Камоли Хуҷандӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Акс
Commonscat
Сатри 62: Сатри 62:
== Ёдбуди Шоир ==
== Ёдбуди Шоир ==


== Пайвандҳои беруна ==

{{Commonscat|Kamol Hujandi}}


== Нишонаӽо ==
== Нишонаӽо ==

Нусха 23:24, 22 октябри 2015

Шаблон:Зиндагинома

Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ (порсӣ: کمال‌الدین مسعود خُجندی ) (соли 1321 - соли 1401) – маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ аст.

Тарҷумаи ҳол

Камоли Хуҷандӣ дар соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон гушода аст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас таҳсили улумро дар шаҳрҳои Самарқанду Шош давом додааст. Вай дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Алкашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст. Камол яке аз донишмандони бузурги замони худ буд.

Камол пас аз сафари ҳаҷ ба Макка, дар шаҳри Табрез монд ва дигар ба зодгоҳаш барнагашт. Вай дар Табрез зиндагии ороме ёфта ва вопасин рӯзҳояшро низ дар ин шаҳр гузарондааст. Ба дастури султон Увайс барои шоир дар доманаи хушбоду ҳавои Волиёнкӯҳ хона ва боғ сохта шуд ва хонагоҳи Камол маҷлисгоҳи шоирону орифон шуд.

Шайх Камол ҳангоми тохтутози Тӯхтамишхон ба Табрез ҳамроҳ бо дигар асирону ғаниматҳо ба шаҳри Сарой бурда шуд ва чаҳор (ё ёздаҳ) сол дар он шаҳр монд. Асорату ғурбатро бо ёди Табрезу дӯстони табрезияш ба сар бурд ва ниҳоят дубора ба Табрез баргашт.

Камоли Хуҷандӣ соли 1401 дар Табрез даргузашт ва дар боғаш ба хок супорда шуд. Дар канори оромгоҳаш нигоргарон Камолиддин Беҳзод ва Султон Муҳаммад Наққош ва шоирон Машрабии Шервонӣ ва Тусӣ низ хобидаанд.

Хоҷа Абдураҳими Хилватӣ таърихи вафоти Шайх Камолро дар қитъаи зерин чунин ба назм меоварад:

Орифи ҳакшинос Шайх Камол,
Ки ҷаҳонро ба шеъри тар бигирифт.
То суханро сухан бурун афтод,
К-аз сухан ҳамчу он бузург нагуфт.
Ҳаштсаду се гузашт, к-он хуршед
Ҳамчу маҳ дар саҳоби ғайб бихуфт.

Ашъори шоир

Пас аз даргузашташ танҳо 14 ҳазор байт аз шеърҳояшро ёфтанд аз он шумор то замони мо танҳо 7 ҳазор байт расидааст.

Дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ Хоҷа Камоли Хуҷандӣ чун шоири ғазалсаро шӯҳрат дорад. Ғазалҳои шоир хам аз лиҳози корбурди саноеи адабӣ ва ҳам аз лиҳози фасоҳату балоғат комил буда, чун намунаи олии осори лирикии адабиёти форсӣ-тоҷикӣ шинохта шудаанд.

Ин чанд байт аз ашъори Камол аст:

Дил муқими кӯи ҷонон асту ман ин чо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтан танҳо ғариб.
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб.
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чи донӣ ҳоли мо,
Меҳнати ғурбат надонад ҳеч кас, илло ғариб!
Ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист
Ҳоли зори мустаманде, монда дур аз мо ғариб.
Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,
Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ, ки афтад бо ғариб
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб!


Харобаи дили ман пур шуд аз муҳаббати дӯст,
Мабод ҳеҷ диле холӣ аз муваддати дӯст.
Кадом давлату фурсат биёфт, ҳар ки наёфт,
Саодати шарафи васли ёру суҳбати дӯст.
Агар ба дархури ӯ хидмате намеояд,
Шавем муътакифи остони хидмати дӯст.
Расад ба ғояти ҳиммат,чунон ки дилхоҳ аст,
Забону дасту дили ман зи шукри неъмати дӯст.
Камоли хастадилу номуроду беҳосил,
Чи бошад, ар ба муроде расад зи давлати дӯст.

Ёдбуди Шоир

Пайвандҳои беруна


Нишонаӽо