Аслӣ Бурҳонов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х →‎Адабиёт: иловаи гурӯҳ
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х →‎Манбаъ: бот: ҳазф карда истодааст
Сатри 51: Сатри 51:
== Манбаъ ==
== Манбаъ ==
* Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.
* Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.
* [http://www.tojikfilm.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=500%3A2014-04-08-16-12-13&catid=56%3A2014-02-10-17-35-38&Itemid=218&lang=ru Асли Бурхонов , актёры «Таджикфильма»]
* [http://www.tojikfilm.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=500%3A2014-04-08-16-12-13&catid=56%3A2014-02-10-17-35-38&Itemid=218&lang=ru Асли Бурхонов , актёры «Таджикфильма»]

{{bio-stub}}
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Санъати Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Синамогарони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Синамогарони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театр]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театр]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаҳои киностудияи “Тоҷикфилм”]]
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаҳои киностудияи “Тоҷикфилм”]]
[[Гурӯҳ:Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ]]
[[Гурӯҳ:Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]


{{bio-stub}}

Нусха 15:46, 29 май 2015

Шаблон:Зиндагинома

Аслӣ Бурҳонов – (8 январи соли 1915 - 1998), Ҳунарпешаи театр ва кинои тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон(1945). Ҳунарпешаи халқии СССР (1965), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1970) аст.

Зиндагинома

Аз 13 солагиаш дар театрҳои ҳаваскори Бухоро хунарнамои кардааст. Соли 1932 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии Бухоро хунарнамой кард, аз 1933 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ буд.

Эҷодиёт дар театр

Аслӣ Бурҳонов симоҳои мардони ќавиирода, муборизони роҳи озодӣ, шахсони фидокору дурандешро офаридааст.Б. дорои истеъдоди намоён буда,ролҳои чи фоҷиави ва чи мазҳакавиро табиӣ, бо маҳорат ва таъсирбахш бозидааст. Ролҳои иҷрокардаи Б.Ризо («Мубориза»и А.Усмонов,1933), Фердинанд («Макр ва муҳаббат»-и Ф.Шиллер,1937), Хушвақт («Тўҳмат»-и С.Саидмуродов ва И.Исмоилов,1938),Салим,Сафар(«Калтакдорони сурх»,1941; «Дар оташ»,1944,С.Улуғзода ), Ҳаҷир, Сӯҳроб («Рустам ва Сӯҳроб»-и А. Пирмуҳаммадзода ва В.Волькенштейн,1941-1945), Ҳоҷиваќќос(«Арўсӣ панҷсўма »-и М.Ўдубодӣ,1943), Коба («Хонлар»-и С.Вурѓун,1951), Қорӣ Ишкамба(«Марги судхўри»-и С.Айнӣ,1953), Рӯдакӣ («Рӯдаки»-и С.Улуѓзода,1958). Аслӣ Бурҳонов нахустин иҷрокунандаи роли В.И.Ленин дар саҳнаи тоҷик (пьесаи Н.Погодин , «Одами милтиқдор»,1948). Баътар дар асарҳои саҳнавии «Соли 1919-и фаромӯшнашаванда-и В.Вишневский»(1951),Соати бурҷи Кремль-и Н.Погодин (1960), Тўфон»-и Ғанӣ Абдулло ва Шамсӣ Қиёмов (1957), Ҳуррият ва «Сарбозони инќилоб»-и Ғанӣ Абдулло (1964), Корвони бахт»-и Миршакар (1972) образи В.И.Ленинро офарид. Яго, Меркуцио, Кент, Труфальдино («Отелло »,1948; «Ромео ва Ҷульета»,1947; «Шоҳ Лир»,1957;) «Хизматгори ду хоҷа»,1947) - беҳтарин ролҳои Аслӣ Бурҳонов аз осори драматургияи класикии Ғарб аст. Дар пьесаҳои солҳои охир:»Антигона»-и Софокл (1971),»Дасти дӯст»-и М.Назаров (1974),»Фарёди ишќ»-и Ғанӣ Абдулло (1975) ролҳои асосиро иҷро кардааст. Фаъолияти режиссёриаш низ бой буда, асарҳои зиёдеро ба саҳна гузоштааст.

Филмшиносӣ

Аслӣ Бурҳонов инчунин дар фильмҳои киностудияи “Тоҷикфильм”:

  • “Сарҳад дар куҳсор" - Абдурахмон (1953),
  • “Дохунда” – Абдулло (1956),
  • “Ман бо духтаре вохурдам” – Мухтор ака (1957)[2],
  • "Чароғ дар куҳсор" - (1958),
  • "Вазифаи баланд" - Ҷӯраев (1958),
  • “Одам пусташро иваз мекунад” – Ҳоҷиёров (1959),
  • "Вақти зангирии писар расид" - Карим ака (1959),
  • "Ҳикояҳои хурд дар бораи кӯдаконе, ки…" падари Ёрмат (1961),
  • “Зумрад” – (1961),
  • "Оромӣ намешавад" - Султонов (1962),
  • "Афсонаи шарқи" - !1972),
  • "Салом, одами хуб" - Қурбон (1973),
  • "Субҳи Ганг" - ясаул-боши (1975),
  • “Достони Сиёвуш” – (1976),

ва ғ.-ро бозидааст. Ӯ дар дубляжи бисёр филмҳо иштирок кардааст.

Мукофот

Пайвандҳои беруна

Манобеъ

  1. Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе. - Ҷ. 1. – 1978. - Саҳ. 551-552.
  2. Я явстретил девушку ru.wikipedia.

Манбаъ