Сайф Раҳимзоди Афардӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 2: Сатри 2:
|Номи тоҷикӣ=
|Номи тоҷикӣ=
|Номи аслӣ=Раҳимов Сайф Абдуевич
|Номи аслӣ=Раҳимов Сайф Абдуевич
|Акс=Афардӣ, Сайф Раҳимзод.tif
|Акс=Noimage.gif
|Зодрӯз=[[20 ноябр|20 ноябри]] [[1953]]
|Зодрӯз=[[20 ноябр|20 ноябри]] [[1953]]
|Зодгоҳ= [[Афардӣ|деҳаи Афардии]] [[Ноҳияи Балҷувон]]
|Зодгоҳ= [[Афардӣ|деҳаи Афардии]] [[Ноҳияи Балҷувон]]

Нусха 10:06, 31 августи 2015

Шаблон:Зиндагинома Афардӣ, Сайф Раҳимзод (Раҳимов Сайф Абдуевич; 20 ноябри 1953 деҳаи Афардии Ноҳияи Балҷувон20 майи 2000, Душанбе), нависандаи тоҷик.

Шарҳи ҳол

Баъди хатми мактаби миёнаи Ноҳияи Фархор ёвари чойхоначӣ, рассоми кинотеатри Ноҳияи Маскав (ҳоло Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ), ҳунарпешаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб (1969–70) буд. Факултети филологияи УДТ-ро хатм кардааст (1975). Корманди Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ (1974–1981), тарҷумон дар Афғонистон (1981–1982), мухбир, баъдан мудири Шуъбаи адабиёт ва санъати газетаи «Тоҷикистони советӣ» (1983–1987), тарҷумон дар Афғонистон (1987–1988), коргардони кино, коргардон-таҳиягари «Тоҷиккино» (1989–1995), раиси киновидеокомпанияи миллии «Тоҷик­кино» (1995–1997). Аз августи 1997 Раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ.

Асарҳо

Асарҳояш аз соли 1980 нашр шудаанд. Бо нашри нахустин ҳикояаш «Гунҷишки сафед» Сайф Раҳимзод аз ҷониби хонандагон шинохта ва пазируфта гардид. Сипас бо қиссаи зебову дилангезаш «Ситораҳои сари танӯр» (1984) чун нависандаи навпардоз дар адабиёти тоҷик маҳбубият ва шуҳрат пайдо кард. Баъдан ҳикояву қиссаҳояш дар маҷмӯаҳои «Аз ёдҳо, аз ёдҳо» (1987), «Дурӯғи сафед» (1997), «Васвасаҳои Зикравайҳ» (Таронаҳои хоки париён; 1999), «Падруду пай­ғом» (2000), «Доғ­ҳои Офтоб» (2003) ба табъ расиданд. Сайф Раҳимзод услуби фардӣ, тарзи нигориши хос дорад. Ӯ ба воқеияти зиндагӣ аз назари фалсафӣ нигаристааст. Олами маънавии инсон, махсусан наврасонро бо маҳорати ҷолибе тасвир намудааст.

Филмҳо

Филмҳои офаридаи Сайф Раҳимзод «Ситораҳои сари танӯр», «Ҳарф бизан, поизам». «Пете», «Чоре» ва ғайра дар фестивал-озмунҳои байналмилалӣ (масалан, кинофестивали Канни Фаронса) соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд. Сайф Раҳимзод дар вазифаи пурмасъулияти давлатӣ – Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ маҳорати баланди роҳбарӣ, кордонӣ, садоқат ба миллату давлат, муносибати эҷодкорона зоҳир намуд. Бо ташаббуси ӯ дар ТВТ телевизиони «Субҳ», шабакаи радиои «Садои Душанбе» ташкил гардиданд; дар Кумита рӯзномаи «Ҷаҳони паём» таъ­сис ёфт. Хидмати Сайф Раҳимзод дар бозсозӣ, эҳёи ансамбли «Шашмақом» бузург аст.

Мукофотҳо

Сайф Раҳимзод соли 1995 Мукофоти адабии ИН Тоҷикистон ба номи С. Айниро гирифт. Пас аз вафоташ соли 2002 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дониста шуд. Қиссаҳову ҳикоёти Сайф Раҳимзод ба забонҳои русию украинӣ, қазоқию қирғизӣ, ӯзбекӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.[1]

Вафот

Шаби 20 майи соли 2000-ум дар даромадгоҳи хонааш нависанда ва коргардони машҳури тоҷик Сайф Раҳимзод, ки раиси Кумитаи радио ва телевизион низ буд, террор шуд[2].

Пайвандҳо

  1. Нигоҳе ба дарунмояҳои навиштаҳои Сайф Раҳимзоди Афардӣ
  2. Даҳ соли бе Сайфи Раҳимзод

Манбаъ

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.88
  2. http://www.ozodi.org/content/article/2048248.html Озодӣ - Даҳ соли бе Сайфи Раҳимзод
  • Адибони Тоҷикистон. Душанбе, 2003.