Соли ману руз агар барраси,
Рост бигуям, ки шаш буду си.

Дар чои дигар:

Кунун, ки шашсаду хаштоду чор шуд таърих,
Маро ба сию се омад навиди сию чахор.

Агар аз руи нишондоди порчаи болои соли 652 хичри таваллуд шудани Хусрав маълум шавад, аз далели дигар дар соли 651 таваллуд ёфтани шоир таъин мегардад. Аз ин ру, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Хусрав дар охири соли 651 хичри, яъне 1253 мелоди дар шахрчаи Патёли наздикии Дехли таваллуд ёфта будааст. Азбаски шоир бисёрии умри худро дар шахри Дехли гузаронида, дар он чо вафот ёфтааст ва мадфани у низ дар он чост, нисбати Дехлави мегирад. Дар соли 1261, ки Хусрав хаштсола буд, падари у дар чанги зидди хучуми мугул кушта мешавад. Бобои модарии Хусрав Имодулмулк кудаки хаштсоларо дар тахти назорати худ мегирад ва барои аз худ намудани илму дониш ба у кумак мерасонад. Дар байни солҳои 1276-1278 Хусрави Дехлави ба дарбор кашида мешавад ва пас аз ин зиндагии дарбории шоир сар мешавад. Соли 1279 дар дарбори Туграл, ки хокими Бангола буд, хизмат карда, баъд аз ин шоирро писари калонии Гиёсуддин Балбан султон Мухаммадхон, ки хокими Мултон буд, ба дарбори худ талабид. Дар он чо Хусрав дар муддати панч сол хизмат мекунад. Баъди вафоти Гиёсиддин Балбан (1287) Муиззиддин Кайкубод ба тахти салтанат баромада, Хусравро ба дарбори худ даъват мекунад, вале азбаски тамоми кору бори салтанат ба дасти яке аз дарбориёни бонуфуз Низомиддин буд ва ин шахс бо Хусрави Дехлави дар муносибати хуб набуд, шоир таклифи ба дарбори Муизиддин рафтанро кабул намекунад. Дар соли 1299 дар хаёти шоир бадбахтие руй медихад. Модар ва бародари хурди шоир дар байни як хафта вафот мекунанд. Хусрав дар достони «Мачнун ва Лайли» аз ин ходиса бо сузу гудоз накл намудааст:

К-имсол ду нур зи ахтарам рафт,
Хам модару хам бародарам рафт.
Як хафта зи бахти тофтаи ман
Гум шуд ду махи ду хафтаи ман

Хусрав сохиби фарзандони зиёд буд, аз руи гуфтаҳои худи у маълум мешавад, ки вай як духтар (Афифа ё худ Мастура ва панч писар (Масъуд, Хизр, Рукниддин, Айниддин, Малик Ахмад ва Мухаммад) доштааст, ки аз байни онхо Малик Ахмад дар замони худ ҳамчун шахси бофазлу адаб ном бароварда буд. Хусрав 18-уми шавволи 725 хичри (27 сентябри соли 1325) вафот мекунад ва уро дар назди кабри Низомиддин ба хок месупоранд.

Мероси адабии Хусрави Дехлави

Хусрав яке аз пурмахсултарин шоиронест, ки кувваи эчодии худро кариб дар хамаи намудҳои шеърии замони худ санчида, чи дар назм ва чи дар наср асарҳои зиёде навиштааст. Кисми асосии мероси адабии Хусрав ба забони форсист. Инчунин ба забонҳои урду ва хинди низ асар навишта будааст.

