Раззоқ Ғаффоров: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х таҳрир
Removing "Гаффоров_Раззок.jpg", it has been deleted from Commons by Ellin Beltz because: Copyright violation; see Commons:Licensing - Using VisualFileChange..
Сатри 2: Сатри 2:
|Номи тоҷикӣ= Раззоқ Ғаффоров
|Номи тоҷикӣ= Раззоқ Ғаффоров
|Номи аслӣ= Раззоқ Ғаффоров
|Номи аслӣ= Раззоқ Ғаффоров
|Акс=
|Акс=Гаффоров Раззок.jpg
|Зодрӯз= [[15 январ]] и соли [[1932]]
|Зодрӯз= [[15 январ]] и соли [[1932]]
|Зодгоҳ=ш. [[Самарқанд]]
|Зодгоҳ=ш. [[Самарқанд]]

Нусха 00:48, 20 августи 2015

Шаблон:Зиндагинома Раззоқ Ғаффоров - (15 январ и соли 1932, н. Самарқанд25 майи соли 2001 ), олими забоншинос, доктори илми филологӣ (1980), профессор (1986), узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1989), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1989), “Аълочии маорифи Тоҷикистон” (1992).[1]

Ҳолнома

Дар д. Хоҷа Ғуломи н. Самарқанд ба дунё омадааст. Дар шӯъбаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории тоҷик, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар Самарқанд таъсис дода шуда буд, таҳсил намудааст (1947-1949). Муаллими мактаби миёнаи д. Чоркӯҳи н. Исфараи Тоҷикистон ва қарияи Оҳалики н. Самарқанд (1949-1951), Донишгохи омӯзгории Самарқанд ба номи С. Айнӣ (1954-1959). С. 1959 бо даъвати маъмурияти ИЗА ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон ба Сталинобод омадааст: ходими хурди илмии шӯъбаи забони адабии тоҷик (1959-1965), мудири шӯъбаи лаҳҷашиноси (1965-1992) Институти ЗА ба номи А. Рӯдакии АИ Тоҷикистон. Соли 1992 маъмурияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ барои таҳкими факултети филологияи тоҷик ӯро ба кор даъват намуд, ки дар он ҷо то охири умр мудири кафедраи забони тоҷ. буд. 15 нафар унвонҷӯ зери роҳбариаш рисолаи номзади дифоъ кардааст. Ба номи ӯ Омузишгоҳи омӯзгории Хуҷанд гузошта шудааст.

Мероси илмӣ

Муаллифи бештар аз 300 асару мақолаи илмӣ ва монография, аз ҷумла:

  • “Забон ва услуби Раҳим Ҷалил” (1966),
  • “Замон ва забон” (1975),
  • “Устоди бузурги сухан” (1978),
  • “Шеваҳои ҷанубии забони тоҷикӣ” (қ.3 “Синтаксиси ҷумлаи содда”, 1979),
  • “Синтаксиси лаҳҷаҳои тоҷикӣ” (1993),
  • “Наттоқ ва устоди калом” (1999),

яке аз муаллифони китоби дарсии:

  • “Услубшиносӣ дар мактаби миёна ва олӣ”,
  • “Забони тоҷикӣ барои факултаи филология”,
  • “Грамматикаи академии забони тоҷикӣ”,
  • “Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ” (асари 5-ҷилда)

ки барои он бо ҳамкорон ва шогирдон сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардидааст (1989). Раиси Шӯрои дифои рисолаҳои доктори ва номзадии ИЗА ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон (1989-1993).

Манобеъ

Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - с.47

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.