Муҳаммад ибни Мӯсои Хоразмӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
AryanSogd (баҳс | ҳисса)
Ботили нусхаи 616630 аз тарафи 77.95.3.23 (Баҳс)
Сатри 28: Сатри 28:
== Саҳм ==
== Саҳм ==
Дар яке аз навиштаҷотҳояш мегуяд:-Ман китобе бо номи “Алҷабра вал муќобала” навистаам, ки дорои саволҳои осону душворва муодилаҳои арифметикӣ мебошад. Ин барои одамон бисёр зарур аст.
Дар яке аз навиштаҷотҳояш мегуяд:-Ман китобе бо номи “Алҷабра вал муќобала” навистаам, ки дорои саволҳои осону душворва муодилаҳои арифметикӣ мебошад. Ин барои одамон бисёр зарур аст.
=== Алгебра ===
=== Алгебра == ВАЙ ДАР ФАННИ АЛГЕБРА БИСЁР САМИ БЕБАОИ УДРО ГУЩО


=== Арифметика ===
=== Арифметика ===

Нусха 12:08, 8 июни 2015

Шаблон:Зиндагинома Абуабдулло Муҳаммад ибни Мӯсо Ал-Хоразмӣ - риёзидон, астроном ва ҷуѓрофидони бузурги эронитабор мебошад. ӯ таќрибан соли 780 дар Хоразм (ҳозира Хива,ӯзбакистон) ба дунё омада, соли 850 вафот кардааст.