Д е в о н х о и Х у с р а в

Дар солҳои аввали эчодиёти худ Хусрави Дехлави, асосан газалу касида менавишт ва тахаллуси аввалаи у Султони буд ва бо ин тахаллус дар девони якуми у бисёр газалхоро дидан мумкин аст. Тахаллуси дуюм ва асосии шоир Хусрав аст. Ба навиштани достон шоир аз синни 36-солаги шуруъ менамояд. Ашъори лирикии шоир дар панч девон гирд оварда шудааст. Ин панч девон дар давраҳои гуногуни хаёти шоир тартиб дода шудаанд ва Хусрав мувофики давраҳои синну соли худ ба хар кадоми онхо номи махсусе додааст. Тухфатуссигар (Тухфаи чавони) - девони аввалини шоир мебошад, ки ашъори уро то синни нуздахсолаги дар бар мегирад. Дар дебоча Хусрави Дехлави дар бораи дар айёми хурдсоли ба шеърнависи шугл варзидани худ, оид ба тахаллуси аввалааш Султони, инчунин доир ба масъалаи имтихон шудани у дар сохаи назм ва амсоли инхо сухан меронад. Васатулхаёт (Миёнаи хаёт). Ин девон ашъори то синни 34-солагии шоирро дар бар мегирад. Марсияҳои дар хакки султон Мухаммад Коон машхур ба Хони шахид навиштаи Хусрав дар он дохил шудаанд. Гурратулкамол Ин девон ашъори айёми камолот, яъне давраи 34-40 солагии шоирро дар бар мегирад. Девон дебочаи муфассале дорад, ки дар он шоир аз бисёр масъалаҳои мӯҳими адабиёт, инчунин аз тарчимаи холи худ сухан меронад. Бакиятулнакия дар соли 1318 (ё ки соли 1316) мураттаб шудааст. Касидаву тарчеъбанд ва таркиббандҳои ин девон ба таърифи Низомиддин Авлиё, султон Алоуддин ва писарони у Муборакшох ва Хизрхон ва чанде аз дарбориени бонуфуз бахшида шудаанд. Дар ин девон мисли девонҳои дигари муаллиф газалиёт, китъаот ва рубоиёт низ дохил гардидаанд. Нихоятулкамол Девони панчумин ва охирини Хусрави Дехлави мебошад. Дар ин девон марсияи Гиёсуддин Туглук (с.в.1325) ва касидахо дар васфи писари Гиёсуддин султон Мухаммад Туглук (1325-1351) низ дарч шудаанд. Аз ин ру, метавон гуфт, ки «Нихоятулкамол» чанд мох пеш аз вафоти Хусрав чамъовари гардидааст. Дебочаи девон дар хамди Худову наъти пайгамбар ва тавсифи Низомиддин Авлиё мебошад. Девон касоиду тарчеъбанд, маснавиҳои хачман хурд, газалиёт, китъаву рубоиётро дар бар мегирад. Ба калами шоир зиёда аз 300 касида тааллук дорад, ки дахяки онхо касидаҳои фалсафи мебошанд. Дар ин гуна касидахо бисер фикрҳои ичтимои ва тарбияви-ахлокии замони шоир акс гардидаанд. Ба як катор касидаҳои шоир (ба мисли «Дарёи аброр» ва гайрахо) бисёр намояндагони адабиёти минбаъда, аз чумла Абдурахмони Чоми ва Алишер Навои назира навиштаанд.

Маснавиёти Амир Хусрав

Аз соли 1289 сар карда, Хусрави Дехлави дар баробари жанрҳои лирики ба эчод намудани асарҳои эпики низ шуруъ менамояд. Дар жанри достон Амир Хусрав худро шогирди Низомии Ганчави мешуморад ва онро дар чанд чои осори худ таъкид менамояд. Аввалин достони худ – «Киронуссаъдайн»-ро соли 1289 навиштааст ва дар соли 1291 достони дуюми худ «Мифтохулфутух»-ро эчод менамояд. Дар байни солҳои 1299-1302 Хусрави Дехлави ба «Хамса»-и Низомии Ганчави чавоб менависад. Хамса-и Амир Хусрав аз ин достонхо фароҳам омадааст: Матлауланвор, Ширин ва Хусрав, Мачнун ва Лайли, Хафт бихишт, Оинаи Сикандари. Баъди достони «Хамса» Хусрав боз се достони дигар – «Дувалрони ва Хизрхон» (соли 1316), Нух Сипехр (соли 1318) ва Туглукнома (такрибан соли 1324) – ро таълиф менамояд. Гайр аз ин достон шоир боз чанд достони дигари хачман хурд низ навиштааст. Аз чумла, достони «Асбнома» - ро шоир ба хокими Авад Али Сарчондор машхур ба Хотамхон бахшидааст. Мавзуи панду ахлок, ки маъмултарин мавзуи адабиёти ҷаҳоншумули форси махсуб мегардад, дар ашъори Амир Хусрав макоми баландро дорост. Шоир тавассути ашъори пандомез бехтарин хислатҳои инсониро ситоиш мекунад ва барои тарбияи насли наврас дар таргиби накукори, мехнатдусти, ростиву растагори барин хислатҳои хамидаи инсони сахм мегузорад:

Чу напсанди губоре бар дили хеш,
Хазон дар гулистони кас меяндеш,
Чу поят гирад аз барги гул озор,
Ба рах мапсанд дар пои касон хор.