Тарҷумаи ҳол

Дар бораи ҳаёти Ал Хоразмӣ маълумот кам аст. Маълумот дар бораи шарҳи ҳоли ӯ ќариб, ки дар таърих боқи намондааст. Ба мо ҳатто рӯзи аниќи таваллуд ва вафоти ӯ омада нарасидааст. Фақат ҳаминаш ба мо маълум аст, ки ӯ дар охири асри VIII ба дунё омада ва нимаи аввали асри IX аз дунё гузаштааст. Ҳозир шартан соли таваллуди Ал-Хоразмӣ 783 ва соли вафоташ 850 ќабул карда шудааст. Дар баъзе сарчашмаҳои таърихи Ал-Хоразмӣ бо номи “Ал-Маҷусӣ” яъне пайрави дини зардуштӣ ёд мешавад. Аз ин маълум мешавад, ки гузаштагони вай пайрави дини зардуштӣ будаанд.Ал-Хоразмӣ ба он олимони асри миёна тааллуќ дорад, ки барои кору фаъолият ба маркази хилофати араб- шаҳри Баѓдод ҷалб карда шуда буд. Дар он ваќт ин гуна олимон кам набуданд. Дар байни муоссирони Ал-Хоразмӣ ки дар Баѓдод зиндагӣ мекарданд, метавонем олимони бузургеро ба мисли ситорашиноси машҳур Абулаббос Ахмад Ал-Фарѓонӣ ва Аҳмад ибни Абдуллоҳ Ал-Марвазӣ ки бо номи ҳабаш Ал-ҳасиб шинохта мешавад муаррифӣ кунем. Баромади якумаш аз Фарѓона ва дигараш аз Марва мебошад. Шаҳри Баѓдод дар солҳои 60-уми асри VIII азтарафи халифа Ал-Мансур, ки аз сулолаи Аббосиён будва солҳои 754 то 775 ҳукумронӣ кардааст, бунёд ёфтааст. Пойтахти давлат, ки ҷойҳои зиёдеро инѓол карда буд, дар муддати кӯтоҳ маркази савдо, илм ва маданият шуд.Давлати калонро идоракунӣ осон набуд. Ҳокимони Хилофат дарк карданд, ки наќшаҳои иќтисодию ҳарбии худро бе азхудкардани донишҳои халќҳои тасарруфшуда дар ҳаёт татбиќ кардан номумкин аст. Бинобарин ҳокимон барои инкишофи он мувофиќат карданд. Дар Баѓдод мактаби калони илмӣ пайдо шуд, ки ба худ олимони зиёдеро аз кишварҳои гуногун ҷалб намуд. Китобхона сохта шуд, ки бо китобҳои зиёд ва меҳнатҳои ќиммати илмӣ таҷҳизонида гашта буд.Аз ҳама муҳимаш дар он ваќт дастовардҳои Юнони Ќадим ва класиконро ҷамъоварӣ ва ба забони арабӣ тарҷума карданд. Барои хариди дастнависҳо экспедитори махсус равон карда шуд. Диќќати махсус бисёртар ба илмҳои даќиќ – риёзӣ, ситорашиносӣ, геодезия ва географияи математикӣ дода шуд.Илмҳои ситорашиносии ҳиндӣ низ омӯхта шуд. Олимони Баѓдод дар асрҳои VIII-IX на танҳо тарҷумонҳо ва эзоҳкунандагон, балки мустаќилона фаъолияткунандагон буданд. Дар ин роҳ дастовардҳо ва натиҷаҳои зиёд дар соҳаҳои гуногуни илм ба даст оварданд. Ворисони халифа Ал-Мансур роҳи ӯро давомдода меросашро зери ҳимоя карор доданд. Набераи ӯ ҳорун Ар-Рашид, ки солҳои 786-809 ҳукумрони кардааст, бо ќиссаи “ҳазору як шаб” бисёр машҳур аст. Гулгулшукуфоии зиёди илмӣ дар Баѓдод бештар замони писари ҳорун Ар–Рашид-Халифа Ал-Мамун, ки солҳои 813-833 ҳукумрони кардааст ба даст омадаанд. Дар замони ӯ Дар Баѓдод хонаи ҳикмат “Байт-ул-ҳикмат” ташки ёфта буд. Дар Байт-ул-ҳикмат китобхонаи бой дорои дастнависҳои ќадимтарин ва расадхонаи ситорашиносӣ ҷой дошт. Дар баѓдод дар баробари дигар олимҳо Ал-Хоразмӣ солҳои зиёд кору фаъолият кардааст. Таърихнависи шинохтаи асри X Ан-Надим хабар медиҳад, ки Муҳаммад ибни Мӯсо аз Хоразмӣ ба Байт-ул-ҳикмат бо даъвати Халифа Ал-Мамуна омада буд.То соли 813 Ал-Мамуна дар Марва зиндагонӣ мекард. Дар онҷо бо Ал-Хоразмӣ во хӯрда ӯро ба Баѓдод даъват менамояд. Олимони Байт-ул-Ҳикмат дар фанҳои риёзиву ситорашиносӣ саҳми беандоза калон гузоштаанд. Арзиши камони 1° наздики ба вокеият (111 км) ёфта шуда буд. Таърихшиносон бар он аќидаанд ки дар ин кор саҳми Ал-Хоразмӣ аз ҳама бештар аст. Каме дертар алоќаманд бо номи Ал-Хоразмӣ дар соли 847 ҳангоми марги халифа Ал-Восиќ ёд мешавад, ки ин далели дар маросими дафни халифа иштирок кардани Ал-Хоразмиро нишон медиҳад. Ба ин васила фаҳмидан мумкин аст, ки дар бораи зиндагии нобиѓаи бузурги осиёимиёнагӣ тамоман далелҳои кам боќӣ мондааст. Барои ҳамин таърихшиносон бояд ба дастовардҳои асосии ӯ такя кунанд. Ин рафтор метавонад далели зиёдеро барои мо равшан кунад. Мароќзоҳиркунии бештари Ал-Хоразмӣ дар омӯзиши илмҳои риёзӣ, ситорашиносии амаливу назариявӣ ва географияву таърих ошкор мешуд. ҳамаи меҳнатҳо ва дастовардҳои ин олими бузурги асримиёнагии тоҷик то ба мо омада нарасидаанд. Дар баъзе навиштаҷотҳои шоирону нависандагони асримиёнагӣ меҳнатҳои Ал-Хоразмӣ навишта шудаанд, аммо онҳо низ то ба мо наомадаанд. Рисолаи географии Ал-Хоразмӣ “Китоби тасвири замин” якумин дастоварди бузурги географӣ ба забони арабӣ мебошад. ӯ маҳорати баланди худро дар сарзаминҳои дури Шарќ нишон дода тавонист. Тибќи гӯфтаҷотҳои таърихшиносони Шарќ мероси илмии Ал-Хоразмӣ кам боќи мондааст. Аз ӯ ба мо китобҳои зерин боќӣ мондаанд: 1. «Китоби дар мавриди ҳисоби ҳиндӣ» 2. «Китоби мухтасари алҷабра вал муќобала» 3. «ҷадвали нуҷум» 4. «Китоби тасвири замин» 5. «Китоби сохтусози астролобӣ» 6. «Китоби иќдомоти астролобӣ» 7. «Китоби соатҳои офтобӣ» 8. «Рисолаи дар таърифи идҳову анъанаҳои яҳудиён» 9. «Китоби таърих» Аз инҳо то ба мо ҳамаги ҳафтояш бо дастнависҳо омада расидаанд. Эҳтимол аст, ки гуё навиштаҷотҳои худи Ал-Хоразмӣ аст ё эзоҳкорони асримиёнагӣ онҳоро навиштаанд. Китоби “Дар мавриди ҳисоби ҳиндӣ”-и Ал-Хоразмӣ аввалин бор ҳалли муодилаҳои арифметикиро равшан менамояд, ки ин китоб дар асри XII ба забони лотинӣ тарҷума шудааст ва ҳоло дар Кембриҷ нигоҳ дошта мешавад. Дар лотинӣ номи Ал-Хоразмӣ “Алгаризмӣ” талаффуз мешавад. Баъдан ин ном бо унвони “Алгоритм” шинохта шуд, ки пайдарпайии иҷроиши амалҳоро мегуянд. Ал-Хоразмӣ якумин шахсе буд, ки дар ҳисоб раками нулро кашф кард ва ин боиси омузиши ададҳои манфӣ гардид. Китоби “Таърих” – и Ал-Хоразмӣ дар бисёрии ёдоштҳои асриминагӣ оварда мешавад. Барои ҳамин Ал-Хоразмӣ ҳамчун аввалин таърихнависи бо забони арабӣ менавистагӣ шиноҳта мешавад. Боз ёд мешавад ки ӯ муаллифи китоби “Дар мавриди мусиќӣ” низ мебошад. Дер ё зуд меҳнатҳои ӯ ба мо равшан мегардад вабароямон далелҳои кофӣ медиҳанд, ки Ал-Хоразмӣ яке аз бузургтарин олимон ва нобиѓаҳои асримиёнагӣ ба шумор меравад. .[1]

Саҳм

Дар яке аз навиштаҷотҳояш мегуяд:-Ман китобе бо номи “Алҷабра вал муќобала” навистаам, ки дорои саволҳои осону душворва муодилаҳои арифметикӣ мебошад. Ин барои одамон бисёр зарур аст.

Алгебра

Арифметика

Ҷуғрофия

Астрономия

Дигар асарҳо

Манбаъҳо

  1. al-Daffa 1978