Аз Дувалрони ва Хизрхон


Касеро точи сар бар зар дихад зеб,
Ки н-ояд бар заиф аз тахташ осеб.

Аз Дувалрони ва Хизрхон

Озори касе талаб хамеша,
К-озурдани халқ кард пеша.

Аз Мачнун ва Лайли

Касе, к-аз ранчи мардум гум набошад,
Ба назди мардумон мардум набошад.

Аз Ширин ва Хусрав

Чавонмарди ба даст омуз худро,
Ки назди хамгинон микдор ёби.
Ба дасти дод бояд шуд чавонмард,
Чавонмарди забон бисёр ёби.

Аз девони Бакияи накия

Як катор суханҳои ибратбахши Хурави Дехлави, ки онхоро шоир дар натичаи тачрибаи бои зиндаги гуфтааст, мисли маколу зарбулмасалҳои халқи садо медихад:

Хар чи ки бар хеш надори раво,
Бар дигаре низ набошад даво.
Нохун, ки харош чун хасон кард,
Бо у он кун, ки бо касон кард.

***

Он, ки надорад сифати мардуми,
Нест бари одамиён одаме.
Чунон кун зиндагони дар замона,
Ки аз вай зинда мони човидона.
Ба осоиш басе бошанд ёрон,
Ба гам кун озмуни дустдорон.
Харчи ба хангом нагуяд касе,
Хомуши аз гуфт накутар басе.
Як шох, ки мевае дихад тар,
Бехтар зи хазор боги бебар.

Амир Хусрав Дар эчоди газал ба Саъдии Шерози пайрави кардааст ва аз сехри сухани ин газалсарои бузург таъсир бардоштааст. Чуноне ки худи у мегуяд:

Хисрави сармаст андар согари маъни бирехт
Шира аз хумхонаи масте, ки дар Шероз буд.

Шумораи газалиёти Амир Хусрав бештар аз 37 хазор байтанд ва дар равониву шевои дилпазиру дилнишинанд. Намунаи газалиёти шоир манзур мегардад:

Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ,
Ҳарчанд васфат мекунам, дар ҳусн аз он болотарӣ.
Ҳаргиз наояд дар назар нақше зи рӯят хубтар,
Шамсӣ надонам ё қамар, ҳурӣ надонам ё парӣ?
Офоқро гардидаам, меҳри бутон варзидаам,
Бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигарӣ.
Олам ҳама яғмои ту, халқе ҳама шайдои ту,
Он наргиси шаҳлои ту оварда расми кофарӣ.
Эй роҳату ороми ҷон, бо қадди чун сарви равон,
З-ин сон марав доманкашон, к-ороми ҷонам мебарӣ.
Азми тамошо кардаӣ, оҳанги саҳро кардаӣ,
Ҷону дили мо бурдаӣ, ин аст расми дилбарӣ?
Хусрав ғариб асту гадо, афтода дар мулки шумо,
Бошад, ки аз баҳри Худо сӯи ғарибон бингарӣ.
Диле дорам, ки ҷуз ҷонон нахоҳад,
Ҳамин маъшуқа хоҳад, ҷон нахоҳад.
Агар ҷон хоҳад аз вай хубрӯе,
Равоне бидҳаду фармон нахоҳад.
Гузар дар кӯи мо он дӯзахирост,
Ки ҷон дар равзаи ризвон нахоҳад.
Сари ман з-ин пасу шамшери хубон,
Касе то хуни ман з-эшон нахоҳад.
Нигоро, розиям бар хар чи дорӣ,
Ки дардатро кассе дармон нахоҳад.
Ғам омад дар дили тангам надонист,
Ки дар танги кассе меҳмон нахоҳад.
Биранҷам, гар ту Хусравро нахоҳӣ,
Ту хоҳӣ, лек ин фармон нахоҳад.

Илова: Шоир 24 сентябри соли 1253 дар канори руди мукаддаси Ганг дар шахри Патёли ки 300 км дуртар аз дехли ҷойгир буд, ба дунё омадааст. Модари у Давлатноз ном дошт. Шоир 27 сентябри соли 1325 вафот мекунад. (Аз номи хонандаи Литсей интернати Президенти)